Амрико ва омилҳои парокандашавӣ. Қисми – 3
Дар қисми 2-юм мо таърихи хунини пайдоиши Иёлоти Муттаҳидаро аз ҷиҳати гуногунии аҳолӣ ва динҳо, мавҷудияти ақидаҳои нажодпарастӣ ва таъсири онҳо ба омилҳои парокандашави шарҳ додем.
Дар ин бахш мо дар бораи омилҳои дуюм ва сеюми парокандашавӣ сӯҳбат мекунем:
2) Нобаробарии иқтисодии байни иёлотҳо ва таъсири он ба тамоюлҳои ҷудоихоҳӣ.
Ҷануби ИМА, бо истиснои Вирҷиния ва Флорида, фақиртарин минтақа дар байни дигар иёлотҳо ба шумор меравад. Камбизоатӣ махсусан дар деҳот паҳн шудааст. Баъзе маълумотҳо ва оморҳо нишон медиҳанд, ки 14,5% амрикоиҳо дар зери ҳолати фақр қарор доранд, ки аксари онҳо дар ҷануби кишвар зиндагӣ мекунанд. Аз рӯи рақамҳо, 45,3 миллион амрикоиҳо дар ҳолати фақр зиндагӣ мекунанд. Оилаҳои чаҳорнафара ҳастанд, ки даромади солонаашон 23,8 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ҳақиқат ин аст, ки як масъалаи нозук ба ягонагии иттиҳодияи Амрико таҳдид мекунад. Якчанд изҳорот аз сиёсатмадорон ва ҳокимони иёлотҳо ва дигарон вуҷуд дорад, ки онҳо метавонанд аз сабаби ба дӯш нагирифтани бори гарони иёлотҳои фақир ҷудо шаванд. Сабаби ба вуҷуд омадани ақидаҳои ҷудоихоҳӣ ақидаҳои капиталистӣ буд, ки дар ақлия ва нафсияи амрикоиҳо ҳукмрон буданд. Охир, ақидаҳое, ки капитализм ба вуҷуд меоварад, манфиатпарастонанд ва онҳо масъулиятшинос нестанд. Барандагони афкори манфиатпарастӣ дӯст намедоранд, ки бори дигаронро бардоранд, онҳо ба ҷомеа танҳо аз нигоҳи фоида ва манфиатҳои тамаъкорона менигаранд. Чунин равишро ҳам дар афрод ва ҳам дар ҷомеаҳо, шаҳрҳо, иёлотҳо ва ҳатто дар тамоми мардуми Амрико мушоҳида кардан мумкин аст.
Як назарсанҷии «Reuters», ки бо ҳамроҳии ширкати «Ipsos» дар соли 2014 баргузор шудааст, нишон дод, ки 23,9% аҳолии ИМА ҷонибдори ҷудо кардани иёлотҳои худ аз Муттаҳидаи Амрико мебошанд. Гузашта аз ин, дар як қатор иёлотҳо аллакай ҳизбҳои сиёсӣ мавҷуданд, ки солҳои тӯлонӣ ҷудошавиро ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳамин тавр, Ҳизби истиқлолияти Аляска, ки соли 1984 таъсис ёфтааст, аз ҳайати ИМА хориҷ шудан ва таъсиси давлати худро ҳимоят мекунад. Ҳизб аз рўзи таъсисёбии худ фаъолияти сиёсӣ мебарад, мавқеъи худро ба мардум мефаҳмонад, то завқи миллии мардуми иёлотро ҷорӣ ва мустаҳкам намояд. Гузашта аз ин, дар соли 2006 ин ҳизб тақрибан ташаббускори як раъйпурсии расмӣ барои мардуми Аляска дар масъалаи ҷудо шудан аз Иёлоти Муттаҳида буд. Инчунин иёлотҳое, ки майл ба идеяи ҷудошавӣ доранд, инҳоянд: Луизиана, Техас, Монтана, Дакотаи Шимолӣ, Индиана, Миссисипи, Кентукки, Каролинаи Шимолӣ, Алабама, Флорида, Ҷорҷия, Ню-Ҷерсӣ, Колорадо, Орегон, Ню- Йорк… Дар тадқиқоти иқтисоддони рус профессор Игор Панарин гуфта шудааст, ки ИМА аз шаш қисми калон иборатанд, ки дар байни онҳо кисмҳои бой ва камбағал хастанд. Дар қисмҳои камбизоати кишвар ҷамоатҳои калон зиндагӣ мекунанд, ки дар таъминоти қисмҳои бойтар ҳастанд. Дар байни иёлотҳои сарватманд иёлоти сарватманди Техас аст, ки дорои ҳама гуна гурӯҳҳо ва созмонҳо мебошад. Ин гурӯҳҳо ва ташкилотҳо барои истиқлолияти Техас аз ИМА муддати дароз мубориза мебаранд.
Дар иёлоти Калифорния низ пас аз интихоби Трамп ба мақоми президенти Амрико, суръати даъватҳо барои ҷудошавӣ танҳо афзоиш ёфт, ки дарҳол таваҷҷӯҳи расонаҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб кард. Ҳанӯз пеш аз пирӯзии Трамп, як маъракаи ҷудошавӣ аз ҷониби ҳаракати «Yes California» таҳти шиори «Calexit» оғоз шуда буд. Ёдовар мешавем, ки калимаи «Calexit» ба пайдоиши калимаи «Brexit» илҳом бахшидааст. Калифорния бо 33871648 нафар сераҳолитарин иёлоти Амрикост. Ин иёлот яке аз сарватмандтарин аст, дар он марказҳои иқтисодӣ ва технологӣ мутамарказ шудааст. Дар сурати ҷудо шудан, Калифорния даъво дорад, ки ба қатори даҳ кишварҳои сарватмандтарини дунё дохил шавад.
Дар замони худ (соли 1847) Калифорния пас аз гирифтани он аз Мексика, бо зӯрӣ ба ИМА ҳамроҳ карда шудааст. Оиди имрӯзҳо бошад, пас аз пирӯзии Трамп дар интихобот аз ҷониби ҳизби Ҷумҳурихоҳ, «The Washington Post» мақолае нашр кард, ки дар он гуфта шудааст: «Ҳаракати «Yes California» 585407 имзо ҷамъ мекунад, ки барои гузоштани масъалаи ҷудоихоҳон ба бюллетен барои овоздиҳии соли 2018 лозим аст. Ҳадафи ӯ ин аст, ки Калифорнияро ба як кишвари алоҳида, ҷудо аз Иёлоти Муттаҳида мубаддал гардонад… Тим Волмери (Tim Vollmer) 57-сола, мушовири илмӣ аз Сан-Франсиско гуфт: «Дар асл, мо шоҳиди тавлиди миллат ҳастем… Мо метавонем он чиро, ки аз ҷаҳони озод боқӣ мондааст, роҳбарӣ кунем.»
Ҳаракати ҷудоихоҳӣ мавқеъи худро пеш аз ҳама бо он асоснок мекунад, ки Калифорния ин сераҳолитарин иёлот аст, ки имрӯз аз ҳисоби кӯмакпулӣ ба штатҳои камбизоат ва маҳдудиятҳо аз тарафи системаи савдои миллӣ талафоти иқтисодӣ дорад. Он инчунин дар интихоботи президентӣ овози одилона надорад, бо аксарияти кишвар дар масъалаи муҳоҷират розӣ нест ва дар сиёсати экологӣ аз дигар иёлотҳо пеш аст. Гузашта аз ин, мавқеъи иёлоти Калифорния дар аксар маврид ба мавқеъи Трамп комилан мухолиф аст. Ҳамин тариқ, ҳаракати ҷудоихоҳӣ чунин мешуморад, ки холо барои ҷудошавӣ имконияти идеал ва тамоми шароит мавчуд аст.
3) Таназзули иқтисодӣ, фарқияти калони байни ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва ҳаҷми хароҷоти дохилӣ ва берунӣ (яъне сухан дар бораи андозаи қарзи давлатии ИМА меравад), норасоии буҷет ва баланси савдо.
Назари ҷудоихоҳӣ дар одамон ва ҳизбҳои сиёсӣ торафт бештар ҷойгир мешавад. Сабаби ин заъфи ҳукумати марказӣ мебошад ва аз ӯҳда набаромадани ҳалли оқибатҳои муаммоҳое, ки пас аз бӯҳрони иқтисодии соли 2008 ба вуҷуд омада буданд. Дар байни ин муаммоҳо — афзоиши бекорӣ, нархҳои баланд, тағйирёбии якбораи қурби доллар, пошхӯрии бисьёр ширкатҳо, афзудани карзи давлатӣ ва афзудани норасоии баланси савдо низ вуҷуд доранд. Ҳукумати марказӣ дар ин вазъият нотавон буд, ба ҷуз афзоиши андоз чизе пешниҳод карда натавонист, зеро бовар дошт, ки ин ширкатҳои нокомро нигоҳ медорад.
Имрӯз ҳукумат ба синфи коргари камбағал чизе пешниҳод карда наметавонад. Ва дар робита ба пандемияи коронавирус вазъият дар иқтисод ва сиёсат боз ҳам бадтар шуд; коронавирус байни иёлотҳо ва ҳукумати федералӣ тафовути боз ҳам бештарро ба вуҷуд овард. Ҳақиқат дар ин аст, ки бад шудани вазъияти иқтисодии ИМА умуман барои коршиносон ва тадқиқотчиён сир нест, зеро онҳо вазъияти иқтисодии ИМА-ро нағз медонанд ва барои онҳо пӯшида нест, ки ин вазъият на танҳо таҳдиди ба давлатҳои хурд тақсим шудани худи Иёлотҳо, балки таҳдиди пошхӯрии тамоми системаро ба вуҷуд меоварад. Инак, мутафаккири фаронсавӣ Эммануэль Тодд аввалин шуда аз пошхӯрии СССР хабар дод ва сипас дар бораи он, ки ҳамин сарнавишт ба сари Амрико низ хоҳад омад фикрихудро иброз намуд. Дар китоби худ «Пас аз Империя. Pax Americana — ибтидои интиҳост» ӯ баён намудааст, ки депрессияи бузурге хоҳад буд ва он ИМА-ро фаро мегирад. Ин ҳамчунин бо дидгоҳи мушовири таҳдидҳои молии ИМҶ (ЦРУ) Ҷим Рикардс (Jim Rickards), ки моҳи марти соли 2015-ро санаи суқути иқтисодӣ таъин карда буд, ки ба ақидаи ӯ Амрикоро нобуд хоҳад кард, мувофиқ меояд.
Ҳамд Табиб – Байтулмуқаддас
22 Зулҳиҷа 1441 ҳиҷрӣ
08.12.2020 с.