Амрико ва омилҳои парокандашавӣ. Қисми — 2
Дар қисми як мо дар бораи қисмҳои таркибии давлат, сабабҳои тавоноии он, давомнокии мавҷудияти он, қобилияти тоб овардан ба зарбаҳо сухан рондем. Мо инчунин ба таърихи таъсиси ИМА ва баъзе давраҳои таърихии он дахолат кардем.
Мо ёдрас намудем, ки тамаддунҳо (фарҳангҳо), ки бар пояи нодуруст сохта шудаанд, муддати тӯлонӣ вуҷуд надоранд, онҳо пайваста таҳаввулот ва бӯҳронҳоро аз сар мегузаронанд. Вақте пояҳои чунин тамаддун аз байн равад, сохтори сиёсии он (давлат) низ аз байн меравад. Чунин тамаддун дигар баргашта наметавонад, давлати худро барпо карда наметавонад, абадан нест мешавад.
Дар ин бахш мо дар бораи пайдоиши ИМА ва воқеияти кунунии он дар соҳаи сиёсат, иқтисод, федерализатсия ва таркиби аҳолӣ сӯҳбат мекунем. Мо ба омилҳое низ дахолат мекунем, ки сохтори сиёсиро ба ларза меандозанд, пояҳои онро вайрон мекунанд ва боиси парокандагии давлатҳо мегарданд.
Иттифоқ байни иёлотҳои Амрико аз нигоҳи гузаштаи сиёсӣ, фазои таърихӣ, робитаҳои байнииёлотӣ, таркиби аҳолӣ ва гуногунии динӣ ба мо мегӯяд, ки он аз тори тортанак заифтар аст. Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки дар байни амрикоиҳо нуқтаи назари моддӣ ва нобаробарии иқтисодӣ дар сатҳи зиндагии байни иёлотҳо ҳукмфармост. Мо ба омилҳои зарурӣ, ки риштаҳои иттифоқи Амрико ва муносибатҳои байни иёлотҳоро вайрон мекунанд, иттифоқро ба парокандашавӣ тела медиҳанд, диққат медиҳем. Ин омилҳо инҳоянд:
1) Таърихи хунини пайдоиши ИМА, гуногунии таркиби аҳолӣ ва динҳо, мавҷудияти ақидаҳои нажодпарастӣ ва таъсири онҳо ба омилҳои парокандашавӣ.
ИМА бо дуздӣ, ғуломӣ, куштор, несту нобуд ва бадарға кардани одамон, аз ҷумла — сухан дар бораи ҳиндуҳо меравад, сохта шудааст. Чунин ақидаҳо муддати дароз дар шуури амрикоиён ҷой гирифта буданд ва ҳоло ҳам ҷои худро доранд. Як вақтҳо ИМА ҷанги байни Шимол ва Ҷанубро аз cap гузаронид, ки дар байни амрикоиён умуман ақидаҳои миллатчигӣ ва нажодпарастиро, махсусан дар байни сокинони иёлотҳои Шимол ва Ҷануб мустаҳкам намуд. Ба ин нафрати мустамликадорони аввалинро нисбат ба мустамликадорони нав илова кунед… Набояд фаромӯш кард, ки дар ИМА нажодҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро танҳо он ақида, ки аз таассуби нажодӣ қавитар аст, муттаҳид карда метавонад. Илова бар ин, дар ИМА динҳои гуногун мавҷуданд, аз ҷумла масеҳият, яҳудият, ислом, ҳиндуия, сикҳия ва ғайра.
Аз ин рӯ, ин омилҳо (гуногунии этникӣ ва динӣ, зиддиятҳои тарафайни байни нажодҳо ва иёлотҳо) яке аз омилҳои қавитаринест, ки ба ягонагии иттиҳоди Амрико таҳдид мекунад. Ин ҳиссиёт рӯз аз рӯз зиёд шуда, боиси нигаронии худи амрикоиҳо мегардад. Яке аз муҳаққиқони амрикоӣ боре чунин гуфта буд: «Ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки амрикоиҳо ноустувории ҷомеаи худро эҳсос мекунанд, зеро дар он зиддиятҳои ахлоқӣ, нооромиҳои қавмӣ ва нажодпарастӣ ҳукмфармост.»
Инро эътирофи охири вазири дифои ИМА Марк Эспер боз ҳам дастгирӣ мекунад: «Табъизи нажодӣ як падидаи воқеӣ ва мавҷуд дар Иёлоти Муттаҳида аст.» Як назарсанҷии «Reuters», ки бо ҳамроҳии ширкати «Ipsos» дар соли 2014 баргузор шудааст, нишон дод, ки тақрибан чоряки аҳолии ИМА ҷудо шудани иёлотҳои худро аз Федератсияи Амрико ҷонибдорӣ мекунанд. Назарпурсӣ нишон дод, ки ҷумҳурихоҳон ва сокинони иёлотҳои кишоварзии ғарб ба ин идея бештар майл доранд.
Назари нажодпарастӣ дар ИМА боиси нооромиҳои зиёд шудааст. Эътирози умумии охирон пас аз кушта шудани як афро-амрикои Ҷорҷ Флойд аз ҷониби полис дар шаҳри Миннеаполис рух дод. Ин куштор ба таври возеҳ тамоми беэътиноиро нисбат ба афро-амрикоиҳо нишон дод ва ин бори аввал нест. Ҳамин тавр, соли 1965 полис як ҷавони сиёҳпӯст бо номи Маркетт Фрайро барои хатарнок рондани автомобил боздошт. Ҳангоми тафтиш бо хешовандони ӯ муноқиша сар зада, баъдан ба задухӯрд бо полис мубаддал шуд ва баъд аз он Фрай, бародар ва модараш боздошт шуданд.
Ин ҳодиса ба шӯриши амрикоиҳои африқоӣ дар ҷануби Лос-Анҷелес дар минтақаи Уоттс оварда расонид. Пас аз чанде, ошӯбҳои оммавӣ тамоми ҷанубу шарқи Лос-Анҷелесро фаро гирифтанд. Гвардияи Миллии сеҳазорнафара барои барқарор кардани тартибот пайваст карда шуд, дар ихтиёри он пулемётҳои калонкалибр, ҷипҳои посбонӣ буданд ва инчунин соати комендантӣ ҷорӣ намуда шуд. Дар натиҷаи ин шӯриш 34 нафар кушта, зиёда аз 1000 нафар маҷрӯҳ шуданд, 3438 нафар ба ҳабс гирифта шуданд, 977 бино (асосан моликияти сафедпӯстон) хароб ва ё сӯзонда шуд. Зарари умумӣ 40 миллион долларро ташкил додааст.
Соли 1968 рӯҳонии афро-амрикоӣ Мартин Лютер Кинг дар шаҳри Мемфиси иёлоти Теннесси кушта шуд. Ин куштор ба мавҷи ошӯбҳо дар саросари кишвар, дар беш аз 120 шаҳр оварда расонид. Дар ин ошӯб дастикам 46 нафар кушта ва 2600 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Соли 1980 дар шаҳри Тампаи иёлоти Флорида як мототсиклсавор, ки зодаи африқоӣ буд, ҳангоми таъқиби полис кушта шуд. Додгоҳ амалиёти полисро, ки мавҷи ошӯбҳоро барангехт ва дар ҷараёни он 19 нафар кушта, беш аз 400 нафар маҷрӯҳ шуданд, сафед кард.
Соли 1992 додгоҳи Амрико чаҳор афсари полиси сафедпӯстро барои куштори Родни Кинги афро-амрикоӣ сафед кард. Сабаби куштори ӯ муқовимат ба боздошт барои бо суръати баланд рондани автомобил будааст. Пас аз сафедкунӣ, ҳазорон нафар амрикоиҳои сиёҳпӯст, асосан мардон, ба кӯчаҳои Лос-Анҷелес баромада, намоишҳо барпо карданд, ки ба зудӣ ба ошӯб ва торумор табдил ёфтанд. Ин ошӯбҳо, ба ҷуз аз Лос-Анҷелес, ба Сан-Франсиско, Лас-Вегас, Атланта ва Ню-Йорк таъсир расонданд. Дар натиҷаи бетартибиҳо 59 кас халок ва 2328 кас ярадор шуд.
Соли 1991 додгоҳ афсарони полиси Лос-Анҷелесро, ки як марди сиёҳпӯстро ғайриқонунӣ латукӯб карда буданд, сафед кард.
Табъизи нажодӣ дар Амрико на танҳо марг ва таҳқир, балки бекорӣ, камбизоатӣ ва дилхунукиро низ ба бор меорад. Имрӯз 24,7% афро-амрикоиҳои дар ҳолати фақирӣ зиндагӣ мекунанд, ки 12,7% тамоми аҳолии Амрикоро ташкил медиҳад.
Сарфи назар аз он, ки нажодпарастӣ ва ғуломдорӣ дар сатҳи қонунгузорӣ дар Иёлоти Муттаҳида барҳам дода шуда буд, ҳеҷ кас худи ин назарро бекор накардааст ва онро дар қонунҳои Амрико мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, нависандаи мисрӣ Ридо Ҳилол, ки муддате дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ кардааст, дар китоби худ «Барҳамхӯрии Амрико» менависад: «Тағйироти конститутсионӣ ва қарорҳои Додгоҳи олии ИМА ба баробарии сиёҳпӯстон ва сафедпӯстон нигаронида шуда буд, аммо баробарӣ бо ҷудокунӣ ҳамроҳ буд. Ин дар қарорҳои Суди Олии ИМА дар соли 1896, ки дар бораи тақсими сиёҳ ва сафедпӯстон сухан мерафт, равшан дида мешавад, аммо ҳамзамон баробарӣ бояд риоя намуда шавад.
Ин аҳвол то соли 1954 давом кард. Ин сол шоҳиди он буд, ки табъизи нажодӣ аллакай дар мактабҳо барҳам дода шуд… Қарори Суди Олӣ дар бораи барҳам додани табъизи нажодӣ дар мактабҳо ба ин табъиз дар дигар чойҳо хотима надод. Табъиз дар автобусҳо, ресторанҳо, барҳо давом мекард… Шаҳрвандони сиёҳпӯст аксар вакт таҳқир карда мешуданд, ки ин ба пайдо шудани эътирозҳо аз тарафи ҳаракат барои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бо сардории Мартин Лютер Кинг таъсир расонд. Ин эътирозҳо шиддатро идома доданд ва дар натиҷа дар соли 1968 Санади ҳуқуқи шаҳрвандӣ қабул шуд. Дар ҳамон сол Кинг кушта шуда буд» (охири иқтибос).
Табъизи нажодӣ дар байни амрикоиҳо идома дорад, сарфи назар аз он, ки қонунҳои зиёде қабул шудаанд, созмонҳои зиёде таъсис дода шудаанд, ки даъвати баробарии сиёҳпӯстон ва сафедпӯстонро пеш мебаранд. Табъизи нажодӣ ба ҷомеаи мухталифи Амрико таъсири худро идома дода, гоҳ-гоҳ боиси ошӯб ва номутавозунӣ мегардад. Аз ин рӯ, муносибатҳои байни иёлотҳо, ҳатто муносибатҳои байни одамон дар як давлат, дар як шаҳр, дар як ноҳия хеле суст ва ларзонанд. Чунин дидгоҳ (табъизи нажодӣ) як омили қавии бесуботӣ, барҳам додани робитаи сиёсӣ ва сохтории ҷомеаи Амрико мебошад.
Ҳамд Табиб — Байтулмуқаддас
8 Зулҳиҷа 1441 ҳиҷрӣ
29.07.2020 с.