Амрико ва омилҳои парокандашавӣ. Қисми – 1

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Амрико ва омилҳои парокандашавӣ. Қисми – 1

 Амрико аз ибтидои таъсиси худ дар ҳама ҷиҳатҳо (идеология, сиёсат, иқтисод ва ғайра) ба таҳаввулоти мунтазам ва бӯҳронҳо дучор шудааст.  Ин буҳронҳо ва таҳаввулотҳо онро ба сӯи парокандагӣ, фурӯпошӣ ва нобудшавӣ тела доданро идома медиҳанд.

Пеш аз он ки дар бораи чанд сабаби кишварро ба ларза оваранда сухан ронем, мехостам ба масъалаи омилҳое, ки ба тавоноии давлат, мавҷудият, ягонагии он таъсир мерасонанд, инчунин омилҳое, ки боиси заифӣ ва фурӯпошӣ мегарданд, таваққуф намоям.

Нишондиҳандаҳои намоёнтарине, ки қувваи давлатҳо ва давомнокии мавҷудияти онҳоро нишон медиҳанд, қувваи идеология, табиати халқ ва қувваи ҳаётбахши онҳо мебошад.  Фаҳмидан лозим аст, ки халкҳо идеологияи якхела надоранд, яъне қувваи давлатҳо ва давомнокии ин қувва як хел нест.  Аз ин рӯ, бритониёиҳо аз халқҳои Аврупои континенталӣ, сарфи назар аз он, ки онҳо як идеология доранд, фарқ мекунанд.  Омилҳое, ки ба тавоноии давлат таъсир мерасонанд, иқтисод, захираҳо, қобилияти муҳофизат кардани худ аз душмани беруна ва хатарҳои беруна, ки ба ягонагии давлат таҳдид мекунанд, дохил мешаванд.  Инчунин, ба ин омилҳо дохил мешаванд: эътиқоди мардум ба идеяи худ, омодагии онҳо ба қурбонии ҳама чиз ба хотири ҳифзи сохтори сиёсии худ, эътиқоди мардум ба он, ки танҳо идеологияи онҳо (ки онҳо ба он эътиқод доранд ва ба дигарон мебаранд) беҳтар, мустаҳкамтар ва ба ҳаёти одамон мувофиқтар аст.

Онҳое, ки ҷараёни таърихи давлатҳои мавҷуд бударо пайгирӣ мекунанд, мушоҳида мекунанд, ки дар як минтақа дар давраҳои гуногун метавонанд якчанд давлатҳо бошанд, дар ҳоле ки онҳо пешвоёни ҷаҳонӣ буданд.    Онҳо ҳамчунин мушоҳида мекунанд, ки ҳеҷ яке аз тамаддунҳо (фарҳангҳо) пас аз фурӯпошии худ ба арсаи сиёсии ҷаҳонӣ барнагаштанд.  Истисно аз ин Ислом аст, зеро пайравони он аз дигар мардуми рӯи замин фарқ мекунанд.

Метавон гуфт, ки тамоми тамаддунҳо (фарҳангҳо), ба ҷуз Ислом, гирифтори парокандагӣ ва нобудшавӣ қарор доранд.  Ба ин тамаддунҳои румиён, юнониён ва мисриҳо шаҳодат медиҳанд.  Масалан, имрӯз тамаддунҳои Канъонӣ, Ашурӣ, Ийбусӣ куҷоянд?  Империяҳои Византия, Форс куҷоянд?  Ҳамаи онҳо абадан рафтанд!  Аллоҳи Таъоло фармудааст:

وَكَمْ أَهْلَكْنَا قَبْلَهُم مِّن قَرْنٍ هَلْ تُحِسُّ مِنْهُم مِّنْ أَحَدٍ أَوْ تَسْمَعُ لَهُمْ رِكْزًا

 «Пеш аз онҳо чӣ бисёр мардумеро ҳалок кардем.  Оё шумо ҳузури яке аз онҳоро эҳсос мекунед ё пичирросҳои онҳоро мешунавед?  (19:98).

أَوَلَمْ يَهْدِ لَهُمْ كَمْ أَهْلَكْنَا مِن قَبْلِهِم مِّنَ الْقُرُونِ يَمْشُونَ فِي مَسَاكِنِهِمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَاتٍ ۖ أَفَلَا يَسْمَعُونَ

 «Оё он ҳама мардумеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем ва акнун инҳо дар хонаҳояшон роҳ мераванд, сабаби ҳидояташон нашуд? Албатта, дар ин (дидани диёри хеш аз истиқоматгоҳи ҷабборони гузашта), ҳароина, ибратҳост, чаро намешунаванд?» (32:26).

Дигар хусусиятҳои марбут ба Ислом вуҷуд доранд: заъф ва тавоноии Давлати Исломӣ ба дараҷаи пойбандии мусалмонон ба дини худ вобаста аст.  Заъф ва тавоноии Давлати Исломӣ ба худи ақида иртибот надорад, зеро тамоми ақидаҳои Ислом аз ҷониби Худованди Мутаъол нозил шудааст.  Зимнан, Ислом ягона ақидаест, ки дурустии он ба ақл асос ёфта, ба фитрати инсон мувофиқат мекунад.

Яъне Ислом ақли ҳар шахсро мутақоид месозад, ғариза ва ниёзҳои органикиро қонеъ ва танзим мекунад.  Ин аст, ки Давлати Исломӣ дар таърихи тӯлонии худ марҳалаҳои навсозӣ дошт, зеро таҷдиди ихлосмандӣ ба ақидаи исломӣ вуҷуд дорад.  Инро дар даврони Аббосиён, Уммавиён дар Андалусия, ҳокимони Хуросон ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.  Имрӯз мо низ марҳалаи навсозиро мушоҳида менамоем, ки ин дар талаботҳои мардуми мусулмон барои бозгашти Давлати Исломӣ, бо вуҷуди сипарӣ шудани ҳудуди 100 сол аз нобудсозии он баръало намоён мешавад.

Ин аст он чизе, ки ба давлатҳо ва ба омилҳои мавҷудияти идомаи онҳо таалуқ дорад дар шакли умумӣ.  Дар бораи Амрико бошад, яъне мисоли махсусе, пеш аз он ки дар бораи омилҳои парокандагии он ҳамчун сохтори сиёсӣ сухан ронем, ба пайдоиши он назар кардан лозим аст, ки вай чӣ тавр ба қувва, такаббур ва ғурур ноил шудааст.  Саволе ба миён гузоштан лозим аст, ки ин сохтори сиёсӣ дар асоси кадом идея пайдо шудааст?  Моҳияти халкҳо дар ин системаи сиёсӣ чӣ гуна аст?

Соли 1492 қитъаи Амрико кашф шуд, ки он вақт дар он ҳиндуҳо зиндагӣ мекарданд. Бо омадани аврупоиҳо, таърихи мустамликадории Амрико оғоз ёфт.  Амрико номи худро ба шарафи сайёҳи флорентӣ Америго Веспуччи гирифтааст.  Аввалинҳое, ки дар Амрикои Шимолӣ мустамликаҳо барпо карданд, португалҳо буданд.  Португалҳои кӯчидашуда моҳигирҳо ва фермерҳо буданд.  Бо мурури замон шумораи онҳо мунтазам афзоиш ёфт, онҳо ҳатто як қатор шаҳрҳоро бунёд карданд.  Пас аз он дар соли 1513 испаниҳо дар Флорида шаҳре таъсис доданд.  Дар соли 1607, англисҳо шаҳри Вирҷинияро бунёд намуданд ва сипас муҳоҷирати тӯлонии англисҳо оғоз ёфт, зеро дар худи Англия низоъ байни католикҳо ва подшоҳон идома дошт. Англисҳои омада тобеи Англия монданд, аз ин рӯ онҳо андозҳои ӯро месупориданд.  Кӯтоҳтараш, заминҳои Амрико мустамликаҳои нави Англия буданд.

Баъд мустамликадорони нав, ки аксарияташон англисҳо буданд, дар як қатор шаҳрҳо ба муқобили беадолатии Англия аз андоз эътироз баён карданд.  Он ба задухӯрди ҳарбии байни Англия ва мустамликадорони нав омад.  Соли 1756 дар қаламрави мустамликаҳои бритонии Амрикои Шимолӣ шӯриши мустамликавӣ ба амал омад, ки он то соли 1783 давом кард. Он вақт мустамликадорон дар иттифоқи ҳарбӣ бо Фаронса буда, дар Ҷанге барои истиқлолият ( 1775–1784) ғалабаи ҳалокатоварро барои давлати мустамликавӣ ба даст оварданд. Натиҷаи асосии он эълон шудани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва эътирофи истиқлолияти комил ва бечунучарои онҳо аз тоҷи Бритониё буд.  Дар мавриди конститутсияи ИМА бошад, он 17 сентябри соли 1787 дар Конвенти Конститутсионӣ дар Филаделфия қабул шуда, баъдан аз ҷониби ҳамаи сездаҳ иёлоти дар он вақт мавҷудбуда тасдиқ карда шуд.

Дар соли 1861, Амрико ба ҷанги шаҳрвандӣ ворид мешавад, ки бо номи Ҷанги Шаҳрвандии солҳои 1861-1865 машҳур аст.  Ин ҷанг байни Иттифоқи 20 иёлотҳои ғайриғуломдор ва 4 иёлотҳои сарҳадии ғуломдори Шимол, аз як тараф ва Конфедератсияи 11 иёлотҳои ғуломдори Ҷануб, аз тарафи дигар рӯй дод.  Тибқи баъзе гузоришҳо, дар ин ҷанг аз ҳарду ҷониб 620 000 сарбоз кушта шудаанд.

Дар бораи давраи  ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1939—1945) бошад, дар аввал Амрико бетарафии ҳарбиро нигоҳ дошта, балки дар айни замон коалитсияи зиддигитлериро бо силоҳ ва пул таъмин мекард ва ин то соли 1941 давом кард.  Дар соли 1941 флоти Ҷопон ба пойгоҳҳои баҳрӣ ва ҳавоии Амрико, ки дар наздикии Перл-Харбор дар ҷазираи Оаху (Ҳавайӣ) ҷойгиранд, ҳамла мекунад, пас аз он Амрико дар канори эътилофи зиддигитлерӣ ба ҷанг дохил мешавад.

Пас аз анҷоми ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ, аввалин коре, ки Амрико мекунад, инҳисори силоҳи ҳастаист, ки онро ба қудрати ҷаҳонии №1 табдил медиҳад.

Баъд аз он, пас аз анҷоми ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ, давраи нави таърихӣ бо номи «Ҷанги сард» оғоз меёбад.  Ин ҷанг дар байни Амрико ва СССР cap шуд.  Дар ин ҷанг қисми ғарбии Аврупо дар зери қаноти Амрико монд, зеро онҳо аз ҳуҷуми СССР метарсиданд.  Баъди пошхӯрии СССР марҳалаи нави сиёсати байналмилалӣ, чизе монанди ҷаҳони якқутбӣ оғоз мешавад.  Охир, Амрико бо пошхӯрии СССР  ба қувваи асосии арсаи ҷаҳон табдил меёбад.

 Ҳамд Табиб — Байтулмуқаддас

 10 Зулқаъда 1441 ҳиҷрӣ

 07.01.2020

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads