Амрико мусулмононро несту нобуд мекунад, маконҳои муқаддасро поймол мекунад ва кишварашонро таҳқир мекунад, бо сабаби он ки мусалмонҳо ҳимоятгар надоранд!

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Амрико мусулмононро несту нобуд мекунад, маконҳои муқаддасро поймол мекунад ва кишварашонро таҳқир мекунад, бо сабаби он ки мусалмонҳо ҳимоятгар надоранд!

Баёноти матбуотӣ

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 2 августи соли 2022 гуфт, Айман Завоҳирӣ рӯзи 30 июл дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишин ба маҳалли зисташ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, нобуд карда шуд.  Ин бо мушоҳидаи ҳаракатҳои ӯ аз аввали соли ҷорӣ ҳангоми кӯчидан бо хонаводааш ба маркази пойтахти Афғонистон имконпазир шудааст.

Доктор Айман Завоҳирӣ яке аз ду неъматро ба даст овард — ӯ аз дасти истихбороти Амрико, аз манфуртарин созмони амрикоӣ дар робита ба Ислом ва мусалмонон шаҳид шуд. Амрико мусулмононро қатл мекунад, ба муқаддасотҳои онҳо таҷовуз карда, замин, баҳр ва ҳавои онҳоро палид карда истодааст ва касе нест, ки ба он муқобилат кунад.

Суоле ба миён меояд: оё Амрико қодир аст, ки ин гуна амалиётро дар маркази Лондон, Пекин ё Москва гузаронад, душманонро нест кунад?  Албатта на.

Чаро Амрико пас аз тақрибан 20 соли ҷанг Афғонистонро тарк кард, то ҳол амалиёти низомиро дар қаламрави Афғонистон идома медиҳад?!  Амрико як кишвари мустамликавӣ аст ва аз ғорати сарвати кишварҳои мусалмонӣ сер намешавад. Дар мавриди хуруҷи он аз Афғонистон, ин муваққатӣ аст, то ин, ки нақшаҳои худро нисбати Чин ва Русия анҷом диҳад ва сипас дубора бармегардад, то ғораташро идома диҳад.

Афғонистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ то ҳол дар зери оташи артиши Амрико қарор доранд, зеро онҳо қудрати ҷилавгирӣ аз Амрикоро надоранд. Куҷост нерӯи дифоъи ҳавоӣ, ки самои Афғонистонро аз ҳавопаймоҳои Амрико муҳофизат кунад?  Куҷост мақомоти таҳқиқотӣ, ки Амрико ва ҷосусонашро дар Кобул ва дигар шаҳрҳо маҳв созанд?

Афғонистон ва мардуми он то ҳол наҷот ва амният пайдо накарданд, онҳо то ҳол аз нақшаҳои маккоронаи Амрико азоб мекашанд.  Мусулмонон наҷот ва амниятро танҳо бо давлати Хилофат хоҳанд ёфт, ки Амрико ва тақлидкунандагони онро водор месозад, ки ҷиноятҳои дар сарзамини мо содир кардаашонро фаромӯш кунанд.  Чуноне ки Абубакр (р) таъсири румиёнро комилан аз байн бурд.

Мусулмонони Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ орзуи бозгашти Хилофатро доранд, Хилофат барои онҳо як маркази кашиш мешавад, бо тамоми нерўи худ, ҷону моли худ ба он мепайванданд. Аллоҳ барои ин кор Афғонистону Покистонро бо атрофашон омода кардааст, ба онҳо сарват, мавқеи хоси геополитикӣ ва мардуме, ки Исломро дӯст медоранд, ато кардааст.

Дар мавриди Ғарби кофир бо сарварии Амрико бошад, онҳо дар дохили ҷомеаи худ низоъро пайдо карда истодаанд ва ба ин васила бӯҳронҳои дохилиро ба вуҷуд меоранд. Кор ба дараҷае расид, ки ҳизбҳои Амрико одамони шубҳанокро ба сари ҳокимият меоранд.  Масалан, Трамп ба баъзе принсипҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ таҷовуз кард, ё Байден — сарфи назар аз нишонаҳои мавҷудаи ноқисӣ дар ақл, ӯ президент интихоб шуд.  Раисиҷумҳури Амрико замони қатли Завоҳириро чанд моҳ қабл аз интихоботи конгресс тарҳрезӣ кард, ки ба ҳадди ниҳоии ҳаяҷон ва тарси аз даст додани қудрати ҳизби демократ ишора мекунад.  Ба ҳамин тариқ, сиёсатмадорони Амрико мамлакатро ба ҷудоии иҷтимой мекашанд, ки пешгирй кардани он хеле душвор мешавад.

Мо аз мусалмонони Афғонистону Покистон даъват мекунем, ки ба Ҳизби Таҳрир эътимод кунанд ва Хилофати дуввуми Рошидаро барпо кунанд, ки дар он бо минҳоҷи нубувват ҳукмронӣ мешавад.  Ин як маркази наве хоҳад буд, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро муттаҳид мекунад ва оғози таърихи нави бузургии Уммати Исломӣ хоҳад буд. Аллоҳи мутаъол фармуд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ

«Эй касоне, ки имон овардаед, агар Худоро ёрӣ кунед, шуморо ёрӣ хоҳад кард ва пойдорӣ хоҳад бахшид». [47:7]

 

Салоҳиддин Адада

Раиси Бахши иттилоотии марказӣ Ҳизб-ут-Таҳрир

Панҷшанбе 6 Муҳаррами соли 1444 ҳиҷрӣ

 04/08/2022

 № 001/1444 x.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads