Аллоҳ каси ситоишкунандаро мешунавад, ва ба савоб кӯшишкунанда ҷавоб медиҳад.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Аллоҳ каси ситоишкунандаро мешунавад, ва ба савоб кӯшишкунанда ҷавоб медиҳад.”

Ҳамаи шумо, бародарони азизро ба дидори навбатӣ дар барномаи «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф» истиқбол менамоем. Ба шумо бо беҳтарин тарз салом мерасонем: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Аз Абӯ Саиди Худрӣ ривоят мешавад, ки Пайғомбар (с.а.в.) фармудаанд:

سَيَأْتِيكُمْ أَقْوَامٌ يَطْلُبُونَ الْعِلْمَ، فَإِذَا رَأَيْتُمُوهُمْ، فَقُولُوا لَهُمْ: مَرْحَبًا مَرْحَبًا بِوَصِيَّةِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَاقْنُوهُمْ، قُلْتُ لِلْحَكَمِ: مَا اقْنُوهُمْ؟ قَالَ: عَلِّمُوهُمْ

«Мардум барои талаби илм назди шумо меоянд ва чун онҳоро бубинед, бигӯед: «Хуш омадед, ба касоне, ки Расули Худо бар мо васият кардаанд!» ва ба онҳо илмро омӯзонед» (Ибни Моҷа).

Бародарони азиз, ин ҳадис далолат мекунад, ки ҳам олим ва ҳам толиби илм фазилатҳои хоси худро доранд ва дар баробари якдигар ҳуқуқҳои муайян доранд. Касе, ки дониш дорад, бояд онҳоеро, ки дар ҷустуҷӯи илм ба наздаш меоянд, истиқбол кунад ва ёрӣ диҳад. Худи Расули Худо (с.а.в.) талабгори илмро «васиятшудаи худ» номиданд ва ин аҳамият ва ҷиддӣ будани ин масъаларо далолат мекунад.

Эй мусалмонон! Наҷибтарин дониш он аст, ки зиндагии моро бо Охират мепайвандад. Дар дониш бидуни иртибот бо Охират ки танҳо бо зиндагии дунё ва ҷаззобаш маҳдуд бошад, ҳеҷ хайре нест. Дар ин ҷо сухан пеш аз ҳама дар бораи уламои Раббонӣ меравад, ки барои онҳо  ризогии Худо аз ҳама чиз болотар аст. Чунин олим бояд дониши гирифтаашро дар ҳаёт татбиқ кунад, ба он даъват кунад ва дар баробари озмоишҳо дар ин роҳ сабр нишон диҳад. Инҷо суоле ба миён меояд, ки ин олимони уммат ва донишашон куҷост? Чаро ба мардум конунхои динро намеомузонанд?

Чаро дар ҳоле, ки ҳуқуқи уммат поймол мешавад, ин олимон хомӯшанд? Агар  олимон беамал бошанд, Аллох ба дуъо чӣ чавоб медихад? Оё Паёмбари Худо (с.а.в.) аз илме, ки фоида намедиҳад ва аз дуое, ки қабул нахоҳад шуд, огоҳ накардаанд? Эй уламо, эй толибони илм, қатъияти худро иброз кунед ва ба Уммат бигўед, ки ҳалли мушкилоти ў дар таъсиси Хилофати дувум аст, зеро Хилофат ваъдаи Худо ва муждаи Расули Ӯ (с.а.в.) аст.

Худоё, замони Хилофати Рошидаро, ки бо тариқати Нубувват ҳукм меронад, битезон! Ин хилофат тамоми мусалмононро муттаҳид месозад ва умматро аз ранҷ наҷот медиҳад. Худоё, заминро бо раҳмати Худат равшан кун! Омин!

То вохӯрии оянда, бародарони азиз дар барномаи мо «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф». Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху. Аллох нигахбонтон бошад!

 

Абӯ Марям

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads