Аллоҳ ба касе некиро ирода кунад, ӯро дар дин фақеҳ мегардонад

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Аллоҳ ба касе некиро ирода кунад, ӯро дар дин фақеҳ мегардонад

Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф

Бародарони азиз, шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи «Ҳамроҳи ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуху!

Дар китоби Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ «Фатҳул бори фи шарҳи саҳеҳи Бухорӣ» дар боби «Аллоҳ ба касе некиро ирода кунад, ӯро дар дин фақеҳ мегардонад» ҳадисе омадааст:

Саид ибни Уфайр аз Ибни Ваҳб, аз Юнус, аз Ибни Шиҳоб, аз Ҳумайд ибни Абдурраҳмон ривоят кардааст, ки ӯ чунин гуфтаи Муовияро ба мардум шунидааст: «Ман шунидам, ки Паёмбар (с) фармуданд:

مَنْ يُرِدِ اللَّهُ بِهِ خَيْرًا يُفَقِّهْهُ فِى الدِّينِ، وَإِنَّمَا أَنَا قَاسِمٌ وَاللَّهُ يُعْطِى، وَلَنْ تَزَالَ هَذِهِ الْأُمَّةُ قَائِمَةً عَلَى أَمْرِ اللَّهِ لا يَضُرُّهُمْ مَنْ خَالَفَهُمْ حَتَّى يَأْتِىَ أَمْرُ اللَّهِ

«Аллоҳ ба касе некиро ирода кунад, ӯро дар дин фақеҳ мегардонад. Ман танҳо тақсим мекунам, атокунанда Аллоҳ аст. Дар хотир доред, ки то амри Аллоҳ фаро нарасад, касе, ки бо аҳли ин уммат мухолифат кунад, агар ба фармудаҳои Аллоҳ пайравӣ кунанд, ҳаргиз ба онҳо зиёне расонида наметавонанд».

Фаҳмидани дин неъмати бузургест, ки Ислом ба он даъват мекунад.  Мусулмон ҳар қадар ба фаҳмиш наздик шавад, ҳамон қадар ба Аллоҳ наздиктар ва дараҷааш баландтар мешавад.  Ҳар қадар аз омӯзиши дин дур шавад, ҳамон қадар аз ин неъмат бе баҳра мемонад. Дар ин ҳадиси шариф Расули Худо (с) моро водор месозанд, ки барои омўхтани дин ва дарки он саъй кунем ва ба ин васила дар назди Аллоҳ ба некӣ ва мартабаи баланд ноил гардем.

Уммат имрӯз рӯзҳои сахтеро аз cap мегузаронад. Мо мебинем, ки чӣ гуна баъзеҳо дар фаҳмиши дину ҳақиқат ба комёбиҳои муайян ноил шудаанд. Аммо ба ҷои он ки дар ҷониби Уммат ва қонунҳои Аллоҳ бошанд, мавқеи шармандагиро ишғол намуда, дар ҷониби ҳокимони золимон истода, бедодгарии онҳоро сафед мекунанд. Ҳарчанд Уммат мунтазири он аст, ки ин гуна афрод берун меоянду онро ба муқобили зулм раҳбарӣ мекунад, мутаассифона, онҳо дар як саф бо ҳокимон қарор доранд. Оё ин гуна ашхос аз илмашон баҳра бурда, ба некӣ ва аҷри бузург ноил мегарданд?

Эй Аллоҳ! Фарорасии Хилофати Рошидаро наздик бигардон, ки ҳукмронӣ дар он бо минҳоҷи паёмбари сурат мегирад. Ин Хилофат тамоми мусалмононро муттаҳид сохта, Умматро аз ранҷ наҷот медиҳад. Парвардигоро,, заминро бо раҳмати худ равшан бигардон! Омин!

 

Абӯ Марям

10.06.2022 с.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads