Аҳодиси набавӣ — башоратдиҳанда ба нусрат, пирӯзӣ ва барпошавии амр то рӯзи Қиёмат
Аз Баро ибни Озиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки ӯ гуфт:
“Расули Худо ﷺ моро ба кандани хандақ фармуданд. Гуфт: Дар як мавзеи хандақ бароямон як харсанге намудор гашт, ки ягон зоғнӯл онро шикаста наметавонист. Гуфт: Пас мо ба Расулуллоҳ ﷺ шикоят кардем ва Расулуллоҳﷺ омада, либосашонро гузоштанд ва ба назди харсанг фаромада, зоғнӯлро гирифтанд ва “Ба номи Аллоҳ” гӯён ба харсанг чунон зарба заданд, ки сеяки санг шикаст. Эшон гуфтанд: “Аллоҳ бузург аст. Ба ман калидҳои Шом ато карда шуд. Қасам ба Аллоҳ, ки ман аз ҳамин ҷоям қасрҳои сурхи онро мебинам”. Сипас эшон “Ба номи Аллоҳ” гӯён зарбаи дигареро заданд, ки дар натиҷа сеяки дигари санг шикаст. Пас эшон гуфтанд: “Аллоҳ бузург аст. Ба ман калидҳои Форс ато карда шуд. Қасам ба Аллоҳ, ки ман аз ҳамин ҷоям Мадоин ва қасри сафеди онро мебинам”. Сипас эшон “Ба номи Аллоҳ” гӯён боз як зарбаи дигареро заданд, ки дар натиҷа бақияи санг шикаст. Пас эшон гуфтанд: “Аллоҳ бузург аст. Ба ман калидҳои Яман ато карда шуд. Қасам ба Аллоҳ, ки ман аз ҳамин ҷоям дарҳои Санъоро мебинам”. Ин ҳадисро Аҳмад ривоят намудааст.
Дар ин ҳадис барои мусулмонон ва Расули Худо ﷺ, дар ҳоле ки онҳо даруни хандақ дар муҳосира қарор доштанд, башорат оиди футуҳоти бузург вуҷуд дорад. Инчунин, дар он баёни он мавҷуд аст, ки Аллоҳ ин динро бар дигар динҳо ғолиб месозад ва аҳолӣ ва сарватҳои ин халқҳои бузург ба дини Аллоҳ сархам хоҳанд гашт. Дар ин ҳадис ба он ишора шудааст, ки дар замони вазниниҳо ва санҷишҳо башорат дода, устувор сохтани қадамҳо амали мустаҳаб аст. Илова бар ин, дар ҳадис ба он низ ишора шудааст, ки роҳбар дар кор ва анҷоми вазифаҳои муҳим бояд асҳобашро ҳамроҳӣ намояд.
Аз Абдуллоҳ ибн Амр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки ӯ гуфт:
“Ҳангоме ки мо атрофи Расули Худо ﷺ нишаста менавистем, нафаре аз Расулуллоҳ ﷺ суол кард: Кадоме аз ду шаҳр дар навбати аввал фатҳ мешавад, Қустантиния ё Рим? Расули Худо ﷺ чунин посух доданд: “Аввал шаҳри Ҳирақл фатҳ мегардад”, яъне Қустантиния”. Ин ҳадисро Аҳмад ривоят кардааст.
Дар он ба мусулмонон оиди фатҳ хушхабар дода шудааст. Қустантиния ва Рим ду пойтахти насроният (православӣ ва католикӣ) буда, ҳадис ба ҳукмронии Ислом ва ба тавсеъа ва бартарияти он дар саросари ҷаҳон далолат карда мужда медиҳад, бахусус вақте ки ин ҳадис бо ҳадиси ривояткардаи Ибни Умар (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) зам карда шавад, ки ӯ гуфт: Аз Расули Худо ﷺ шунидам, ки мефармуданд:
“Яҳудиён бо шумо меҷанганд, пас шумо бар онҳо мусаллат хоҳед гашт. Сипас санг мегӯяд: Эй мусулмон, ин як яҳудиест, ки паси ман аст, ӯро бикуш” (ривояти Бухорӣ).
Пас шахси мусулмон ба андозаи саҳеҳияти ин нусус, ва ҳол он ки онҳо саҳеҳ мебошанд, амал карда, ҳангоми шунидани башоратҳо ба умури динаш таваҷҷӯҳ менамояд ва барои таҳаққуқи башорат фаолият бурда, омадани онро нишаста интизор намешавад. Агар ин ҳадисҳо ба якдигар ҳамроҳ карда шаванд, маънои онро медиҳанд, ки Ислом бар динҳои насроният ва яҳудият ва бар тамоми давлатҳои абарқудрат ғолиб гашта, калимаи олӣ танҳо Каломи Аллоҳ хоҳад шуд.
Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки Расули Худо ﷺ фармуданд:
“Ман бо Каломи ҷомеъ (яъне Каломе, ки бо лафзи андак маъниҳои бисёрро ифода мекунад) фиристода шудаам ва тавассути тарс ба ман нусрат дода мешавад. Боре дар хобам дидам, ки ба ман калидҳои хазинаҳои заминро оварда, ба дастам гузоштанд”. Абӯ Ҳурайра гуфт: Расули Худо ﷺ вафот карданд ва ин хазинаҳоро шумо истихроҷ мекунед”. (Муттафақун алайҳ).
Дар ин ҳадис хушхабаре ҳаст, ки уммат баъди вафоти эшон бо роҳи он кас равона шуда, ба сабаби ин Аллоҳ ба вай нусраташро медиҳад ва уммат футуҳотро анҷом дода, некиҳои ин футуҳотро ба даст меорад.
Аз Абӯ Умомаи Боҳилӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки Набӣ ﷺ фармудаанд: “…Ва Ислом доимо афзоиш ёфта, ширк ва аҳли он кам мешаванд. Ҳатто ду нафар зани сайркунанда аз чизе, ҷуз зулм (зулми ҳоким), хавф намебаранд. Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, шабу рӯзҳо аз байн намераванд, то замоне ки ин дин то ҷои ин ситора рафта нарасад”. Ин ҳадисро Табаронӣ дар “Кабир” овардааст. Дар он башорате вуҷуд дорад, ки Ислом монанди ситора дурахшон ва мартабааш олӣ мегардад. Дар он башорате ҳаст, ки кори Ислом васеъ гашта, нураш паҳн мешавад, ҳатто мисли ситора шуда, башарият тавассути он роҳро меёбад ва ба таълимоти он пайравӣ мекунад.
Аз Оиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки ӯ гуфт: Охирин супориши Расули Худо ﷺ ин буд, ки фармуданд: “Дар Нимҷазираи Араб ду дин вогузошта намешавад”. Ин ҳадисро Аҳмад ривоят кардааст. Дар он далел бар манзалати Нимҷазираи Араб, ки ду ҳарами шариф ҷои фуруд омадани ваҳй ва тулӯи нур ва оёт ва ҷои азизтарин барои қалбҳо буда, онро аз ҳар нопокии куфр ҳимоят бояд кард, вуҷуд дорад. Ҳудуди ин нимҷазира дар қомус чунин нишон дода шудааст: “Нимҷазираи Араб нимҷазираест, ки бо баҳри Ҳинд ва баҳри Шом, сипас Даҷла ва Фурот иҳота шудааст. Ба ибораи дигар, он дар байни Адан Абён ва канори Шом дар тӯл ва дар арз байни Ҷидда ва канори Ироқ ҷойгир аст”. Ин ҳадис аз ҷумлаи ҳадисҳои таклифӣ мебошад, ки мусулмонон онро то дирӯз амалӣ намуда буданд. Ҳокимони кӯдакмонанди ин замон бошанд, мехоҳанд ба ваъдаи дар ин хусус додашуда мухолифат варзанд.
Аз Абдуллоҳ ибни Ҳавола (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки ӯ гуфт: Расули Худо ﷺ фармуданд: “Ҳароина Аллоҳ ба ман Шом ва аҳли онро кафолат додааст”. Ин ҳадисро, ки ҳадиси саҳеҳ мебошад, Аҳмад ривоят намуд. Дар он фазилати кишвари Шом ва боз он чиз зикр шудааст, ки дар охири замон, дар айёми фитна он бузург гашта, Аллоҳ онро нигоҳубин ва ҳимоят мекунад ва сутуни Ислом дар охири замон дар Шом хоҳад буд. Дар ин ҳадис башорате мавҷуд аст, ки имрӯз мусулмонон онро эҳсос карда, аз он барои тамоми мусулмонон нусратро умед мебанданд, хоссатан ҳангоме ки онҳо ҳадиси дигари Расулро мешунаванд: “Маркази сарзамини мӯъминон Шом аст”. Ин коре аст, ки иншоАллоҳ таҳаққуқ хоҳад ёфт. Агарчанд имрӯз воқеъ инро тасдиқ намекунад, аммо фардо тасдиқ хоҳад кард ва барои шахсе, ки фардоро интизор мебошад, он наздик аст.
Аз Нофеъ ибни Утба (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст, ки ӯ гуфт: Расули Худо ﷺ фармуданд:
“Шумо ба Нимҷазираи Араб ҳуҷум мекунед ва Аллоҳ онро бароятон фатҳ хоҳад кард. Сипас шумо ба Форс ҳуҷум мекунед ва Аллоҳ онро бароятон фатҳ хоҳад кард. Сипас шумо ба Рум ҳуҷум мекунед ва Аллоҳ онро бароятон фатҳ хоҳад кард. Пасон шумо бо Даҷҷол меҷангед ва Аллоҳ ӯро мағлуб хоҳад сохт”. Ин ҳадисро Муслим ривоят кард.
Дар он қадрнокии имони шахси мусулмон баён мешавад. Ин баён тавассути зикри он нишон дода шудааст, ки модоме ки шахси мусулмон ҳамроҳи Аллоҳ аст, имони ӯ ҳеҷ гоҳ мағлуб нахоҳад шуд. Инчунин, тавассути он нишон дода шудааст, ки ин футуҳоти чоркарата, ки дар ҳадис омадааст, ба он ишора мекунад, ки мусулмонон дар ҳар як фатҳ ҳамроҳи Аллоҳ ва то охири замон ҳамроҳи динашон хоҳанд монд, ки нусрат алайҳи Даҷҷол далели он аст. Ин ҳадис аз ҷумлаи ҳадисҳое мебошад, ки вусъати қувваи Исломро ҳам дар паҳноӣ ва ҳам дар волоият бар динҳо, ҳазоратҳо ва арзишҳои дигар нишон медиҳанд.