Аҳдномаи Ҳудайбия: созиш ё ғалаба?

Аҳдномаи Ҳудайбия: созиш ё ғалаба?

 Низоми Ислом  барои ҳама муаммоҳое, ки инсонҳо ва ҷинҳо бо онҳо рӯбарӯ шудаанд ё мешаванд, ҳалли решагиву ҳамаҷониба пешниҳод менамояд ва бояд ягона меъёри мо дар ҳама умури зиндагӣ бошад. Охир, танҳо бо ҳамин роҳ ҳамаи инсонҳо хушбахтӣ, тинҷиву осоишро пайдо карда метавонанд. Дар акси ҳол, осоишу хушбахтӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, барои мусалмонон ҳаётан муҳим аст, ки низоми исломии нозилкардаи Аллоҳро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт амалӣ созанд ва барои татбиқи он кор кунанд. Бо ин мақсад мусалмонон дар давоми 100 сол дар ҳаракатҳои гуногун иштирок намуда, барои ба даст овардани ризогии Аллоҳ ва Исломро хукмрон гардонидан, кӯшишҳои чиддӣ кардаанд. Аммо фаъолияти аксари гурӯҳҳо дар кори даъват, мутаассифона, муваффақ нашуд, зеро дар чаҳорчӯби тариқати муайяни исломӣ сурат нагирифтааст. Бархе аз ин ҳаракатҳо дар ақидаҳояшон гузашт карданд, баъзеи дигар —   дар тариқатҳо, баъзеи онҳо дар роҳбарият ва баъзеи дигар бевосита дар муттаҳидӣ муаммоҳо доштанд!

Дар ин мақола  «созишномаи Ҳудайбияро» баррасӣ менамоем, ки онро ҳамчун далели гузашт кардан меоранд ва  баъзеи ҳаракатҳои исломӣ ба он роҳ доданд. Мо кӯшиш мекунем, ки ба саволҳои муҳим равшани андозем, масалан: «оё ин созишнома далели гузашт намудан  барои розикунондани Ғарб шуда метавонад?», «ин воқеаро чӣ тавр дуруст фаҳмидан лозим аст?» ва «баъдан чӣ гуна натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд?».

Созишномаи Ҳудайбия

Рӯзе Расулуллоҳ (с.а.с.) дар хоб диданд, ки бо асҳоби худ вориди Макка шуданд ва умра намуданд. Паёмбар (с.а.с) ин хобро ба саҳобагонашон нақл карданд. Дар моҳи Зулқаъда, яке аз моҳҳои ҳароми соли 6-уми ҳиҷрӣ, мусалмонон шутурҳои қурбонӣ гирифта, бо силоҳҳои сабук мусаллаҳ мешаванд ва барои умра кардан ба Макка мераванд. Ин ҳолат боиси нигаронии мушрикони Макка мегардад. Усмон (р.а.) ба унвони сафир ба Макка фиристода шуд, вале пас аз чанде хабари шаҳодати Усмон (р.а.) ба мусалмонон расид. Пас аз он Расулуллоҳ (с.а.с) аз 1400 нафар асҳобашон дар зери дарахти Самур савганд ёд мекунанд оиди он, ки бо тамоми қувваи худ то охир меҷанганд. Ин савганд ба таърих бо номи «Байъати Ридвон» медарояд. Пас  маълум шуд, ки Усмон (р.а.) кушта нашудааст ва ба ҷанг накардан тасмим гирифта шуд, аммо ба мардуми шарифи Макка фикри умра кардани мусалмонон хуш наомад. Бо ин сабаб сокинони Макка Суҳайл ибни Амрро фиристоданд, то бо Расулуллоҳ (с.а.с) созиш бибандад. Созишномаи машҳуре, ки бо номи «Созишномаи Ҳудайбия» ё «Аҳдномаи Ҳудайбия» маъруф аст, миёни Суҳайл ва Расулуллоҳ (с.а.с.) дар маконе бо номи Ҳудайбия дар наздикии Макка баста шуда буд. Баъзе нуктаҳои созишнома:

  1. Мӯҳлати шартнома даҳ сол аст.
  2. Мусалмонон имсол Каъбаро зиёрат карда наметавонанд, соли оянда онро зиёрат менамоянд. Соли оянда мусалмонон се рӯз дар Макка мемонанд ва дар ин муддат мушрикон аз шаҳр берун мешаванд.
  3. Агар яке аз Қурайшиҳо, агарчи мусалмон бошад ҳам, ба Мадина паноҳ бурданӣ шавад, ба Макка баргардонида мешавад, вале он мадиниҳое, ки ба Макка паноҳ мебаранд, ба Мадина баргардонида намешаванд.
  4. Бақияи қабилаҳои араб метавонанд бо салоҳдиди худ ба мусалмонон ё ба Қурайш ҳамроҳ шаванд.

Ин созишномаро дар баробари конститутсия Мадина, таърихи Юсуф (а.с) ва бархе аз масоили марбут ба Наҷҷошӣ, ба канда гирифтан аз заминаҳои аслии худ ҳаракат менамоянд ва онҳоро ҳамчун далели шаръии  шарҳҳои хато ва сӯҳбатҳову усулҳои ғайриисломӣ муаррифӣ мекунанд.  Ҳамин тариқ, дар бархе аз ҳаракатҳои исломӣ тамоюли майл ба афкор  ва усулҳои ғайриисломӣ  дар шакли пайвастан ба низоми парлумонии демократӣ, пешбурди фаъолият дар чаҳорчӯби усулҳои демократӣ, роҳ додан ба созиш ва гузашт кардан ба режимҳои тоғутӣ, даст кашидан аз коре, ки бояд  анҷом дода шавад, ё  рози шудан ба анҷом додани он чиро, ки дар сари қудрат буданашон   набояд анҷом медоданд…  ва ин ҳама бар шарҳи нодурусти созишномаи Ҳудайбия асос ёфтааст. Албатта, бо ҳамаи ин, куфру гуноҳҳое, ки ошкоро бар хилофи матолиби равшани Қуръону Суннат аст, дида намешавад, аммо  гузаштҳо, мутаассифона, маъмулӣ ва одатӣ мешаванд! Аммо созишномаи сулҳи Ҳудайбия аслан як созишномае дар бораи гузашт кардан набуд ва бештар аз ин, он дар худ ягон ишораи далел нисбат ба мавқеъҳои ғайриисломи надорад, ки аҳзоби имрӯза дар порлумонҳои демократӣ ё низомҳои тоғут ифода менамоянд! Воқеъан, касро ба андеша водору андӯҳгин менамояд вакте, ки баъзе нозукиҳои кӯчаки ин Созишнома доимо дар шакли гузаштҳо аз тарафи мусалмонон ба миён гузошта мешаваду инчунин  бисёриҳо аз он ҳикмат ва натоиҷи созишномаи Ҳудайбияро   пай намебаранд!

Дар созишномаи Ҳудайбия ба ягон созиш ҷой набуд

Вақте мо чанд нуктаеро меомӯзем, ки баъзеҳо дар ин созишнома ҳамчун гузашт кардан барраси менамоянд, маълум мешавад, ки инҳо умуман гузашт нестанд:

  1. Ин ки Суҳайл ибни Амр дар матни созишнома ба ҷои «Бисмиллаҳи р-Раҳмани р-Раҳим» — «Бисмика Аллоҳумма» ва ба ҷои «Расулуллоҳ» — «Муҳаммад писари Абдуллоҳ» навиштааст, гузашт кардан набуд. Охир, Аллоҳи Таъоло чунин амреро нозил накардааст, ки дар созишномаҳо ё дигар қоғазҳои расмӣ  танҳо калимаҳои «Бисмиллаҳи р-Раҳмани р-Раҳим» ё «Расулуллоҳ» навишта шуда бошад ва инчунин бар калимаҳои  «Бисмика Аллоҳума»  ё «Мухаммад писари Абдуллоҳ» ягон боздоште нест. Бо ибораи дигар, ҳукми илоҳӣ ба мисли имлои вожаҳои «Бисмиллаҳи р-Раҳманир-Раҳим» ва «Расулуллоҳ» набуд. Агар Парвардигори мо Расулуллоҳ (с.а.с)-ро ба ин кор мефармуд ва Паёмбар (с.а.с.) аз фармони Аллоҳ Таъоло сарпечӣ мекарданд, ки ин дар мавриди Расулуллоҳ (с.а.с.) шуданаш ғайриимконаст, пас дар бораи  ягон хел гузашт кардан сухан рондан мумкин буд. Аз ин рӯ, ин ҷанба ҳамчун далели ҷоиз будани куфр ё ҳаром, андешаҳо ва амалҳо, ки хилофи матнҳои Қуръону Суннат ҳастанд, оварда намешавад!
  2. Аз сабаби он, ки мусалмонон Каъбаро зиёрат ва тавоф карда наметавонистанд, чунон ки дар хоби Расулуллоҳ (с.а.с.), бисёре аз саҳобагон, бахусус Умар (р.а.) эътироз баён намуданд ва вокеаро фаҳмиданашон душвор буд.  Пас аз созишнома ба саҳобагон гуфта шуд, ки ҳайвонҳои қурбонии худро забҳ намоянд, вале онҳо ин корро танҳо пас аз Расулуллоҳ (с.а.с.) карданд. Расулуллоҳ (с.а.с.) ба саҳобагон хабар доданд, ки умраи дар хобаш дидаашон, умраи имсола нест ва бо ҳамин фаҳмониданд, ки дар ин ҳеҷ гузашт кардан набуд.

Ба саволи Умар (р.а.с.): «Оё ваъда надодӣ, ки Аллоҳ ба мо ёрӣ медиҳад ва мо рафта ҳамроҳ Каъбаро тавоф мекунем?», Расулуллоҳ (с.а.с.) ҷавоб доданд: «Бале, ман ваъда додам. Аммо оё гуфтам, ки имсол рафта тавоф мекунем?», ки Умар (р.а.) гуфт: «Не!». Сипас Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуданд: «Дар ин сурат такрор мекунам: ту ҳатман ба Макка мерави ва Каъбаро тавоф мекуни».

  1. Масъалаи дигаре, ки ҳамчун гузашт кардан баррасӣ шуда буд, ин шарти созишномаи Ҳудайбия оиди аз Мадина ба Макка мусалмонони нави паноҳгоҳ ҷӯяндагонро баргардонидан буд. Ин банди Созишномаро иддае низ ҳамчун далели шаръии мубоҳгардонандаи амалҳое, ки бар зидди манофеи мусалмонон бо баҳонаи маслаҳ сурат гирифтааст, меоранд. Абу Ҷандал, ки пеш аз имзои аҳднома аз дасти мушрикон фирор карда буд, сарфи назар аз исрори Расулуллоҳ (с.а.с.) ба Макка ба мушрикон баргардонида шуд. Аммо дар ин хусус Ваҳӣ вуҷуд надошт ва ҳарчанд ин банди Созишнома бар зидди мусалмонон нигаронида шуда барин менамуд, Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуданд, ки Аллоҳ дар ин кор роҳи раҳои медиҳад ва чунин ҳам шуд. Бисёре аз мусалмононе, ки аз қудрати мушрикон фирор намудаанд, зери фармони Абу Ҷандал дар тиҷорати аҳли Макка бо Димишқ  монеъа эҷод мекарданд. Дар натиҷа, худи мушрикон ба Мадина сафирҳо фиристоданд ва баён карданд, ки мусалмонони аз онҳо фироркардаро дигар  ба Макка  баргардонидан эҳтиёҷ нест  ва аз ин банди созишномаи Ҳудайбия даст кашидаанд. Ҳамин тавр маълум шуд, ки ин шарте, ки дар аввал бар зидди мусалмонон ба назар мерасид, дар асл бар зидди мушрикон буд.

Муқоисаи аҳдномаи Ҳудайбия бо интихоботи демократӣ

Расулуллоҳ (с.а.с.) бо бастани аҳдномаи Ҳудайбия нисбати имон, ҳукми шаръи ва даъвати худ ҳеҷ созиш накарданд, баръакс, ба нафъи Ислом як қадами сиёсӣ ва стратегӣ гузоштанд. Агар Расулуллоҳ (с.а.с.) гузашт кардан мехостанд, дар солҳои аввали рисолати пайғамбарӣ, ки шиканҷа, бойкот ва эмбарго ба амал омада буд ва аз ҷиҳати шумора ва қувва хеле заиф буданд, ин корро мекарданд. Ба ибораи дигар, ӯ (с.а.с.) кӯшиш карда созиш менамуданд ва пешниҳодҳоро ба манфиати худ дар замони Макка қабул мекарданд, на дар Мадина, ки Ислом қувват ва қудрат пайдо карда буд. Расулуллоҳ (с.а.с.) ягон пешниҳодҳое, ки ба ӯ (с.а.с.) карда мешуданд, қабул намекарданд, ҳатто дар вақтҳои аз ҳама вазнинтарин — дар Макка ва ҳеҷ гоҳ нисбати аҳкоми шаръи гузашт накарданд. Саҳобагон ҳарчанд дар роҳи Расулуллоҳ (с.а.с.) ба таъқибҳои гуногун гирифтор мешуданд, бо вуҷуди он ки рӯзҳои сахттаринро аз сар мегузаронанд, аз кори худ даст накашиданд.

Пеш аз аҳдномаи Ҳудайбия бо кофирон чӣ гуна муносибатҳо буд, баъд аз он ҳам ҳамон тавр монд. Пас аз ин Созишнома,  нисбат ба кофирон чи тавре, ки  на мулоимӣ, на мӯътадилӣ набуд, ҳамон тавр  нисбат ба онҳо на хушомадгӯӣ, на ризоият нисбат ба куфри онҳо, на ҳарфе: «Биёед душманиро бас намуда бародарона зиндагӣ мекунем», набуд. Мубориза барои ба роҳи Ислом  ҳидоят намудани мушрикони Маккаву дигар кофирон ва барои ҳукмронии Ислом идома ёфт. Ба ҳамин сабабҳо ҳамчун як иқдоми стратегӣ бо мушрикони Макка созишномаи сулҳ баста шуд ва барои густариши ҳукмронии Ислом шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Агар ба паёмадҳои Созишнома назар андозем, мебинем, ки Созишномаи Ҳудайбия барои мусалмонон фурсатҳои фаровон омода карда, дар густариши Ислом ва таҳкими Давлати Исломӣ нақши муҳим бозидааст.

Созишномаи Ҳудайбияро, ки аз аввал то охир дар зери назорати Ваҳӣ буд, гузашт кардан аз мавқеъи исломӣ ва далели ҷоизии амал намудани сиёсати демократӣ донистан бузургтарин тӯҳмат ба Расулуллоҳ (с.а.с.) ва саҳобагонашон мебошад, ки бузургиро аз ҷони худ афзал донистанд. Охир, дар байни Созишномаи Ҳудайбия ва сиёсати имрӯзаи демократӣ ҳеҷ чизи умумӣ нест. Тибқи аҳдномаи Ҳудайбия, Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳамчун сарвари Давлати Исломии дар Мадина таъсисёфта, бидуни зиён ба ақида ва Шариъат бо давлати мушрикҳо созишнома бастанд. Аммо имрӯз мо мавҷудияти ду тарафҳои тавоноро мушоҳида намекунем, балки танҳо вазъиятеро мебинем, ки мусалмонон дар масъалаҳои ақида, меъёр ва қонунҳо дар чаҳорчӯби ҳадафҳо, манофеъ ва қонунҳои режимҳои ғайриисломӣ роҳи гузаштҳои равшану ошкорро пеш гирифтаанд.  Дар натиҷа ба мусалмонон ҳеҷ иҷозат намедиҳанд, ки аз доираи қонунияте, ки бо тартиби имрӯза муайян шудааст берун раванд ва дар баробари ин онҳо маҷбур мешаванд, ки бар хилофи меъёрҳои Шариъат амал намуда, аз афкор ва усулҳои исломӣ гузашт кунанд.

Созишомаи Ҳудайбия як қадами сиёсии Давлати Исломӣ маҳсуб мешуд, ки бо амри илоҳӣ аз ҷониби Расулуллоҳ (с.а.с.) ба имзо расида, нуктаҳои созишнома аз ҷониби Расулуллоҳ (с.а.с.) тасдиқ гардида, дар ин созишнома ҳеҷ гуна гузашт кардан ва созиш вуҷуд надошт.  Фикр мекунем, ки ба онҳое, ки то ҳол ин созишномаро ҳамчун гузашт кардан дарк менамоянд, посухи зерини Расулуллоҳ (с.а.с.) ба Умар (р.а.) хотиррасон кардан кофист:

Умар (р.а.) аз Расулуллоҳ (с.а.с.) пурсид:  «Оё ту Расули Аллоҳ нестӣ, ки ба ҳақ фиристода шудааст?». Расулуллоҳ (с.а.с.) фармуданд: «Албатта, ман Расули Аллоҳ ҳастам». Ба саволи навбатии Умар (р.а.): «Пас чаро мо дини худро хору залил мекунем?», Расулуллоҳ (с.а.с.) чунин посух доданд: «Ман бандаи Аллоҳ ва Расули Ӯ ҳастам. Аз фармонаш сарпечӣ намекунам!» (Ибни Ҳишом).

Аҳдномаи Ҳудайбия чӣ овард

Дар созишномаи Ҳудайбия бисёр ҳикмат, дастовардҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва стратегӣ мавҷуд буд, ки шумориданаш ғайриимкон аст. Ба он дастовардҳое аз қабили мустаҳкам кардани Давлати Исломӣ, густариши даъват ва дастёбӣ ба комёбиҳои зиёде алайҳи кофирон дохил мешаванд. Баъзе аз онҳо инҳоанд:

  1. Тавассути созишномаи сулҳии Ҳудайбия қурайшиҳои мушрик, душманони Ислом, Давлати Исломиро  расмӣ эътироф намуданд. Ҳамин тавр, Давлати Исломии дар Мадина таъсисёфта аз ҷониби тамоми ҷаҳон ҳамчун як давлати қодир ба бастани аҳдномаҳо бо душманонаш эътироф гардид.
  2. Ин Созишнома як иқдоми сиёсӣ, низомӣ, иҷтимоӣ ва дипломатии Давлати Исломӣ буд. Пас аз ин Созишнома, Ислом имконият пайдо кард, то дар нимҷазираи Араб ба таври бехатар паҳн шавад. Мусалмонон имконият пайдо намуданд, то барои адои умра ба Макка, ки онро замоне маҷбуран тарк карда буданд, ворид шаванд. Муяссар гардид, ки бо дигар қабилаҳо робита барқарор ва мустаҳкам намоянд.
  3. Аҳдномаи Ҳудайбия пирӯзии бузурге, фатҳ барои мусалмонон шуд. Пас аз ба имзо расидани Созишнома дар роҳи бозгашт ба Мадина, Аллоҳ созишномаи Ҳудайбияро дар партави «фатҳи бузург»  нишон дод,  сураи «Ал-Фатҳ»- ро нозил карда  ва ба воситаи ибораи «Муҳаммадун Расулуллоҳ» дар ояти охирини ин сура, Ӯ гуё ба мушрикон посух дод, ки ин ибораро дар матни Аҳднома нанавишта буданд. Дар ҳамон сура мужда дода шудааст, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) ва мусалмонон ба зудӣ Каъбаро тавоф менамоянд. Аллоҳ Таъоло  бо ибораи «Фатҳул-мубин» маҳз аҳдномаи Ҳудайбияро  номид, на масалан, ғалабаи дар Бадрро, ки ҳатто қабл аз ҳаводиси ин Созишнома ба даст омада буд.

Имом Зуҳрӣ мефармояд: «Дар Ислом то аҳди Ҳудайбия фатҳи бузургтаре набуд». Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: «Аллоҳ Таъоло ин сулҳномаро ба далели манфиатҳои дар он мавҷудбуда ва натиҷаҳои бадастомада, ҳамчун фатҳ (ғалаба) таъриф намудааст». Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.а.) ва аз дигарон ривоят шудааст, ки: «Шумо фатҳи Маккаро ҳамчун ғалаба қабул мекунед, аммо мо созишномаи сулҳии Ҳудайбияро ҳамчун ғалаба қабул менамоем». («Тафсир ул-Қуръан ул-Азим», Ибн Касир).

  1. Аҳдномаи Ҳудайбия дар паҳншавии босуръати даъвати исломӣ нақши муҳим бозид. Дар ду соле, ки пас аз аҳди Ҳудайбия гузашт, теъдоди Исломро қабул кардагон нисбат ба мӯъминони дар нуздаҳ соли аз замони фиристодашудани Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳамчун паёмбар то рӯзи созишномаи Ҳудайбия ба маротиб бештар буд. Ҳудайбия. Бо ибораи дигар, дар ин ду сол нисбат ба нуздаҳ соли то созишномаи Ҳудайбия, бисёртар одамон мӯъмин шуданд.
  2. Созишнома бо мушрикони Макка, яҳудиёни Хайбарро бе ҳампаймон гузошт. Ҳамин тавр, Хайбар, ки ба Давлати Исломӣ тахдид мекард, ба осонӣ фатҳ шуд.
  3. Пас аз он, ки мушрикон аҳдномаи Ҳудайбияро шикастанд, Давлати Исломӣ, ки дар 2 сол қудрат ба даст овард, ба қадри кофӣ қуввате пайдо кард, ки дар соли 630 бо лашкари даҳҳазорнафара, муқовимати ҷиддиро вонахӯрда Маккаро фатҳ намуд. Сокинони Макка дере нагузашта имон оварданд ва ба шарофати даъват ва ҷиҳод мардум даста-даста вориди Ислом шуданд.

Мусо Байоғлу

Koklu Degisim Dergisi

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads