Аббос ва Сисӣ дар Шарм-уш-Шайх мулоқот карда, алайҳи ҷавонони мусалмон нақшаҳо мекашанд.
Раисиҷумҳури худмухтори Фаластин Маҳмуд Аббос ва валиаҳди Урдун ал-Ҳусайн бо даъвати раисиҷумҳури Миср — Абдулфаттоҳ Сисӣ, барои ширкат дар ифтитоҳи чаҳорумин Форуми ҷаҳонии ҷавонон аз Шарм-аш-Шайх дидан карданд.
Дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Фаластин дар шарҳи ин мавзӯъ менависад: “Дар ҳоле, ки Аббос ва Сисӣ дар Шарм-уш-Шайх вақтхушӣ мекунанд, ҷавонони Фаластин ва Миср аз бекорӣ, фақр ва идораи бад ранҷ мекашанд. Бисёриҳо ҷони худро зери хатар гузошта, ба умеди ақаллан каме беҳбудӣ ёфтан бо қаиқҳои марговар ба сафари номаълуме мебароянд. Гоҳе ин соҳибони ақл ва нерӯи корӣ ба соҳилҳои кишварҳои аврупоӣ мерасанд ва гоҳе харобу фоҷиабор ғарқ мешаванд. Гунаҳгорони асосии ин вазъият режимҳои ҳукмрон мебошанд, ки кишварро ғорат карда, ҷавононро аз умеди ояндаи шоиста маҳрум кардаанд. Аз тарафи дигар, созмони яҳудӣ бар мардуми Фаластин зулм мекунад ва аз бунёди шаҳракҳои нави яҳудӣ хабар медиҳад, ки барои фаластиниҳо қариб замине боқӣ намондааст.”
Дар идома гуфта мешавад: «Ҷавонон ганҷи бебаҳо ҳастанд, ки фиръавни мисрӣ инро дарк намекунад ва ҷавононро ба дараҷаи фақр оварда, дар баҳри Миёназамин ва Сурх ғарқ мекунад. Инро мудири фаластинӣ, низ намефаҳмад. Ӯ танҳо дар бораи сафарҳои туристии худ ғамхорӣ мекунад. Баръакс, ин ҳамоиш бахше аз барномаи ҷаҳонии зидди ҷавонони мусалмон аст. Онҳо барои анҷуманҳо номҳое меоранд, ки воқеан таҷовузҳои ақидавӣ, аз байн бурдани мафҳумҳои Ислом ва ҳалли мушкилоти умматро таҳти роҳбарии Ғарб ва ниҳодҳои байналмилалӣ инъикос мекунанд.”
Ҳамчунин таъкид шудааст: “Агар ин ҷавонон давлатеро пайдо кунанд, ки воқеан онҳоро пуштибонӣ ва ғамхорӣ мекунад, аз дасти онҳо гирифта, ба пеш раҳнамоӣ кунад, он гоҳ харитаи сиёсии ҷаҳон тағйир меёбад ва бо сарварии Давлати Исломии қавӣ рисолати Ислом ба тамоми инсоният паҳн карда мешавад. Давлати мусулмонон дар истеҳсолот ва мусаллаҳшавӣ пешсаф мешавад, зеро ба ҷавонони худ такя мекунад капитализмро несту нобуд мекунад, ба таъсири Ғарбу орзуҳои ҳукмрони он хотима мебахшад ва дар ҳар соҳа барои тамоми чаҳон намунаи беҳтарин нишон медиҳад».
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
19.01.2022