57 рохбар ба як Халифа намеарзад!
Баёнияи матбуотӣ
Наслкушии вуҷуди саҳюнистии “Исроил” алайҳи мусалмонон дар Ғазза, ки имрӯз 6-умин ҳафтаи худро сипарӣ мекунад, бо пуштибонии Амрикои мустамлика ва кишварҳои куфри ғарбӣ ва хомӯшии ҳокимони тарсончаки ҳамкори кишварҳои исломӣ идома дорад. Расо шаш ҳафта сипарӣ шуд, ки марг бар мусалмонони Ғазза ҳамла мекунад. Хонахо, масчидхо, беморхонахо, мактабхо, бошишгоҳҳо — дар ҳама ҷо бомбаборон карда мешавад. Дунё ҳафтаҳо боз тасвирҳои кушта шудани мусалмонҳоро тамошо ва назорат мекунад. Дар Ғазза ҷасадҳои пора-пораи занон, кӯдакон, навзодон ва ҳатто ҳомилаҳоро ҷамъоварӣ ва ба хок месупоранд. Фарёди модарону падарону фарзандоне, ки аз навмедӣ гиря мекунанду нолаашон осмонро ба ларза медарорад, касе намешунавад. «Эй мусулмонон, эй ҳокимон, эй лашкарҳо, шумо дар куҷоед? Нидоҳои онҳо беҷавоб мемонанд. То имрӯз шумори шаҳидон дар кушторҳо аз 12 ҳазор нафар гузаштааст, ки ҳудуди 5 ҳазор нафари онҳоро кӯдакону навзодон ташкил медиҳанд. Дар ҷараёни ҳамлаҳо 25 бемористон, 253 мактаб, 71 масҷид ва ҳазорон бино комилан тахриб шуданд. Бемористони Ал-Шифо, ки ба рамзи Ғазза табдил шуда буд, дар муҳосираи сарбозони сохтори ишғолгари саҳюнистӣ қарор гирифт ва захмиён дар он ҷо ба марг ҳавола карда шуданд.
Дар ҳоле ки ин ҳама дар Ғазза рух медод, раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Риёз (Арабистони Саудӣ) ҷамъ омаданд. Асад, қотили наздик ба як миллион мусулмони Сурия, раисиҷумҳури Эрон, ки шарики ин қатлҳост ва Сисии шӯришгар, ки даҳҳо ҳазор мусалмонро дар Миср куштааст, дар нишасте ҳузур доштанд, ки раҳбарон он ҷо дар бораи ватандӯстӣ нутқҳои холӣ кардаанд ва резолюцияхои махкумкуниро қабул карда, даъват карданд, ки Ассамблеям Генералии Ташкилоти Давлатхои Муттахида чорахо бинад. Раҳбарони 57 кишвари узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), Маҳмуд Аббосро, ки солҳо ба қазияи Фаластин хиёнат кардааст, ба ҳайси ягона намояндаи қонунии мардуми Фаластин эътироф мекунанд. Онҳо бешармона талаб карданд, ки ба онҳо иҷозаи интиқоли кӯмаки башардӯстона ба Ғазза — ғизо, дору ва сузишворй дода шавад.
Мо, намояндагони Ҳизб-ут-Таҳрир дар Туркия, ҳафтаи гузашта конференсияи матбуотии худро таҳти унвони “Ғазза мемирад, оштӣ накунед! Дастгирӣ кунед!» дар 9 шаҳри гуногун: Аксарай, Айдин, Қаҳрамонмараш, Күчүкчекмече (Истанбул), Умрание (Истанбул), Ялова, рӯзи ҷумъа, санаи 10 ноябр дар Адана ва рӯзи якшанбе, 12 ноябр дар Бурса ва Газиантеп гузаронидем. Дирӯз, ҷумъаи 17 ноябр, мо дар 5 макони гуногун: Диёрбакир, Мерсин, Измир, Силиврӣ (Истамбул) ва Фотиҳ (Истанбул) ба майдонҳо баромадем, то бародарону хоҳарони Ғаззагиро, ки аз ҷониби вуҷуди ишғолгари саҳюнистӣ бераҳмона кушта шуданд дастгирӣ карда, посухамонро ба раҳбарони 57 кишвари узви Созмони ҳамкории исломӣ намоиш диҳем. Дар баёнияи матбуотӣ бо сарлавҳаи “Зӯроварӣ дар Ғазза бознамеистад. 57 сарвар ба як Халифа намеарзад”, — ба ин ҳокимон рӯ оварда гуфтем:
«Эй роҳбарон, подшоҳон, шоҳзодаҳо, президентҳо ва ҳокимон, ки зери номи Созмони ҳамкории исломӣ ҷамъ омадаанд! Вакте ки рохбарони 57 мамлакат чамъ омадед, оё касе аз шумо дар бораи сафарбар кардани артиши миллионнафара фикр намекард? Оё дар хакикат ба хаёли ягон нафари шумо наомадааст, ки бар зидди кувва танхо бо қувва мукобил баромадан мумкин аст ва ин сионистони ишғолкунанда танҳо зӯриро мефаҳманд? Оё дар ҳақиқат ба хаёли касе наомадааст, ки бо воситаи қувваҳои хушкӣ, хавоӣ, бахрӣ ва аслиҳаи мукаммали худ ба ин наслкушӣ хотима дихад? Оё ба майнаатон наомад, ки ҳадди ақалл ҳама равобити дипломатӣ, низомӣ ва тиҷоратиатонро қатъ кунед? Магар ба ҷуз маҳкум кардани хиёнате, ки ду давлат ном дорад, Созмони Милали Муттаҳидро ба ҷавобгарӣ кашед ва аз додситони Додгоҳи байнулмилалӣ тафтишоти ҷиноӣ талаб кунед, чизи мушаххасе надидед? Аз барои Худо, чаро ҷамъ шудед, чиро интизоред? Дар он ҷо нобуд шудани ҳамаи мусалмононро мунтазиред? То ки дар Ғазза ягон махлуқи зинда намонад?»
Мо ба намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми мусулмононе, ки дар баёнияҳои матбуотӣ ва эътирозҳои мо ширкат ва суханронӣ карданд, изҳори сипос мекунем. Аллоҳи мутаъол аз тамоми мусалмонон, ки баҳри пуштибонии мардуми Фаластин ба майдонҳо баромаданд ва ба ҳокимон масъулияти худро ёдрас карданд, розӣ бошад. Худованд нусрати худро ба воситаи Халифаи Рошида ва фармондеҳони ҷасур ба Ғазза ва тамоми Фаластин бифиристад. Омин…
Дафтари иттилоотии Ҳизб-ут-Таҳрир дар Туркия
Шанбе, 10 Ҷумъад-ул-Ула 1445 х