Пайравӣ ба Халифаҳои Рошида моро боз ба Хилофат мебарад
Ҳамроҳ бо Ҳадиси Шариф
Бародарони азиз, Шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Ассалому алайкум ва раҳматуллохи ва баракотуҳу!
Абдурразоқ аз Баккар, аз Ҳаллад ибни Абдураҳмон ва аз Абӯ Туфайл ривоят мекунад, ки чунин гуфтаи Ҳузайфа ибни Ямонро шунидааст:
يَا أَيُّهَا النَّاسُ أَلَا تَسْأَلُونِي؟ فَإِنَّ النَّاسَ كَانُوا يَسْأَلُونَ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنِ الْخَيْرِ، وَكُنْتُ أَسْأَلُهُ عَنِ الشَّرِّ، إِنَّ اللَّهَ بَعَثَ نَبِيَّهُ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَدَعَا النَّاسَ مِنَ الْكُفْرِ إِلَى الْإِيمَانِ، وَمِنَ الضَّلَالَةِ إِلَى الْهُدَى، فَاسْتَجَابَ لَهُ مَنْ اسْتَجَابَ، فَحَيِيَ مِنَ الْحَقِّ مَا كَانَ مَيْتًا، وَمَاتَ مِنَ الْبَاطِلِ مَا كَانَ حَيًّا، ثُمَّ ذَهَبَتِ النُّبُوَّةُ فَكَانَتِ الْخِلَافَةُ عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ
«Эй мардум, чаро аз ман намепурсед? Дарҳақиқат, мардум аз Паёмбари Худо (ﷺ) дар бораи некӣ мепурсиданд, вале ман аз бадкорӣ мепурсидам. Худованд паёмбарашро фиристод ва мардумро пас аз куфр ва гумроҳӣ ба имон ва роҳи рост даъват кард. Касоне, ки даъвати Паёмбари Худо (ﷺ)-ро қабул карданд, посух доданд. Он чӣ ки аз Ҳақ мурда буд, зинда гардид ва он чӣ ки аз дурӯғ зинда буд, нобуд шуд. Сипас давраи нубувват ба поён расид ва Хилофат ба намунаи нубувват оғоз ёфт” (Аҳмад).
Беҳтарин сухан, сухани Аллоҳ аст ва беҳтарин роҳ роҳи Расули Ӯст.
То фиристода шудани Расули Аллоҳ (ﷺ), мардум дар торикӣ ва гумроҳӣ зиндагӣ мекарданд. Эшон ﷺ мардумро ба нури Ислом ва роҳи рост ҳидоят карданд. Дар замони ҳукмронии Паёмбар (ﷺ) иҷрои комил ва бенуқсони қонунҳои Ислом ба мушоҳида мерасид. Сипас Расули Аллоҳ (ﷺ) аз дунё рафтанд ва Халифаҳои Рошидинро боқӣ гузоштанд, ки роҳи Эшон (ﷺ)-ро идома медоданд ва қонунҳои дини Аллоҳро ба мусалмонон баён мекарданд.
Дар ин ҳадис Расули Аллоҳ (ﷺ) хабар медиҳанд, ки баъд аз Эшон (ﷺ) Халифаҳое меоянд, ки ба роҳи Он кас (ﷺ) пайравӣ мекунанд. Аз ин бармеояд, ки тараққиёт ва болоравии мо ба Хилофат ва халифаи солеҳ иртибот дорад. Пас аз он ки мо аз Хилофат ва халифаҳо маҳрум гаштем, дар ҳолати душвор қарор гирифтем, на қувва дорему на қудрат, мисли тӯъмаи пеши дарранда шуда мондем. Агар аз Аллоҳ хостгори бузургиву рушду нусрат ва ризоият дошта бошем, бояд ба пешгузаштагони солех, сахобагон ва халифахои рошид пайравӣ кунем. Пас он чиро, ки онҳо ба даст овардаанд, мо низ дар Ислом ба даст меорем. Аллоҳ аҳволи мардумро тағир намедиҳад, то он гоҳ ки худашон дигаргун накунанд.
Ё Аллоҳ! Ба Ту аз ҷаҳолат ва фасод паноҳ мехоҳем! Худоё, ба мо ҷомеаи шариферо ато кун, ки дар он Халифа сарварӣ мекунад ва қонунҳои Туро дар амал татбиқ менамояд! Омин!
Бародарони азиз, то вохӯрии оянда дар барномаи мо «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф». Аллоҳ нигаҳбонатон бошад. Ассалому алайкум ва раҳматуллохи ва баракотуҳу!
Моҳир Солиҳ