Оё мусалмонон имкони таъсиси Хилофатро пайдо карданд?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Оё мусалмонон имкони таъсиси Хилофатро пайдо карданд?

24-уми ноябр, соли 2021

Бо баҳонаи «ҷанги зидди терроризм» бар муқобили мамлакатҳои мусулмонӣ ҷанги девонавор бурда мешавад. Дар ин ҷанг ҳамаи давлатҳои ҷаҳон бидуни истисно ширкат карда, сарвати мусалмононро ғорат мекунанд ва ҳар чизе, ки онҳо доранд, нобуд мекунанд.

Имрӯзҳо дар рӯи замин ҷангҳои зиёди прокси (ҷанг бо истифодаи давлати дигар) бо иштироки ҳокимони хоин ва сарварони артиш вуҷуд доранд, ки ба ҷуз манфиати мустамликадор чизи дигареро намебинанд. Дунёро истибдод, беадолатӣ, зулму ситам, гуруснагӣ ва қашшоқӣ фаро гирифт. Ба миллатҳо одамоне роҳбарӣ мекунанд, ки дар суханронии худ дурӯғ мегӯянд, ба ваъдаҳояшон вафо намекунанд ва ба аҳд хиёнат мекунанд. Ҳокимияти ҷаҳон дар дасти давлатҳои тавоно фаромад, ки барои манфиат ва нуфуз бо ҳамдигар мубориза мебаранд.

Оё ҳоло мусалмонон имкони барпои Хилофатро доранд?

Масъалаи барпо намудани Хилофат аз он сабаб мураккаб мегардад, ки ин давлат давлати оддӣ нест, балки альтернативаи тамаддунӣ мебошад, ки ба мавҷудияти капитализм таҳдид мекунад. Дар натиҷа, низоъи миёни Хилофат ва давлатҳои Ғарбӣ то охирон идома меёбад, то яке аз ду ҷониб комилан аз байн меравад ва эътиқоду ақидаи худро бо худ ба қабр мебарад.

Оё ҳоло шароит имкон медиҳад, ки Хилофат таъсис дода шавад?

Пеш аз ҳама бояд дар хотир дошта бошем, ки мусалмонон дар ҳар вазъият вазифадоранд, ки барои таъсиси Хилофат талош кунанд. Дар баробари ин мо бовар дорем, ки пирӯзӣ танҳо дар дасти Аллоҳ аст. Чун чизеро бихоҳад, бигӯяд: «Мавҷуд шав!». — ва он ба амал меояд. Мо танҳо вазифаи худро иҷро мекунем ва аз Аллоҳ умед дорем. Илова бар ин, ба мо пирӯзӣ ва дастгирӣ ваъда дода шудааст. Аллоҳи Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд:

وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّن بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْناً يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئاً وَمَن كَفَرَ بَعْدَ ذَلِكَ فَأُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ

«Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда дод, ки албатта, дар рӯи замин халифаашон созад, чун мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, халифаашон сохт. Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, ки Ислом аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба эминӣ бадал кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки баъд аз ин ношукрӣ варзанд, пас онон фосиқонанд.»    (24:55)

Қувваҳои дар ҷаҳон мавҷудбуда ва шароити байналхалқиро бодиққат санҷидан лозим аст, то ки воқеияти байналхалқӣ, инчунин масъалаи ҳукумат ва давлатро фаҳмида шавад, то ки ба ҳар як сенария омодагӣ бошад. Ҳадафи мо бузург аст, мутаносибан, душманӣ бо мо низ ҳамон қадар бузург аст ва фитнаи кофирон қатъ намешавад.

Барои ҷавоб додан ба саволи боло, бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ кунем:

1 — Мавқеи байналхалқӣ.

Вазъияти байналхалқиро таҳлил карда, мо мебинем, ки Штатҳои Муттаҳида таҳти шиори «касе, ки бо мо нест, бар мо зид аст», аз болои қарорҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ сиёсати  бартарии яктарафа мебарад. Дар баробари ин, дар муносибатҳои байналхалқӣ низоъ ва фитнагарӣ қонунияти асосӣ ва мунтазам гардидаанд. Аз ин рӯ, мубориза барои таъсир ва нуфуз дар ҳама муноқишаҳо дар саросари ҷаҳон мушоҳида карда мешавад.

Имрӯз ихтилофи байни Амрикову Чин, ихтилофи байни Амрико ва шарикони ӯ дар Алянси Атлантикаи Шимолӣ, муносибатҳои ИМА ва Русия то ба дараҷаи душманӣ, хусумати амиқ байни Аврупо ва Русия равшан дида мешавад.

Гузашта аз ин, хурӯҷи Амрико аз Афғонистон ба кишварҳои узви НАТО ва назари онҳо дар бораи иттифоқи оянда  таъсири амиқ гузошт, ин боиси баҳси як алтернативаи аврупоӣ шуд, ки аз пошхӯрии Алянси Атлантикаи Шимолӣ мужда медиҳад.

Паймони нави Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир, Австралия ва созиши сеҷониба барои бунёди киштиҳои зериобии ҳастаӣ, ки аз ҷониби Фаронса ҳамчун «зарбаи корд ба тахтапушт» баҳогузорӣ карда шуд, ба муносибатҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо ҳамдигар низ таъсир мерасонад. Ҳамчунин ба муносибатхои онҳо бо Амрико аз ҷумла ба муносибатхои байни Франция ва Британияи Кабир низ таъсир хоҳад дошт.

Инчунин, кас наметавонад муборизаи умумиҷаҳонӣ барои доираҳои таъсир, ки боиси ҷангҳои прокси ва табаддулоти ҳарбӣ мегардад, аҳамият надиҳад.

Аз ин рӯ, хулосаи мо дар бораи вазъияти байналхалкӣ чунин аст, ки дар байни мамлакатҳо, ҳатто дар байни иттифоқчиён низоъ, бесарусомонӣ, бархӯрди манфиатҳо ва адоват мавҷуд аст.

2 — Дар ҷаҳон идеологияи капиталистӣ ҳукмрон аст.

Ҷудо шудани дин аз ҳаёт, қабули назари манфаатпарастӣ (утилитарӣ), паҳн шудани озодии комил, рад кардани ҳама арзишҳо, густариши атеизм, таназзул ва таҳриф боиси парокандагии ҷомеа ва бемориҳои ҷиддии иҷтимоӣ, аз қабили миллатгароӣ, нажодпарастӣ, ба вучуд омадани ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва маводи мухаддир гаштааст. Ҷомеаҳо пора-пора шуданд ва муттаҳидии худро аз даст доданд, ки ин онҳоро ба таври назаррас заиф кардааст. Аз ин рӯ он ба бӯҳронҳо ва душвориҳо тоб оварда натавонист.

Идеологияи капиталистӣ бо чаҳорчӯбаи сиёсии демократӣ ва стандартҳои дугона, инчунин принсипи «мақсад воситаҳоро сафед мекунад» дар дохили ҷамъиятҳо ва байни давлатҳо низоъҳо ба вуҷуд оварда, меъёрҳои ахлоқию маънавии харобиоварро ба вуҷуд овард, ки инсониятро ба зулмот ғарқ кардааст.

Таҳкурсии нодурусте, ки тамоми иқтисодиёти капиталистӣ дар он барпо карда шудааст, яъне «нарасидани сарватҳо» кризисҳо ва қарорҳои даҳшатангезро ба вуҷуд оварда, капиталистони хасис ва монополистҳои хунхорро ба вуҷуд овард.

Хулоса, идеологияи капиталистӣ манбаи азобу уқубатҳои бади  инсонӣ гардид. Капитализм ба ҳар ҷое, ки пой гузорад,  вайронгарӣ, харобкорӣ, фасод, қашшоқӣ, гуруснагӣ ва ғуломиро паҳн мекунад. Капитализм бӯҳронҳоеро ба вуҷуд овард, ки мамлакатҳоро хароб мекунад ва барои ҳалли проблемаҳои иқтисодиёти худ; барои муолиҷа кардани касалиҳои ҷамъиятӣ худ қодир набуданашро нишон дод. Имрўз дар ҷаҳон кишвареро пайдо кардан душвор аст, ки бори гарони қарз надошта бошад ва аз бемориҳои иҷтимоӣ эмин бошад.

Озодӣ, демократия, дунявият ва глобалишавӣ, ки ҳамчун роҳи ҳал пеш гузошта шуда буданд, баръакс боиси бемориву бадбахтӣ гаштаанд.

3 — Вазъи Уммати Исломӣ.

Ба мавқеъи Уммати Исломӣ нигоҳ карда дидан мумкин аст, ки:

— Бедории  исломӣ дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ ва афзоиши шуури уммат аз рӯйдодҳои имрӯза бармеояд.

— Душманӣ нисбат ба мустамликадор ва ёрдамчиёни ӯ.

— Инқилобҳое, ки кишварҳои мусулмониро бо майли тағйироти воқеа фаро гирифта буданд, ки ҳокимонро заъиф ва аз пуштибонияшон маҳрум кард ва нуфузи мустамликадоронро низ ба ларза овард.

— Лоиҳаи Хилофат ба афкори умум табдил ёфт, зеро мардум дар тамоми сарзаминҳои исломӣ  онро ҷонибдорӣ мекунанд ва талош мекунанд, ки дар сояи Давлати Исломӣ ва Шариат зиндагӣ кунанд.

— Дар байни Уммат як ҳизби идеологӣ ба вуҷуд омад, ки барои эҳёи тарзи ҳаёти исломӣ корашро идома медиҳад. Ин ҳизб бо шиорҳои норавшан корро тамом накард. Вай лоиҳаи муфассали исломӣ, конститутсия ва низомҳоеро пешниҳод кард, ки корҳои дохилӣ ва хориҷии давлатро танзим мекунанд ва мушкилоти мусалмононро дар куҷое, ки набошанд, ҳал карда, ба онҳо нақшаи Исломи глобалиро нишон дод, ки ҳеҷ гуна сарҳад, ранг ва нажодро эътироф намекунад.

Ҳизб раҳбарон ва сиёсатмадоронро бо маърифати исломӣ муҷаҳҳаз гардонид  ва  онҳоро барои дарки сиёсат ва идораи давлат аз тариқи фаҳмиши идеологӣ тарбия намуд, ки дар натиҷа онҳо шахсиятҳои мумтоз ва тавонои аҷибе гаштанд. Ҳамаи инҳо кофирону ёварони онҳоро дар кишварҳои мусалмонӣ метарсонанд, аз ин рў, онҳо бар зидди даъвати исломӣ ҷанги бераҳмонаро сар карданд.

Хулоса

Мо дар замони муборизаи умумиҷаҳонии байни мамлакатҳои мустамликадор, ки барои манфиатҳо муноқиша мекунанд, зиндагӣ мекунем. Мо шоҳиди шикасти идеологияи капиталистӣ ва нотавонии он дар ҳалли проблемаҳои худ, фурӯ рафтани арзишҳои он ва пошхӯрии давлати он мебошем. Мо ба охир расидани консепсияи назорати ҳарбӣ аз болои халкҳоро мебинем. Мо мебинем, ки ҷомеаҳои ғарбӣ пароканда ва ҳар гуна робитаро аз даст медиҳанд. Нажодпарастӣ дар онҳо авҷ гирифтааст, онҳо заъиф мешаванд ва ҳамраъйиро аз даст медиҳанд, аз ин рӯ дигар наметавонанд ба мусулмонон муқовимат кунанд. Мо мебинем, ки ҳокимони хоин аз пуштибонӣ маҳрум мешаванд. Тахтҳои онҳо ба ларза меоянд.  Ягона умеди онҳо низомиён аст, ки низ оҳиста-оҳиста ба тарафи мардум майл мекунанд. Аз сӯйи дигар, мо шоҳиди болоравии Ислом ҳастем, ки инфиҷори неруи пурқудрате ҳаст, ки агар он дар Хилофати Рошида бо раҳбарияти одилона мутамарказ шавад, кофирон бар зидди он тавоне онро надоранд.

Мусулмонон  «фурсати тиллоӣ» — ро пайдо карданд, ки мегӯяд: ин вақти шумост! Он омад! Пас, хислати шерро нишон диҳед, душманатонро мағлуб кунед ва Хилофатро барпо кунед. Башарият инро интизор аст.

Мо ба Худое, ки офарида ва андоза кардааст, имон дорем. Ӯ ба мӯъминон бар зидди кофирон ёрӣ мерасонад. Ваъдаи ӯ ҳақ аст.

Аз Худованд талаб мекунем, ки қалби мусалмонон ва ба хусус онҳое, ки қудрат ва нуфуз доранд, боз кунад, то онҳо ба дин ва барпо кардани Хилофат кӯмак кунанд. Эй мусулмонон! Бародарони Ҳизби Таҳрирро дастгирӣ кунед, пас Аллоҳ ба шумо ёри мекунад ва дар дунёву охират шуморо боиззат мегардонад.

 

Газетаи «Ар-рая».

Саид Ридвон

5 Рабиус-сони 1443 ҳиҷрӣ

10.11.2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads