Майсир чӣ маъно дорад?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Майсир чӣ маъно дорад?

Аллоҳи Таъоло мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالْأَنْصَابُ وَالْأَزْلَامُ رِجْسٌ مِنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ…  إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَنْ يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاءَ فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَعَنِ الصَّلَاةِ ۖ فَهَلْ أَنْتُمْ مُنْتَهُونَ…  وَأَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ وَاحْذَرُوا ۚ فَإِنْ تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُوا أَنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا الْبَلَاغُ الْمُبِينُ

Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он парҳез кунед, то растагор шавед! Шайтон мехоҳад бо шаробу қимор миёни шумо кинаву душманӣ афканад ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боздорад, пас оё шумо даст мекашед ва бас мекунед? Худову паёмбарашро итоъат кунед ва фармонбардорӣ кунед. Агар рӯй гардонед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо расонидани паёми равшани Худованд аст!  (5:90-92)

Майсир — ҳама гуна бадастоварӣ бо роҳи бахти тасодуфӣ мебошад. Бозӣ барои бурди пул “қимор” мешавад, аммо онро аз калимаи “юср” (сабукӣ) майсир низ меноманд, ки маънои он ба даст овардани фоидаи осон аст.

Майсир дорои сифатҳои дур кардан аз ёди Аллоҳ ва намоз мебошад. Имом Молик гуфтаанд: “Майсир ду навъ аст: майсири фароғат/вақтхушиҳо ба монанди шоҳмот, шатранҷ (нарда) ва дигар вақтхушиҳо; майсири саргармкунанда (маблағгузорӣ/азарт), шартгузорӣ (қимор), гӯё инсон бо чизе худро ба хавф (риск) мегузорад. Дар ин ҷо хафв маънои шартгузорӣ — гузоштани шарт ба пул, чиз ё ягон фоидаи дигарро медиҳад.

Бозиҳо, мусобиқаҳо ва турнирҳо аз се хислат якеро ва ё ҳар серо дар бар мегиранд:

1 – вақтхушие, ки ба ёди Аллоҳ ва намоз халал намерасонад. Ин намуд баъзе тафсилотҳоро дар бар мегирад. Ҳукми он ҷоиз (мубоҳ) аст, агарки матни манъкунанда набошад мисли нарда (зарик)

2 – вақтхушие, ки ба зикри Аллоҳ ва намоз зарар мерасонад. Ин намуд ҳаром аст.

3 – вақтхушие, ки хавфи молиявӣ дорад. Ин гуна вақтхушӣ дар ҳар се ҳолат манъ аст.

Якум: бо иҷозаи умумӣ ҳолатҳои алоҳидаи манъшуда вуҷуд доранд, ба монанди манъ карда шудани худи бозии нарда. Мусобиқаҳо дар ин бозӣ ба фикри Шофеъӣ номатлуб аст, ба фикри Имом Молик, Ҳанбал ва Ҳанафӣ мамнӯъ аст, зеро матни мустақиме мавҷуд аст, ки бозии нардро манъ ё номатлуб мекунад.

Бояд зикр кард, ки дар ин ҷо намудҳои мусобиқаҳову вақтхушиҳое ҳастанд, ки кӯдакон, ҷавонон ва ҳатто калонсолонро ба худ вобаста карда мемонад, масалан бозиҳои компютерӣ ва амсоли инҳо… Чунин бозиҳо боиси баъзе намудҳои вобастагии психикӣ мешаванд, дар китобҳои тиббӣ ҳатто ташхиси “вобастагӣ ба бозӣ” зикр шудааст. Ҳамааш аз як ё ду бозӣ, аз як ё ду соат, аз як ё ду рӯз оғоз мешавад, дертар шахси вобасташударо танҳо бо ёрии равоншинос ва сеансҳои тӯлонии табобат аз бозӣ ҷудо кардан мумкин аст. Онҳое, ки дар Ғарб зиндагонӣ мекунанд, медонанд, ки ин вобастагӣ дар байни ҷавонон, кӯдакон ва ҳатто калонсолон то чӣ андоза паҳн гаштааст.

Ибни Таймия менависад: “Зарари майсир аз зарари рибо бузургтар аст, зеро майсир ду зарарро омехта мекунад: хӯрдани моли ҳаром ва вақтхушии мамнӯъ. Он аз ёди Худо ва намоз парешон мекунад ва дар миёни одамон кинаву адоват меафканад. Аз ин рӯ майсир аз рибо даҳшатноктар аст” (Маҷмаъи ҳуқуқшиносони Исломӣ)

Ҳолати дуввум: вақтхушие, ки аз ёди Худо ва намоз парешон мекунад. Дар бораи ҳаром будани он ихтилоф вуҷуд надорад.

Ҳолати сеюм: вақтхушие, ки хавфи талафи молиявӣ (бой додан)-ро дорад. Ин ба шарҳ эҳтиёҷ дорад: Умуман, гузоштани шарт (яъне пул ё ягон манфиат) ба истиснои намудҳои алоҳида, яъне пойгаи асп (аспдавонӣ), пойгаи шутур ва тирандозӣ аз камон манъ аст. Ҳадисе дар бораи ҷоиз будани гарав ба ин намудҳои вақтхушӣ вуҷуд дорад.

Ҳамаи гаравҳои дигар манъ карда шудаанд, зеро онҳо ғайриқонунӣ хӯрдани молу мулк ва майсир ҳисобида мешаванд, ки онҳоро Аллоҳ ва Расулаш (с.а.с) ҳаром  кардаанд.

Воқее аст, ки яке ба дигаре мегӯяд: “агар ин тавр шавад, пас чизе аз ҷониби ман аст,”- ва инро ваъдае ҳисоб мекунад, ки тибқи Шариат вақте, ки фурсат фаро расад, бояд он ваъда иҷро карда шавад.

Ҷуброн ва ё гаравгузорӣ на танҳо бо пул, балки ба ҳама гуна фоида, масалан тоза кардани хона ва амсоли инҳо низ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо танҳо бо чизҳое, ки Аллоҳ иҷозат додааст шартгузорӣ карда мешавад.

Дар китоби «Аш-Шарх ал-Мумти, ал Зад аль-Мустанки» омадааст: ҷубронпулӣ (гаравгузорӣ) мамнӯъ аст, ба истиснои пойгаи асп (мусобиқаи аспдавонӣ), пойгаи шутур ва тирандозӣ аз камон. “Ҷубронпулӣ манъ аст” ҳама намуди ҷуброн, хоҳ пул, хоҳ ашё ва хоҳ ягон фоидаро дар бар мегирад. Вобаста ба ин, фаҳмидан лозим аст, ки чӣ гуна ҷоизаҳоро гирифтани ғолибони мусобиқаҳо ва бозиҳо  мумкин аст ва пеш аз иштирок дар онҳо ҳукми шаръии онро омӯхтан лозим аст, зеро онҳо метавонанд ба категорияи мамнӯъ дохил шаванд, ба мисли ҳолати сеюм (хавф, риск)

Ба воиз ва донишманди сенеголӣ Ндио Самб (Ndiogou Samb) нисбат ба майсир таҳти унвони “Майсир дар замони муосир” якчанд лаҳзаҳоро қайд кардааст, эътибор додан ба маврид аст.  “Дар замони мо роҳҳо ва намудҳои зиёди майсир пайдо шудаанд, хусусан бо рушди ахбороти омма ва муошират бо мардум.”

Мардум тавассути интернет, паёмҳои SMS, ва шабакаҳои радио-телевизионӣ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ пул мегузоранд. Ин намуди вақтхушиҳо номҳои гунонгун доранд ҳамчун бозиҳо, мукофотҳо ва ғайра… Аммо номҳо моҳиятро тағйир намедиҳанд. Ҳамаи ин ба маънои майсир ва қимор дохил мешаванд, ки агар онҳо нишонаҳои майсирро дошта бошанд, Шариат онро манъ кардааст. Яъне:

  • Бозингарон: аз як тараф – иштирокчӣ ё иштирокчии бозӣ ё мусобиқа, аз тарафи дигар – ташкилкунанда, метавонад хусусӣ ва ё ширкат бошад.
  • Услубҳои майсир: рақобат ё бозӣ, ба мисли бозиҳои варзишии ду даста, пойгаи аспҳо, задухӯрди ду мард, фиристодани паёмакҳои кӯтоҳ ва калимаи муайян аз телефонҳои мобилӣ  ба ягон рақами муайян, ки пас аз он лотерея байни фиристодаҳо баргузор мешавадва дар он касе пирӯз шавад, рақами он ба таври тасодуфӣ интихоб карда мешавад.
  • Гузориши пул аз ҳар ду тараф: пуле, ки бозингар бо он чипта мехарад ё арзиши занги телефонӣ, ё паёмаки кӯтоҳи фиристодаашро пардохт мекунад. Аз тарафи дигар пуле, ки шахс ё ширкати ташкилкунандаи бозиҳо ва ё мусобиқаҳо сарф менамояд, ки он ба ширкатҳои алоқа ё васоити ахбори умум пардохт мекунад.
  • Натиҷаи бозӣ: натиҷа бояд дар ҳамаи намудҳои қимор, хоҳ қадимӣ бошаду хоҳ муосир бурд ё бохт – фоида ва зарар шавад. Аммо замони муосири мо бо он фарқ мекунад, ки мағлуб ҳамеша як тараф – заифтарин аст. Як фақир, ниёзманд ё шахси даромадаш миёна пул ҷамъ мекунад ва фиреб хӯрда як миқдори ками ин пулро ба яке аз ташкилкунандагони вақтхушиҳо ба гарав мегузорад ва бовар мекунад, ки ӯ ғолиб мегардад.

Аммо ташкилкунандаи бозӣ ё мусобиқа дар ҳеҷ сурат, ба ҷуз розигии Аллоҳ, чизеро аз даст намедиҳад.

Аллоҳи Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд:

فَاعْبُدُوا مَا شِئْتُمْ مِنْ دُونِهِ ۗ قُلْ إِنَّ الْخَاسِرِينَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ أَلَا ذَٰلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ

“Бигӯ: “Дар ҳақиқат зиёнкорон ононанд, ки худ ва хонаводаашонро дар рӯзи қиёмат аз даст медиҳанд. Дар ҳақиқат ин зиёни ошкор аст.”        (39:15)

Охири иқтибос.

Дар замони мо барои калонсолон ва кӯдакон озмунҳо, бозиҳо, вақтхушиҳо ва гаравҳо дар шакли гуногун мавҷуданд. Аз ин рӯ бисёр саволҳое ба миён меояд, ки барои донистани ҳукми Шаръӣ оиди амалҳое, ки майсир буданашон мумкин аст, бояд  пурсида шавад.

Дар хотима: майсир бисёр шартгузориҳо, мусобиқаҳо ва бозиҳои ҷисмониву ғайриҷисмониро дар бар мегирад. Ҳарчанд уламои Ислом баъзеи онҳоро муайян кардаанд, аммо бо мурури замон онҳо афзоиш ёфта, дар бисёр шаклҳои нав пайдо мешаванд. Аз ин рӯ ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳо ё бозиҳо, ки дар он вақтхушӣ (азарт) мавҷуд аст, диққат додан лозим аст, хусусан агар онҳо сармоягузории пулӣ аз ду тараф ва ҳатто аз як ҷониб бошад ҳам. Мусалмон  бояд тавққуф кунад ва бифаҳмад, ки оё мусобиқаҳо ва гаравҳо аз рӯи шариат иҷозат аст ё манъ аст ва кадоме майсир ҳисобида мешавад кадоме не.

Мо дар ин мави васеъ бо ҷанбаҳои зиёде дар сатҳи шахс ва давлат танҳо нӯги айсбергро нишон додем. Ҳамеша аз одамони донишманд равшан ва муфассал кардани масъала арзанда аст.

 

Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир

Доктор Фараҷ Мамдух

30-юми Муҳаррами 1443 ҳиҷрӣ

09/07/2021.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads