Штайе Эъломияи Балфурро хато хонд
«Сарвазири Фаластин Муҳаммад Штайе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки масъулияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ нисбат ба мардуми худ, ки таҳти ишғол аст ба дӯш бигиранд», хабар медиҳад «Arab 48» рӯзи 31 октябри соли 2022.
Дар суханронии худ пеш аз ҷаласаи ҳукумат, ки рӯзи душанбеи 31 октябр дар Рамаллаҳ баргузор шуд, ӯ иброз намуд: “Мардуми мо бо маъракаи ваҳшиёнаи кушторҳо, боздоштҳо ва муҳосираи Наблус, Байтулмуқаддас, Ҳеврон, Ҷенин ва Ғазза рӯбарӯ мешаванд. Дар деҳоту шаҳрҳо ҳамла ба зайтунчинҳо, тарсонидани шаҳрвандон ва дуздии ҳосили онҳо дар баъзе минтақаҳо, ҳамаи ин ҷиноятҳое, ки аз ҷониби Исроил содир мешаванд, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин сукут меварзад.
Ӯ ҳамчунин қайд кард: «Пас аз як рӯз рӯзи чоршанбе аз қабули Эъломияи Балфур 105 сол пур мешавад, ки тибқи он Бритониё он чизеро, ки дар ихтиёр надошт, ба онҳое супорид, ки ба он ҳақ надоранд. Мо то ҳол аз окибатҳои сиёсй, моддй, гуманитарй, ҷуғрофии ин шартномаи дахшатнок азоб мекашем. Бритониё иштибоҳи таърихии худро бояд ислоҳ кунад ва давлати соҳибихтиёри Фаластинро бо марзҳояш ва пойтахти он дар Байтулмуқаддас эътироф кунад ва ҳуқуқи бозгашти паноҳҷӯёнро баргардонад.»
Ар Роя: Узви Бахши иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Фаластин Мусъаб Абӯ Аркуб дар ин бора чунин шарҳ дод:
«Аз як тараф, сарвазири Фаластин аз Бритониё талаб мекунад, ки ба декларацияи Балфур истинод карда, чунон ки ӯ гуфт, «хатои таърихй»-ро ислоҳ кунад. Аз тарафи дигар, бар хилофи ин, ба амал баровардани қарори «ду давлат»-ро талаб мекунад. Қарор оиди «ду давлат» як қисми зиёди сарзамини муборакро ба таҳсилоти яҳудиён медиҳад, ки дар он ҷо аз мардуми Фаластин «минтақаи бехатар» эҷод мекунад ва инчунин дар самти ассимилятсияи фарҳангӣ ва ҷудо кардани масъалаи Фаластин аз дин кор мебарад. Ҳамчунин, яҳудиён тавассути созишномаҳои байналмилалӣ ва андозҳои баланд мехоҳанд фаластиниҳоро аз байн баранд ва шумораи онҳоро коҳиш диҳанд.
Сарвазир пеш аз гуфтани чунин сухан бояд андеша мекард ва ба андешаи мардуми Фаластин ва Уммати исломӣ эҳтиром мебурд ва инчунин дарк мекард, ки ӯ аз муҳофизони Сарзамини муборак мебошад. Уммати бузурги исломӣ Фаластинро дар набардҳои Ҳиттин ва Айн Ҷолут озод карданд ва боз орзу доранд, ки онро озод кунанд! Пеш аз он ки дар бораи чунин як масъалаи душвор барои Уммати исломӣ ҳарф задан, суханашро интихоб кунад. Бигзор ӯ ба саволҳое чавоб диҳад, ки ҷавобаш барои мардуми Фаластин аён аст.
Бритониё бояд «хатои таърихи»-и худро дар Эъломияи Балфур чӣ гуна ислоҳ кунад? Бритониё таҳсилоти яҳудиро таъсис дод, то он ки дар ҷанг алайҳи Уммати исломӣ дар хатти аввал бимонад. Акнун бояд Фаластинро ба мардуми худ баргардонад?
Тибқи Эъломияи Балфур, Бритониё тамоми Фаластинро ба яҳудиён супорид. Оё шумо гуфтани ҳастед, ки «хатои таърихӣ» ин маънои онро дорад, ки Бритониё бояд тамоми Фаластинро баргардонад? Ё ин ки маъмурияти Фаластин аз созишномаи Осло қаноатманд аст? Агар ин тавр бошад, пас ба Бритониё лозим нест, ки хатои худро ислоҳ кунад!
Эй сарвазир! Ба фикри шумо, тамоми Байтулмуқаддас, Яффа, Ҳайфа, Тел-Авив, Ашкелон, Беэр-Шева, Негев, баҳри Мурда ва сохили баҳри Миёназамин «хатои таърихй» аст!? Дар айни замон, маъмурияти Фаластин талаб дорад, ки дар ҳудуди соли 1967 давлат таъсис дода шавад ва ба ин васила таҳсилоти яҳудиёнро эътироф кунад! Пас оё Эъломияи Балфур хато аст ё на?
Оё озодшавии Фаластин бо талаби аз душманони Уммат ба ислоҳи иштибоҳҳояшон сурат мегирад? Ё озодшавӣ бо ёрии қӯшун ва кувваи зинда, ки пештар дар ҷанги Ҳиттин ва Айн Ҷолут сарзамини муборакро озод карда буданд, сурат мегирад?! Ва ниҳоят, саволи асосӣ: Эй Сарвазир, оё шумо воқеан озодшавии Фаластинро мехоҳед?!
Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя» №416
15 Раббиуссонии соли 1444 ҳ.