Сарвазири Дания ҷаласаи порлумонро бо ҳамлаи нав ба оилаи мусалмонон оғоз кард!
Сарвазири Дания гуфт, ки бояд комиссияи занони мусалмон ташкил карда шавад.
Вай зимни суханронии худ дар ифтитоҳи порлумони Дания рӯзи сешанбе, санаи 5-уми октябр гуфт: “Дар баъзе доираҳои динӣ ва муҳоҷират, бисёре аз духтарон ва занон барои ҳуқуқи интихоби зиндагии худашон мубориза мебаранд. Мо ҳамчун ҷомеа бояд исрор кунем, ки арзишҳои мо — баробарӣ ва озодӣ — муштараканд ва онҳо бояд дар Дания, ба ҳама татбиқ карда шаванд.”
Дар посух ба ин, дар изҳороти матбуотии дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Дания омадааст: «Боз ҳам ҳукумат занони мусалмонро ба таври манфӣ муаррифӣ мекунад ва бо баҳонаи мафҳумҳои сиёсӣ, аз қабили «назорати иҷтимоӣ» масъалаи Исломро ба миён мегузорад.
Дар он инчунин гуфта мешавад: «Худи порлумон, ки сарвазир ба он муроҷиат карда буд, дар ботлоқи ҳолатҳои озори шаҳвонӣ ғарқ шудааст, ки дар он кариб хамаи ҳизбҳои парлумонӣ иштирок доштанд! Аммо нахуствазир ҷуръат дорад ва мегӯяд, ки зулми занон мушкилоти «доираи динӣ» аст!»
Дар баёнияи Ҳизби Таҳрир таваҷҷуҳ ба ин нуқтаҳо ҷалб карда шуд: яке паси дигар иқдомоти сиёсӣ барои таҳмили шеваи зиндагии ғарбӣ бар мусалмонон бо ҳадафи аз байн бурдани оилаи мусалмонон оғоз мешавад, ҳамон тавре ки оилаи ғарбӣ пароканда шуд; аз минбари порлумони Дания истода пайваста аз найрангҳо истифода мекунанд, Ислом ва мусалмононро бадном мекунанд, дар баробари ин ба мардуми Дания имкони омӯзиши исломро бидуни таассуф надодаанд. Ислом ягона роҳи зиндагиест, ки метавонад занро дар Ғарб аз он нигоҳи пасте, ки идеологияи ғарбӣ нисбати ӯ дорад, озод намояд.»
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
27.10.2021