Санъати таҳқир фарҳанги нопок ва ботилонаи Ғарбро фош мекунад.
Расонаҳо аз марги Ларс Вилкс – маъруфтарин муаллифи карикатураи нафратовари Паёмбари Ислом Муҳаммад (с.а.в.) дар садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи ду афсари пулис, ки ӯро посбонӣ мекарданд, хабар доданд.
Бисьёр ходимони сиёсӣ ва роҳбарони ҳизбҳои Швеция нисбати Вилкс эҳтиром зоҳир карданд. Дар мавриди тамасхури Ислом ва рамзҳои он садоҳои зиёде садо дод ва дар ин замина дар баёнияи матбуъотии дафтари иттилоъотии Ҳизби Таҳрир дар Шветсия омадааст: «Танҳо афроди бадсиришт ва бадахлоқ метавонанд таҳқирро санъат гуфта баррасӣ кунанд.» Ин на дар бораи озодии баён, балки дар бораи озодии таҳқир аст. Ҳамчунин дар баёнияи матбуотӣ чунин омадааст: “Ғарб бар ин назар аст, ки мусалмонон бояд ба таҳқири Паёмбари гиромии худ (с.а.с.) таҳаммул кунанд, зеро инро заминаи асли озодии баён тақозо мекунад.
Аммо озодии баён чизе беш аз як абзори сиёсие нест, ки барои саркӯби мусалмонон, тамасхури онҳо ва таҳқири рамзу муқаддасоти исломӣ истифода мешавад. Ин риёкории кинаомез дар бадтарин зуҳурот ошкор гашт.»
Дар ҷамъбаст зикр гардид: «Заъифӣ ва суқути ногузири Ғарб замоне маълум шуд, ки сиёсатмадорон баҳри ҳамла ба Ислом аз арзишҳои худ аз ҳад берун рафтанд. Ин исбот мекунад, ки арзишҳои ғарбӣ чизе ҷуз фиреб нест, вақте ки манфиатҳо инро талаб мекунанд. Ҳоло ҷаҳон ба як алтернатива ниёз дорад — ба системае, ки ба одамон эҳтиром ва шаъну шараф мебахшад. Ба ҳама зиндагии бехатарро бидуни таҳрик, зулм ва маҷбурӣ барои даст кашидан аз арзишҳои худ кафолат медиҳад. Фақат Хилофати Исломӣ метавонад ба ҷаҳон кафолат диҳад!”
Шарҳи хабархои газетаи «Ар-рая».
20.10.2021