Сабаби ранҷу хорӣ нофармонии Аллоҳу Расулаш (с.а.в.) аст.
Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Покистон изҳоротеро нашр кард, ки дар он омадааст: “То даме, ки ҳокимони мо дар зери сарпарастии Хазинаи Байналмиллалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоди кишварро ба иқтисоди Амрико пайванд мекунанд, мо интиҳои ранҷ ва таҳқири мардумро нахоҳем дид. Ин кор то он даме, ки мо бар асоси қонунҳои Аллоҳ ҳукмронӣ намекунем ба вуқӯъ намеояд.»
Дар идома таъкид мешавад: «Сабаби ранҷу хорӣ — нофармониву саркашӣ аз Худо ва Расули Худо (с.а.в.) аст ва ин ранҷу хорӣ танҳо вақте ки мо ба қонунҳои дин бармегардем, қатъ мешаванд. Ҳизби Таҳрир/Покистон шуморо даъват мекунад, ки барои барпо кардани Хилофат тибқи минҳоҷи нубувват кор кунед.”
Баъд аз он Ҳизб ба афсарони артиши Покистон муроҷиат мекунад: “Ҳокимони мусулмон моро дар назди душманонамон ба азобу уқубатҳои иқтисодӣ ва таҳқир гирифтор мекунанд. Ва то он даме, ки шумо онҳоро манъ намекунед, онҳо ин корро идома медиҳанд. Худованд шуморо тавоно гардонидааст, ки онро дар роҳи дин истифода баред. Дар Суннати Шариф омадааст, ки Расули Худо (с.а.в.) барои барпо кардани ҳукмронии Ислом аз шумо барин одамон ёрӣ хостаанд. Оё нашунидаед, ки чӣ гуна ансориён бо Паёмбар (с.а.в.) байъат карданд ва дар миёни онҳо Саъд ибни Муоз низ буд, ки ба сабаби марги ӯ Арши Аллоҳи Таъоло ларзида буд? Инчунин, Ҳизби Таҳрир ба шумо барои барпои ҳукмронии Исломӣ бо талаби ёрӣ муроҷиат мекунад.
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
24.11.2021