Рӯзномаи «Ар-Рая»: ҳиҷрати сарвари башарият.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Рӯзномаи «Ар-Рая»: ҳиҷрати сарвари башарият.

Олими барҷаста ва асосгузори Ҳизби Таҳрир Шайх Тақиёуддин ан-Набҳонӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) навад сол пеш бо солшумории ҳиҷрӣ мақолае дар рӯзномаи «Ал-Ҷамия -ул- исломия» таҳти рақами 515 чоп карда буд, ки ба 1-уми Муҳаррами соли 1353 ҳиҷрӣ — 15 апрели 1934 рост меояд. Мо мехостем, ки мақолаи ӯро дар ин шумораи рӯзномаи «Ар-Рая» ба муносибати фаро расидани соли нави ҳиҷрӣ чоп кунем:

Рохбарони араб ба ҷамъомад шитофтанд. Онҳо барои бастани шартномае, ки барои онҳо муҳим буд, омодагӣ медиданд. Дар байни онҳо баҳсу муноқишаҳо авҷ мегирифт.  Тӯфони гуфтугӯ ва муколама бархост. Онҳо бо Муҳаммад (с), ки сабаби ин қадар хавотирии онҳо гаштааст, чӣ кор хоҳанд кард? Онҳо бузургии даъвати Он касро фаҳмиданд, эҳсос карданд, ки нури дини нав гумроҳии онҳоро чӣ гуна  нобуд мекунад, чӣ гуна оташи ҳақиқат дурӯғҳои онҳоро месӯзонад. Агар онҳо Муҳаммадро (с) ба ҳолаш гузоранд, кори онҳо тамом мешавад. Онҳо дар сурати беэҳтиётӣ амволи худро аз даст медиҳанд. Аз лабони онҳо бадӣ мебаромад. Даҳони онҳо аз алангаи оташ пур буд.

Онҳо оид ба амалҳои минбаъда нақшаи хабисе кашиданд. Онҳо танҳо барои халос шудан аз даҳшати худ омода буданд, ки қурбонӣ кунанд. Аввалин касе, ки таёр буд худро ба алангаи оташ партояд — Абӯҷаҳл буд, зеро ӯ аз ҳама бештар метарсид, ки шӯҳраташ аз даст меравад. Вай дар маҷлис бархост ва гуфт, ки хашми ӯ танҳо вақте ором мешавад, ки онҳо ба кори Муҳаммад (с.а.с) хотима бахшанд. Сипас пешниҳод кард, ки аз ҳар қабила ҷавонеро интихоб мекунанд, то ҳама дар назди дари хонаи Муҳаммад (с.а.с) мунтазир шаванд ва вақте ки ӯ берун меояд, дар як вақт бо шамшер  ӯро мезананд. Ҳамин тавр, мувофиқи фаҳмиши ӯ,  хусумати хунбаҳо дар байни ҳамаи қабилаҳо пароканда хоҳад шуд ва аз касе қасос гирифта намешавад. Ҳамин ки суханронии хашмгинонаи Абӯ Ҷаҳл ба охир расид, мардуми толор ҳама нидои хурсандӣ бароварданд, зеро онҳо фикреро, ки кайҳо боз дар ҷустуҷӯяш буданд, дарёб карданд. Иштироккунандагони мачлис ин фикрро тарафдорӣ карда, пароканда шуданд. Ҷавонони интихобшуда бо шамшер ба хонаи Муҳаммад (с.а.с) рафтанд.

Аммо ба Муҳаммад (с.а.с) ваҳй омад ва Он кас дар бораи тавтиъа огоҳ гардиданд. Ба Муҳаммад (с) амр шуда буд, ки ба қалъаи Ислом ба сӯи Ансораҳо ҳиҷрат кунанд (кӯчанд), ки дар он ҷо дин қувват хоҳад гирифт, то роҳро барои тамоми ҷаҳон мунаввар созанд. Муҳаммад (с.а.с) дар нимаи охири шаб аз бистари хеш бархоста як каф хок гирифтанд ва ба сӯи ҷавононе, ки ӯро интизор буданд, баромада онро ба сари онҳо пошиданд. Аз ин, ба онҳо хоб ғалаба кард ва онҳо хоб рафтанд. Паёмбари Худо (с) аз миёни онҳо қадам зада шитобон ба назди дӯсташон Абӯбакр рафтанд ва онҳо якҷоя ба сӯи Мадина раҳсипор гаштанд.

Ҷавонон танҳо саҳар аз хоб бедор шуданд ва фаҳмиданд, ки аз ҳад зиёд хоб рафтаанд. Онҳо фавран ба хона даромада, дар бистари Муҳаммад (с) Алиро диданд. Онҳо саросемавор ба мушрикон хабар доданд, ки Муҳаммад (с) онҳоро тарк кардааст. Роҳбарон далертарин арабҳоро ба назди худ даъват карданд.  Онҳо ба кофтукоби ӯ ба миёни кӯҳҳо, теппаҳо ва водиҳо шитофтанд. Онҳо касеро меҷустанд, ки ҷуръат карда бо онҳо муқобилат карда буд. Онҳо ташнаи буридани сари ӯ буданд, аммо орзуяшон амалӣ нашуд. Пас аз кӯшишҳои тӯлонии ҷустуҷӯи Муҳаммад (с.а.с) онҳо ноумед шуданд. Чанд маротиба изи пои Онҳоро пайдо карданд, аммо ба ҳар ҳол натавонистанд, ки фирориёнро дарёб кунанд. Мушрикон аз болои ғоре гузаштанд, ки Муҳаммад (с) ҳамроҳи дӯсташ паноҳ бурда буданд. Худованд макри онҳоро бар зидди худи онҳо гардонид. Муҳаммад (с.а.с) ба таъқибкунандагон хеле наздик буданд, аммо Худованд Он касро наҷот дод.

Ҳамин ки садои таъқибкунандагон паст шуд, онҳо аз чашм нопадид шуданд, Муҳаммад (с.а.с) ба дӯсташон гуфтанд: «Оё ман ба ту нагуфтам, ки ғамгин мабош, зеро Аллоҳ ҳамроҳи мост?» Дар дили ин ду дӯст аз тарсу ҳарос заррае боқӣ намонда буд. Онҳо баҳри амнияти худ асло ғамгин намешуданд. Ҳамин тавр, аз дур қалъаи мусалмонон — шаҳри Ансорон намудор шуд ва аз он тараф сурудҳо ба гӯш мерасид. Хурсандии мардуми Мадина ҳадду канор надошт. Муҳаммад (с.а.с) -ро бо нақораҳову шодмонӣ пешвоз гирифтанд. Дили одамон аз эҳсосот пур шуда буд ва онҳо нашид месуруданд: «Моҳ бар мо тулӯъ кард». Муҳаммад (с.а.с) қарор карданд, ки дар он ҷое шутур фуруд ояд, он ҷо маскан мекунанд. Сипас, дарҳол ба бунёди ҷалол ва бузургии арабҳо шурӯъ карданд. Муҳаммад (с) навниҳоли динро шинонданд ва дарахти пурқувватеро парвариш карданд, ки меваҳои он дар тӯли асрҳо ба мусалмонон ва тамоми ҷаҳон фоида овард.

Бузургтарин ислоҳотчӣ инсониятро аз гумроҳиву дурӯғ, ва аз ақибмонию ваҳшиёна наҷот дод. Ӯ ҷаҳолатро сарнагун кард ва ба мардум адолат, дониш ва некӣ нишон дод. Ӯ барои ҳама бемориҳо дору овард. Ӯ бо Қурайш ҷанг кард, то он даме, ки онҳо гумроҳӣ ва ҷаҳолатро тарк карда, Қуръонро қабул карданд. Арабҳои боқимондаро низ ба ҳақиқат ва нур даъват карданд. Ҳиҷрат чунин меваҳоро ба бор овард. Мо аз ёди Ҳиҷрат шодӣ мекунем ва бузургтарин рӯзи таърихи худро ба ёд меорем. Аз замони ҳиҷрӣ сар карда мусулмонон соҳиби дониш ва қудрат шуданд. Сипас, бори аввал парчами Ислом барафрохта шуд ва ҷалоли мусулмонон дар тамоми ҷаҳон паҳн гашт. Ҳиҷрат ба мо пирӯзии ҳақиқатро аз болои куфр хотиррасон мекунад.

Мо бояд ин рӯйдоди бузургро дар оғози ҳар сол ёдовар шавем ва ҳатто онро ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихи мусалмонон таҷлил кунем. Бо сабаби ҳиҷрат, Ислом қалъа ва пуштибони қавӣ пайдо кард. Бо туфайли ҳиҷрат арабҳои фарсуда шӯҳрат ва бузургӣ ба даст оварданд. Аз ин рӯ, ба ёд овардани ин воқеа дар ҳақиқат меарзад. Охир арабҳои имрӯза низ чӣ гунае, ки мусалмонони аввалин вазъи худро ислоҳ карда буданд, вазъи худро ислоҳ хоҳанд кард.

 

Тақиюддин ан-Набаҳонӣ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads