«Парвандаи Пандора» ва фасоди ҳокимон.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

«Парвандаи Пандора» ва фасоди ҳокимон.

 بسم الله الرحمن الرحيم

28-уми октябр 2021

Ҳуҷҷатҳое бо номи «Ҳуҷҷати Пандора» ва бисёр дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ, аз қабили ҳуҷҷатҳои «Ҳуҷҷати Панама», «Ҳуҷҷати Швейтсария» ва «Ҳуҷҷати Люксембург» ошкор ва нашр шудаанд; хамаи онхо ҳукмдорони фосид (коррупсия)-ро фош мекунанд.

Ин ихроҷи маълумотест, ки ҳокимон тасарруфи маблағҳои давлатӣ, «пултозакунӣ» ва саркашӣ аз андоз ҳар чиро пинҳон карданӣ мешаванд, фош мекунад. «Ҳуҷҷати Пандора» («Dossier Pandora») аз дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ бо эътимоднокии бештар, таҳқиқоти васеъ ва далелҳои дақиқтар фарқ мекунад.

Он аз ҷониби беш аз 600 рӯзноманигор тӯли моҳҳо ҳамкорӣ ва таёр карда шуда буд, ки тақрибан 12 миллион ҳуҷҷати 14 ширкати молиро таҳқиқ намуда, ба беш аз 29 000 ширкати оффшорӣ равшанӣ андохтанд.

Ширкатҳои оффшорӣ ширкатҳои ниҳонӣ мебошанд, ки ба соҳибони махфии амволи дар хориҷадоштаи ғайриманқул ва дороиҳои онҳо дар Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ дараҷаи баланди махфӣ медиҳанд. Ширкатҳои оффшорӣ ин корро тавассути шабакаҳои мураккабе анҷом медиҳанд, ки дар саросари сарҳад фаъолият мекунанд. Онҳо амвол ва дороиҳоеро эҷод мекунанд, ки аз чашми мардум пӯшида мемонад.

Ин талоши бузурги пажӯҳишӣ аз ҷониби  созмони ғайриҳукуматӣ, консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишӣ дар Вашингтон дар ҳамкорӣ бо Би-би-сӣ ва The Guardian Бритониё анҷом шудааст. Тафтишоти онҳо шахсияти соҳибони махфии амволи 1500 миллиард долларро дар Британияи Кабир ва ИМА ошкор кардааст. Ба ин феҳрист 35 раҳбарони фасодзадаи ҷаҳон, аз ҷумла раисҷумҳурҳои феълӣ ва собиқ, сарони ҳукумат ва вазирон, инчунин 300 сиёсатмадор ва мансабдорони дигар аз чанд кишвар шомил шудаанд, аз ҷумла:

1 — оилаи шоҳони  Қатар ва Аморот,

2 — Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II,

3 — Сарвазири феълии Лубнон Наҷиб Микатӣ ва пешгузаштаи ӯ Ҳасан Диаб,

4 — Сарвазири Ҷумҳурии Чех,

5 — Президенти Кения,

6 — Президенти Эквадор,

7 — президенти Русия.

Агар шоҳ Абдуллоҳи II-и Урдунро мисол орем, шумо метавонед моҳияти тамоми сиёсатмадорони фасодзада ва зархаридони онҳоро бубинед. Подшоҳи Урдун — кишварест дар бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии ба ҳадде паст, ки камбизоатӣ, бекорӣ, нархҳои баланд ва мушкилоти иқтисодӣ ҳама паҳлӯҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Ӯ тамоми кори аз дасташ меомадаро мекунад, то дар Бритониё ва Амрико амволи ғайриманқули боҳашаматро, аз ҳисоби халки мазлум ва ҷафокашидаи кишвар ба даст орад. Вай ба таври амиқ мекӯшад, то моликияти бисёр ва ғайриманқулаҳои нолозимро дар Амрико ва Британияи Кабир тавассути ширкатҳои оффшорӣ аз чашми мардумаш пинҳон кунад.

Таҳқиқоти «Dossier Pandora» нишон дод, ки шоҳ Абдуллоҳи II барои 15 амволи дар Бритониё, Малибу, Калифорния ва Вашингтон доштааш 106 миллион доллар сарф кардааст. Аз замоне, ки ӯ пас аз марги падараш шоҳ Ҳусейн дар соли 1999 ба қудрат расид, вай кӯшиш мекард, ки моликияти худро ба ин амволҳои аз ҷониби Пандора фошшуда пинҳон кунад.

Подшоҳ ва дарбори шоҳӣ натоиҷи ин таҳқиқотро эътироф карданд ва намояндаи дарбор чунин посух додааст: «Ин амвол бо сабаби амният ва сирр ифшо намешаванд, на бо сабаби махфӣ ва ё кӯшиши пинҳон кардани онҳо.» Чунин баҳона бадтар аз гуноҳ аст! Худи пинҳон доштан возеҳан чунин маъно дорад, ки ҷиноят содир шуда, баъзе кирдорҳои бад низ содир карда мешаванд!

Дар хусуси чавоби подшоҳ бошад, ин ғайр аз авомфиребӣ (демагогия) чизи дигаре нест. Ӯ чунин мегуяд: «Бар муқобили Иордания маъракае cap шуд, ки ин маъракаи нахустин нест ва шахсоне хастанд, ки бесарусомонӣ ва шубҳа коштанӣ мешаванд». Баъд вай хаёли ислоҳоти иқтисодӣ ва маъмуриро дар Иордания ба амал овард, то ки шуури аҳли чамъиятро аз ин ҷанҷол ба дигар сӯ тофта монад.

Ин таҳқиқотҳои ғайридавлатӣ собит кардааст, ки ин гуна ҳокимон бо дуздии пули мардуми худ машғуланд ва ба хориҷи кишвар барои харидани амволи ғайриманқул даст доранд, на танҳо агенту хидматгорони мустамликадорони кофир, балки дуздони ашаддӣ ва фасодкор (корупсионер) низ ҳастанд.

 

Газетаи «Ар-рая».

Аҳмад ал-Хутвонӣ

20.10.2021

Ҳокимони фасодкор,  Ҳокимони мусулмонон.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads