Оё раҳбарони мусулмон аз рӯйдодҳои Афғонистон дарс намегиранд? Оё онҳо робитаҳои худро бо Амрико қатъ мекунанд?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Оё раҳбарони мусулмон аз рӯйдодҳои Афғонистон дарс намегиранд? Оё онҳо робитаҳои худро бо Амрико қатъ мекунанд?

   Суратҳое, ки дар фурудгоҳи Кобул гирифта шудаанд, бояд намунаи нави сарнавишти агентҳои Америка дониста шаванд. Саҳнаи издиҳоме, ки субҳи пас аз ба тасарруфи Толибон даромадани пойтахт ба фурудгоҳ ворид шуданд, сарнавишти агентҳои Амрико дар Ветнам ва ноумедии пас аз тарки нерӯҳои ишғолӣ аз кишварашонро ба ёд овард. Рӯй гардондан аз агентҳои худ ва ба ҳоли тақдир гузоштани онҳо барои сиёсати Америка чизи нав нест, балки анъанаи деринаи муомила бо агентҳоро таъкид мекунад.

Дар хотираи ҳамаи онҳое, ки баъди аз Вьетнам баровардани қӯшунҳои Амрико дар соли 1975 — ро мунозара кардаанд, манзараи наздикшавии чархболи ҳарбии Амрико ба боми сафоратхонаи Амрико дар Сайгон, барои эвакуатсия кардани дипломатҳо ва афсарони Амрико нақш бастааст. Дар ин лаҳза агентхои америкоӣ низ кӯшиш мекарданд, ки дар чархболҳо барои худ ҷой гиранд, аммо афзалият ба амрикоиён дода шуда буд.  Агентҳоро бошад, ба қафо тела доданд, то ба эвакуатсияи амрикоиҳо халал нарасонанд.

Амалиёти «Гасти шамол» барои аз Сайгон эвакуация кардани дипломатҳо ва хизматчиёни ҳарбии ШМА пешбинӣ шуда буд, яке аз калонтарин эвакуацияхои ҳавоӣ дар ҷаҳон мебошад. Пас аз он ки охирин сарбози амрикоӣ аз боми сафорат гирифта шуд, бисёре аз агентҳои амрикоӣ дарёфтанд, ки хоҷаашон рафт ва онҳоро абадан тарк намуд.

Амрико аз иттифоқчиёни худ, вақте ки онҳо  нақшҳои ба онҳо таъиншударо иҷро карда наметавонанд, даст мекашад. Сиёсати Амрико гумоштаи худро мисли матои як-дафъаина мешуморад. Таърих пур аз мисолҳоест, ки Америка аз агентҳои худ пушт гардондааст, зеро сиёсати берунии вай на ба дустй, балки ба фоида асос ёфтааст.

Рӯйхати хиёнатҳои Амрико алайҳи агентҳояш хеле дароз аст, аммо мутаассифона, ҳанӯз ҳам касоне ҳастанд, ки ба ӯ бовар мекунанд ва дар як сабад тухм андохтанро идома медиҳанд. Ҳар яке аз ин одамон метавонанд ин далелҳоро тавассути ҳамон мошини расонаҳои амрикоӣ тафтиш кунанд ва ӯ мебинад, ки чӣ гуна Амрико як ҳокимро барканор кард ва ба ҷои ӯ дигареро овард. Амрико ба бисёре аз ҳокимони араб ва ғайриараб хиёнат кард. Бо назардошти вазъияти ногувори ҳозираи Америка, эҳтимол дорад, ки вай аз агентҳои бештари худ даст кашад. Мақоле ҳаст, ки ба раисиҷумҳури барканоршудаи Миср Ҳуснӣ Муборак нисбат дода мешавад: «Онҳое, ки ягона пӯшокашон Амрико аст — урёнанд». Шояд ин ибора ба мавқеъи бисёре аз ҳокимони мусалмон, ки имрӯз гумоштаҳои Амрико ҳастанд, рост меояд.

Ба фикри теъдоде аз нозирон, режимҳои муттаҳид бо Вошингтон дар минтақаи араб ҳақ доранд, ки аз ояндаи худ дар партави тамоюли умумии Амрико, ки дар замони Барак Обама оғоз шуда, дар даврони Трамп давом кард ва дар замони маъмурияти Байден идома дорад, битарсанд.

Чӣ қадар ҳокимони мусалмон худро ба хидмати самимонаи Амрико бахшиданд, вале аз ӯ ҷуз хиёнат чизе нагирифтанд! Ҳамин тариқ Ҳуснӣ Муборак, бузургтарин далоли Амрико, таҳқир ва аз ҳукмрониаш дур карда шуд. Дар натиҷа Муборак дар ғаму ғуссаи беандоза фавтид. Ҳамин тавр, собиқи раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир, ки ба Амрико бисёр чизҳо дод, аз ҷумла — бо фармони ӯ ҷануби Судонро ҷудо кард, сарнагун карда шуд. Ҳарчанд Амрико ба ӯ ваъдаҳои зиёд дода буд, ҳамааш дурӯғ баромад. Имрӯз ал-Башир ба муассисаи махсуси давлатӣ барои маҳбусони солхӯрда фиристода шуд.

Амрико иттифоқчӣ ё дӯст надорад. Вай аз худи аввал ин сиёсатро пеш гирифта буд, вале бисьёр агентҳояш ибрат намегиранд. Онҳо бовар доранд, ки Амрико абарқудрат аст ва метавонад ба онҳо кафолати бардавомии қудратро диҳад. Аммо поёни ду ҷанги тӯлонитарин дар таърихи вай нишон дод, ки рафтораш тағйир наёфтааст, вай дар лаҳзаҳои муҳим даст кашидан аз агентҳояшро идома медиҳад ва ҳангоми хурӯҷи нерӯҳои худ ба амнияти онҳо аҳамият намедиҳад.

Эй лашкари мусалмонон! Мустамликадор аз ҷумлаи онҳое нест, ки ахду паймон ва созишномаҳои худро риоя кунад, вай ҳокимон ва роҳбарони шуморо танхо ба манфиати худ истифода мебарад ва баъд ба осонӣ аз онҳо халос мешавад. Дар ин бора даҳҳо мисол овардан мумкин аст, аммо ҳокимону роҳбарони шумо аз ин ибрат намегиранд.

Пас чаро шумо чунин вобастагии заифро бо Амрико ва дигар кишвархои куфр бурида намепартед ва ба пайванди мустаҳкам бо Аллоҳ чанг намезанед?! Охир, касе, ки бо Аллоҳ пайваста бошад, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират комёб мешавад. Пас, ин пайвандро дар бунёди Хилофати Рошидаи дуюм таҷассум намоед, ки аз он шумо хушнуд ҳастед ва Парвардигоратон низ аз он хушнуд аст. Танҳо Хилофат ба шумо, имкон медиҳад ки дар ин дунёву охират ба бузургӣ, иззат ва шараф ноил шавед, ва дар таърихи худ саҳифаҳои дурахшонеро сабт намоед, чунон ки ансориён дар замони худ карда буданд!

 

 

Газета «Ар-Рая»

Абдуль-Халик Абдун Али

Маркази Иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Судон

8 Сафара 1443 г.х.

15.09.2021 г.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads