Муносибат бо Асад ҷиноятест, ки ба ҳеҷ ваҷҳ сафед карда намешавад

Муносибат бо Асад ҷиноятест, ки ба ҳеҷ ваҷҳ сафед карда намешавад

Ҷунбиши фаластинии «ҲАМОС» рӯзи чоршанбеи 19 октябр пас аз дидор бо раиси ҷумҳури Сурия тасдиқ кард, ки равобитро бо мақомоти Сурия шурӯъ менамояд.  Ин ҷунбиш пас аз фосилаи 10-сола ин мулоқотро “таърихӣ” номид. (хабар медиҳад “France24” 19 октябри соли 2022).

Дар нахустин мулоқоти ҷонибҳо аз оғози даргириҳо дар Сурия, Халил ал-Хайя, раиси бахши равобити арабӣ ва исломии Ҳамос дар ҳайати ин ҷунбиш бо Башор Асад мулоқот кард.  Ба хайати вакилон як қатор намояндагони гурӯҳи Фаластин дохил шуданд.

Дар нишасти матбуоти, ки пас аз мулоқот баргузор шуд, ал-Хайя изҳор намуд: “Мо бовар дорем, ки ин рӯзи пуршараф барои мо муҳим аст, мо ҳузури худро дар Сурияи азиз аз сар гирифта, ба кори муштараки худ идома медиҳем. Ин як мулоқоти таърихӣ ва оғози нав барои амалиёти муштараки Фаластин ва Сурия мебошад.»

Ар Роя: Шубҳае нест, ки сухан дар бораи наздикшавӣ ва ба эътидол овардани равобит бо режими Асад ба маънои эътидол ва наздикшавӣ бо режими хунини ҷинояткор аст.  Золими Сурия чандин миллион нафар одамонро ба тарки кишвар маҷбур кард, то ҳол мусулмононро қатл мекунад, бар зидди Ислом мубориза мебарад, муқаддасотҳоро таҳқир мекунад, ба номус даст дароз мекунад, кишварро хароб карда, ба кишварҳои мустамликадор содиқона хизмат мекунад. Сухан дар бораи наздикшавӣ бо режиме меравад, ки душмани Аллоҳ, Расулаш (с) ва мӯъминон аст. Ин режими Баасӣ ошкоро даъвои дунявиро дорад ва рабте ба Ислом надорад, бар асоси куфр ҳукм мекунад ва бо ҳаргуна зуҳуроти Ислом мубориза мебарад.  Ин режим то ҳол нисбат ба истилогарони яҳудӣ, ки Фаластин ва Ҷӯлонро тасарруф кардаанд, меҳрубон аст. Ин режим ба пешвои куфр — Амрико содиқ аст ва ба русҳо, ки бо муборизаи худ бар зидди Ислом ва мусалмонон маъруф аст, содиқ будани худро эълон мекунад.

Ба ибораи дигар, он яке аз бадтарин режимҳои диктатории олами ислом аст. Ин режим яке аз душмантарин режимҳо бо Ислом аст, пас, наздикшавӣ ва иттифоқ бо он чӣ фоидае дорад?

Худованди мутаол Муҳаммад (с)-ро, ки шариатро ба мо овардаанд, расули худ интихоб кард, ки инсон бояд зиндагии худро мувофиқи шариат роҳандозӣ кард. Шариат барои он нозил нашудааст, ки дар зиндагии мардум чизи беаҳамият гардад. Аллоҳ ба инсон ҳуқуқ надодааст, ки бо такя ба ақли худ чизеро ҳалол ё ҳаром, дуруст ё ботил кунад. Илова бар ин, ҳатто андаке дур шудани инсон аз шариат гумроҳӣ ва зиёни ошкоро аст. Аллоҳи мутаол мефармояд:

وَأَنَّ هَـذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيماً فَاتَّبِعُوهُ وَلاَ تَتَّبِعُواْ السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَن سَبِيلِهِ ذَلِكُمْ وَصَّاكُم بِهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ

«Ва ин аст роҳи рости Ман. Аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Худо пароканда месозад. Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд парҳезгор шавед!»  [6:153]

Аллоҳи Таоло ба касоне, ки аз шариати Ӯ рӯй мегардонад, азоб ва зиндагии сангин ваъда додааст:

وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكاً وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَى

«Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем«.  [20:124]

Аллоҳи Таоло аз доштани муносибати нек бо ситамкорон, ҳатто аз андаке майл доштан ба сӯи онҳо боздошт:

وَلاَ تَرْكَنُواْ إِلَى الَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ النَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ اللّهِ مِنْ أَوْلِيَاء ثُمَّ لاَ تُنصَرُونَ

«Ва ба ситамкорон майл макунед, ки азоби оташ шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Худо ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад!»        [11:113]

Режими Башор золимтарин режимест, ки ҷиноятҳояш бешумор аст. Пас кадом манфиат метавонад ин режимро аз қонунҳои Аллоҳ болотар гузорад?!  Гузашта аз ин, Худованди мутаол ба мо фармуд, ки низомҳои кунунии кишварҳои мусалмониро аз байн барем ва ба ҷои онҳо Хилофати Рошидаро барпо кунем, ки ҳукмронӣ дар он бо минҳоҷи нубувват сурат мегирад.  Кадом созиш ба ин ӯҳдадорӣ оварда мерасонад?!

Мусулмонон – чи афроди алоҳида бошад ва чи гурӯҳҳои гуногун бояд барои сарнагун кардани режимҳои мустамликавӣ ва истибдод дар кишварҳои мусалмонӣ саъю кўшиш кунанд ва сипас халифаеро интихоб кунанд, ки тибқи Китоби Аллоҳ ва Суннати Расулаш (с) ҳукмронӣ мекунад.  Мо ба ин ноил мегардем, ки агар ба роҳи Расули Худо (с) пайравӣ намоем, ки Он кас ҳеҷ гоҳ ба татбиқи тадриҷии шариат розӣ нашуданд ва ба ҳамзистӣ бо куфр ва низоми онҳо розӣ набуданд!

Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя» рақами 414

1 Робиуссонии соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads