Ҳизби Таҳрир / Индонезия: Конфронси байналмилалии ҳуқуқшиносони мусулмон.
08 октябри 2021
Мусалмонони кишварҳои гуногун аз зулм, қашшоқӣ, куштор, оворагӣ, қатли ом ва ҳамлаҳо азият мекашанд, ҳамон тавре ки дар Роҳинҷа, Уйғур, мусулмонони Кашмир ва Ҳиндустон ҳолат ҳамин гуна аст.
Миллионҳо паноҳандагони мусалмон, тавре дар Сурия, Яман, Фаластин ва дигар кишварҳо дида мешавад, аз шароити бади зиндагӣ дар ӯрдугоҳҳо азият мекашанд ва ҳатто аз ниёзҳои якумдараҷа маҳруманд, Аз тарафи дигар, онҳое, ки мехоҳанд меъёрҳои Исломро пурра риоя кунанд, ба ҷиноят айбдор карда мешаванд, занони мусалмоне, ки либоси Исломӣ мепӯшанд, бо мухолифатҳо дучор мегарданд ва ҳар касе, ки ба даъвати «татбиқи Шариати Аллоҳ дар Давлати Хилофат» машғул мешавад, ба «ифротгароӣ» ва «терроризм» муттаҳам карда мешвад. Бо назардошти ҳамаи ин ва дигар нигарониҳо, Ҳизби Таҳрир Индонезия рӯзи якшанбе, санаи 26-уми Сафари соли 1443 ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 3-юми октябри соли 2021 конфронс бо номи «Конфронси байналмилалии ҳуқуқшиносони мусалмон» ташкил кард. Ҳадафи конфронс дарёфти роҳҳои ҳалли ҳуқуқиву шаръӣ ва пешниҳоди онҳо барои ҷустуҷӯи ҳифзи ҳуқуқии мусулмонони таъқибшуда то расидан ба ин ҳадаф аст.
Дар конфронс як гурӯҳи ҳуқуқшиносон, ҳимоятгарон, мутафаккирон, олимон ва рӯзноманигорон аз Индонезия, Австралия, Малайзия, Яман, Нидерландия, Британияи Кабир ва ИМА иштирок доштанд.
Баррасии хабарҳо рӯзномаи «Ар-Рая»
06.10.2021
ҲT/ Индонезия, Индонезия