Ҳиндустон амалиёти ихроҷи мусулмононро дар Ассам афзоиш медиҳад.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳиндустон амалиёти ихроҷи мусулмононро дар Ассам афзоиш медиҳад.

Доктор Насрин Навоз, мудири шӯъбаи занони Дафтари марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир дар шарҳи ихроҷи ҳудуди 1200 хонавода дар ноҳияи Сибсагар, дар ноҳияи мусалмоннишини Дарранги Ассом гуфт, ки лағви шаҳрвандӣ ва иҷозаи иқомат татбиқи сиёсати назорати аҳолӣ мебошад.

 

Вайрон кардани масҷидҳо, оташ задани хонаҳо ва ихроҷи мардум аз сарзаминҳое, ки хонаводаҳояшон чандин насл зиндагӣ кардаанд, бо сиёсати «тозакунӣ»-и қавмӣ, ки нисбат ба мусулмонони Роҳинҷа дар Мянмар татбиқ шуда буд, аз нав такрор ёфта истодаанд. Аммо то кунун ягон кишваре, аз ҷумла кишварҳои мусалмонӣ, дахолат накардааст, то мусулмонони Ассамро аз сарнавишти бародарону хоҳарони роҳинҷаи худ ҳифз кунад. Ҳокимони мусалмон бошанд, бо суханҳои хушку холӣ ин ваҳшигариҳоро маҳкум мекунанд, айни замон бо режими ҳиндуҳо, ки бар Ислом ва мусалмонон душманӣ мекунанд, робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодиро боз ҳам бештар қавӣ мегардонанд. Онҳо низ ишғол ва ваҳшигарии худро алайҳи мусалмонони Кашмир идома медиҳанд.

Доктор Навоз таъкид кард, ки дар сурати набудани давлате, ки манфиатҳои Ислом ва мусалмононро ростқавлона ва ҳимоя мекунад, яъне бидуни Давлати Хилофати Рошида ҳеҷ гуна ҳифзу кафолати ҳаёти мусалмонон вуҷуд надорад. Воқеан, адолат, амният ва шукуфоӣ, ки мардуми Ҳинд дар тӯли чандсадсолаҳои таҳти ҳукмронии Ислом шоҳиди он шуда буданд. Ин боиси он шуд, ки бисёре аз ҳиндуҳо Исломро пазируфтанд ва авлоди онҳо аз ҷумлаи касоне буданд, ки бар зидди вайроншавии Хилофат дар соли 1924 мубориза бурданд. Вайрон шудани он барои мусулмонони Ҳиндустон ва тамоми ҷаҳон як ҳодисаи даҳшатнок буд. Шубҳае нест, ки мусулмонони Ҳиндустон, Мянма, Туркистони Шарқӣ ва дигар қаламравҳо бидуни бозгашти ин Давлати шариф як рӯз ҳам дар амният, сулҳ, шукуфоӣ ва хушбахтӣ нахоҳанд буд.

 

Шархи хабархои газетаи «Ар-рая».

20.10.2021

Ҳиндустон

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads