Фрэнсис Фукуяма дар бораи интиҳои гегемонияи Амрико сухан ронд.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Фрэнсис Фукуяма дар бораи интиҳои гегемонияи Амрико сухан ронд.

07-уми октябри соли 2021

Ёсихиро Фрэнсис Фукуяма санаи 27-уми ноябри соли 1952 дар минтақаи Ҳайд Парки шаҳри Чикагои ИМА, дар оилаи насли японӣ ба дунё омада, дар муҳити консервативӣ ба воя расидааст. Фукуяма дар авҷи қудраташ ба лагери неоконсервативӣ тааллуқ дошт.

Ӯ яке аз имзокунандагони номае буд, ки пас аз ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001 бо дархости сарнагун кардани режими президенти Ироқ Саддом Ҳусейн ба собиқ президенти ИМА Ҷорҷ Буш ирсол шуда буд.

Соли 1989 маҷаллаи «The National Interest» мақолаи Фрэнсис Фукуямаро бо номи «Анҷоми таърих?» нашр карда буд, ки назарияҳои сиёсии муосирро муаррифӣ мекард. Дар ин мақола ӯ навиштааст: «Таърихи зулм ва режимҳои тоталитарӣ дар ниҳоят бо гузашти Ҷанги Сард ва тахриби Девори Берлин, ки либерализм ва арзишҳои демократияи Ғарбро иваз кардааст, як чизи гузашта мебошад.» Аз соли 2004 инҷониб, Фукуяма мавқеи худро тағйир дод ва ба танқиди ҳамлаи Амрико ба Ироқ ва неоконсерваторҳо оғоз карда, комилан ҷудошавии худро аз онҳо эълон кард.

Соли 2006 Фукуяма бо номи «Амрико дар чорроҳа: демократия, қудрат ва мероси неоконсервативӣ» китобе навишт. Дар он Фукуяма дар бораи мушкилоти таназзули сиёсӣ, — вақте ки давлат ва ниҳодҳои он наметавонанд ба вазъиятҳои нав мутобиқ шаванд, сухан ронд. Ба гуфтаи ӯ, «мошини демократии Амрико сахт осеб дидааст ва болоравии қудрати пулҳои сиёсӣ, таъсири афзояндаи лобби (манфиатдорон) ва нақши муболиғаомези таблиғот дар расонаҳо аз омилҳое ҳастанд, ки системаи демократии Амрикоро таҳриф кардаанд.» Фукуяма дар мақолаи худ таъсири афзояндаи гурӯҳҳои манфиатдор (лоббияҳо)-ро шадидан танқид кард. Ба гуфтаи ӯ, онҳо давлати федералии Иёлоти Муттаҳидаро дар ҳолати бемориҳое, ки ба он гирифтор аст, ба як давлати бе мушак табдил доданд.

Ин муқаддима барои муайян кардани мавқеи нависанда лозим буд, то ҳеҷ кас гумон накунад, ки вай дар байни нерӯҳои чапи Амрико ё душманони Амрико аст. Баръакс, ин шахс яке аз мутафаккирони амрикоӣ аст, ки аз маъруфияти гузаштаи китоби ӯ «Охири таърих ва охирин одам» гувоҳӣ медиҳад.

Ҳоло Фукуяма як мақолаи наверо бо номи «Анҷоми таърих» навиштааст, ки аз он якчанд саволҳо ба миён омадааст:

1 — Амрико муддати тӯлонӣ як қудрати бузург боқӣ мемонад, аммо таъсири он на ба сиёсати хориҷӣ, балки аз он вобаста аст, ки оё вай метавонад бо мушкилоти дохилӣ мубориза барад

2 — Қуллаи гегемонияи Амрико тахминан 20 сол давом кард — аз суқути Девори Берлин дар соли 1989 то бӯҳрони молиявии солҳои 2007-2009.

3 — Дараҷаи якқутбӣ дар он замон дар таърих бесобиқа буд ва ҳоло ҷаҳон ба ҳолати бисёрқутбагии муқаррарии худ бармегардад: Чин, Русия, Ҳиндустон, Аврупо ва дигар марказҳо дар муқоиса бо Амрико қувват мегиранд.

4 — Муаммои ҷиддитарин барои мавқеи ҷаҳонии Амрико муаммои дохилӣ аст: ҷомеаи Амрико ба таври амиқ тақсим шудааст ва наметавонад дар ягон масъала забони муштарак пайдо кунад.

5 — Ин ихтилофот ба тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ таъсир гузоштааст.

6 — Имрӯз, тақрибан нисфи ҷумҳурихоҳон демократҳоро назар ба Русия хатари бештаре ба тарзи зиндагии амрикоӣ медонанд.

7 — Тайван дар сурати ҳамлаи Чин барои сиёсати хориҷии Амрико назар ба Афғонистон як имтиҳони ҷиддитар хоҳад буд. Оё Иёлоти Муттаҳида омода аст, ки писарон ва духтарони худро барои истиқлолияти ин ҷазира қурбон кунад? Ё Иёлоти Муттаҳида ҷуръат мекунад, ки дар сурати ба Украина ворид шудани Русия, бо Русия ба низои низомӣ даст занад? Ин саволҳои ҷиддӣ ҳастанд ва посухҳои онҳо осон нестанд.

8 — Поляризатсия ба таъсири Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ кайҳо зарари ҷиддӣ расонидааст, ба ғайри он зараре, ки озмоишҳои оянда ба мисли Тайван, Украина ва ғайра расониданаш мумкин аст.

9 — Нокомии асосии сиёсии маъмурияти Ҷо Байден дар ҳафт моҳи ҳокимияташ — натавонистани пешгӯии шикасти босуръат дар Афғонистон мебошад.

10 — Байден тасмим гирифт, ки хурӯҷ аз Афғонистон имкон медиҳад дар оянда таваҷҷӯҳро ба ҳалли мушкилоти ҷиддитари Русия ва Чин равона кунад. Умед аст, ки ӯ инро ҷиддӣ қабул мекунад. Барак Обама дар самти Осиё ба муваффақият ноил нашуд, зеро Амрико ба мубориза бо шӯришгарон дар Ховари Миёна тамаркуз карда буд.

11 — Иёлоти Муттаҳида мақоми пештараи гегемонии худро барқарор карданаш номумкин аст ва онҳо набояд барои он саъй кунанд. Он чизе ки онҳо умедворанд, ин аст, ки дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамфикр тартиботи ҷаҳонро, ки ба арзишҳои демократӣ мувофиқ аст, нигоҳ доранд.

Ин бандҳо (ба гуфтаи муаллиф). муҳимтарин ва хатарноканд Вай комилан мавқеъеро дарк мекунад, ки ҷомеаи Амрико дар он қарор дорад. Ҳар як нуқта омӯзиш ва баррасии алоҳидаро талаб мекунад, хусусан масъалаи поляризатсияи дохилӣ ва таъсири он ба муттаҳидшавии ҷомеа дар дохили кишвар, инчунин таъсир ба қудрати муттаҳидсозии сиёсати хориҷӣ дар партави ҷомеаи гуногуншакл (гетерогенӣ), ки ба озмоишҳои хатарноктарин, ба монанди таҳдидҳо аз ҷониби Чин ба Тайван ва аз Русия ба Украина дучор хоҳанд шуд.

Ин мақола, инчунин дигар иқтибосҳо ва китобҳое, ки дар бораи оғози таназзули Амрико сухан меронданд, маънои худро нобуд кардан ё андешаи худкуширо надоранд. Онҳоро бодиққат хондан лозим аст, то фикре пайдо нашавад, ки Амрико тамом шудааст. Вай то ҳол аввалин кишвар дар ҷаҳон аст ва фарқи байни ӯ ва онҳое, ки аз ӯ ақиб мондаанд, хеле бузург аст. Фикри орзуро воқеъ карда нишон додан равиши сиёсӣ нест. Воқеият бояд бодиққат омӯхта шавад ва бояд дарк карда шавад, ки ин гуна мақолаҳои мутафаккирони ғарбӣ дар бораи бемориҳо ва мушкилиҳои асосӣ сухан меронанд, набояд онҳо аз мадди назар дур бошад.

Агар онҳо ислоҳ ва ҳал карда нашаванд, пас оқибатҳо метавонанд ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таъсири зиёд расонанд. Давлати идеологии дорои ормонҳои глобалӣ бо иродаи қавиву қобилият метавонад бо сабаби мушкилоти дохилӣ ва берунӣ, мисли дигар давлатҳо, нобуд карда шавад. Имрӯз Амрико таъсири таҳаввулоти пурқувват ва глобалиро бо ихтилофоти дохилӣ, ки боиси нокомии тағйири қудрат дар интихоботи ахир шудааст, баррасӣ мекунад. Ва ин нокомиро аксар вақт бо он чи дар ҷумҳуриҳои банан (номунтазам, заиф) рӯй медиҳад, муқоиса мекунанд.

Ислом давлати худро бар Ақидаи Исломӣ бунёд кард. Дар моддаи аввали лоиҳаи Конститутсия, ки Ҳизби Таҳрир таҳия ва омода кардааст, чунин навишта шудааст: «Ақидаи Исломӣ асоси давлат аст. Ҳеҷ чиз наметавонад дар сохтори ҳукумат, шакли ҳукумат, мақомоти ҳисоботдиҳанда ё дар ягон соҳаи дигари фаъолияти ҳукумат бе такя ба манбаи Ақидаи Исломӣ вуҷуд дошта бошад. Акидаи Исломӣ асоси Сарқонун ва қонунҳои Шариат аст, аз ин рӯ қобили қабул нест, ки дар онҳо чизе мавҷуд бошад, ки аз Ақидаи Исломӣ дур аст.»

 

Рӯзномаи Ар-Роя

Ҳасан Ҳамдан

22-юми Сафари 1443 ҳиҷрӣ

29.09.2021м

ИМА             Ислом

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads