Бӯҳрони башардӯстонаи Афғонистон боз як муноқишаи нангин барои низоми байналмилалӣ аст

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Бӯҳрони башардӯстонаи Афғонистон боз як муноқишаи нангин барои низоми байналмилалӣ аст

       Дар ҳоле ки як миллион кӯдаки афғон бо таҳдиди марговари гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд ва як миллион афғон аз кӯмакҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад, СММ такаббурона ин бӯҳронро натиҷаи як моҳи охир ба қудрат расидани толибон аст гуфта тахмин мекунад!

Ба ин муносибат дар хабари матбуоти шӯъбаи Занонаи идораи Марказии ахбороти Ҳизб-ут-Таҳрир чунин гуфта мешавад: «СММ дар вақти ҷудо кардани маблағҳои ёрӣ такаббурона фахр мекунад. Ин зуҳуроти нафратовари маданияти капиталистӣ мебошад.  Низоми байналмилалие, ки мардуми мусалмонро мекушад, муқаддасотҳои онҳоро хароб мекунад ва сарватҳояшонро ғорат мекунад ва гӯё ба онҳо кӯмак мекунад, хуб медонад, ки пас аз иҷрои миссияи худ барои комилан суст кардани Афғонистон ӯро тарк кардааст”.

Дар ин баёния суоле матраҳ шудааст: оё агар ҳукумат дар дасти нерӯҳои ғарбпарасти афғон мебуд, тартиботи ҷаҳонӣ ба ҳамин тобиш амал мекард?  Ҳамаи мо дидем, ки СММ ба мамлакатҳои ба ном «ҷаҳони сеюм» бар ивази қабули созишномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ,  системаи ғарбиро ҳамчун тарзи хаёт бор карда истодааст, чӣ тавр ёрии молиявии худро мерасонад.

Масалан, CEDAW ва Созишномаҳои Пекин ба кишварҳои мусалмонӣ бар ивази дастгирии молиявӣ бор карда шуданд.  Дар баёния илова шудааст: «Амрико ҳамин тавр ҷаҳонро идора мекунад: бо менталитети бандитӣ, сарчашмаҳои қудрати давлатҳоро хушк карда, сарвати онҳоро ғорат мекунад. Сипас, давлатро  комилан ишғол карда, онҳоро заиф мегардонад, баъдан ба онҳо озодии шартии дуздидашударо пешниҳод мекунад!  Баъд аз ин, дузд раҳм карда, пораҳои сарвати ғоратшудаи худамонро медиҳад, то ба мо кӯмак кунад!  Мо дидем, ки пулҳои сиёсӣ дар Сурия чӣ кор кард: он василае буд, ки рӯҳияи ҷиҳодиро хотима дод ва мусалмонони самимиро кушт.  Аллоҳи Мутаъол ҳамеша моро аз макри кофирон ҳушдор медиҳад ва Паёмбари Худо (с.а.с.) моро аз пайравӣ ба онҳо боздошт ва фармуд:

لَا تَسْتَضِيئُوا بِنَارِ الْمُشْرِكِينَ

«Бо оташи мушрикон мунаввар нашавед» (Ахмад).

Ва ин аст нафрате, ки аз даҳони онҳо мебарояд дар бӯҳроне, ки худи онҳо даҳсолаҳо пеш ба вуҷуд оварда буданд!

 

 Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».

 27.10.2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads