Боздошти аъзоёни Ҳизби Таҳрир дар Тунис
11 ноябри соли 2022, хадамоти амниятии Тунис даҳ узви ҷамоати Ҳизби Таҳрирро боздошт карданд. Боздошти мазкур дар вақти нутқ кардан дар назди масҷиди «Ал Фатҳ» руй дод, ки дар онҷо ҷамоат ба сиёсати ҳукумати Тунис оиди ба Хазинаи Байналмиллалии Асъор фурӯхташавии Тунис эътироз баён кард. Рӯзи 17 ноябр аъзоёни боздоштшудаи ҳизб бо супурдани огоҳнома озод карда шуданд.
Бахши иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Тунис бо нашри як баёнияи матбуотӣ таъкид кардааст, ки президент Қайс Саид ба мардуми Тунис ваъда дода буд, ки ба дахолати кишварҳои хориҷӣ хотима мебахшад. Оё аз ҳабс кардани аъзоёни ҷамоати мо режими кунунӣ шарм намедорад? Охир, ҳизб ба Уммат воқеиятро мефаҳмонад ва ба ҳоким хотиррасон мекунад, ки роҳи иззат дар пайравӣ кардан ба сиёсати мустамликадори нест, ки охирин аз ғорат кардани сарватҳои кишвари мо ҳаргиз сер намешаванд!
Оё хадамоти махсуси Тунис дарк намекунанд, ки касонеро дастгир карда истодааст, онҳо як душмани маккоррро фош мекунанд, ки сарвати фарзандони онҳоро мехӯраду ба ҳеҷ созиш риоя намекунад?! Магар аҷиб нест, мақомоти вижа касонеро дастгир карда истодааст, ки онҳоро аз домҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор огоҳ карда, дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Боздоштҳо ва кӯшишҳои ҷудо кардани Ҳизби Таҳрир аз мардум аз сиёсати ба гарав гузоштани кишвар ба Хазинаи Байналмиллалии Асъор шаҳодат медиҳад. Ҳизби Таҳрир исрори худро барои озод кардани Тунис аз тасарруфи Ғарб ва фишангҳои нуфузи маҳаллии он ва ҳамчунин талошҳои худро барои таъсиси Хилофати Рошида бар пояи қонунҳои Ислом бештар хоҳад кард.
Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар Роя» №417
22 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.