Ҳокимони мо дар ҷисми уммат унсурҳои бегонаанд.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳокимони мо дар ҷисми уммат унсурҳои бегонаанд.

بسم الله الرحمن الرحيم

Вақте ки чангу хошок ба чашм медарояд, духтурон мешитобанд, ки онро фавран тоза кунанд. Агар кӯдак танга ё ягон чизи ба ин монандро фурӯ барад, вайро фавран ба беморхона мебаранд, то онро барорад ва окибати ин ходисаро бартараф намояд. Агар сӯзанаки ҳиҷоб ба гулӯи зан ё тире ба бадани инсон дарояд, ташкилотҳои махсус ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода, то аз байн бурдани ҷисми бегона ва рафъи паёмадҳои манфии ин ҳодиса назорат мекунанд.

Вақте ки ба як маҷлиси шакли пӯшида шахси бегонае бидуни даъват меояд, ба ӯ ҳамчун меҳмони нохонда менигаранд ва ӯ, агар дурусттар карда бигӯям, як “ҷасади бегона” аст. Ҳеҷ рух надодааст, ки ҷисми бегонае ба бадани шахси солим ё бемор ворид мешавад, фоидаовар бошад, ба истиснои доруи исботшуда ва ё ваксинае, ки пас аз таҳқиқоти густурдаи тиббӣ тасдиқ шудааст.

Аллоҳи мутаъол дар Қуръони карим мефармояд:

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ تَوَلَّوْا قَوْماً غَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِم مَّا هُم مِّنكُمْ وَلَا مِنْهُمْ وَيَحْلِفُونَ عَلَى الْكَذِبِ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

«Оё надидаӣ он касонро, ки бо мардуме, ки Худо бар онҳо хашм гирифта буд, дӯстӣ карданд? Инҳо на аз шумоянд ва на аз онҳо. Ва худ медонанд, ки бардурӯғ савганд мехӯранд.» (58:14)

Қатода гуфт: «Онҳо мунофиқанд, онон, ки ба яҳудиён пайравӣ карданд, на аз шумоянд ва на аз онҳо.» — ва мегӯяд «Мунофиқон на яҳудиён ва на аз мусулмононанд, дар миёни онҳо тардид мекунанд, хабари мусулмонро ба яҳудиён расониданд».

Муқотил ва Саъдӣ гуфтанд: «Ин оят бар зидди ду мунофиқ — Абдуллоҳ ибни Убай ва Абдуллоҳ ибни Набтал нозил шудааст; Яке аз онҳо бо Паёмбар (с.а.в.) менишаст ва сипас ҳама чизро ба яҳудиён хабар медод. Боре Паёмбар (с.а.в.) дар яке аз ҳуҷраҳояшон буданд, гуфтанд, ки ҳоло марде медарояд, ки дилаш хира ва нигоҳаш мисли шайтон аст ва Абдуллоҳ ибни Набтал ворид шуд, ки сиёҳпўст ва қоматпаст буд ва  риши каме дошт. Паёмбар (с.а.в.) аз ӯ пурсиданд: «Чаро ту ва ҳамроҳонат маро дашном медиҳӣ?» Ба Худо қасам хӯрд, ки ин корро накардааст. Сипас Паёмбар (с) ба ў фармуд: «Ин корро кардаӣ!». Абдуллоҳ ибни Набтол рафт ва ҳамроҳи тарафдоронаш баргашт ва онҳо ба Худо қасам хӯрданд, ки  дашном надоданд ва Худованд ин оятро нозил кард».

Ин ба он далолат мекунад, ки ҷисми Уммати Исломӣ пок ва яксон аст ва ҳеҷ аносири бегонаро қабул надорад. Ва агар ҳодисаҳои ғайричашмдошт ба вуқӯъ ояду ягон ҷисми бегона ба бадани пок ва якхелаи он ворид шавад, Уммат барои аз байн бурдани ин ҷисми бегона ва берун карда нобуд кардани он мешитобад. Мунофиқ дар бадани Уммати Исломй як чисми бегонае буда, барои он хатари бузурге дорад ва ба ҳамин сабаб Худованд дар бисёр оятҳои Куръони карим моро аз хатари онҳо хотиррасон карда,  мунофиқонро аз азоби дардноку аламнок огох кардааст:

بَشِّرِ الْمُنَافِقِينَ بِأَنَّ لَهُمْ عَذَاباً أَلِيماً

“Мунофиқонро хабар деҳ, ки азобе дардовар барояшон омода шудаст.”  (4:138)

Худованд моро аз дӯстӣ бо онҳо огоҳ кард:

لَوْ خَرَجُواْ فِيكُم مَّا زَادُوكُمْ إِلَّا خَبَالاً وَلَأَوْضَعُواْ خِلَالَكُمْ يَبْغُونَكُمُ الْفِتْنَةَ وَفِيكُمْ سَمَّاعُونَ لَهُمْ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِالظَّالِمِينَ

“Агар бо шумо ба ҷанг берун омада буданд, чизе ҷуз изтироб ба шумо намеафзуданд ва то фитнаангезӣ кунанд ва барои душманон ба ҷосусӣ пардозанд, дар миёни шумо рахна мекарданд ва Худо ба ситамкорон огоҳ аст!”     (9:47)

Ба ҷисми уммат ашёи бегона – душманони ниҳон ворид гардиданд. Шариат ва далелҳои раднопазир собит кардааст, ки хатарноктарин ашёи бегона, ки дар асри гузашта ба бадани Уммат ворид шудаанд, ҳокимони бадкирдор мебошанд. Ин пас аз хароб шудани Хилофати Усмонӣ бо сабаби тезутунд шудани вазъи сиёсии кишвар, бад шудани вазъи иқтисодӣ ва фазои муташанниҷ дар дохили давлат рӯй дод. Оқибатҳои он ба давлатҳои миллӣ ва зиёндида тақсим шудани сарзаминҳои мусулмонон бурда расонид. Мустамликадорони кофир дар ҳар як пораи сарзамини исломие, ки аз байн рафта буд, гумошта-ҳокими худро ба сари ҳокимият меоварданд, ки касе аз мардум ба онхо савганд ёд намекард. Илова бар ин, ин ҳокимон ба он чи Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм намеронанд, аз ин рӯ онҳо ва гурӯҳҳояшон дар ҷисми уммати исломӣ мисли ҷисмҳои бегонае ҳастанд, ки онро халалдор мекунанд, хароб мекунанд ва дард меоранд.

Ислом ақида, шариат, уммат ва давлатро аз ифлосиҳо пок нигоҳ доштанро муқаррар намуда, моро водор кардааст, ки мавҷуд набудани омили мунофиқӣ назорат кунем, то давлат бар асоси китоби Аллоҳ, Суннат, Иҷмоъ (якдилии саҳобагон)  ва Қиёс (ҳукми қиёс) бо ҳамроҳии иллат (ангеза) бошад. Давлате, ки дар он чизе аз капитализм, сотсиализм, ватандўстӣ ва миллатгароӣ вуҷуд надорад, дустуру қонунҳои он соф Исломӣ мешавад. Давлате, ки қонуни ғайриисломиро иҷозат намедиҳад. Давлате, ки иқтисодаш бар пояи қонуни Шариат мешавад,  афзоиши сарват ва тақсими он бидуни рибо ва дигар найрангҳои ғайриқонунии капиталистӣ ё дигар низоми иқтисод сурат мегирад. Давлате, ки дар он зиндагии иҷтимоъӣ пок бошад, бо омехташавии ҷинсҳои мухталиф, ифротгароӣ, беэътиноӣ олуда набошад, дар он шаъну шараф нигоҳ дошта мешавад, наслу насаб ҳифз мешавад, ҷиноятҳои ахлоқӣ ҳатто шунида намешавад.

Ҳамин тавр, дар сиёсати худ, ғамхорӣ ба мардум, тарзи либоспӯшӣ, нӯшидан ва дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ва ҳамчунин дар арзишҳо, масҷиду муқаддасот низ бояд  бошад. Дар бораи масҷидҳои ин давлат ёдовар мешавем, ки масҷиди Ақсо дар Байтулмуқаддас низ ба таҷзияи яҳудӣ дар тақсимоти муваққативу  фосилавӣ гузашт, чуноне ки дар масҷиди Иброҳим дар Ҳеврон (ал-Халил) сурат гирифт. Дар чаҳорчӯбаи преседенти судӣ,   аз замони ишғоли масҷиди мубораки Ақсо, як додгоҳи марбут ба таҳсилоти яҳудӣ нахустин бор ҳукме баровард, ки ба яҳудиён иҷозат дод, ки дар он ҷо намози хомӯшонаи худро гузоранд, ки ин як таҷовузи ошкор алайҳи Ақсо аст. Ин эълони возеҳи ҷанг аст, ки аз баҳсу мунозираҳои холии сиёсй ва васоятгарии хаёлии ғамхор дар таҷовуз ба муқобили дину муқаддасот вусъат меёбад. Ва ин ба «ҷисмҳои бегона»-и галаи аборигенҳо ва ифротгароён дарҳоро мекушояд, то ин макони поку муқаддасро таҳқир намуда, ҳуҷум ва ҳамлаҳои навро анҷом диҳанд.

Эй лашкари мусалмонон! Фарёдҳои имдод аз масҷиди Ақсо торафт баланд мешавад ва агар гӯшҳоятонро сӯрох карда, ҷасорати шуморо бедор карда бошад, пас ба кӯмаки Ал-Ақсо шитобед. Ҳамчун фотеҳу озодкунанда назди он биравед ва мисли Умару Мӯътасим ва Салоҳиддин бошед, ки ӯро аз занҷири ҷинояткорон раҳо карданд ва бо ин ҳам кифоят накунед!

Ба насиби уммати мо ранҷу зулм, ноадолатӣ ва маҳрумиятҳои зиёд афтод. Бадани вай аз осори ҷисмҳои бегона захмдор шудааст, ки симояшро вайрон карда, устухонҳояшро хӯрда, сар то по такон додааст.

Вақти он расидааст, то маълум кунем, ки кӣ худӣ асту кӣ бегона, кӣ соҳиби хона асту кӣ меҳмони нохонда ва рахнаҳоеро, ки аз он ҷисмҳои бегона ба бадани Уммат ворид шуда, Умматро бемор ва пажмурдаву фарсуда мегардонад, бояд махкам карда бидӯзем.

Хатарноктарини ин ҷисмҳои бегона ҳокимони нопоканд, ки нашъунамои Уммати моро боздоштанд ва онро ақибмонда гардониданд. Онҳо дарҳоро ба рӯи бегонагон боз карданд, ки ӯро ба дараҷае таҳқир ва баднамо карданд, ки ҳоло касе ӯро шинохта наметавонад.

Пас биёед шитоб кунем ба корҳои ҷиддие, ки боиси аз байн рафтани ин ҷисмҳои бегона шавад, то ҷисми Уммати исломӣ сиҳат ёбад ва  ҳамчун дар замони нахустин Хилофати Рошида, ки бо байъат ба вафо ва итоат ташкил шуда буд,  ба даврони пешинаи худ баргардад. Ба итоат ва ҳукмронӣ аз рӯи китоби Аллоҳ ва Суннати Паёмбараш (с.а.в.) ва ба даврони хайру ҷиҳод, фатҳ ва итоати Аллоҳу Расул (с.а.в.) баргардад, ки ҳоким барои Уммат ҷисми бегона намешавад. Ва шитоб кунем, то ин корро ҳамроҳи касоне, ки барои бунёди Хилофати Рошидаи Дуввуми мусулмонон аз рӯи тариқати нубувват бо ҷидду ҷаҳд заҳмат мекашанд ба анҷом расонем, зеро дар он ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират бузургӣ ҳаст. Зуҳуроти ўро Худои Мутаъол ваъда карда, Расули Худо (с.а.в.) пешгўӣ кардаанд.

 

Газетаи «Ар-рая».

Шайх Исом Амир

Фаластин

27.10.2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads