Фарқи “ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар” ва бартараф намудани корҳои нописандида.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Фарқи “ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар” ва бартараф намудани корҳои нописандида.

        Дар тавсифи «ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар» гуфтем: «Писандида — ин ҳар он чизе, ки Шариъат хайр донист ва воҷиб кардааст.  Нописандида – ин ҳар он чизе, ки шариъат нафратовар ва ҳаром донистааст».

Дар мавриди аз байн бурдани нописандида бошад, дар ин ҷо маҳв кардани он, ба он хотима доданро дар назар дошта шудааст.  Ин фаҳмиш аз ҳадиси зерин гирифта шудааст:

مَنْ رَأَى مِنْكُمْ مُنْكَرًا فَلْيُغَيِّرْهُ بِيَدِهِ

 «Касе аз шумо, ки мункар (мазамматшуда, нописандида)-ро бубинад, бо дасти худ дигаргун кунад…»

— яъне, бартараф кунад/боздорад, ки гӯё ин ҳеҷ гоҳ рӯй надода бошад.  Ҳамин тариқ, бартараф намудани нописандида маънои ислоҳи амали Шариъат манъ кардаро дорад.

Фарқи байни «ал-амру бил-маъруфи ван-наҳй анил-мункар» ва бартараф намудани мазамматшуда дар худи моҳияти «ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар» аст.  Охирин танҳо бо суханҳо, бе ягон амал маҳдуд аст.  Масалан, дар «ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар» монеа шудан, задан ва ғайра амалҳои ҷисмонӣ истифода намешавад, дар ҳоле ки бартараф намудани мазамматшуда танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки қувваи ҷисмонӣ низ барои бартараф намудани мазамматшуда (нописандида) истифода бурда шуданаш мумкин аст.  Далели ин ҳадиси Паёмбар (с) аст:

فَلْيُغَيِّرْهُ بِيَدِهِ

«… пас бо дасти худ дигаргун кунад…».

Ҳадис ба истифодаи қувваи ҷисмонӣ дар бартарф/нияти маҳв кардани мазамматшуда иҷозат медиҳад.  Абӯбакр ал- Ҷассас мегӯяд: “Ал-амру бил-маъруфи ван-наҳӣ анил-мункар” ду вазъият дорад:

  • Вазъияте, ки имкони боздоштан/бартараф кардани нописандида вуҷуд дорад. Агар касе тавони боздоштан/барҳам додани мазамматшударо дошта бошад, бо дасти худ анҷом додани он барояш фарз мешавад.  Бартараф кардани мазамматшуда бо даст якчанд роҳ дорад:

А) бо яроқ нест кардан.  Масалан, агар касе тасмим гирифт, ки каси дигарро бикушад ё моли ӯро бигирад ё зино кунад ва ғайра чизҳо монанди ин (вале маълум шуд, ки дар ин ҷо танҳо бо сухан ва ё дасти урён чизеро тағйир дода наметавонад), пас силоҳ истифода мешавад, зеро Расули Худо (с) фармудаанд:

مَنْ رَأَى مِنْكُمْ مُنْكَرًا فَلْيُغَيِّرْهُ بِيَدِهِ

 «Касе, ки аз шумо мункаре (нописандида, мазамматшуда)- бинад, бо дасти худ дигаргун кунад…».

Агар имконияти боздоштан/барҳам додани мазаммат бо дастони урён, бидуни қатли гунаҳкор вуҷуд надорад, пас қатл кардани ӯ фарз мешавад.  Аммо агар шахс майл дошта бошад, ки вазъиятро танҳо бо даст ё сухан ислоҳ мекунад, ба ӯ ҳаром аст, ки гунаҳкорро аз зиндагӣ маҳрум кунад…» 1.

«Ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар» як навъ тадбири тарбиявӣ, сиёсӣ аст, ки мусулмонон тавассути он ба ҳамдигар насиҳат мекунанд2 ва ба чизе, ки манфиат меорад шахсҳо, гурӯҳҳо, ҷомеа ва давлатро ташвиқ мекунанд.  Дар мавриди бартараф намудани мазамматшуда бошад, ин тадбири амалист, ки бо воситаи он ҷомеа аз мункарҳо пок мешавад, гарчанде ки ин кор бо воситаи қувва сурат гирад ҳам.  Ин аз як тараф.

Аз тарафи дигар, агар ба қонуни боздорӣ аз мазамматшуда ва қонуни бартараф намудани мазамматшуда бодиққат назар андозем, мебинем, ки дар мавриди аввал қонун умумӣ (омм) ва дар дуюм — махсус (хос) мебошад.  Фарогирӣ (умум) ва махсус (хусусӣ) бо воқеияти мазамматшуда тавзеҳ мешавад, зеро амали ҳаром метавонад ҳам дар ҳузури мо ва ҳам дар ғайби мо рух диҳад.

Боздорӣ аз мазамматшуда пеш аз пайдо шудани он, ҳангоми мавҷудияти он ва баъд аз нопадид шудани он дар қонуни умумӣ ифода ёфтааст.  Монеа шудан ба  пайдоиши мазамматшуда ё пешгирӣ намудани  дар оянда ба вуқӯъ омадани он дар қонуни хусусӣ ифода меёбад.  Масалан, мусалмон нӯшидани машруботи спиртиро манъ мекунад, новобаста аз он, ки нӯшандаро мебинад ё не.  Аммо вақте мебинад, ки шахс майли нӯшиданро дорад, ӯро аз ин кор бозмедорад.  Вай инчунин нӯшидани машруботро ҳатто дар ҳолате манъ мекунад, ки онро пешгирӣ карда наметавонад ва ё касе онро аллакай нӯшида бошад.

Мавод аз китоб:

«Меъёрҳои шариъат оиди фаъолияти ба писандида фармудан ва аз мазаммат боздоштан». Ал-амру бил маъруф ван-наҳӣ анил мункар.  Ёсин ибн Алӣ.

 

(1).   Китоби “Аҳком ул-Қуръан”-и Абубакри ал-Ҷассас.

(2). Маслиҳати самимӣ, муносибати самимӣ – ќайди тарҷ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads