Фаъолияти гурӯҳ дар воқеияти набудани Давлати Исломӣ.

Фаъолияти гурӯҳ дар воқеияти набудани Давлати Исломӣ.

 

Набудани Давлати Исломӣ дарҳои васеъро барои густариши фасод ва ҳама гуна мазамматшуда (мункар) боз мекунад.

Инсон, новобаста аз он, ки чӣ гуна қобилият, нерӯ, ихлос, дониш дошта бошад, наметавонад бори гарони фаъолияти «ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар»-ро танҳо бар дӯш бигирад ва онро ба беҳтарин тарз анҷом диҳад. Аз ин рў, ин масъулияти бузург бар дўши гурўҳҳо гузошта шудааст, зеро онҳо метавонанд вазъиятро тағйир диҳанд, ҳукмро бар асоси қонунҳои исломӣ баргардонанд, дар симои ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил- мункар воҷиботро барпо кунанд ва ҳамаи инро ба шакли дуруст ва ба талабот мувофиқ иҷро намоянд.

Дар ин маврид масъала ба фаъолияти гурўҳ марбут аст, зеро Худованд дар оят дар бораи гурўҳ мефармояд:

وَلْتَكُن مِّنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُن ْ كَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

«Ва бояд аз байни шумо гурӯҳе бошад, ки ба некӣ даъват кунад, ба писандида бифармояд ва аз мазамматшуда боздорад. Инҳо растагоронанд.”   (3:104)

Дар калимаҳои الْخَيْرِ (некӣ), الْمَعْرُوفِ (корҳои писандида) ва الْمُنكَر (мазамматшуда) اَلْ , (Ал), ки маънои ал-истиғроқро дошта, фарогириро ифода мекунад, истифода шудааст. Оё ин маънои онро дорад, ки барои гурӯҳ ба ҳар як писандида фармудан ва аз ҳар як мазамматшуда боздоштан воҷиб аст? Ҷавоб ба ин савол аз ду ҷониб хоҳад буд:

  • Матнҳои Шаръӣ ба фарқияти хусусияти амалҳо ишора мекунанд. Дар байни амалҳои писандида ва мазамматшуда амалҳое ҳастанд, ки муҳим ва амалҳои боз ҳам муҳимтар низ ҳастанд. Аллоҳи Таъоло мефармояд:

أَجَعَلْتُمْ سِقَايَةَ الْحَاجِّ وَعِمَارَةَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ كَمَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَجَاهَدَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ لَا يَسْتَوُونَ عِندَ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

“Оё об додан ба ҳоҷиён ва иморати Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!” (9:19)

Аз Абӯмуабад ривоят аст, ки гуфт: Аз Ибни Аббос шунидам, ки мефармуд: «Ман шунидам, ки Расули Худо (с.а.в.) дар хутбае чунин мегуфтанд:

لاَ يَخْلُوَنَّ رَجُلٌ بِامْرَأَةٍ إِلاَّ وَمَعَهَا ذُو مَحْرَمٍ وَلاَ تُسَافِر الْمَرْأَةُ إِلاَّ مَعَ ذِي مَحْرَمٍ فَقَامَ رَجُلٌ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّ امْرَأَتِي خَرَجَتْ حَاجَّةً وَإِنِّي اكْتُتِبْتُ فِي غَزْوَةِ كَذَا وَكَذَا قَالَ انْطَلِقْ فَحُجَّ مَعَ امْرَأَتِكَ

«Мард бо зан набояд танҳо бимонад, агар дар паҳлӯяш маҳрам набошад ва зан бе маҳрамаш ба сафар набарояд». Дар ин вакт яке аз ҳозирон бархоста мегӯяд: Ё Расулуллоҳ! Ҳамсарам ба ҳаҷ меравад ва ман ба маъракаи ҳарбӣ номнавис шудам. Расули Акрам  (с.а.в.) фармуданд: «Бирав ва бо занат ҳаҷро адо кун».1

Дар ин ҳадис кори муҳимтар аз муҳим бартарӣ дорад, аз ин рў муҳимтар пеш гузошта шудааст. Вакте ки иштироки мард дар маъракаи ҷанг, бо рафтани занаш ба сафари ҳаҷ бидуни маҳрам дар як замон ба вуқӯъ омад, як кор аз дигараш болотар гузошта шуд.

Аз Анас ибни Молик ривоят аст:

أُقِيمَتِ الصَّلاَةُ وَالنَّبِىُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُنَاجِى رَجُلًا فِى جَانِبِ الْمَسْجِدِ فَمَا قَامَ إِلَى الصَّلَاةِ حَتَّى نَامَ الْقَوْمُ

«[Боре] чун иқомат гуфта шуд, Паёмбар (с.а.в.) дар кунҷи масҷид бо касе сӯҳбатро идома доданд ва ҳатто [баъзе] мардум ба хоб рафтанд, сипас ба намоз бархостанд.» 2.

Дар ривояти дигар омадаас:

لَقَدْ رَأَيْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بَعْدَ مَا تُقَامُ الصَّلَاةُ يُكَلِّمُهُ الرَّجُلُ يَقُومُ بَيْنَهُ وَبَيْنَ الْقِبْلَةِ فَمَا يَزَالُ يُكَلِّمُهُ وَلَقَدْ رَأَيْتُ بَعْضَهُمْ يَنْعَسُ مِنْ طُولِ قِيَامِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَهُ

«Ман дидам, ки чи гуна пас аз гуфта шудани иқомат Паёмбар (с.а.в.) бо марде, ки миёни ӯ ва Қибла истода буд, сӯҳбаташонро идома доданд. Ман дидам, ки ба чанд нафар  хоб ғалаба кард, зеро Паёмбар (с.а.в.) муддати тӯлонӣ бо ӯ истода буданд».3

Дар ҳадис бартарият ба кори муҳимтар дода шудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки аз байни чизҳои муҳим ба он бартарӣ дода мешавад. Аз ин рӯ, Паёмбар (с.а.в.) баъд аз иқомат сӯҳбатро бо он шахс дар як масъалаи муҳими дин, ки аз адои намоз болотар буд, идома доданд.

Ривоят мешавад, ки Паёмбар (с.а.в.) боре ба Каъба нигариста чунин гуфтанд:

لَقَدْ شَرَّفَكِ اللَّهُ وَكَرَّمَكِ وَعَظَّمَكِ وَالْمُؤْمِنُ أَعْظَمُ حُرْمَةً مِنْكِ

«Худованд туро боқадр, гиромӣ ва ба мақоми баланд қарор дод, вале мӯъмин аз ту беҳамтотар аст»4.

Дар ривояти Абдуллоҳ ибни Умар омадааст: «Ман дидам, ки Паёмбари Худо (с.а.в.) ҳангоми тавофи Каъба чунин фармуданд:

مَا أَطْيَبَكِ وَأَطْيَبَ رِيحَكِ مَا أَعْظَمَكِ وَأَعْظَمَ حُرْمَتَكِ وَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ لَحُرْمَةُ الْمُؤْمِنِ أَعْظَمُ عِنْدَ اللَّهِ حُرْمَةً مِنْكِ مَالِهِ وَدَمِهِ وَأَنْ نَظُنَّ بِهِ إِلَّا خَيْرًا

«Чӣ қадар зебоӣ ва бӯи ту чӣ қадар хуш аст; ту чӣ кадар бузургвор ва дахлнопазирии ту чӣ кадар воло аст. Савганд ба Зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, дахлнопазирии мӯъмин дар назди Худо аз ту болотар аст. Инчунин, дахлнопазирии молу ҷони ӯ [аз дахлнопазирии ту болотар аст] ва мо бояд дар бораи мусалмон хуб фикр кунем”5.

Аз Баро ибни Азиб (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с.а.в.) фармуданд:

لَزَوَالُ الدُّنْيَا أَهْوَنُ عَلَى اللَّهِ مِنْ قَتْلِ مُؤْمِنٍ بِغَيْرِ حَقٍّ

«Дар назди Худо нопадид шудани дунё қадре надорад, назар ба ноҳақ куштани мӯъмин»6.

Аз ин рӯ, хароб кардани Каъба ё аз байн рафтани дунё дар назди Худо камтар аҳамият дорад, аз амале, ки дар шакли ноҳақ куштани як мусалмон анҷом дода мешавад.

Ҳамин тариқ, агар мазамматшуда (мункарҳо) дар ҷомеа зиёд шавад ва паҳн шавад, гурӯҳ вазифадор мешавад, ки дар он замон аз рӯи меъёрҳои шариат авлавият ва муҳимтаринро муайян кунад, то фаъолияти худро маҳз бар зидди он  равона созад. Ин маънои онро дорад, ки дар байни амалҳои мазамматшуда (гуноҳ) гунаҳаш вазнинтар ҳастанд ва дар байни амалҳои писандида муҳимтаринашон ҳастанд. Масалан, куштани одами бегуноҳ ҷинояти вазнинтар аз нӯшидани машрубот аст; бозгашти ҳукми Исломӣ муҳимтар аз кўтоҳ кардани канори ҷома аст, ки баъзеҳо дар миёни иҷрои воҷибҳо сарсону саргардонанд. Аз ин рӯ, мусалмон вақте ки ду амали мазамматшударо бубинад, аввал воҷиб мешавад, ки гуноҳаш вазнинтар ва зиёновартар маҳсуб мешавад, тафаккур кунад, онро боздорад ва сипас ба анҷом додани кори дигар пардозад. Агар барои мусулмон воҷиб гардад, ки ду амали хайрро ба ҷо орад ва агар амри дар як замон иҷро кардани онҳо набошад, аввал муҳимтарини онҳоро ба ҷо оварад.

Ҳамчунин  гурӯҳе, ки ба адои якчанд фарз рӯбарӯ шавад ва ҳангоме ки миқдори ҳаром зиёд шавад, бояд бо муҳимтарин корҳо машғул шавад. Яке аз муҳимтарин корҳо дар фаъолияти «ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар» ин аст, ки ҳокимонро зери назорат гирифтан ва дар ҳолати зарурӣ амалҳои мункари онҳоро қатъ кардан аст. Аз Абӯсаид ривоят аст, ки Расули Худо (с.а.в.) фармуданд:

أَفْضَلُ الْجِهَادِ كَلِمَةُ حَقٍّ عِنْدَ سُلْطَانٍ جَائِرٍ

«Беҳтарин ҷиҳод сухани ҳақ аст, ки дар назди ҳокими золим гуфта мешавад»7.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в.) фармуданд:

إِذَا رَأَيْتَ أُمَّتِي تَهَابُ فَلَا تَقُولُ لِلظَّالِمِ يَا ظَالِمُ، فَقَدْ تُوُدِّعَ مِنْهُمْ

«Агар дидӣ, ки уммати ман аз золим метарсад ва ба ӯ намегӯяд: «Ту ситамкорӣ!» Пас некӣ ӯро тарк кардааст!»8.

Аз Паёмбар (с.а.в.) ривоят шудааст:

أَلَا إِنَّ رَحَى الْإِسْلَامِ دَائِرَةٌ فَدُورُوا مَعَ الْكِتَابِ حَيْثُ دَارَ أَلَا إِنَّ الْكِتَابَ وَالسُّلْطَانَ سَيَفْتَرِقَانِ فَلَا تُفَارِقُوا الْكِتَابَ أَلَا إِنَّهُ سَيَكُونُ عَلَيْكُمْ أُمَرَاءُ يَقْضُونَ لِأَنْفُسِهِمْ مَا لَا يَقْضُونَ لَكُمْ إِنْ عَصَيْتُمُوهُمْ قَتَلُوكُمْ وَإِنْ أَطَعْتُمُوهُمْ أَضَلُّوكُمْ قَالُوا يَا رَسُولَ اللَّهِ كَيْفَ نَصْنَعُ قَالَ كَمَا صَنَعَ أَصْحَابُ عِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ نُشِرُوا بِالْمَنَاشِيرَ وَحُمِلُوا عَلَى الْخَشَبِ مَوْتٌ فِي طَاعَةِ اللَّهِ خَيْرٌ مِنْ حَيَاةٍ فِي مَعْصِيَةِ اللَّهِ

«…Ислом дар атрофҳо хоҳад рафт, пас он ҷо бош, ки китоби Аллоҳ он ҷост. Албатта, Китоби Аллоҳ ва ҳокимият  аз ҳам ҷудо мешаванд, пас шумо аз китоби Аллоҳ ҷудо нашавед. Дар ҳақиқат, ба сари шумо ҳокимоне пайдо мешаванд, ки чизеро барои шумо ва дигареро барои худ қарор медиҳанд. Агар ба онҳо нофармонӣ кунед, шуморо мекушанд ва агар ба онҳо итоат кунед, шуморо гумроҳ мекунанд». Аз ў пурсиданд: Эй Расули Худо, мо чӣ кор кунем? Фармуданд: «Ба мисоли Исо ибни Марям пайравӣ кунед, ки бо арра бурида ва ба тахтаҳо  мехкӯб карда мешуданд. Марг дар итоати Аллоҳ беҳтар аз зиндагӣ дар нофармонӣ аст!»9.

  • Мазамматшуда сабаб ва зуҳуроти худро дорад. Агар инсон аз аввал мақсади асосӣ гузорад, ки мункарро маҳв месозад, чизи асосие, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ кунад сабаби пайдошавӣ  аст, на ба зуҳур.  Аз ин рӯ, агар касе ду нафарро бинад, ки яке аз онҳо маводи мухаддир мефурӯшад ва дигаре аз онҳо истифода мебарад, пас бояд корро аз фурӯшанда оғоз кард, баъд бо истифодабаранда, зеро фурӯшанда сабаби ин гуноҳ аст. Ҳамин тавр, гурўҳ  сабаб ва зуҳурро бояд фарқ кунад, то фаъолияти худро ба самти сабаб равона созад, на бар зидди зуҳур.  Он гоҳ қонун барои аз байн бурдани мазамматшуда (мункар) ба таври ҳақиқӣ татбиқ мегардад.

Агар ба ҳолати мусалмонони имрӯза назар андозем, мебинем, ки онҳо дар Дорул-куфр зиндагӣ мекунанд, ки он ҷо ҳукмронӣ бо қонунҳои куфр аст, ҳокимон бо шамшеру оташ ҳукм меронанд. Ҳамчунин мебинем, ки Ислом дар ҳаёти ҷомеа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, дар навбати аввал,  фаъолияти гурӯҳ бояд ба самти даъват ба Ислом, фармони писандида ва парҳез аз мункарҳо нигаронида шавад, то ҳукмронӣ бар пояи қонунҳои Аллоҳ баргардонида шавад ва тарзи зиндагии исломӣ ба воситаи барпо намудани Хилофат аз нав эҳё гардад. Аз Муовия ривоят аст, ки: «Паёмбари Худо (с.а.в.) фармуданд:

مَنْ مَاتَ وَلَيْسَ عَلَيْهِ إِمَامٌ مَاتَ مِيْتَةً جَاهِلِيَّةً

“Касе бимирад, дар ҳолате, ки Имом надошта бошад, бо марги замони ҷоҳилият мурдааст.”10

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфтанд: «Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд:

وَمَنْ مَاتَ وَلَيْسَ فِي عُنُقِهِ بَيْعَةٌ مَاتَ مِيتَةً جَاهِلِيَّةً

«… ва касе, ки  бимирад, дар ҳоле, ки дар гарданаш байъат набошад, ба марги   ҷоҳилият мурдааст» 11.

«Аз “марги замони ҷоҳилият” фаҳмида мешавад, ки ҳолати чунин шахс ба марги одамоне, ки дар замони ҷоҳилият зиндагӣ мекарданд, монанд аст, зеро дар он замонҳои тира, ки арабҳо дар иштибоҳ буданд, дар ҳаёти оммавии онҳо чизе ба унвони Имом вуҷуд надошт, зеро онҳо аз он хабар надоштанд. Ин маънои онро надорад, ки инсон беимон мемирад, ин маънои онро дорад, ки вай гунаҳкор мемирад. Мумкин аст, ки муқоиса дар ҳадис танҳо маънои берунӣ бошад, яъне ба марги ҷоҳилият мемирад, ҳарчанд худаш аз аҳли он замон нест ва ё ин маломат барои ба вуҷуд овардани нафрат (нисбат ба бебайъатӣ) гуфта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки маънои ошкоро ва берунӣ дар назар нест. ”12

Аз Абӯ Умомаи Бахилӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в.) фармудаанд:

لَتُنْقَضَنَّ عُرَى الْإِسْلَامِ عُرْوَةً عُرْوَةً فَكُلَّمَا انْتَقَضَتْ عُرْوَةٌ تَشَبَّثَ النَّاسُ بِالَّتِي تَلِيهَا وَأَوَّلُهُنَّ نَقْضًا الْحُكْمُ وَآخِرُهُنَّ الصَّلَاةُ

«Гиреҳҳои Ислом як ба як кушода мешаванд. Хар боре ки як гиреҳ кушода шавад, мардум ба гиреҳи дигар часпида мегиранд. Аввалин гиреҳи кушодашуда ҳукумат ва охирин гиреҳ намоз хоҳад буд”.13

Дар ин ҳадис ишора шудааст, ки набудани ҳукумати Ислом боиси содир шудани шумораи зиёди гуноҳҳо — ҳатто то тарки намоз мегардад. Расули Худо (с.а.в.) аз нигоҳи амал қонунҳои Исломро бо гиреҳ муқоиса кардаанд, зеро бо ёрии гиреҳ сатил, кӯза ва ғайраро метавон овехт. Гиреҳ барои мукоиса зикр шуд, ки он имкон медихад, ки Ислом ва қонунхои онро амалан нигох дорем. Ҳадис ба тарзе баён шудааст, ки татбиқи Ислом дар ҷомеа ба ҳукумат вобаста аст. Аз ин рӯ, вақте гиреҳи ҳокимият кушода мешавад, гиреҳҳои боқимонда як ба як кушода мешаванд ва гиреҳи охирини намоз кушода мешавад, яъне. намоз тарк карда мешавад.

Аз ин рӯ, вазифаи асосӣ дар самти фаъолияти гурӯҳ сабаб мебошад, на зуҳурот. Алъон, дар замони мо сабаби густариши гуноҳҳо набудани кудрати Ислом аст, аз ин лиҳоз ба гурӯҳҳо воҷиб аст, ки таваҷҷӯҳи худро ба барпои он нигаронанд.

Хулоса, гурӯҳ вазифадор аст, ки ба ҳар як амали маъруф бифармояд ва аз ҳар як мазамматшуда (мункар), мувофиқи қобилият ва авлавиятҳои худ, ки Шариат муайян кардааст, нигоҳ дорад, то вазъи ҳозираро ба таври куллӣ ислоҳ кунад. Агар гурўҳи дорои идеяи универсалӣ (фикри куллӣ) вуҷуд дошта бошад, ки дар навбати худ Исломи комил, фаъолияти комили ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункарро дар бар гирад,  инчунин агар гурўҳ ба чизҳои муҳимтарин таваҷҷӯҳ кунад, таваҷҷӯҳи худро ба авлавият равона кунад, баҳри дигаргункунии решагӣ фаъолият барад, ки мазаммат (мункар) ва сабаби онро аз байн мебарад, пас чунин гурӯҳ вазифаи худро адо карда, худро пок сохтааст. Аз Абдурраҳмон ибни Санн ривоят аст, ки аз Паёмбар (с.а.в.) шунид, ки мефармуданд:

بَدَأَ الْإِسْلاَمُ غَرِيبًا ثُمَّ يَعُودُ غَرِيبًا كَمَا بَدَأَ فَطُوبَى لِلْغُرَبَاءِ قِيلَ يَا رَسُولَ اللَّهِ وَمَنِ الْغُرَبَاءُ قَالَ الَّذِينَ يُصْلِحُونَ إِذَا فَسَدَ النَّاسُ

«Ислом бо ғарибӣ омад ва ҳамон тавре ки омад, бармегардад. Тубо (дарахти неъмат дар биҳишт) — ба ғарибон бод!» Аз Эшон (с.а.с.) пурсиданд: «Эй Расули Худо (с.а.в.), онҳо кистанд?»  Фармуданд: Онҳо ислоҳкунандагонанд, вақте ки мардум вайрон мешаванд.»14.

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ривоят аст:

طُوبَى لِلْغُرَبَاءِ قِيلَ وَمَنِ الْغُرَبَاءُ يَا رَسُولَ اللَّهِ قَالَ أُنَاسٌ صَالِحُونَ فِي أُنَاسِ سُوءٍ كَثِيرٍ مَنْ يَعْصِيهِمْ أَكْثَرُ مِمَّنْ يُطِيعُهُمْ

«Туба (дарахти неъмат дар биҳишт) — барои ғураба!» Аз Эшон (с.а.в.) пурсиданд: «Онҳо кистанд эй Расули Худо?» Ҳазрат (с.а.в.) фармудаанд: «Миқдори андаки солеҳон дар миёни бисёре аз бадкорон. Муқовиматкунандагон аз итоъаткунандагон бештар мешаванд.”15.

 

Мавод аз китоб:

«Меъёрҳои шариат оид ба фаъолият оид ба амри маъруф ва наҳй анил мункар.»

Ал-Амру бил маъруф ван-наҳю анил мункар.

Ёсин ибн Алӣ.

  1. Муслим дар «Саҳеҳ» ва Бухорӣ дар «Саҳеҳ» оварданд.
  2. Муслим дар «Саҳеҳ» ва Бухорӣ дар «Саҳеҳ» оварданд.
  3. Тирмизӣ дар «Сунан» оварда гуфтаанд: «Ин ҳадис ҳасан — саҳеҳ аст.».
  4. Табаронӣ дар «Муҷам-ул-авсат» аз Амр ибни Шуайб овард ва Амр аз падараш ва ӯ аз падараш.
  5. Ибни Моҷа дар «Ас-Сунан» ва ат-Табаронӣ дар «Муснад аш-шамиин» овардаанд.
  6. Ибни Моҷа дар «ас-Сунан» овардаанд.
  7. Абу Довуд дар «ас-Сунан» овардаанд.
  8. Ҳоким дар «Мустадрак» овардаанд.
  9. Табаронӣ дар «Ал-Муҷами Кабир», «Ал-Муҷами Сағир» аз Язид ибни Марсад ва ӯ аз Муоз ибни Ҷабал овардаанд. Аммо Язид ибни Марсад ин ҳадисро аз Муоз ибни Чабал нашунидааст.
  10. Абӯ Осим бо ҳасани санад дар «Суннат», Абӯяло дар «Муснад» ва Ат-Табарони дар «Муҷаму-л-авсат» оварданд. Дар мавриди Аҳмад бошад, дар «Муснад» як варианти каме дигарро овардааст:

مَنْ مَاتَ بِغَيْرِ إِمَامٍ مَاتَ مِيْتَةً جَاهِلِيَّةً

«Касе, ки бе имом мурд, бо марги замони ҷоҳилият мурдааст».

  1. Муслим дар «Саҳеҳ» овардааст.
  2. Китоби «Найлу-л-автар».
  3. Аҳмад дар «Муснад», Ибни Ҳиббон дар «Саҳеҳ» ва Ҳоким дар «Мустадрак» ва ат-Табаронӣ дар «Муҷам-ул-кабир» оварданд.
  4. Аҳмад дар «Муснад», ат-Табаронӣ аз Саҳл ибни Саъди Саидӣ дар «Муҷам-ул-авсат» ва «Муҷам-ас-сағир» оварданд.
  5. Аҳмад дар «Муснад» ва ал-Аҷурӣ дар «Ал-Ғурабау мин ал-муъминин» оварданд.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads