Эрдуғон дар Рум чӣ умед дошт ва чӣ ба даст овард?!
22-юми ноябри соли 2021
Ҳизби Таҳрир/Туркия дар шарҳи натоиҷи мулоқоти Байден ва Эрдуғон, дар ҳошияи нишасти G-20 ва инчунин муносибати таҳқиромези маъмурияти Амрико нисбат ба раисиҷумҳури Туркия менависад:
«Эрдуғон дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо изҳороти рӯякӣ кифоят кард. Дар ҳамин ҳол, Байден аз Туркия ва мулоқот бо Эрдуғон умуман ёдовар нашуд. Ин нишон медиҳад, ки мулоқот барои Туркия натиҷаи қаноатбахш надодааст.»
Дар изҳороти Ҳизби Таҳрир ҳамчунин омадааст: “Шахсиятҳои расмии Туркия ИМА-ро то ҳол ҳамчун “дӯст ва иттифоқчӣ” мебинанд. Аз ин рў, ҳокимони Туркия ба ҷойи ҳифзи манфиатҳои мардуми турк ва мусулмонон, ба хотири ҳифзи тахти худ баҳри манфиатҳои мустамликадорони Амрико ва Ғарб талош мекунанд. Мубориза бо қуввахои мустамликавӣ кори душворест, ки имон, ирода, суботкорй ва нерӯро талаб мекунад. Касе, ки аз Ислом рӯй гардонад, қарордодҳои Аллоҳ нодида гирифта, ба Умматаш пушт гардонад ва ба хотири мартаба ва манофеи дунявӣ ба зиллату мағлубият пазируфта шуда, оё метавонад, мардумони мазлумро роҳбарӣ кунад?
Дар хотима таъкид мешавад: «Бе шакку шубҳа лидерии ҳақиқӣ намешавад, магар дар давлате, ки бар асоси минҳоҷи паёмбарӣ ҳукм меронад. Вақте, ки чунин давлат пойдор гардад, он гоҳ Иёлоти Муттаҳида ва мустамликадори Ғарб ҳақиқати абарқудратиро хоҳанд дид.»
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
17.11.2021