Дахолати боғаразонаи хориҷӣ ба Тунис.
Дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Тунис изҳороте пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: “Агар заъфи табақаи сиёсӣ (ҳукумат ва мухолифин) намебуд, ғарб ба корҳои дохилии Тунис дахолат намекард, ки Ғарбро ситоиш ва хукмронии онро бар мамлакат эътироф мекунад.
Ҳама расмиёти пеш ва баъд аз «рӯзи истиқлол»-и 25 июл, ки ҳокимон анҷом додаанд, паёме ба сиёсатмадорони ғарбӣ буд, ки барои нигоҳдорӣ ё ба даст овардани қудрат пуштибонӣ кунанд. Вақте ки Қайс Саид ба мудохилаҳои хориҷӣ мухолифат кард, вай ин корро танҳо барои он кард, ки онҳо ба нафъи ӯ набуданд».
Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад: «Ин интервенсияҳо (дахолати боғаразона) нишон доданд, ки Ғарб Тунисро протекторати (таҳти ҳимояи худ) худ мешуморад, ки он набояд аз хатти сиёсии барои вай муқарраршуда дур шавад. Онҳо ҳамчунин нишон доданд, ки ихтилофи байни табақаҳои сиёсӣ (ҳокимон ва мухолифин) ҷуз муборизаи нерўҳои беруна барои нуфуз дар кишвар чизе беш нест. Аз ин рӯ, мо — Ҳизби Таҳрир ягон табақаҳои сиёсиро, новобаста аз он ки тарафдори Фаронса, Англия ё Амрико аст, ҷонибдорӣ намекунем, зеро мо бар муқобили ҳама намуди мустамликадорон мубориза мебарем. Мо барои решакан кардани нуфузи мустамликавӣ тавассути тағйироти куллӣ, ки низоми бар мо таҳмилшударо маҳв карда, ҳукмронии одилонаро бар асоси Ислом бунёд мекунад, талош мекунем. Ин ислоҳот ба конститутсия ва сиёсат таъсир мерасонад, инчунин маркази сиёсӣ ва дастгоҳеро, ки системаро муҳофизат мекунад, тағйир медиҳад.»
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
11/10/2021