Тарзи таъсиси Хилофатро на ақл, балки Шариат, муайян кардааст

hizb-tojikiston.info

Тарзи таъсиси Хилофатро на ақл, балки Шариат, муайян кардааст

Тариқати таъсиси бунёди давлат дар Ҳизби Таҳрир хулосаи ақлӣ нест. Баръакс, тариқати таъсиси Хилофатро Шариат муайян мекунад.

Ин роҳ дар сирати Расули Акрам (с.а.в.) аз рӯзҳои аввали даъват то таъсиси давлат ба таври равшан баён шудааст. Паёмбари Худо (с.а.в.) пеш аз барпо кардани давлат дар Мадина ба соҳибони нерӯ ва қудрат, ки ба талаботи давлати он замон ҷавобгӯ буданд, рӯ оварданд. Қабилаи Тоиф, қабилаи Амир ибни Саъсаа, қабилаи Шайбон, Ансор, ки  барои таъсиси давлат дар худ қудрати кофӣ доштанд, Расули Худо (с.а.в.) аз ин қабилаҳо кўмак (талаб ан-нусра) хостанд.

Дар мавриди қабилаҳои заъиф,  Расули Худо (с.а.в.) онҳоро ба Ислом даъват карда, бо ҳамин маҳдуд мешуданд. Дар ин роҳ Паёмбар (с.а.в.) бо душвориҳои зиёд рӯбарӯ шуданд, Эшон (с.а.в.)-ро ронданд, ба Эшон (с.а.в.) шартҳо гузоштанд, сангборон карданд, аммо Расули Худо (с.а.в.) бознаистоданд. Ин истодагарӣ ба воҷиб ва аҳамияти ин кор далолат мекунад. Расули Худо (с.а.в.) тариқати ба даст овардани ҳокимиятро тағйир надоданд, гарчанде ки саҳобагон ба Эшон (с.а.в.) пешниҳод карданд, ки бо мушрикони Макка ва ё бо қабилаи дигар ҷанг карда, қудратро аз онҳо бигиранд.

Бале, саҳобагон қаҳрамони ҳақиқӣ буданд, онҳо аз ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ наметарсиданд, вале Расули Худо (с.а.в.) онҳоро ба ин кор нафармуданд, балки онҳоро ба сабр даъват карданд. Расули Худо (с.а.в.) Мусъаб ибни Умайрро(р.а) барои паҳн кардани Ислом ба Мадина фиристоданд. Мусаб ҳамроҳи якчанд ансор бо кӯмаки Аллоҳ қариб ҳар як хонадони Мадинаро зиёрат карда, ба Ислом даъват карданд ва бо ин васила афкори умумро ба тарафдории ислом ташаккул доданд.  Мусаб (р) супориши Расул (с.а.в.)-ро бомуваффақият анҷом доданд, сипас дар Ақаба байъати дуюм ба амал пайваст ва Паёмбар (с.а.в.) ба сӯи Ансор ҳиҷрат карда, дар он ҷо Давлатро барпо карданд.

Ин тариқати  Шаръии барпо кардани давлат аст ва дар амал мо бояд бо Шариат маҳдуд шавем. Аз ин рӯ, агар мусалмон хоҳад, ки дар бораи намоз ё ҷиҳод маълумот гирад, бояд  дар бораи намоз ва ҷиҳод далелҳои Шаръиро омӯзад. Ҳамчунин, агар бихоҳанд, ки Давлате бунёд кунад, бояд нисбати ин масъала далелҳои Шариатро  омўзанд. Аз ҳаёти Расули Акрам (с.а.в.) рӯшан мебинем, ки Эшон(с.а.в.) дар роҳи бунёди давлат чӣ гомҳое паси сар кардаанд.  Даъватро аз Макка оғоз карда, аз соҳибони қудрат ёрӣ (талаб ан-нусра) хостаанд, пас аз майли афкори умум ба тарафи Ислом, аз онҳо  байъат гирифтаанд.

Тариқати Ҳизби Таҳрир дар бунёди Хилофати дуввуми рошида комилан аз тариқати Шаръии таъсиси давлат гирифта шудааст. Аз ин рӯ, Уммати Исломӣ, артиши он ва соҳибони қудрат вазифадоранд, ки бо Ҳизби Таҳрир ҳамкорӣ кунанд. Он гоҳ якҷоя адолатро миёни мардум пойдор месозем, Уммат мавқеи шоистаро ишғол мекунад ва пешво мешавад. Ва аз хама муҳимаш ба ризогии Аллоҳ ноил мегардем.

 

Газетаи «Ар-Роя».

06/08/2022

Хилофат тафаккур.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads