Онҳое, ки Ғаззаро ба нобудӣ раҳо карданд бар зидди ишғол муқовимат карда наметавонанд
Рӯзҳои наздик раисиҷумҳури Туркия Р. Т. Эрдуғон дар 12 соли ахир нахустин бор аз Миср дидан карда, бо раисиҷумҳури Миср Ас-Сиси мулоқот намуд. Дар робита ба ин хабар дафтари иттилоотии Ҳизб-ут Таҳрир дар Туркия як баёнияи матбуотӣ нашр кард. Дар ин баёния гуфта мешавад:
«Ин сафар ба нафъи Туркия, Миср ва ё ин ки мардуми Фаластин нест. Ҳарду раҳбар бори дигар тасдиқ карданд, ки онҳо ба нафъи манфиатҳои Амрико дар минтақа кор мекунанд. Дар ин дидор Эрдуғон аз талошҳои раисиҷумҳур Ас-Сиси, ки гузаргоҳи Рафаҳро дар тӯли чанд моҳ баста нигоҳ дошта ва ба ин васила мардуми Ғаззаро ба гуруснагӣ дучор кардааст, изҳори сипосгузорӣ намуд. Эрдуғон бори дигар нотавон будани худро нишон дод ва собит кард, ки ибораи «ҷаҳон аз панҷ бузургтар аст» чизе беш аз лофу гузоф нест. Миср ва Туркия ду кишваре ҳастанд, ки барои пешбурди манфиатҳои минтақавии ИМА талош меварзанд, бинобар ин, онҳо куштор ва наслкушии давомдори яҳудиёнро танҳо ба Нетаняҳу нисбат медиҳанд. Эрдуғон ва Сисӣ бо ташаббуси Амрико якдилона таъкид мекунанд, ки ҳалли мушкили Фаластин ин дар таъсис кардани «ду давлат» нуҳуфта аст. Онҳое, ки Ғаззаро ба нобудӣ раҳо карданд бар зидди ишғол муқовимат карда наметавонанд. Аллоҳи бузург мефармояд:
أَلَا إِنَّهُمْ هُمُ الْمُفْسِدُونَ وَلَكِنْ لَا يَشْعُرُونَ
«Бидонед, ки онон ҳамон фасод кунандагонанд, вале онҳо намефаҳманд» (2:12).
Маҷаллаи Ар-Роя
18 Шаъбони соли 1445 ҳ.