Капитализм камбағалиро ба вуҷуд меорад ва камбизоатонро мекушад, Хилофат бошад – давлати бидуни қашшоқон аст

Ҳизби Таҳрир Тоҷикистон

Капитализм камбағалиро ба вуҷуд меорад ва камбизоатонро мекушад, Хилофат бошад – давлати бидуни қашшоқон аст

Бо рушди технология ва воситаҳои электронии алоқа дарки рӯйдодҳо дар байни одамон босуръат паҳн мешавад. Онҳо ҳақиқати сохти капиталистӣ ва нақши ифлоси ҳукуматҳоро, ки он дар ғорат кардани сарвати халкҳо бар нафъи капиталистон ва одамони тавоно мебошад, фаҳмиданд.

Дунё ба чунон вартае ғӯтида рафтааст, ки ҳоло бо лафзи “камбизоат” тавсиф кардани ҳолати одамон ғайриимкон аст, аз ин рӯ тавсифи дақиқтаре бештар – камбизоатии шадид, яъне бо норасоии вазнини эҳтиёҷоти асосии худ тавсиф шудани ҳолати одам истифода мешавад

Соли 1995 СММ бар асоси стандарти Бонки Ҷаҳонӣ муайян намуд, ки қашшоқон – онҳое мебошанд, ки  «ба ҳисоби камтар аз як доллар дар як рӯз зиндагӣ мекунанд», аммо Бонки Ҷаҳонӣ бо дарназардошти болоравии нархҳо дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳадди ниҳоиро то 1,25 доллар дар як рӯз боло бурд. Истилоҳи «камбизоатии бисёрҷанба» низ пайдо шудааст, ки маънои набудани яке аз ниёзҳои инсон (масалан, надоштани имконияти ба даст овардани оби тоза ё таҳсил) ҳангоми таъмини ниёзҳои боқимондаи ӯро дорад. Инро, масалан, дар Лубнон дида мешавад, ки дар онҷо барқ ба муддати дароз қатъ карда шуда, инчунин норасоии доруҳо  мушоҳида мешавад. Ба ин хабарҳои бисьёре ишора мекунанд, ки вазъиятро дар мамлакат тавсиф менамоянд.

Дар бораи он ки капитализм қашшоқиро  ба вуҷуд меоварад, ин аз он сабаб ин тавр аст, ки тариқати паҳн кардани идеологияи капиталистӣ мустамликадорӣ мебошад. Давлатҳои абарқудрат мамлакатҳоро ишғол намуда, халқҳои онҳоро ғулом месозанд, сарвату неъматҳои онҳоро ғорат намуда,   ба  одамон танҳо душвориву маҳрумиятҳо мегузоранд. Якчанд мисол меорем: собиқ президенти Фаронса Жак Ширак гуфта буд: ««Бе Африқо Фаронса ба як кишвари ҷаҳони сеюм табдил меёфт». Президенти собиқи ИМА Трамп дар бораи ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форс сухан намуда, пайваста такрор мекард: «Онҳо бояд пардохт кунанд ва пардохт кунанд». Ҷо Байден  ҳайати вакилонро ба Арабистони Саудӣ фиристод, то воридшавии нафт ба Амрико бо ҳамон нархҳое, ки қабл аз ҳамлаи Русия ба Украина буд, таъмин карда шавад.

Нигер фақиртарин ва нозуктарин кишвари ҷаҳон мебошад. Аҳолии он дар торикии комил умр ба сар мебарад, дар ҳоле ки Фаронса 35%  ниёзҳои худро ба нерӯи ҳастаӣ аз ҳисоби ин мамлакат таъмин мекунад ва 75%  нерӯи барқи худро истеҳсол  мекунад.

Акнун нисбати он ки капитализм камбағалонро мекушад. Ин факт ба пойдевори мабдаъи капиталистӣ гузошта шудааст, ки муаммои иқтисодиро нодуруст, яъне ҳамчун норасогии доимии мол ва хизматрасонӣ, ки эҳтиёҷоти сершумори инсониро таъмин менамояд, муайян мекунад. Ин соли 1798 дар назарияи малтузиании аҳолӣ ифода ёфта буд, ки дар он гуфта мешавад: «Аҳолӣ бо прогрессияи геометрӣ афзоиш меёбад, молу хизматрасонӣ бошад бо пайдарпаии ададӣ афзоиш меёбад, ки ин зарурати кор бурданро барои кам кардани шумораи аҳолии рӯи замин аз ҳисоби ҷангҳо ва паҳн кардани эпидемияву бемориҳо ба миён меорад». Чунин нуқтаи назарро файласуфи амрикоӣ Ҳаррет Ҳардин дар назарияи «Этикаи қаиқи наҷотбахш» баён карда буд. Дар он чунин гуфта мешавад: ҳуқуқ ба зиндагӣ  бояд ба онҳое, ки эҳтимоли бештари зинда мондан доранд, яъне ба «ҷаҳони пешрафта» дода шавад. Дигаронро, яъне «дунёи сеюми камбағал»-ро, бояд бимонд то  ғарқ шаванд.

Бинобар ин, капитализм бо дасти ҳокимони хоин ва мансабдорони фасодкор қашшоқиро ба вуҷуд оварда, камбағалонро мекушад. Грэм Ҳенкок дар китоби машҳури худ «Хоҷагони камбизоатӣ» навиштааст: «Миллиардҳое, ки кишварҳои сарватманд барои кӯмак ба камбизоатон ҷудо карда буданд, барои маблағгузории лоиҳаҳои даҳшатоваре рафтанд, ки бо харҷҳои азим муҳити атрофро хароб ва ҳаёти одамонро  нобуд карданд; зулми бераҳмонаро дастгирӣ ва қонунӣ гардониданд; ба пайдоиши бюрократизми византиягӣ, ки бо легионҳои мунофиқони худпараст ҷиҳозонида  шудаанд, саҳм гузоштанд; ва ҳатто як синфи томи паразитҳои имтиёзнок ва соҳибқудратро ба вуҷуд оварданд. Вақти он расидааст, ки хоҷагони камбизоатӣ бираванд».

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае меоем, ки маҳз мамлакатҳои капиталистӣ ва муассисаҳои мустамликавии онҳо, инчунин сиёсати молиявию иктисодӣ қашшоқиро ба вуҷуд оварда, камбағалонро мекушанд. Дар шароити капитализм сатҳи камбизоатӣ аз 4,8%-и соли 2019 то 9,1% дар соли 2020 боло рафт. Яъне шумораи камбизоатон аз 1 миллиарду 300 миллион нафар гузашт. Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид аз моҳи октябри соли 2021, сиёсати изолятсиякунӣ дар партави пандемияи коронавирус ба он оварда расонд, ки аз 143 то 163 миллион нафар  рӯйхати камбизоатони ҷаҳонро пур намуданд. Дар айни замон гузоришҳои дигар нишон медиҳанд, ки афзоиши шумораи камбизоатон 580 миллион нафар хоҳад буд.

Таърифи дақиқи камбизоатӣ, аз ин рӯ, идроки муаммои иқтисодӣ дар Ислом ниҳон аст. Камбизоатӣ аз назари Ислом — ин қонеъ карда натавонистани ниёзҳои асосии инсон аз қабили хӯрока, сарулибос ва манзил, инчунин дар таъмини бехатарӣ, саломатӣ ва маориф барои ҷомеъа, то ҳар як одам имконияти аз ин хидматҳо истифода бурданро дошта бошад. Ҳамин тавр, муаммои иқтисодӣ дар тақсимоти боигариҳо мебошад, на дар эҷод ва афзун гардондани он, то ки ба ҳамаи одамон қонеъ гардондани эҳтиёҷоти асосӣ ва имконияти қонеъ гардондани эҳтиёҷоти дуюмдараҷа кафолат дода шавад. Дар ҳадисе, ки Аҳмад истинод кард ва Аҳмад Шокир саҳеҳиро тасдиқ намуд, аз Усмон ибни Аффон (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:

كُلُّ شَيْءٍ سِوَى ظِلِّ بَيْتٍ، وَجِلْفِ الْخُبْزِ، وَثَوْبٍ يُوَارِي عَوْرَتَهُ، وَالْمَاءِ، فَمَا فَضَلَ عَنْ هَذَا فَلَيْسَ لابْنِ آدَمَ فِيهِ حَقٌّ

«Фарзанди Одам ба ҷуз сояи хона, як пора нон, либос барои пӯшондани он чизе, ки дигарон набинанд ва об дигар ба чизе ҳақ надорад».

Инчунин ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:

مَنْ أصْبَحَ مِنْكُمْ آمِناً في سربِهِ، مُعَافَىً في جَسَدِهِ، عِنْدَهُ قُوتُ يَوْمِهِ، فَكَأنَّمَا حِيزَتْ لَهُ الدُّنْيَا بِحَذَافِيرِهَ

«Гуфтан мумкин аст, ки тамоми дунёро ҳамоне аз шумо соҳиб шудааст, ки субҳро бо қалби ором, дар ҳоли сиҳату саломат будан ва ғизои кофие, ки барои як рӯз мерасад пешвоз гирифт» (Тирмизӣ).

Аммо капитализм дар баробари ба вуҷуд овардани қашшоқӣ ва куштани камбағалон, инчунин арзиши зиндагиро зиёд мегардонад, ки ин ба қашшоқ шудани одамони нав меорад, дар ҳоле ки меъёрҳои исломӣ аз болоравии нархҳо пешгирӣ мекунанд. Пас, сиёсати капиталистӣ чӣ тавр камбизоатонро мекушад?

Якум, бо роҳи хусусигардонӣ. Ин ба моликияти хусусӣ додани тамоми сарватҳои мамлакат, яъне ба капиталистон додани имконият барои соҳиб шудан ба тамоми сарватҳои миллат. Чунин сиёсат ба он оварда мерасонад, ки бисёр одамон аз дастрасӣ ба сарватҳо маҳрум карда мешаванд, зеро онҳо рақобатпазир нестанд. Ҳамин тавр, капиталистҳо сарватҳоро ба даст оварда, сипас барои зиёд кардани фоида тавассути баланд бардоштани нарх кор мекунанд. Ислом бошад сарватро ба се категория тақсим кардааст: моликияти давлатӣ, моликияти ҷамъиятӣ(умумӣ) ва моликияти хусусӣ. Дар айни замон ҳамаи одамон метавонанд, бидуни зарар овардан ба манфиатҳои ҷамъият, соҳиби сарват шаванд ва аз онҳо истифода баранд.

Дуюм, тавассути ҷаҳонишавӣ(глобализатсия)-и иқтисодӣ, яъне ҳаракати озоди сармоя, мол ва хизматрасонӣ бидуни гузоштани маҳдудият ба онҳо. Ин маънои онро дорад, ки бузургҷуссаҳои иқтисодӣ ба воситаи қитъаҳо ва уқёнусҳо ба он ҷое, ки ашёи хоми арзон мавҷуд аст мекӯчанд, то дар он ҷо корхонаҳои худро бунёд кунанд ва қувваи кории арзонро истисмор намуда, баъдан маҳсулотро ба бозорҳои калон бидуни маҳдудият содир кунанд. Айни замон Ислом дар муомилоти тиҷорӣ байни кишварҳо ва воридоти сармоя тавре маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунад, ки мувозинат ба нафъи шаҳрвандони худаш бошад.

Сеюм, ба воситаи китҳои молиявӣ, ки бо роҳи муттаҳид кардани ширкатҳо ва фурӯ бурдани ширкатҳои хурд аз тарафи бузург ҳаракат мекунанд, саноатро зери назорат гирифта, онро монополия ва дар дасти худ сарҷамъ менамоянд. Ҳамин хел онҳо ба трестҳои бузурге табдил меёбанд, ки молҳо ва нархҳоро назорат мекунанд. Ислом бошад монополия карданро манъ мекунад.

Чорум, ба воситаи гумрук, андоз ва акцизхо, ки принтсипи асосии воридот дар мамлакатҳои ба идеологияи капиталистӣ асосёфта мебошанд, зеро онҳо қариб 90 фоизи даромадро ташкил медиҳанд. Ин, бешубҳа, боиси баланд шудани нархи молу хизмат мегардад. Айни замон дар Ислом принсипе, ки дар ҳадис баён шудааст, татбиқ мешавад:

لَا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ صَاحِبُ مَكْسٍ

«Боҷгир ба биҳишт дохил намешавад» (Абӯ Довуд)

Панҷум, тавассути қарзҳои фоизӣ, ки давлат аз баъзе муассисаҳо мегирад ва имкони баргардонидани онро надорад, зеро асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (АТИ) аксаран сохтаанд,  қарз додан бошад — аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ  нест. Бо ибораи дигар, давлат аз ӯҳдаи баргардонидани қарзҳо баромада наметавонад, бинобар ин ба созишномаҳое розӣ мешавад, ки ретсептҳои марговар ҳамроҳаш аст, чуноне ки ин кор дар Судон ва дигар кишварҳо ҷой дорад.

Шашум, тавассути пулҳои боваринок (пуле, ки бо тилло ва нуқра таъмин нашудааст), инчунин бо роҳи бастани онҳо ба доллар. Ин яке аз воситаҳои самарабахштарини хору зор ва қашшоқ гардондани халқҳо мебошад. Давлат барои пардохти маош ва дигар ӯҳдадориҳои пулӣ чопи коғазҳоро идома медиҳад, асъори миллӣ бошад арзиш ва қобилияти харидории худро гум мекунад. Яъне талош ва пасандозҳои мардум барабас мераванд. Айни замон дар Ислом тилло ва нуқра асоси пули нақд мебошанд, ки он ҳуқуқи мардумро ҳимоя мекунад.

 

Хилофати Дуюми Рошида бо тариқати нубувват, ки бо хости Аллоҳ ба наздикӣ бармегардад, қашшоқӣ ва сабабҳои онро аз байн мебарад, одамонро аз низоми хасису тамаъкори капиталистӣ муҳофизат мекунад, қонеъгардонии ниёзҳои асосии тамоми мардумро таъмин намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки сарватро бевосита аз манбаъҳои худаш — савдо, хоҷагии қишлоқ, саноат, чорводорӣ, моҳидорӣ ва гайра ба даст орад.

Аммо ҳар касе, ки бо ин корҳо бо ягон хел  сабаби узрнок машғул шуда  наметавонад, Хилофат ӯро бино бар қонуни шариат аз даромадҳои хазинаи давлат (Байтулмол) таъмин менамояд. Ҳамин тавр, Хилофат  давлати бидуни қашшоқ мешавад. Дар гузашта Хилофат аллакай чунин намуна нишон дода буд, чуноне ки шарқшиносон дар ин бора шаҳодат медоданд. Онҳо  зиндагии мусалмонҳоро тавсиф намуда, гуфтаанд, ки пули садақа пеши дари масҷид гузошта мешуд, аммо камбағале ёфт намешуд, ки ба онҳо ниёз дошта бошад. Дар давлати Хилофат ҳам мусалмонҳо ва ҳам ғайримусалмонҳо таъмин ва хушбахт буданд.

 

Газетаи «Ар-роя»

Носир Ридо

Сардори шӯъбаи марказии алоқаҳои Ҳизб ут-таҳрир дар Судон

13 шаъбони 1443 ҳиҷрӣ

16.03.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads