Ислом бар хилофи капитализм дар байни субъектҳои давлат ҳеҷ тафовуте намегузорад
16.01.2022
«Партияи халкии Покистон» дар музофоти Синд аксариятро ташкил медиҳад ва он ба интиқоли маблағ аз шаҳри Карачӣ ба дигар шаҳрҳои музофот шурӯъ кард. Карачӣ, ки зиёда аз 23 миллион нафар аҳолӣ дорад, тараққиёти маркази музофотро бозмедорад.
Дар навбати худ Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Покистон изҳороте нашр кард, ки дар он гуфта мешавад: «Минтақаҳое, ки дар ташаккули ҳукуматҳои минтақавӣ ё миллӣ нақши бузург надоранд, сарфи назар аз шумораи зиёди аҳолӣ, суст тараққӣ мекунанд.»
Дар изҳорот минбаъд гуфта мешавад: “Ислом дар тақсими манобеъ, таъмини маводи ниёзи аввалиндараҷа барои зиндагӣ ва рушди шаҳрҳо ба табъиз (нобаробарӣ) роҳ намедиҳад. Халифа ҳақ надорад, ки ҳар панҷ сол байъат ба умматро тамдид кунад ва ё овоздиҳиро аз нав ташкил кунад, зеро ӯ ба шарти татбиқи Ислом то охири умр Халифа боқӣ мемонад, Ҳамин тариқ, дар Ислом тамоми роҳҳои найранги афроде, ки дар давлат аксариятро доранд, баста шудааст. Айни замон, демократия дар Шарқу Ғарб танҳо бесарусомонӣ ба вуҷуд овард. Ҳама шаклҳои демократия бадиро ба вуҷуд меоранд, бинобар ин вақти дафн кардани он расидааст. Мусулмонони Покистон ҳоло ҳам мунтазири афсарони вафодор ҳастанд, ки бо додани Нусрат ба Ҳизби Таҳрир барои таъсиси Хилофат бо тариқи нубувват онҳоро аз демократия озод кунанд.»
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
01/05/2022