Ироқи нав чуноне, ки Амрико ваъда кардааст

Ироқи нав чуноне, ки Амрико ваъда кардааст

Эрон (28 ва 29 сентябри соли 2022) ба қароргоҳи нерӯҳои мухолифи курд дар минтақаи Эрбил ва Сулаймония бо истифода аз мушакҳои баллистикӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамлаи шадид анҷом дод. Ин бо бомбаборон кардани ҳавопаймоҳои турк мавқеъҳои ПКК, ки ба режими Туркия муқобил аст, дар шимоли Дахук рост омад. Ҳамзамон, рӯзи чоршанбе дар атрофи «минтақаи сабзи» мустаҳкам дар маркази Бағдод ҳангоми фуруд омадани се тири миномёт ба онҷо тирборон шуд. Тир дар наздикии порлумони Ироқ таркид, ки он замон дар он ҷо нишасти интихоби муовини аввали раиси порлумон ба ҷои Ҳаким Замилӣ, ки аз ҷунбиши садриён хориҷ шуда буд, баргузор мешуд.

Дар навбати худ дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Ироқ бо пахши як баёнияи матбуотӣ баромад, ки дар он гуфта мешавад: «Бо вуҷуди ҳама бетартибиҳо дар кишвар мо мебинем, ки чӣ гуна боқимондаҳои иттифоқҳои сиёсӣ барои баргузории ҷаласаи парлумон ва ташкили ҳукумат талош доранд, бидуни дарки вазъият, гуё ин воқеаҳо дар он сӯи уқёнус руй медиҳанд. Ба кишвар ва мардуми он, ки худашон дар онҷо зист мекунанд, парво надоранд. Онҳо ба ташкили ҳукумат ва тақсими мансабҳо манфиатдор мебошанд, ки тавассути он кишварро ғорат мекунанд.  Гузашта аз ин, пас аз изҳороти муовини раиси Бонки марказии Ироқ Аммор Халаф, аз даҳонашон об рехт. Халаф гуфт, ки то 21-уми августи соли равон дар кишвар захираҳои асъори изофӣ мавҷуд аст, ки беш аз 80 миллиард долларро ташкил медиҳад ва интизор меравад то охири сол ба 90 миллиард доллар бирасад. Халаф ҳамчунин афзуд, ки захираи тиллои бонк афзоиш ёфта 30 тоннаро ва дар умум 131 тоннаро ташкил дод.

Аз гуфтаҳои боло ба ҳама маълум шуд, ки ин зӯроварони сиёсй ба хун ва ҳаёти мардуми Ироқ то чй андоза беэътино ҳастанд. Ин зӯроварон аз тарафи истилогарони Амрико соли 2003 маъқул дониста шуда буд ва он то имрӯз идома дорад.  Истилогарон Ироқи навро ваъда дода буданд ва дар ҳақиқат мо Ироқи навро дидем, вале мо Ироқро дар бесарусомонй дидем, ки дар он ҷо ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир афзоиш ёфтааст, дуздону қотилон ривоҷ меёбанд. Инро аз истилогар интизор буд, ки аз паси худ танҳо бадӣ ва бадахлоқиро боқӣ мемонад.

 

Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя» №412

16 Раби ул аввали соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads