Ҳокимони хонаводаи Саъуд ба сӯи ғазаби Аллоҳ шитофтанд
Ҳокимони мусалмон имрӯз бо он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, ҳукмронӣ намекунанд, бар замми ин, аз вақти тахриби Давлати Хилофати Усмонӣ, ки баъд аз он пешгузаштагонашон ба қудрат омаданд, дар пойгаи девонавор барои расидан ба ғазаби Аллоҳ мусобиқа менамоянд. Онҳо ё кофирон, ё золимон, ё фосиқон ҳастанд ва ё ҳамзамон соҳиби ин ҳама хислатҳо мебошанд, ки Китоби Аллоҳро ба паси худ партофтаанд. Далели ин сухани Аллоҳ аст:
«Ва ҳар кӣ мувофиқи оёте, ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм накунад, кофир аст» (5:44).
Ва инчунин суханони Худованди Мутаъол:
«Ва ҳар кӣ ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм накунад, аз ситамкорон аст» (5:45).
Ва инчунин суханони:
«Ва ҳар кӣ ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм накунад, аз нофармонон аст» (5:47).
Ҳокимони хонаводаи Саъуд аз касони мисли худ бо он фарқ карданд, ки аз ҳама саросематарин нафароне ба сӯи ғазаби Аллоҳ мебошанд. Махсусан, пас аз он ки Муҳаммад ибни Салмон бонуфузтарин шахсият дар миёни аъзоёни ин хонаводаи ҳоким дар идораи кишвари ду Муқаддасот шуд. Гуфтан кифоя аст, ки ӯ ба ворид кардани тағйироти куллӣ дар ҳукмронии хонаводаи Саъуд чи дар сатҳи хонаводагӣ ва чӣ дар сатҳи миллӣ шитоб кард.
Дар сатҳи хонаводагӣ бошад, ду-се сол пеш, ӯ шумораи зиёди шоҳзодаҳоро дар меҳмонхонаи «Ritz-Carlton» дастгир намуда, онҳоро аз мансабҳояшон маҳрум ва як қисми молу мулкашонро мусодира кард. Сипас, агар онҳо ба ҳокимияташ мухолифат кунанд онҳоро бо ҷазоҳои нав таҳдид намуд,. Дар сатҳи миллӣ бошад, ӯ як зумра олимонро боздошт кард, ки бевосита ё бавосита аз чораҳои ӯ дар мавриди барҳам додани «Кумитаи таблиғи некӣ ва пешгирии фасод» ва дар ҷои он таъсис додани як ниҳоде бо номи «Сарраёсати фароғатӣ» дар чаҳорчӯбаи барномаи маъруфи худ «Биниши Арабистони Саъудӣ 2030» изҳори норозигӣ карданд. Бо воситаи он ӯ мехоҳад мардуми Ҳиҷозро ба модели ғарбии ҷомеъа ворид кунад ва онҳоро аз решаҳои амиқи исломӣ дур намуда, фасодкорӣ бикорад. Вай барои додани раводиди туристӣ ба ном «санъаткорон» ва осон кардани шабнишиниҳои фасодкорона барои онҳо иқдоми ошкоро кардааст. Якчанд соҳилҳо дар Баҳри Сурх низ барои истироҳат бо услуби ғарбӣ кушода шудаанд ва дар саросари кишвар маҷмааҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои курортӣ таъсис дода шудаанд. Лоиҳаи охирин меҳмонхонаи курортӣ шуд, ки дар бахше аз кӯҳи Уҳуд, кӯҳе, ки дар он ҷанги Уҳуд сурат гирифтааст, бояд сохта шавад. Паёмбар (с.а.с.) дар бораи ин кӯҳ фармудаанд:
«Уҳуд кӯҳест, ки моро дӯст медорад ва мо ӯро дӯст медорем!»
Ва ин бар замми шартномаҳои бархе аз клубҳои шоҳигарӣ бо футболбозони номдор ба маблағҳои зиёде ва нияти баргузории як мусобиқаи бузурги варзишӣ аст, ки қимати он беш аз ду баробар қимати чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар мебошад!
Саволе ба миён меояд, ки оё мусалмонони сарзамини Наҷду Ҳиҷоз дар баробари таъсири ин мавҷи сареъ ба арзишҳои боқимондаи исломии онҳо беамалӣ карда, бо ҳамин ба дину таърих пайвастшавиашонро заъиф менамоянд?! Инчунин насли наврасро ба тарзи зиндагии ғарбӣ тела медиҳанд то, ки Арабистони Саъудӣ мисли Ироқу Тунис, Мисру Туркия ва дигар кишварҳои мусалмонӣ шавад?!
Посух ба ин дар он аст, ки халқҳои нимҷазираи Араб қисме аз Уммати Исломӣ ҳастанд ва кофирон наметавонанд онҳову дигар халқҳои исломиро аз дину мерос ва имонашон маҳрум созанд. Ҳама кӯшишҳои кофирон дар ин бобат нобарор буданд. Аллоҳ Таъоло Исломро дар Қуръон, Суннат, таърих, шариат (фиқҳ) ва ақида аз нобудӣ ва фаромӯшӣ нигоҳ медорад. Худованди мутаъол фармуд:
«Дар ҳақиқат, Мо Қуръонро нозил кардаем ва Мо нигаҳбонаш ҳастем» (15:9).
Уммати Исломӣ имрӯз дар роҳи худ пешпо хӯрд, вале баъд аз он бо нерӯи боз ҳам бештар эҳё мешавад ва бидуни истисно ҳамаи онҳоеро, ки ба ӯ, ба дину меросаш зиён расонидаанд, ба ҷавобгарӣ мекашад. Пас аз он, ки бузургҷуссаи исломӣ бо изни Аллоҳ дар ояндаи наздик дар симои Дуввум Хилофати Рошида бар минҳоҷи нубувват ба по мехезад, аз касоне, ки писарони ӯро кушта аз хонаҳояшон рондаанд, ба шаъну шараф ва муқаддасоти онҳо даст задаанд, интиқом мегирад. Он чи дар Фаластин ва масҷид-ул-Ақсо ба вуқӯъ меояд, бо вуҷуди сипарӣ шудани сад сол аз ишғоли он, ҳамлаҳои пайваста ва ҳафриётҳое, ки бо онҳо мехоҳанд масҷидро ба хок яксон кунанд, барои мо намуна аст. Мақоми масҷид-ул-Ақсо дар қалби мусалмонон ҳанӯз бузург аст ва ҳар як ҳодисае, ки дар он сурат мегирад, Уммати Исломиро дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ба ҳаяҷон меорад. Ҳатто метавон гуфт, ки он миқёсе шудааст, ки ҳарорати Уммати Исломиро бо он чен карда мешавад. Ин мусалмононро водор менамояд барои нигоҳ доштани мақоми масҷиде, ки «таърихӣ» меноманд талош варзанд ва яҳудиёнро аз ҳар гуна шиддатёбие, ки саранҷоми онҳо мешавад, ҳушдор диҳанд.
Боз як нуктаи дигаре ҳаст, ки ба он бояд эътибор дода оиди ҷузъиёту нишондиҳандаҳои он огоҳиро баланд бардоштан лозим аст. Уммати Исломӣ аз марҳалаи дифоъ ба ҳамла гузашта, имрӯз барои сарнагун сохтани низомҳои ҷиноӣ дар кишвараш ва татбиқ намудани Хилофати Рошидаро дар харобаҳои онҳо, мубориза мебарад. Ин марҳилаи навест, ки ҳокимонро ба эҳсоси тарси доимӣ водор менамояд пас аз он, ки онҳо тамоми қувваашонро барои фалаҷ кардани ҳар гуна ҳаракати сиёсии фаъоли бар асоси Исломро бо ҳар кори аз дасташон меомадаги барои пешгирӣ ё таъхири эҳёи мусалмонон сарф намуданд. Онҳо ба ёрии девҳо аз ҷумлаи муҳаққиқон, мутафаккирон, шарқшиносон ва ғарбиён муроҷиъат карданд. Онҳо артиши ҳаракатҳои миллатгароиву ватандӯстиро, бархе аз ҳаракатҳои исломӣ ва иттиҳодияҳои занонро ба худ ҷалб карда, миллиардҳо доллар сарф намуданд ва дарҳои васоити ахбори умумро ба рӯи онҳо боз карданд. Онҳо ба тағӣир додани барномаҳои таълимии мактабҳову донишгоҳҳо дахолат намуда ҳама чизҳоро хориҷ карданд, ки ба ҳукмронии Уммат, мероси он, ҷиҳод, таърихи пурҷалол, имрӯзи назаррас ва ояндаи дурахшон марбутанд. Вале ҳамаи ин ба онҳо ёрӣ нарасонд, ки ба мақсадҳои пешбинишуда ноил шаванд. Суханони Аллоҳи Мутаъол дар хаққи чунин ашхос то чи андоза дурустанд:
«Албатта, кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд» (8:36).
Имом Табарӣ дар тафсири ин оят фармудааст: «Ин оят бузургтарин андӯҳ ва таассуфоти зиндаҳову ҳалок гардидагонро баён мекунад! Зиндаҳо бошад, молу мулкашон ягон фоида наоварда зоеъ ва беҳуда сарф шуд, ва дар натиҷа онҳо мағлуб, маҳрум ва бечора монданд. Аммо ҳалок гардида кушта шуду молаш ғанимат гардид. Дар натиҷа роҳи ӯ ба сӯи оташи ҷовидонае, ки Аллоҳ барояш омода кардааст, суръат гирифт. Мо паноҳ мебарем ба Аллоҳ аз ғазаби Ӯ».
Уммати Исломӣ имрӯз боғайратона дарҳои Хилофати Рошидаро мекӯбад ва чун бо изни Аллоҳ онҳо боз шаванд, ҳукмронии золимон, ки ашаддитарини онҳо ҳокимони хонаводаи Саъуд мебошанд, барҳам мехӯрад. Хоҷагони кофири ин золимон шикаст хӯрда, сарзаминҳои исломиро абадан тарк мекунанд ва лашкари мусалмонон боқимондаи лашкари шикастхӯрдаи онҳоро таъқиб менамояд. Рум ва дигар пойтахтҳои куфр зери нидоҳои такбирҳо ва ҳамлаи лашкарҳои исломӣ мутеъ хоҳанд шуд. Дар рӯи замин ҳеҷ шаҳру деҳае боқӣ намемонад, ки Аллоҳ дар он ҷо Исломро ё бо бузургӣ ва ё бо хорӣ ворид накунад. Инро ваъдаи Паёмбар (с.а.с.) тасдиқ менамояд, мувофиқи ривояти Тамим ад-Дарӣ (р.а.), ки гуфтааст: «Ман шунидам, ки Расули Аллоҳ (с.а.с.) мефармуд:
«Дар ҳақиқат, ин амал ба ҳар ҷое мерасад, ки ба он ҷо шабу рӯз мерасад ва Аллоҳ ҳеҷ хонае намемонад, чӣ аз гил ва чӣ аз пӯст бошад, то ин динро Ӯ бо бузургии тавоноҳо ва бо хории пастҳо ворид накунад — бузургие, ки Аллоҳ бо он Исломро сарбаланд менамояд ва хорие, ки Аллоҳ бо он куфрро хор мекунад».
Тамим ад-Дарӣ гуфт: «Ман инро дар хонаводаи худ дидам. Ҳар ки аз онҳо Исломро пазируфт, ба некӣ ва иззат ноил шуд ва ҳар ки имон наовард, хору зор шуда ҷизя медод.
«Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!» (12:21).
Газетаи «Ар-Роя»
Исам Амира — Байтулмуқаддас
17 раҷаби 1444 с.ҳ.