Фарқи байни парчами Паёмбар (с) ва парчамҳои Сайкс-Пико чӣ гуна аст?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Фарқи байни парчами Паёмбар (с) ва парчамҳои Сайкс-Пико чӣ гуна аст?

      Саволи мазкурро хонандаи синфи 5-ӯми яке аз мактабҳои шаҳри Ҳусан ба муаллиме бо номи Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ додааст. Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ ба ӯ ва ба донишҷӯёни  дигар  фарқияти байни ин парчамҳоро фаҳмонд.

Вай гуфт, ки парчами Расули Худо (с.а.в.) Умматро муттаҳид мекунад ва парчамҳои созишномаи Сайкс-Пико аз тарафи  Британия, Фаронса ва дигар кишварҳои ғарбӣ таҳия шудаанд, то ки ваҳдати Умматро барҳам дода,  сарзаминҳои онро ба қисмҳо тақсим намоянд.         Аммо ин посух, ки Ислом тақозо дорад ва мавқеъи мусалмони шоистаро баён менамояд, онҳоеро, ки ба мустамликадорон таваҷҷӯҳ менамоянд ва аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунанд ба хашм овард. Дар натиҷа, ду кумита барои нисбати Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ тафтишот бурдан ташкил карда шуд: кумитаи вазорати маориф ва кумитаи идораи маорифи вилояти Байт-Лаҳм. Зиёда аз ин, ҳангоми  аз назди дари мактаб рабуда шудани Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ худи мактабро нерӯҳои амниятӣ иҳота карда буданд.  Пеш аз одамрабоӣ, яъне 17.11.2021, ҳукумат  вуруди худро ба шаҳри Ҳусан бо сионистҳо  мувофиқа карданд.      Сипас, 29.11.2021 ҳукумат муаллими дигареро бо номи Анис Ҳамамра ҳангоме  ки вай ба мактаби наваш, ки ӯро ба он ҷо гузаронда буданд мерафт,   рабуданд. Нерӯҳои амниятӣ ӯро бо ҳамон сабаб рабудаанд, ки Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷро рабуда буданд. Аммо парадокс дар суханони  мудири шӯъбаи маориф ва муовини ӯ ба ҳайати вакилон аст, ки ба Шӯъбаи маориф омада, кирдорҳои хукуматдорон ва Шӯъбаи маорифро маҳкум кард.  Мудири Шӯъбаи маориф гуфт, ки Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ иқрор шудааст, ки байни парчами Расули Худо (с.а.в.) ва парчамҳои Сайкс-Пико фарқият гузаронидааст! Аз ин рӯ, вай ҳарду омӯзгорро (Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ ва Анис Ҳамамро)  бо мақсади  муҳофизат ва нигоҳ доштани ҳаёти онҳо ба мактабҳои нав гузаронид.  Аз кадом вақт фарқ кардани байни парчами Расули Худо (с.в.а.) ва парчамҳои Сайкс-Пико ҷиноят шудааст, ки “иқрор шуд” гуфта шавад?! Ғайр аз ин, шумо киро муҳофизат кардан мехоҳед? Ба ҳаёти омӯзгорон кӣ таҳдид мекунад? Мо бо муаллимону хонандагони мактаби шаҳри Ҳусан ҳамсӯҳбат шудем ва онҳо дар бораи ҳарду муаллим бо меҳр сухан  ронданд! Сокинони шаҳр бошанд, Исломро гиромӣ медоранд ва расму оинҳои онро ситоиш менамоянд, пас ғайри ҳукумат ва посбонони он кӣ метавонад ба ҷони омӯзгорон таҳдид намояд?!       Мо мехоҳем бидонем, ки вазири маориф Марвон Авартаниро дар суханон оиди парчами Расули Худо (с.а.в.) чӣ хашмгин кардааст? Мудири шӯъбаи маориф Насрин Амрро  дар суханҳо оиди  парчамҳо ва сарҳадҳои сиёсӣ, ки пас аз созишномаи Сайкс-Пико ба вуҷуд омадаанд чӣ хашмгин кардааст? Ё ин ки суханони Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ ба барномаи таълимии Фаластин, ки таҳти назорати Исроил ва Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад, мухолиф бошад?       Бигзор онҳо ба мо ҷавоб диҳанд, ки чаро дар барномаи таълимии Фаластин дар бораи парчами Расули Худо (с.а.в.) чизе нест? Чаро аз барномаи таълимӣ дар бораи Холид ибни Валид, Салоҳиддин, ҷанги Хайбар, қарори Саъд ибни Муоз дар бораи Бани Қурайза хориҷ карда шуд? Чаро оятҳо дар бораи ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ хориҷ карда шудаанд?       Чаро ҳукумат намехоҳад ба фарзандони мусулмон фаҳмиши онро расонад, ки сарҳадҳои имрӯзаи байни кишварҳои мусалмонӣ сарҳадҳое мебошанд, ки мустамликадор байни онҳо гузоштааст?! Чаро ба кӯдакон намегӯед, ки дар ҳуҷҷатҳои инглисӣ эътирофи Марк Сайкс дар бораи он аст, ки ӯ масъули тасвирҳои пастсифати парчамҳои арабӣ аст, зеро  онҳоро саросемавор кашидааст??!      Чаро дар барномаи таълимӣ ҳарфе нест, ки озодии Байт ул-Мақдис танҳо бо роҳи ҷиҳод ва муттаҳид шудани Уммат зери роҳбарии як пешво сурат мегирад, ки ин пешво дар асоси қонунҳои Ислом ҳукмронӣ намуда, Умматро ба сӯи барҳам додани «Исроил» мебарад? Чаро дар барномаи таълимӣ таъкид ба ақидаҳо ва арзишҳои ғарбӣ мекунед? Шояд мехоҳед, ки айнияти Исломиро, ки аз бузургӣ ва ваҳдати Уммат далолат мекунад, аз байн бибаред?

      Эй мардуми Фаластини муборак!

Ҷинояткори аслӣ, ки бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад — ҳамон аст, ки мехоҳад фарзандони мусалмонро аз дину парчами Паёмбар (с.а.в.) маҳрум созад. Ҷинояткори аслӣ — ҳамонест, ки кӯдакони мусалмонро тарбия мекунад, то ба сарҳадҳо ва байрақҳое, ки аз созишномаи Сайкс-Пико бармеоянд, эҳтиром дошта бошанд.  Ҷинояткори аслӣ маъмурияти Фаластин ва ниҳодҳои амниятии он аст,  ки  барои несту нобуд кардани халқи Фаластин ба олоти бадӣ табдил ефтаанд. Онҳо амнияти созмонҳои ғарбиро, ки барои вайрон кардани хонаҳои мо ва рондани оилаҳои мо кор мекунанд, таъмин менамоянд. Назаре андохтан басанда аст, то  бубинем, ки низоми маориф ва барномаҳои таълимӣ ба чӣ оварда расонидааст. Назаре андозем, ба институтҳои матбуот ва нақши онҳо  дар паҳн кардани фаҳшо ва таҳрифи арзишҳо ва инчунин назаре андозем ба ниҳодҳои амният, ки ба воситаи бехатарии истилогар табдил ефтааст. Он чизе, ки шумо имрӯз мушоҳида менамоед ин маъракаи муштаракест, ки ҳукумат ва сионистҳо алайҳи муқовимат роҳандозӣ намудаанд. Онҳо умедворанд,  ки рӯпӯш кардани ҷинояткорон, қотилон ва тоҷирони бузурги маводи мухаддирро дар вайрон кардани ҷомеа ва коштани тухми ихтилоф таъмин менамоянд.       Ҳусейн Аш-Шайх ва Ҷибрил Раҷуб изҳор доштанд, ки яроқ ба аслиҳаи муқаррарӣ ва  аслиҳаи муқовимат ҷудо намешавад, онҳо ҳама силоҳ ҳастанд ва ғайра. Аммо дар бораи аслиҳаи ҷинояткорон, қотилон ва тоҷирони маводи мухаддир чӣ гуфтан мумкин аст? Чаро мақомот ва мақомоти амниятии онҳо маъракаи худро бар зидди қотилон, ҷинояткорон ва шахсони бонуфузи олами ҷиноӣ, ки маводи мухаддирро таблиғ менамоянд, роҳандозӣ намекунанд?         Ба мо ҷавоб диҳед, ки чаро Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ ва Анис Ҳамарро боздошт кардед? Шояд ин корро ба хотири онҳое кардед, ки дар шаҳрҳои соҳили Ғарб  ба даъваткунандагони Ислом мухолиф мебароянд?! Дар бораи гумоштаҳо ва қотилон бошад, дастони онҳо дар паҳн намудани фасод дар мамлакат озоданд!

      Мӯҳтарам судяҳо!

Рисолати шумо — барпо намудани адолат ва таъмин намудани ҳуқуқҳои мазлумон мебошад. Мо интизор ҳастем, ки шумоен асбоби дасти ҳукумати фасодзада намешавед. Магар ин ҷиноят, фосиқӣ, итоат ба фармони ниҳодҳои амниятии ноодилона нест, ки бо Ислом ва даъваткунандагони он душманӣ доранд?  Назар ба дигарон шумоен аз фасоди онҳо бештар огоҳӣ доред, пас чаро ҷиноятҳои онҳоро пинҳон мекунед?

Мо аз судяи додгоҳи Байт-Лаҳм мепурсем: чаро аз озод кардани Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷ даст мекашед? Ӯ чӣ ҷиноят содир кардааст, ки то замони навиштани ин мақола ӯро дар ҳабс нигоҳ доранд? Оё даъват ба ваҳдати мусалмонон — ҷиноят аст? Оё гап задан дар бораи байрақи Расули Худо (с.а.в.) — ҷиноят аст? Оё сухан дар бораи нақши Англия ва Фаронса дар тақсимоти олами ислом — ҷиноят аст? Оё  бо донишҷӯён дар бораи нақши гумоштаҳо дар тақсими мусулмонон сӯҳбат кардан — ҷиноят аст?

Чаро ҳамаи шумо ба ҷиноятҳои Вазорати маориф нисбат ба фарзандони мо назар намеандозед? Оё он ба фармони душманони Ислом итоат намуда, ба барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид намесозад, то фарзандони моро аз дини Ислом дур намояд ва арзишҳои ғарбиро ба онҳо талқин кунад? Магар намебинед, ки мақсад аз ҳамаи ин — ҳифзи ишғолгарии заминҳои мо ва абадӣ гардондани мавҷудияти он аст? Оё шумо намебинед, ки дар атрофи шумо чӣ рӯӣ медиҳад?  «Исроил» мисли ҳаштпо афзоиш меёбад  ва президенти ин сохтори ғайриқонунӣ идҳои динии худро дар масҷиди пайғамбар Иброҳим (а.с.) эълон мекунад ва ин барои Ал-Халил оқибатҳои хатарнок дорад. Магар шумоён намефаҳмед, ки кӣ ба «Исроил»  имконият дод, то сохтмони шаҳрчахои худро дар ҳама ҷо вусъат диҳад? Оё маъмурияти Фаластин амнияти худро бо «Исроил» ҳамоҳанг наменамояд? Оё ҳокимони имрӯзаи мусулмонон гумоштаҳои ромшуда нестанд?

     Эй мардуми Фаластини муборак!

Маъмурияти Фаластин, ҳокимони лӯхтак, сохтори сионистӣ, Амрико ва мустамликадорон аз болоравии Ислом хашмгин шудаанд ва бо даъвати он мубориза мебаранд.  Пас дар назди ин мардум овози худро баланд намоед ва бо овози баланд эълон кунед, ки парчами шумо парчами Расули Худо (с.а.в.) аст ва инчунин шумо қисме аз Уммати Исломӣ ҳастед.

Аз хашм пур кардани дилҳои душманони Исломро бо кӯмак намудан ба дини Парвардигоратон тавассути фаъолият барои  барпо намудани Хилофате, ки ҳукмронии Исломро барқарор менамояд ва ба нуфузи мустамликадорон хотима бахшида, Фаластинро озод менамояд, давом диҳед!

وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ ٤ بِنَصْرِ اللَّهِ يَنْصُرُ مَنْ يَشَاءُ وَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ

«Дар он рӯз мӯъминон ба ёрии Худо шод мешаванд. Ӯ ба ҳар касе, ки хоҳад, кӯмак мекунад. Ӯ ғолибу меҳрубон аст» (30:4,5).

 

Ҳизб ут-Таҳрир/Фаластин

26 Джумада ас-сани 1443 с.ҳ

01.12.2021 м.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads