Даври навбатии музокирот оид ба Сурия — ИМА вақтро бурд мекунад
16.01.22.
Моҳи декабри соли 2021 даври 17-уми музокирот барои ҳалли бӯҳрони Сурия дар пойтахти Қазоқистон ба поён расид. Бо назардошти миқдори давраҳо ва солҳое, ки барои онҳо сарф шудааст, гуфтан мумкин аст, ки ин ҳама сарфи беҳуда буд.
Дар наворғалтаке, ки Дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир/Сурия вобаста ба ин гуфтугӯҳо мунташир кардааст, таъкид мекунад: «Ҳадди ақалл, Иёлоти Муттаҳида бо ин даври навбатии гуфтушунид вақтро бурд мекунад. Ин вақт аст, ки Амрико дар он бояд қодир шавад, то сарқонуни навро бар сари Сурия таҳмил кунад ва ҳалли сиёсии худро, ки барои наҷоти система тарҳрезӣ шудааст, ҷорӣ кунад.”
Ҳизби Таҳрир «мардуми инқилоб»-ро даъват кард, ки ҳама конфронсҳоро рад кунанд, чуноне ки зикр шуд, ин конфронсҳо ҷуз талафот, хорӣ ва шармандагӣ чизи дигаре наоварданд. Раиси Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Сурия Аҳмад Абдулваҳҳоб чунин баёнот дод: «Дар маҷмӯъ мусалмонон, бахусус мардуми Шом бояд бидонанд, ки зиндагии онҳоро танҳо қонуне тағйир медиҳад, ки сарчашмааш Ваҳй аст.
Вақте ки ҳукумат бар асоси Ислом буд ва Шариат дар беҳтарин шакл татбиқ карда мешуд, мо бебаҳс пешвоёни бесобиқаи ин ҷаҳон будем. Вакте ки мо дар татбиқи Шариат сустӣ кардем, мо мисли каффи баҳр нотавон шудем ва халкҳо ба мо ҳамла карданд, чуноне, ки дарранда ба сайди худ ҳамла мекунад, душманони Ислом кишварҳоямонро ишғол карданд, сарватҳоямонро ғорат карданд, мардумро ғулом намуданд, зиёда аз ин ба мо нишон доданд, ки чӣ гуна зиндагӣ кардан лозим аст ва қонунҳои худро ҷорӣ карда истодаанд.
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
01/05/2022