Тӯҳфа ба харидор

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Тӯҳфа ба харидор.

Аз Абӯ ал Баро Муҳаммад ибни Алӣ.

Савол: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Шайхи азизи мо! Аллоҳ ба Шумо фикрҳои дурахшон ато фармояд ва барои баровардани қарорҳои дурусттарин ба Шумо ёру мададгор бошад. Мо аз Аллоҳ мепурсем, ки қалби соҳибони қувваро ба сӯи шумо моил гардонад.

Мехостам аз шумо бипурсам, ки баъзан соҳибони мағозаҳо барои ҷалби муштарӣ ба усулҳои гуногуни фурӯши маҳсулоти худ даст мезананд. Масалан, агар муштарӣ ба маблағи 20 динор чизе харад, пас вай имконият пайдо мекунад, ки дар бозии бурднок иштирок кунад. Ин саволҳоро ба миён меорад: оё таблиғи чунин бозиҳои бурднок ҷоиз аст ё манъ аст? Агар соҳиби мағоза харидорро бидуни огоҳии ӯ ба рӯйхати иштирокчиёни бозӣ дароварда бошад, оё гуноҳ бар харидор аст? Ё гуноҳ бар дӯши соҳиби мағоза меафтад?

Худованд шуморо баракат диҳад ва моро ҳарчи зудтар дар Байтулмуқаддас  гирд оварад, то байъат бидиҳем.

Ҷавоб:

Ва алейкум ассалом ва рахматуллохи ва баракотуху.

Мо  ба як саволи ба ин монанд пештар  санаи 14-уми  майи соли 2007 посух дода будем, аз ин рӯ ман ба шумо аз он ҷо ҷавоб медиҳам: “Дар мавриди савдои ғарар, он ботил аст. (асосаш нодуруст аст). Аз ин рӯ, маҳсулоти фурӯхташуда бояд ба харидор маълум бошад. Агар маҳсулот маълум бошад, пас аҳд дуруст аст. Агар маҳсулот номаълум бошад, пас чунин муомилот ботил аст.

Дар мавриди воқее, ки шумо зикр кардед, дар воқеъияти онҳо фарқият вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, онҳо қоидаҳои гуногун доранд:

  • Ба шахсе, ки ягон маҳсулотеро мехарад, чизе аз ҳад зиёд додан ҳадя ҳисоб мешавад, ин дар навбати худ тибқи шариат ҷоиз аст. Аз ин рӯ, чунин хариду фурӯш дуруст аст ва мукофот ҳамчун тӯҳфа ҳисобида мешавад.
  • Ба сифати ҳадя гузоштани ашёҳои маъруф ҳамчун (қошуқ, соати бачагона ва ғайра) ё гузоштани коғаз бо номи тӯҳфа ба маҳсулоти машҳур, то харидор онро ёфта, баргашта биёяд ва тӯҳфаро соҳиб шавад — ҳамаи ин иҷозат аст.  Ниҳоят, агар моли савдошуда маълум бошад, савдо дуруст ҳисобида мешавад. Масалан, баъзан дар рӯймолчаҳои намноки Kleenex тӯҳфаҳо илова карда мешаванд. Шартнома дуруст аст, зеро пардохт барои бастаи Kleenex буд, аз ин рӯ муҳим нест, ки харидор дар он тӯҳфае пайдо кардааст ё не. Дар бораи фурӯшанда бошад, ӯ аслан ӯҳдадор нест, ки ба харидор тӯҳфа диҳад, бинобар ин, агар дар сурати харидан харидор тӯҳфае пайдо кунад, ин аҳдномаи дуруст аст ва агар онро наёбад созиш ҳоло ҳам дуруст боқӣ мемонад.

3) Аммо, фурӯши қуттичаҳои махкамкардашуда савдои «Ғарар» ҳисобида мешавад ва тибқи қонунҳои Шариат мамнӯъ аст.  Зеро,  қуттии сарпӯшаш махкам:

— метавонад холӣ бошад,

— он метавонад дорои ашёе бошад, ки аз маблағи пардохтшуда гаронтар бошад,

— мол метавонад ба маблағи пардохтшудаи нарх баробар бошад,- ва шояд чизи арзонтар аз маблағи пардохтшуда бошад ва ғайра.  Ҳамаи ин ба  савдои «Ғарар» шомил мешавад.

4) Ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои бурдноки маҳсулотҳои дорои рақамчаҳои бурднок, ба дараҷаи бештар нишон медиҳад, ки ин ба бозиҳои ҳаяҷоновар  (азарт, майсир, қимор) марбут хоҳад буд. Охир, кимор он аст, ки ғолиб аз мағлубшуда чизеро ҳамчун ҷоиза мегирад. Ҳамин тариқ, вазъияте, ки ғолиби бурд аз мағлубшуда мегирад, ба қимор ҳисобида мешавад.

Аз ин рӯ, агар як гурӯҳ одамон корт бозӣ кунанд ва ғолибон аз мағлубшудагон чизеро ҳамчун ҷоиза гиранд, пас ин ба қимор шомил мегардад ва ин ҳаром аст. Инчунин, агар ду нафар дар асп, велосипед, мошин ва ғайра бо ҳамдигар мусобиқа кунанд, ва ғолибомада аз мағлубшуда чизеро гирад, пас ин қимор мешавад.

Ё агар якчанд нафар ном ё рақами худро рӯи коғаз навишта,  онро ба як зарф ё сандуқчаи омехтакунанада андозанд ва  қоғазеро бароранд, ки номи касе дар қоғаз бошад, ӯ ғолиб дониста шуда маблағҳои аз ҳама ҷамъовардаро мегирад, чунин амал низ қимор ҳисобида мешавад.

Акнун биёед ба рақамҳои бевосита дар дохили маҳсулот гузошташуда гузарем. Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки тоҷир арзиши бурдро ба нархи мол дохил кардааст. Масалан, ҳамчун ҷоиза 1000 динор лотерея мешавад, аммо барои ин шумо бояд маҳсулот харед ва коғазеро бо рақами 50 пайдо кунед. Ин коғаз дар яке аз бастаҳо дар байни 10 ҳазор адад маҳсулот ҷойгир карда шудааст.  Дар ин сурат арзиши худи бурд ба нархи 10 ҳазор адад мол дохил карда мешавад, ки он ба иловаи 0,1 динор ба нархи ҳар як ашё алоҳида баробар аст. Ҳамин тариқ, ғолиб аз зиёнкорон ҷоиза мегирад ва лаҳзаеро ба назар намегирад, ки то чӣ андоза ҳамаи онҳое, ки ин маҳсулотро харидаанд, аз чунин бозӣ огоҳ буданд.

Шояд гӯянд, ки тоҷир маҳсулотро ба таври оддӣ бе нархҳои иловагӣ ба хотири ҷоиза фурӯхтааст, то фурӯши маҳсулоти худро афзоиш диҳад. Ӯ арзиши ҷоизаро ба нархи маҳсулот зам накардааст.

Ҳатто агар мо тахмин кунем, ки ҳама чиз маҳз ҳамин тарз ба назар мерасад,  бовар кардан душвор аст, хусусан вақте ки бурдҳо дар шакли калон ба монанди автомобил ҳастанд, ҳатто дар ҳолате, ки бурдҳо бар дӯши мағлубон нафарояд, аҳамияте надорад, чунин бурдҳо ба категорияи амалҳои шубҳанок дохил мешаванд.

Вобаста ба ин, ман аз бародарон хоҳиш мекунам, ки дар бозии лотереяи рақамнок иштирок накунанд, баръакс, пас аз харидани мол, чунин коғазчаҳоро пора-пора карда партофташанон лозим аст, то аз васвасаҳои шайтон эмин монанд.»(Охири иқтибос).

Тавре ки мебинед, ман ба «фурӯшанда нархи маҳсулотро афзоиш медиҳад, то ҳадди ақал арзиши ҷоизаро ҷуброн кунад»,  бартарӣ медиҳам.  Масалан, шахсе, ки мошинро бурд мекунад, онро аз ҳисоби дигар харидорон, ки барои мукофот пардохт кардаанд, мегирад. Аз ин рӯ, ман ба он майл дорам, ки чунин муносибат мамнӯъ аст. Он ҳадди ақал ба чизҳои шубҳанок ишора мекунад ва мӯъмин аз чизҳои шубҳанок бояд дур шавад. Ат-Тирмизӣ аз Абу-ал-Хоури ал — Саъдӣ ҳадиси саҳеҳ овардааст: «Ман аз Ҳасан ибни Алӣ пурсидам:» Аз Паёмбари Худо (с) чӣ омӯхтед?» Он кас чунин ҷавоб доданд:

دَعْ مَا يَرِيبُكَ إِلَى مَا لاَ يَرِيبُكَ فَإِنَّ الصِّدْقَ طُمَأْنِينَةٌ وَإِنَّ الْكَذِبَ رِيبَةٌ

«Он чизеро, ки шуморо ба шубҳа меандозад, тарк кунед ва ба он чизе, ки боиси шубҳа нест, даст занед. Дар ҳақиқат, ростӣ -оромист, дурӯғ — шубҳаовар аст.»

Аммо агар шумо мутмаин бошед, ки фурӯшанда арзиши бурдро ба нархи мол илова накардааст, яъне. ӯ ҷоизаеро ҳамчун тӯҳфа барои таблиғи маҳсулоти худ ба мардум додааст, ин ҷиҳат ба тадқиқоти нав ниёз дорад.

Умедворам, ки ин ҷавоб ҳамаҷониба хоҳад буд, аммо Худо беҳтар медонад!

29 Муҳаррами 1443 ҳиҷрӣ

09/06/2021

 Силсилаи ҷавобҳои олим Ато ибни Халил Абу ар-Рашта, Амири Ҳизби Таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбук додашуда дар мавзӯи «Фиқҳ».

 

 

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads