Суханронии амири Ҳизб-ут-Таҳрир ва олими бузург, Ато ибни Халил Абӯ Рашта ба муносибати хотираи 102-солагии барҳамхӯрии давлати Хилофат
Ба номи Аллоҳи бахшоянда ва меҳрубон. Ҳамд бод ба Аллоҳ ва дуруду салом бод ба Расулуллоҳ ﷺ, хонадони эшон, асҳоб ва пайравонашон. Аммо баъд…
Ба тамоми уммати исломӣ ва бахусус ба барандагони даъвати барпокунии Хилофати Рошида…
Ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу.
Дар ин рӯз, 28-уми Раҷаби соли 1342 ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 3-юми марти соли 1924 мелодӣ, яъне саду ду сол пештар бо солшумории ҳиҷрӣ, кофирони мустамликадор бо сарварии Бритониёи он замон ва дар ҳамкорӣ бо хоинони арабу турк тавонистанд, ки давлати Хилофатро аз байн баранд ва Мустафо Камол бо барҳам додани Хилофат дар Истамбул, муҳосираи халифа ва бадарғаи ӯ дар саҳарии он рӯз ҷинояти куфри ошкорро содир кард ва ҳамин тавр, бо азбайнравии Хилофат, ба кишварҳои исломӣ мусибати дарднок расид… Умматро лозим буд, ки алайҳи куфри ошкор бо шамшер мубориза барад, чунон ки дар ҳадиси муттафақун алайҳи аз Убода ибни Сомит (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки “алайҳи ҳокимон набароем. Магар дар ҳоле ки куфри кушодро бинед, ки оидаш аз Аллоҳ ҳуҷҷат дошта бошед”. Аммо уммат ба ин муҷрим ва ёваронаш ба қадри кофӣ муқовимат карда, онҳоро сарнагун насохт, балки аксуламали он хеле заиф буд.
Аз ин ҷост, ки таърихи уммат тира гардид ва пас аз он, ки Хилофат давлати ҳақ ва адолат буд, кишварҳои он ба беш аз панҷоҳ давлатчаҳои байни ҳам ихтилофкунанда пароканда шуд. Ҳатто заминларзаи Сурия ва Туркия дар нисфи ҳамин моҳ, бо вуҷуди шиддати худ, натавонист тафриқаи онҳоро аз байн бурда, ваҳдаташонро дар як давлат баргардонад, балки парокандагии онҳо, чуноне ки пеш аз заминларза вуҷуд дошт, баъд аз он низ идома ёфт ва онҳо панде аз он нагирифтанд: “Оё намебинанд, ки дар ҳар сол як ё ду бор мавриди озмоиш қарор мегиранд? Аммо сипас онҳо на тавба мекунанд ва на панд мегиранд” (Сураи Тавба: 126)
Бо вуҷуди ин, заминларза нишон дод, ки Ислом дар умқи оммаи мусалмонон ҷойгир аст. Зеро вақте ки онҳо бародарони худро аз зери харобаҳо наҷот медоданд, такбир мегуфтанд, ба хусус ҳангоми наҷоти кӯдаке, ки модараш зери вайронаҳо ӯро таваллуд карда фавтида буд, ё ҳангоми наҷоти зане, ки дасташ аз зери харобаҳо дар ҳоле намудор гашт, ки тасбеҳ дошт ва бо он Аллоҳро зикр мекард, ё ҳангоме ки онҳо кӯшиши аз зери вайронаҳо берун овардани занеро мекарданд, аммо ӯ хоҳиш намуд, ки пеш аз бароварда шуданаш барояш рӯймоле биёранд, то сарашро бипӯшонад ва мӯйҳояш намудор нашаванд. Дар мавриди дигар, вақте ки онҳо дар кӯшиши наҷоти нафаре буданд, ӯ аввало овардани обро барои таҳорат талаб намуд, то намозро дар вақташ адо кунад. Дар боз як маврид, ҳангоме ки наҷотдиҳандагон дар кӯшиши ихроҷи нафаре буданд, шуниданд, ки ӯ сураи Бақараро тиловат менамуд. Ғайр аз ин, дидем, ки чӣ тавр духтаре ҳангоми наҷотёбӣ аз он изҳори таассуф мекард, ки намози он рӯзро ба ҷо наовардааст ва дар ҳамаи ин ҳолатҳо овози такбир садо медод: Аллоҳу акбар. Онҳо воқеан мусалмон ҳастанд ва мо аз Аллоҳ мепурсем, ки ҳар як мусалмонеро, ки дар заминларза вафот кард, раҳмат карда, бо изни худаш аз шаҳидони Охират гардонад. Аз Ӯ мепурсем, ки ба захмиён ончунон шифое бахшад, ки асареро баъди худ боқӣ намегузорад. Бигзор Аллоҳ ёвари ҳар мусалмони наҷотёфта бошад ва ба ӯ ҳаёти неке ато кунад, ки дар итоати Аллоҳ Субҳонаҳу ва итоати Расулаш ﷺ сарф мекунад.
Фарқ байни ин мусалмонон ва ҳокимони кишварҳои исломӣ мисли фарқ байни осмону замин аст, ки муддати ин солҳо, аз замони мусибати бузургтарин – нобудсозии Хилофат, 102 сол инҷониб ба мушоҳида мерасад! Зеро баъди ин мусибат кофирони мустамликадор аз набудани Хилофат истифода бурда, дар замини мубораки Исроъ ва Меъроҷи Расулуллоҳ ﷺ ба яҳудон давлате ато карданд ва бо ин ба мо боз як мусибати дарднокро изофа намуданд. Онҳо ин давлатро бо воситаҳои барои бақо лозимӣ, пеш аз ҳама бо ҳифзи амнияти он тавассути ҳокимони лӯхтаке, ки дар атрофи он буданд, таъмин сохтанд. Ҳамин буд, ки ин ҳокимон дар ҳар ҷанге, ки сар зад, аз ҷониби яҳудиён шикаст хӯрданд ва ниҳоят ба давлати яҳудӣ симое доданд, ки ба васфи кардаи Аллоҳ зид аст: “Ҳар ҷо, ки бошанд, ҳамеша хорӣ бар онҳо зада шудааст”. Ҳокимон бо ин кифоя накарданд, балки бо тамоми қувва кӯшиш намуданд, ки масъалаи решакансозии вуҷуди яҳудиро ба масъалаи гуфтушунид бо он иваз кунанд, шояд ки он як қисми заминҳои дар соли 1967 ишғолкардаашро тарк намояд!
Гузашта аз ин, давлати яҳудӣ сангинтарин ҷиноятҳоро дар Фаластин анҷом медод ва ҳоло низ анҷом медиҳад ва куштори аҳли Ҷанин дар 26.01.2023 гувоҳи ин суханҳост. Дар ин рӯз сарбозони сершумор ва сартопо мусаллаҳи яҳудӣ ба урдугоҳ дар Ҷанин ҳамла намуданд, ки ин ҷиноят боиси кушта шудани нӯҳ нафар гардид. Дар аснои ин ҳамла онҳо ба таври ваҳшиёна одамонро куштанд ва деворҳоро ба болои маҷрӯҳон чаппа карда, онҳоро бо булдозерҳо пахш намуданд. Сипас онҳо таҷовузи худро дар Наблус идома дода, ба урдугоҳи Ақабаи Ҷабр зада даромаданд ва пас аз худ шаҳидону захмиёни бисёрро гузоштанд… Дар аснои ҳамаи ин, ҳокимони кишварҳои исломӣ барои наҷоти онҳо коре накарданд, балки хубтарини онҳо эълон намуд, ки омода аст байни ҷинояткор ва қурбониҳои ӯ миёнаравӣ кунад – Аллоҳ онҳоро ҳалок созад, ки то чӣ андоза гумроҳанд! Илова бар ин, онҳо барои содир кардани ҷинояти дигар — эътидоли алоқаҳо бо яҳудиён мешитобанд. Баъд аз он ки ҳокимони Миср ба ин мусобиқаи хориву зиллат оғоз бахшиданд, Ташкилоти озодихоҳи Фаластин дар якҷоягӣ бо ҳокимони Урдун, сипас Аморати муттаҳида, Баҳрайн ва Марокаш ба онҳо пайравӣ карданд. Акнун бошад Судон ба онҳо дар ин ҷиноят ҳамроҳ мешавад, зеро 02.02.2023 раиси Судон Бурҳон дар Хуртум бо вазири корҳои хориҷии яҳуд Эли Коҳен вохӯрда, мӯътадил гардондани муносибатҳоро муҳокима намуд!! Ягон нафари ин ҳокимон аз он хорие, ки дар он воқеъ шуданд, парвое надорад: “Ба зудӣ ба гунаҳкорон ба ҷазои макре, ки меварзиданд, аз ҷониби Аллоҳ хориву азоби шадид хоҳад расид” (Сураи Анъом: 124)
Албатта ин низ аҷиб аст, ки як рӯз пеш ё дар ҳамон рӯзе, ки вазъият тезутунд мешавад ё ҷинояти вуҷуди яҳудӣ ба амал меояд, раҳбарони он дар оғӯши ҳокимони араб ва ё дар роҳ ба сӯи онҳо мешаванд, ба монанди он, ки пеш аз ҷинояти Ҷанин Натаняҳу дар қасри режими Урдун меҳмон буд!.. Маъмурияти фаластинӣ бошад, тибқи эътирофи худаш, дар вақти ҷинояти Ҷанин, бо яҳудиён ҳамоҳангсозии амниятро ба роҳ монда буд, чун вай эълон намуд, ки ҳамоҳангсозии амниятро пас аз ҷиноят қатъ мекунад. Пас ин аз мавҷудияти ҳамоҳангсозӣ дар гузашта дарак медиҳад! Аммо аз ҳама аҷиб ин аст, ки вақте ки пас аз ҷинояти мазкур яке аз қаҳрамонони Фаластин аз кишвараш ва мардуми он дифоъ карда, дар амалиёти Қудс ҳафт яҳудиро ба қатл расонд, ҳокимони кишварҳои исломӣ ба мазаммати он шитоб карданд ва вазоратҳои корҳои хориҷии Туркия, Аморати муттаҳидаи араб, Урдун ва Миср дар баёноти матбуотӣ амалиёти Қудсро маҳкум намуданд!!
Ногуфта намонад, ки на танҳо Фаластин аз ҷониби ин ҳокимон ба пушташ зарба мехӯрад, балки онҳо дигар қисматҳои поки сарзаминҳои исломиро низ таслими душманон кардаанд. Кашмирро бутпарастони ҳинду ба давлати худ ҳамроҳ карданд ва ҳокимони Покистон хомӯшанд. Мусалмонони роҳинҷа дар Мянма — Бирма кушта мешаванд ва ҳокимони Бангладеш гӯё хоб ҳастанд ва чизеро намебинанд. Чин дар Туркистони Шарқӣ қатлу куштор содир мекунад ва давлатҳои дар кишварҳои исломӣ мавҷуд мисли қабр хомӯшанд ва агар сухан ҳам гӯянд, қатли омро кори дохилии Чин меҳисобанд! “Чӣ бузург аст сухане, ки аз даҳонашон берун меояд ва ҷуз дурӯғ чизе намегӯянд!” (Сураи Каҳф: 5)
Ин кофирони мустамликадор аз таҳқире, ки ба сари уммат оварданд, қаноат накарданд, балки эътиқоди онро низ таҳқир карданд. Бо ҳамин ҳадаф, ифротгар Палудан рӯзи шанбе, 21.01.2023, дар назди бинои сафорати Туркия дар Стокҳолм нусхаи Қуръони каримро сӯзонд, пас аз он ки мақомоти Шветсия ба ин иҷоза доданд. Сипас ҷиноятҳои оташ задани Қуръон дар Гаага ва Копенгаген рӯзи ҷумъа 27.01.2023 идома ёфт. Пас аз он мо дидем, ки чӣ тавр Азҳар бо изҳороти шадидуллаҳн ин ҷиноятро маҳкум ва тақозои муқовимат алайҳи кӯшишҳои поймол кардани муқаддасоти диниро кард. Шубҳае нест, ки уламои Азҳар медонанд, ки вокуниш ба сӯзондани Қуръон на бо маҳкумияти лафзӣ, балки бо сафарбар намудани артишҳо, ки ба Китоби Аллоҳ ва дини Ӯ нусрат медиҳанд, бояд анҷом дода шавад. Оташ задани Қуръон ин эълони ҷанг алайҳи уммати исломӣ ва эътиқоди он аст, пас посух ба он ҷанге мебошад, ки онҳо ва пайравонашонро пароканда месозад. “Пас агар онҳоро дар ҷанг биёбӣ, парокандаашон соз (бо куштан), то пайравонашон низ пароканда шаванд, бошад ки ибрат гиранд” (Сураи Анфол: 57).
Эй мусалмонон! Ҳароина посухи таҷовуз алайҳи мусалмонон бо суханҳои зебои зоҳирӣ ва бо сухани аз фоида холӣ ба амал намеояд, балки ба таҷовуз бо дами шамшер ва бо зарбаҳое ҷавоб медиҳанд, ки боиси васвасаи шайтонро фаромӯш сохтани душман мегардад. Ин ҳамон посухест, ки мусалмонон ҳангоми доштани Хилофат медоданд ва равиши ҳодисаҳо дар замони онҳо ба ин гувоҳ аст. Ин кори собит аст, ки онро шахси дорои хирад инкор намекунад. Намунаҳои он дар таърихи мусалмонон вуҷуд доранд, ки дар китобҳои “Бидоя ва ниҳоя”-и Ибни Касир, “Футуҳоти кишварҳо”-и Балозурӣ, “Таърихи Ибни Халдун”, “Таърихи Ислом”-и Заҳабӣ ва дигар сарчашмаҳо омадаанд. Аз онҳо бароятон иқтибосҳоро меорам:
“Пас аз он соли 87 ҳиҷрӣ ворид шуд… ва дар он Қутайба ибни Муслим ба Бейканд, ки яке аз ноҳияҳои Бухоро буд, ҳамла кард ва нисфирӯз нашуда пирӯзиро бо изни Аллоҳ ба даст овард… Як марди якчашма, ки дигаронро зидди мусалмонон мешӯронд, баъди ба асорат афтоданаш гуфт: “Ман барои озодии худ панҷ ҳазор ҷомаи чинӣ медиҳам, ки арзишаш ба ҳазорҳо баробар аст”. Амирҳо ба Қутайба ба қабули ин фидя маслиҳат доданд, аммо Қутайба гуфт: “На, қасам ба Аллоҳ! Ту ягон мусалмонро дигарбора наметарсонӣ!” ва фармуд, ки сари ӯро бибуранд”.
“Сипас соли 90-уми ҳиҷрӣ ворид шуд… ва дар он Доҳир, ҳокими Синд ба киштие, ки дар он занони мусалмон қарор доштанд, ҳамла карда, онҳоро ба асорат гирифт. Ба ин сабаб халифа ба волии худ амр кард, ки аз он золим қасос гирад. Пас Муҳаммад ибни Қосим лашкарро сарварӣ карда, занони мусалмонро наҷот дод ва аз он ҳокими золим қасос гирифта, кишвари Синдро фатҳ намуд”.
“Сипас вақте ки соли 223 ҳиҷрӣ ворид шуд, подшоҳи Рум ба кишварҳои мусалмонӣ ҳамла намуда, мардуми Забтараро қатл ва асир кард. Зане фарёд зад: “Куҷоӣ, эй Мӯътасим”. Ҳангоме ки хабари ин ба халифа расид, Мӯътасим “Ман дар ҳамин ҷоям” гӯён лашкарро сарварӣ кард ва интиқоми он занро гирифт. Онгоҳ ӯ пурсид, ки кадом кишвари румиён аз дигар кишварҳояшон бузургтар аст. Ба ӯ гуфтанд: “Амориё дар наздики Анқара” ва ӯ онро фатҳ намуд”.
“Пас аз он соли 582 ҳиҷрӣ ворид шуд ва дар он Арнат, ишғолгари шаҳри Карак, роҳзанӣ карда, одамони корвони бузурги “ҳоҷиён”-ро, ки аз Миср меомаданд, як қисмашонро кушт ва қисми боқимондаро ба асорат гирифт. Пас султон Салоҳиддин барои ҷанг омодагӣ гирифта, аз кишвар сипоҳ хост ва назр кард, ки агар ӯро мағлуб созад, ҳатман ӯро мекушад. Пас Аллоҳ ӯро дар соли 583 ҳиҷрӣ дар нисфи моҳи Рабиъул-охир дар ҷанги Ҳиттин пирӯз гардонид ва Салоҳиддин ӯро ба ҷазои хиёнат ва роҳзанӣ бо дасти худ кушт. Сипас дар 27-уми Раҷаби соли 583 ҳиҷрӣ Ақсо озод карда шуд”.
“Сипас дар соли 1307 ҳиҷрӣ, мувофиқ ба соли 1890 мелодӣ, муаллифи саҳнача, ки дар он Расулуллоҳ ﷺ -ро масхара карда буд, кӯшиш кард, ки онро дар яке аз театрҳои Порис ба намоиш гузорад. Ҳангоме ки халифа Абдулҳамид аз он воқиф гашт, сафири Фаронсаро даъват карда, бо либоси низомӣ ӯро пешвоз гирифт ва таҳдид кард, ки агар ин саҳнача ба намоиш гузошта шавад, Давлати Усмонӣ ҳамчун ҳолати ҷангӣ бо Фаронса алоқаҳоро қатъ хоҳад кард. Ӯ ба сафир бо лаҳни шадид муроҷиат карда гуфт: “Ман халифаи мусалмононам… Агар намоиши ин саҳначаро бознадоред, оламро ба сари шумо чаппа хоҳам кард”. Фаронса посухи мусбӣ дода, намоиши саҳначаро манъ кард”.
Кофирони мустамликадор дар он замон медонистанд, ки ҳар гуна поймоли муқаддасоти Ислом ва мусалмонон бо буридани забонҳо ва шикастани пойҳо дучор хоҳад шуд… Аммо имрӯз ба Қуръони карим, Расул ﷺ ва ба кишварҳои исломӣ даст дароз мекунанд, вале таҷовуз посухи худро намеёбад. Сабаби ин танҳо набудани имом ва халифаи рошиде аст, ки умматро аз шарри душманон ҳифз мекунад. Дар ҳадиси саҳеҳи муттафақун алайҳ омадааст: “Имом сипарест, ки аз қафояш истода меҷанганд ва худро ҳимоя мекунанд”.
Дар охири суханам ман ба шумо, эй аҳли қувва, такроран муроҷиат мекунам. Танҳо шумо метавонед синаи ин умматро аз душманонаш ва душманони динаш шифо бахшед.Танҳо шумо метавонед ба хории мусалмонон дар кишварҳояшон хотима бахшед. Пас вазифаи худро иҷро намоед, Аллоҳ ба шумо барака ато фармояд, ва ба мо, ба Ҳизб-ут-Таҳрир барои барпо кардани Хилофати Рошида нусрат диҳед. На танҳо ба далели он, ки он аз ҷиҳати воқеъ тариқати пирӯзист, балки пеш аз ҳама ба далели он, ки он фарзи бузурге мебошад ва ҳар кӣ баҳри он фаолият намебарад, дар ҳоле ки ба барпои Хилофат ва пайдо намудани халифаи сазовори байъат тавоно аст, гунаҳкори азим мегардад ва маргаш мисли марги касе мешавад, ки дар ҷоҳилият мурдааст. Ба бузургии гуноҳи чунин шахс ҳадиси зерини Набӣ ﷺ далел аст, ки мефармоянд: “Ҳар кӣ бимирад, дар ҳоле ки дар гарданаш байъат вуҷуд надорад, бо марги ҷоҳилият мурдааст”. Далели дигар он аст, ки мусалмонон пеш аз хондани намози ҷаноза ва дафни Расулуллоҳ ﷺ аввал ба байъати халифа даст заданд, ки ҳамаи ин аҳамияти Хилофатро нишон медиҳад. Далели сеюм ин аст, ки Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) рӯзи вафоташ муддати интихоби халифаро аз миёни шаш саҳобае, ки ба Биҳишт башорат дода шуда буданд, на бештар аз се рӯз таъин намуда фармуд, ки агар дар ин муддат онҳо ба интихоби халифа иттифоқ набанданд, сари мухолиф аз танаш ҷудо карда шавад. Ин фармони ӯ дар ҳузури саҳобагон содир шуд ва ривоят нашудааст, ки нафаре аз онҳо ба он зид баромада бошад. Пас ин иҷмоъи саҳобагон аст. Ин дар ҳолест, ки бар мо серӯзаҳои сершумор гузашт. Инак Хилофат масъалаи хеле муҳим аст.
Эй сарбозони Аллоҳ! Мо дарк мекунем, ки фариштаҳо аз осмон фуруд омада, барои мо Хилофатро барпо нахоҳанд кард, балки Аллоҳ замоне фариштаҳоро нозил мекунад, ки агар мо барои барпо кардани Хилофат бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш намоем, чун ин ваъдаест, ки дар Китоби Аллоҳ омадааст: “Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон оварда амалҳои солеҳ анҷом доданд, ваъда додааст, ки онҳоро дар рӯи замин халифа гардонад, чуноне ки пешиниёни онҳоро халифа гардонида буд…”. Инчунин он башорат ба азизиест, ки баъди подшоҳии золимона меояд, чунончи Набӣ ﷺ мефармоянд: “ … Он гоҳ подшоҳии золимона мешавад ва то он вақте, ки Аллоҳ мехоҳад, идома меёбад. Сипас, ҳангоме ки Аллоҳ аз байн бурдани онро хоҳад, онро аз байн мебарад. Сипас Хилофат бар минҳоҷи нубувват хоҳад шуд. Пасон Набӣ ﷺ сукут карданд” . Ин ҳадисро Аҳмад баровардааст. Мо ҳамчунин дарк мекунем, ки душманони Ислом дубора барпо шудани Хилофатро ғайриимкон меҳисобанд ва сухани пешиниёнашонро, ки “ин мардумро динашон фирефтааст” мегуфтанд, писхандзанон такрор хоҳанд кард. Аммо чунон ки ин сухан дарди сари касоне гашт, ки онро мегуфтанд ва Аллоҳ динашро азиз карда, ба мусалмонон пирӯзӣ бахшид, имрӯз ҳам он дарди сари инҳо хоҳад шуд ва Аллоҳи ғолибу ҳаким бо бандагони мӯъмин ва боғайрати худ, ки сухани зерини Ӯ Таъоло ҳамеша дар қалбҳояшон ҳаст, ҳамроҳ мебошад: “Ҳароина Аллоҳ корашро ба анҷом мерасонад ва Ӯ барои ҳар чиз қадаре муайян кардааст” (Сураи Талоқ: 3). Ин мӯъминон бо ҳар рӯзи сипаришаванда ба ин “қадар” бо изни Аллоҳ боз ҳам наздиктар мешаванд: “Онҳо мепурсанд: “Ин кай аст?”. Бигӯ: “Шояд ба, ки ба Китоби Аллоҳ ва дини Ӯ нусрат медиҳанд қарибист” (Сураи Исро: 51).
Вассаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳ
28-уми Раҷаби соли 1444 ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 19 феврали 2023 мелодӣ
Бародаратон Ато ибни Халил Абӯ Рашта – амири Ҳизб-ут-Таҳрир