Суханронии Амири Ҳизби Таҳрир — олими барҷаста, Ато ибн Халил Абӯ Аррашта бахшида ба 99 умин солгарди пошхӯрии Хилофат.

https://www.facebook.com/hizb.tojikiston.5/videos/208127223793554/

Суханронии Амири Ҳизби Таҳрир — олими барҷаста, Ато ибн Халил Абӯ Аррашта бахшида ба 99 умин солгарди пошхӯрии Хилофат.

 

Ҳамд ба Аллоҳ бод ,Салом ба Расули ӯ, ба аҳлу оила, асҳоби ӯ ва касоне, ки ӯро бо некӣ пайравӣ доранд. Аммо баъд:

Ба тамоми уммати Исломӣ, ки Аллоҳ Таъоло ин Уммати беҳтаринро барои инсоният баровардааст…

Алалхусус, ба аъзоёни Ҳизби Таҳрир, ки Аллоҳ ба онҳо марҳамат фармудааст, ва онҳо даъвати Исломро бо самимияту ихлос бо ҳамаи ташвишҳояш ба зиммаи худ гирифтаанд.

Ба тамошобинони ин саҳифа, ки онро ҳамчун васила ба хайр медонанд.

Ассалому алайкум ва роҳматуллоҳи ва барокатуҳ.

Наваду нӯҳ сол пеш, айнан ҳамин рӯз Мустафо Камол, ҷинояткори аср, Хилофатро бекор кард. Ҷинояти ӯ чунон ошкор аст, ки ба ҳеҷ далелу ҳуҷҷат ниёз надорад. Ин ҷиноят куфрро ошкор ва ҳукмҳои Исломиро бекор кардан буд. Дар ҳақиқат шахсе, ки ин ҷиноятро содир кардааст, мувофиқи ҳадиси зерини Бухорӣ ва Муслим сазовори он буд, ки бояд бар зидди ӯ бо шамшер мубориза бурда мешуд.

«Ҷунода ибн Умая мегӯяд: Мо дар вақти бемории Убода ибн Сомит ба назди ӯ омадем ва барояш аз Аллоҳ хоҳони шифо шудем, сипас аз эшон хостем, то ба мо ҳадисеро аз Расули Аллоҳ (с) ривоят кунад, то ки мо аз он нафъе ҳосил намоем. Ӯ фармуд: Моро Расули Аллоҳ ба (с) наздашон хонданд. Мо ба Эшон (с) байъат додем. Ҳангоми байъат фармуданд, то дар вақти хурсандӣ, ҳам нохушӣ, дар рӯзҳои вазнин ва сабукӣ итоат карда, аз худ афзал донем ва инчунин барои корро аз аҳлаш талош накардан байъат диҳем, ба ғайр аз он ҳолат, ки ҳангоме куфри ошкор мушоҳида карда шавад ва аз тарафи Аллоҳ ба он ҳуҷҷат бошад, онгоҳ имкони талош варзиданро доред».

Аз ин рӯ, бар зидди Мустафо Камол мубориза бурда, ҳама чизи арзишмандро дар ин роҳ қурбонӣ кардан лозим буд. Аммо, ин золим ҷавоби сазоворро аз Уммат нагирифт. Баъд аз он саҳифаҳои таърихи беҳтарин Уммати барои инсоният баровардашуда ба торикию зулматҳо пур карда шуд. Қаблан ин Уммат соҳиби давлати ягонаи Хилофат буд, ки бо адолат ва ҳайбати худ ном гирифта буд, ҳозир бошад, ин давлат ба панҷоҳ давлатчаҳое, ки қувваҳои худро бар зидди якдигар истифода менамоянд ва бар аҳолиашон раҳм намекунанд тақсим карда шуданд. Бар замми ин, халқи мусалмон ба ҳокимони  Рувайбиза ҳавола карда шуданд, ки назди кофирон зону мезананд ва танҳо бо гуфтаю нишондоди мустамликадорон мусалмононро бераҳмона идора мекунанд. Сарвати Уммат барои беҳбудии иқтисодиёти душманони Ислом сарф карда мешаванд.  Иқтисодиёти онҳо ғоратшуда ва дар ҳоли фақирист, ба мисли  ( Шутуре, ки дар саҳро бар болояш об бор карда шудааст, аммо худ аз ташнагӣ ҳалок мегардад) монанд аст. Ҳамаи ин дар таҳти ҳокимияти ҳокимони Рувайбиза рух дода истодааст. Қашшоқӣ дар байни тамоми мардум паҳн шуда истодааст, ба истиснои роҳбарон ва ҷонибдорони онҳо. Ин Рувайбизаҳо аз сабабе, ки ба Аллоҳу Расул ва ба муъминон хиёнат карда, аз роҳи  Аллоҳи Азизу Ҳаким боздошта танҳо ба мустамликадорон итоат мекунанд, ба ҷазое ноил гаштаанд, ки шарафашон поймол гашта, таҳқир карда шудаанд

 

Эй мусулмонон!

 

Хилофат масалаи тақдирии мусулмонон мебошад. Бо ӯ ҳадду ҷазоҳо ҷорӣ шуда, номусҳо ҳимоя ва фатҳҳои ҷадид амалӣ карда мешавад. Ислом ва  мусулмонон азиз ва пурқувват мегарданд. Ҳамаи инҳо дар китоби Аллоҳи Ҳаким, дар суннати Расули ӯ (С.А.В) ва дар иҷмои саҳобагони он Зот навишта шудааст. Барои он, ки фарди мусулмон аҳамияти Хилофатро дарк кунад, кофист, ки се чизро аз бар намояд:

Аввал: Сухани зерини Расули Аллоҳ (С.А.В). Табаронӣ дар “Муҷмаъ ул Кабир” и худ аз Осим ӯ аз Абу Солеҳ ва ӯ аз Муъовия ривоят мекунад.

 

مَنْ مَاتَ وَلَيْسَ فِي عُنُقِهِ بَيْعَةٌ مَاتَ مَيْتَةً جَاهِلِيَّةً

Ҳар касе бимирад ва дар гарданаш байъат надошта бошад, бо марги ҷоҳилият мурдааст.

Ин суханҳо чӣ қадар гунаҳкор будани мусулмононе, ки қодиранд аммо барои барпои Хилофат ҳаракат намекунанд, нишон медиҳад. Яъне ин ҳадис далел барои пайдо кардани хилофатест, ки байъатро барои мусулмонон рӯёб мекунад.

Дуввум: Асҳоби Расул (с.а.в) қабл аз дафни Эшон ба барпо кардани Хилофат ва байъат ба Халифа машғул шуданд. Ва ҳол он ки дар шариъат ба зудтар дафн кардани майит амр шудааст. Дар китоби «Маърифати сунан вал осор»-и Байҳақӣ чунин гуфта мешавад. Дар ривояти Абу Саид Имом Шофеъӣ чунин фармудаанд. Агар фавти шахс муайян бошад, беҳтар аст, ки фавран дафн карда шавад. Ин ҳолатест, ки ҳамаи майитҳо бояд зудтар дафн карда шаванд. Акнун тасаввур кунед, ки ҷанозаи Расули Аллоҳ (с) дар чӣ гуна суръат хоҳад буд? Новобаста аз ингуна вазъият, саҳобагон дафни Расули Аллоҳ (с.а.в)-ро ба таъхир андохтанд ва ба Халифа байъат намуданро ба хатти аввал гирифтанд. Аз ин маълум мешавад, ки саҳобагон иҷмоъан аввал ба қоим кардани Халифа, сипас ба дафни Расулуллоҳ (С) иттифоқ кардаанд.

 

Сеюм: Ҳазрати Умар қабл аз марги хеш, шаш саҳобаи бо ҷаннат башорат додашударо вазифадор кард, то дар муҳлати се рӯз аз миёни худ якеро Халифа интихоб намоянд. Сипас амр дод, агар дар мӯҳлати се рӯз халифаро интихоб карда натавонанд, аз миёни ҳамин шаш нафар баъд аз се рӯз шахси зиддият нишондодаро бикушанд. Иҷроияи ин интихоб ба 50 нафар мусалмонон ӯҳдадорӣ карда шуда буд. Умар дар акси иҷрои кор қатли шаш нафар аъзои Шӯроро, ки дар байни мусалмонон қадрият ва мартабаи баланд доштанд, инчунин онҳо дар зиндагиашон башорати Ҷаннатро ноил гашта буданд, амр кард. Ин кор назди чашмони саҳобагон рух дода буд ва ба ин кор зиддият варзидани ҳеҷ яке аз онҳо ривоят нашудааст. Ҳамин тавр, бинобар иҷмоъи саҳобагон, мусалмонон набояд аз се рӯзу ду шаб бе хилофат зиндагӣ кунанд. Аммо мо бошем, чӣ қадар ингуна се рӯзҳоро паси сар кардем. Ла ҳавла ва ла қуввата илла биллаҳ! Ҳамин тавр, эй мусулмонон Хилофат кори бузург ва тақдирсози мусалмонон аст.

 

Эй мусулмонон!

Ба ҳар ҳол, мо аз раҳмати Аллоҳ ноумед намегардем.

إِنَّهُ لَا يَيْأَسُ مِنْ رَوْحِ اللَّهِ إِلَّا الْقَوْمُ الْكَافِرُونَ

«Аз раҳмати Аллоҳ танҳо қавми куфрварзида, ноумед мегардад».                             (Юсуф:87)

Ба касоне, ки амалҳои солеҳ анҷом медиҳанд, Аллоҳ ваъда додааст, ки онҳоро дар руи замин ҷойнишини худ қарор медиҳад.

وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ

«Худо ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчуноне мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишини дигарон кард». (Нур:55)

Расули Аллоҳ (с.а.в) башорат додаанд, ки пас аз ҳокимони золими ҳозираи мо бар асоси минҳоҷи Пайғамбарӣ Хилофат барпо хоҳад шуд.

 

ثُمَّ تَكُونُ خِلَافَةً عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ)

(Сипас бар асоси минҳоҷи Пайғамбарӣ Хилофат хоҳад шуд)  Имом Аҳмад аз Ҳузайфа ибн Ямон (р.а) ривоят кардааст.

Аммо мо он чизеро, ки қаблан гуфта будем, такрор мекунем: Аллоҳ Қавӣ ва Қодир аст, ва агар мо барои барпои Хилофат аз сидқи дил ба дини Аллоҳ ёрӣ диҳем, Аллоҳ низ ба мо ёрӣ хоҳад кард. Зеро қонуни  Аллоҳ ҳаминро тақозо мекунад. Агар мо дар хона болои рахтҳои хобамон нишаста истироҳат кунем, фариштаҳо аз осмон омада Хилофатро ба мо сохта намедиҳанд. Балки мо бояд ҳаракат кунем, он гоҳ Аллоҳ агар хоҳад, фариштаҳояшро ба ёрии мо равон менамояд. Нусрати Аллоҳ дар ҳамин сурат ваъда дода шудааст. Хоҳ ин нусрати Аллоҳ бо амри маъруф ва амалҳои солеҳ барпо кардани Хилофат бошад, хоҳ ҷиҳод дар майдони ҷанг фарқе надорад.

 

Бо изни Аллоҳ Ҳизби Таҳрир бо самимият ва фидокорӣ барои барпои Хилофат аз рӯи минҳоҷи Паёмбар (с) фаъолият карда истодааст, барои он, ки Аллоҳ ин ҳизбро ба уммат бахшидааст ва мо ба Ӯ ҳамд мегӯем. Дар ҳақиқат Ҳизби Таҳрир аҳли худро фиреб намедиҳад ва  ҳамеша самимона рафтор мекунад. Шахсони дурӯғгӯ ва фиребгар он ҷо ҷой намеёбанд. Мо чунин мешуморем ва медонем, ки ҳамаи ҷавонони дар ин ҳизб фаъолиятдошта боғайратона ва ҷиддӣ амал менамоянд ва ободии охирати худро аз майли дунё боло мегузоранд. Онҳо шабу рӯз бо дили пур аз умед ва бо  нияте, ки башорати Расули Аллоҳ (с.а.в) бо дастони онҳо барпо мешавад, ҷидду ҷаҳд меварзанд. Ин кор ҳаргиз ба Аллоҳ мушкил нест.

Дар хотима ман мехоҳам инро таъкид кунам: Эй мусулмонон, барпо кардани Хилофат на танҳо вазифаи аъзоёни Ҳизби Таҳрир, балки ба тамоми мусулмонони соҳиби қудрат фарз аст. Аз ин сабаб биёед эй мусулмонон ба мо ёрӣ диҳед. Эй лашкарони мусулмон биёед ба дини Аллоҳ кӯмак кунед, то сирати Ансориён дар шумо муҷассам гардад. Зеро Аллоҳ онҳоро дугоникҳои муҳоҷирон гардонидааст. Дар китоби муҳками худ ӯ онҳоро ситоиш кард ва аз онҳо изҳори ризоят намуд. Ин шараф танҳо бо муҳоҷирону ансориён маҳдуд нагардид. Балки ноил шудан ба ин шарафро барои касоне, ки ба муҳоҷирон ва ансор бо амалҳои солеҳ пайравӣ мекунанд, таъкид намуд:

 

وَالسَّابِقُونَ الْأَوَّلُونَ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ وَالْأَنْصَارِ وَالَّذِينَ اتَّبَعُوهُمْ بِإِحْسَانٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَرَضُوا عَنْهُ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي تَحْتَهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا أَبَداً ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

 Аз он гурӯҳи нахустин аз муҳоҷирин ва ансориён, ки пешқадам шуданд ва онон, ки ба некӣ аз паяшон рафтанд, Худо хушнуд аст ва эшон низ аз Худо хушнуданд. Барояшон биҳиштҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорист ва ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд, омода кардааст. Ин аст комёбии бузург (Тавба 100).

Ба дини Аллоҳ ёрӣ додан тавассути Хилофатро барпо кардан, худ аҷри бузург дорад. Ба хотир орем,  Ҳоким дар ду саҳеҳи худ ривоят кардааст, ки ҷанозаи Саъд ибн Муъозро фариштагон бардоштаанд. Оё ин ҳадисҳо дараҷаи ба дини Аллоҳ ёрӣ карданро хотиррасон намекунад?

Суханамро бо ҳарфҳои зерин ба хотима расонидан мехоҳам. Мукофоти  шахсе, ки қабл аз барпои Хилофат кӯмак мекунад, аз аҷри шахсе, ки баъд аз барпои он кӯмак мекунад, афзалтар аст.

 

لَا يَسْتَوِي مِنْكُمْ مَنْ أَنْفَقَ مِنْ قَبْلِ الْفَتْحِ وَقَاتَلَ أُولَئِكَ أَعْظَمُ دَرَجَةً مِنَ الَّذِينَ أَنْفَقُوا مِنْ بَعْدُ وَقَاتَلُوا وَكُلّاً وَعَدَ اللَّهُ الْحُسْنَى وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ

Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ инфоқ  карда ва ба ҷанг рафта бо онон, ки баъд аз фатҳ инфоқ (харҷ) кардаанд ва ба ҷанг  рафтаанд,  баробар нестанд. Дараҷоти онон (гурӯҳи аввал) болотар аст. Ва Худо ба ҳама ваъдаи нек медиҳад. Ва Худованд ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст. [Ҳадид 10]

Аз Аллоҳи Таъоло бо тазаррӯъ дуо мекунем, то 99 — умин солгарди шикасти Хилофатро соли нусрати худ қарор диҳад, то ин ки қабл аз садумин солгарди он Хилофат дар асоси минҳоҷи Пайғамбарӣ барпо гардад.

 

وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ * بِنَصْرِ اللَّهِ يَنْصُرُ مَنْ يَشَاءُ وَهُوَ الْعَزِيزُ الرَّحِيمُ

 Ва дар он рӯз (ки румиён пирӯз мегарданд) мӯъминон шодмон мешаванд, ба ёрии Аллоҳ. Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, зеро пирӯзманду меҳрубон аст! [Рум 4-5]

Вассаламу алайкум ва роҳматуллоҳи ва барокатуҳ.

Бародари шумо Ато ибн Халил Абӯ Рашта

Амири Ҳизби Таҳрир

28 ражаб 1441ҳ

23 март 2020м

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads