Воҷибияти муттасил (пай дар пай) будани рӯзаи  каффорат

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Воҷибияти муттасил (пай дар пай) будани рӯзаи  каффорат

                             Аз Абӯ Ҳанифаи Шомӣ

Суол:

Аллоҳ ба Шумо баракот ато фармояд, шайхи азизи мо!

Шахсе, ки дар моҳи Зулқаъда ба рӯзадории думоҳа шурӯъ кардааст, чӣ кор бояд кунад? Масалан, оё ба ӯ дар рӯзи иди Қурбон рӯза гирифтан ҷоиз аст ё метавонад дар ин рӯз рӯза нагирад, яъне оё ӯ метавонад пайдарпайии рӯза доштанро канда намуда, баъд аз он рӯзҳои рӯза нагирифтаашро ҷуброн намояд? Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ин чиҳатро равшан намоед ва Аллоҳ ба Шумо баракот ато фармояд!

Посух:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Дар саволи худ Шумо шарҳ додани чизеро хоҳиш мекунед, ки моён аллакай ба суол аз 15-уми шаъбони соли 1443 ҳиҷрӣ (18.03.2022 с.)  посух дода будем.  Суол оиди рӯзаи каффорат барои куштори ногаҳонӣ дода шуда буд. Суол чунин буд: Оё мумкин аст, ки рӯзаи каффоратро барои куштори ногаҳонӣ дар моҳи Шаъбон бо рӯзаи моҳи Рамазон ҷамъ кард, бо назардошти он ки рӯзаи каффорат танҳо дар ҳоле воҷиб аст, ки  барои озод кардан ғулом набошад, рӯзаи моҳи Рамазон бошад — аз аввал воҷиб аст? Бо дигар лафзҳо гӯем, оё ман метавонам рӯзаи каффорати моҳи Шаъбонро бо  моҳи Рамазон бипайвандам? Шумо инчунин дар бораи рӯзадории пайдарпайи думоҳа ва ҷоиз будани рӯзадорӣ дар рӯзи иди Қурбон пурсидед.

Посух ба ин чунин мешавад:

1)Ҳукми каффорат  барои куштори ногаҳонӣ дар суханони зерини Аллоҳ баён карда шудааст:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَن يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلَّا خَطَأً ۚ وَمَن قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَأً فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ وَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ إِلَّا أَن يَصَّدَّقُوا ۚ فَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ عَدُوٍّ لَّكُمْ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ وَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُم مِّيثَاقٌ فَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ وَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ تَوْبَةً مِّنَ اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا

«Барои мӯъмин ҷоиз нест, ки мӯъминеро бикушад, магар ба иштибоҳ. Ҳар кӣ мӯъминеро ба иштибоҳ бикушад, бояд бандаи мӯъминро озод кунад ва ба хонаводаи кушташудагон фидя диҳад, магар ин ки онҳо онро қурбон накунанд. Агар мӯъмин аз қабилае бошад, ки бо шумо душманӣ кунад, пас бояд бандаи мӯъминро озод кунад. Агар кушташуда аз они мардуме бошад, ки бо онҳо паймон доред, фидяе ба хонаводаи ӯ супурдан ва бандаи мӯъминро озод кардан лозим аст. Ҳар кӣ ин корро карда натавонад, бояд ду моҳ пайваста чун тавба дар назди Аллоҳ рӯза бигирад. Аллоҳ — Донову Ҳаким аст» (4:92).

Тибқи ин оят, дар сурати набудани ғулом барои озод намудан ду моҳ муттасил рӯза доштан талаб мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки  аз касе каффорат талаб мешавад, бояд он вақте рӯза бигирад, ки талаботи оятро анҷом дода тавонад, яъне: пай дар пайии рӯзаи думоҳа. Аммо дар моҳҳои Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа ба ҷо овардани ин кор имконнопазир аст, зеро дар моҳи Зулҳиҷҷа иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ ҳаст.

Аз ин рӯ, касе, ки барои куштори ногаҳонӣ  рӯзаи каффорат  гирифтанаш лозим аст, бояд имкониятҳои фурсати ду моҳ пай дар пай ва бетанаффус рӯза гирифтанро ҷустуҷӯ намояд.

Ҳамчун илова мегӯям, ки дар Энсиклопедияи фиқҳи Қувайт фикрҳои мазҳабҳо оиди масъалаи вайроншавии рӯзадории муттасили думоҳа аз сабаби Иди Фитр, Иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ ёдрас шудааст. Дар энсиклопедия омадааст: «Вайрон шудани бардавомии рӯзаи каффорат.

Мувофиқи фикри фақеҳон бардавомии рӯзаи каффорат бо чизҳои зерин вайрон мешавад:

в) Бо фаро расидани моҳи Рамазон ва ду ид ( Иди Фитр ва Иди Қурбон).

  1. Ҳанафиҳо бар ин назаранд, ки фарорасии моҳи Рамазон, Иди Фитр, Иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ аз сабаби воҷиб будани рӯза дар моҳи Рамазон ва манъи рӯзадорӣ дар рӯзҳои зикршуда (Иди Фитр, Иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ) рӯзаи каффоратро халалдор менамояд, зеро шахс имконияти пайдо кардани ду моҳеро дорад, ки дар он моҳҳо чизҳои зикршуда (Рамазон, Иди Фитр, Иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ) нестанд.

Шофеиён  низ ҳамин хел фикрро доранд, магар ин ки сухан дар бораи асир наравад. Дар мавриди асир бошад, агар ӯ бар асоси хулоса (иҷтиҳод)-и худ рӯза бигирад ва агар моҳи Рамазон ё иди Қурбон пеш аз анҷоми рӯзаи думоҳа фаро расад, пас дар бораи қатъи ин рӯза фикрҳо тафовутноканд.

Дар мавриди моликиён бошад, онҳо чунин меҳисобиданд, ки  дидаву дониста қатъ кардани рӯзадории думоҳа дар рӯзи иди Қурбон бардавомии рӯзаи каффоратро вайрон мекунад, айнан ҳамон аст, ки вақте шахс дидаву дониста дар рӯзҳои Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа барои кафорати зиҳор рӯза медорад, зеро ӯ медонад, ки иди Қурбон фаро мерасад. Ин аз он  фарқ мекунад, ки ӯ инро намедонад; дар чунин ҳолат рӯзааш вайрон намешавад. Ин монанди он аст, ки касе гумон мекард, ки ҳоло моҳи Муҳаррам аст, ҳарчанд дар асл — моҳи Зулҳиҷҷа аст ва бо ҳисобу китоби он, ки  моҳи Сафар фаро мерасад рӯза бигирад, аммо баъдан маълум шуд, ки хато сар задааст.

Дар мавриди  ҳанбалиён бошад, нуқтаи назари онҳо чунин аст, ки рӯзаи каффорат бо чунин чизҳо комилан халалдор намешавад, зеро рӯзадории моҳи Рамазон аз рӯи Шариат воҷиб аст,  рӯза надоштан дар рӯзҳои Иди Фитр, Иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ низ тибқи шариат воҷиб аст, яъне ин замонест, ки Шариат рӯза гирифтанро манъ кардааст, чуноне, ки  шабона рӯза доштанро манъ кардааст» (охири иқтибос).

Ҳамаи ин ба он маъност, ки ҳанафиҳо, шофеиҳо ва моликиҳо чунин меҳисобанд, ки рӯза надоштан дар рӯзҳои ид пай дар пайии ду моҳи каффоратро вайрон мекунад, яъне касе, ки бояд каффорат ба ҷо орад,   рӯзаи думоҳаро бояд аз нав  ҳисоб кунад. Дар мавриди фикри ҳанбалиён бошад, пай дар пайии рӯзаи думоҳаи каффорат бо қатъ кардани рӯза дар рӯзҳои иди Қурбон вайрон намешавад.

  1. Рӯза гирифтан дар рӯзи иди Қурбон ва рӯзҳои ташриқ мамнӯъ аст ва ин бо ҳадиси шарифе, ки Муслим аз Абӯҳурайра овардааст, вобаста аст:

أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ نَهَى عَنْ صِيَامِ يَوْمَيْنِ يَوْمِ الْأَضْحَى وَيَوْمِ الْفِطْرِ

«Паёмбари Аллоҳ дар як сол ду рӯз рӯза гирифтанро манъ мекарданд: дар рӯзи Иди Қурбон ва рӯзи Иди Фитр» — ва бо ҳадисе, ки Муслим аз Нубайш ривоят кардааст: «Паёмбари Аллоҳ ﷺ фармуданд:

أَيَّامُ اَلتَّشْرِيقِ أَيَّامُ أَكْلٍ وَشُرْبٍ وَذِكْرٍ لِلَّهِ عَزَّ وَجَلَّ

«Рӯзҳои ташриқ — айёми хӯрдан, нӯшидан ва зикри Аллоҳи Бузург ва Тавоно аст».

Ин чунин маъно дорад: шахсе, ки рӯзаи каффорат медорад, дар рӯзи иди Қурбон ё рӯзҳои ташриқ рӯза гирифтан мумкин нест, ҳарчанде  ин рӯзҳо дар вақти рӯзаи каффорат доштан рост  оянд ҳам; одам бояд дар ин рӯзҳо хӯраду нӯшад. Ҳамин тавр, дар ин рӯзҳо нагирифтани рӯзаи каффорат ба маънои шикастани пай дар пайии рӯзаи каффорат аст, ки дар моҳи Зулқаъда оғоз ёфта буд.  Ин бошад чунин маъно дорад, ки шахс бояд рӯзаи думоҳаи каффоратро аз сари нав шурӯъ намояд, бо сабаби  он, ки канда шудани он ба амал омад.

  1. Ҳангоми баррасии посух ба суоле, ки 15 шаъбони соли 1443 ҳиҷрӣ (18.03.2022 сол) дода будем, моён ба он аҳамият додем, ки он вақт хатои техникӣ ба вуқӯъ омадааст, ки нохост шудани он баръало намоён аст. Дар посух омадааст: «Рӯзаи каффорат барои куштори ногаҳонӣ – рӯзаи муттасилест, ки давомнокии он ду моҳ аст барои касе, ки барои озод кардан ғулом надорад ва ё имкони таъом додани шаст мискинро надорад. Дар ин бора дар Қуръон омадааст:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَن يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلَّا خَطَأً ۚ وَمَن قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَأً فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ وَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ إِلَّا أَن يَصَّدَّقُوا ۚ فَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ عَدُوٍّ لَّكُمْ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ وَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُم مِّيثَاقٌ فَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ وَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ تَوْبَةً مِّنَ اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا

«Барои мӯъмин ҷоиз нест, ки мӯъминеро бикушад, магар ба иштибоҳ. Ҳар кӣ мӯъминеро ба иштибоҳ бикушад, бояд бандаи мӯъминро озод кунад ва ба хонаводаи кушташудагон фидя диҳад, магар ин ки онҳо онро қурбон накунанд. Агар мӯъмин аз қабилае бошад, ки бо шумо душманӣ кунад, пас бояд бандаи мӯъминро озод кунад. Агар кушташуда аз они мардуме бошад, ки бо онҳо паймон доред, фидяе ба хонаводаи ӯ супурдан ва бандаи мӯъминро озод кардан лозим аст. Ҳар кӣ ин корро карда натавонад, бояд ду моҳ пайваста чун тавба дар назди Аллоҳ рӯза бигирад. Аллоҳ — Донову Ҳаким аст» (4:92).

(охири иқтибос).

Ибораи «Рӯзаи каффорат  барои куштори ногаҳонӣ — ин рӯзаи муттасили давомнокиаш ду моҳ аст барои касе, ки ғуломеро барои озод кардан надорад ва ё тавоноии таъом додани шаст мискинро надорад» то калимаҳои «ва ё тавоногии таъом додани шаст мискинро надорад» дуруст мешавад. Калимаҳои: «ва ё тавоноии таъом додани шаст мискинро надорад» иштибоҳ аст, зеро дар каффорати куштори ногаҳонӣ таъом додани мискинҳо нест, ин дар худи оят низ зикр нашудааст, чунон ки  дар посух дар банди 3 низ зикр нашудааст: «Ман бошам ба он майл дорам, ки  шахсе, ки бо далели доштани узри шаръӣ ду моҳ пай дар пай рӯза гирифта наметавонад, набояд дар ин ҳолат ягон коре кунад. Аллоҳ беҳтар медонад, аммо ба эҳтимоли наздик, ӯ аз  Аллоҳ истиғфор пурсад ва ба Ӯ Таъоло  бо амалҳои иловагӣ (нофила) наздик шавад.

Аммо дар мавриди он ки чаро мо миёни каффорат барои куштори ногаҳонӣ ва каффорат барои зиҳор қиёс намекунем, сабаб дар он аст, ки дар матнҳои каффорат ҳеҷ иллат вуҷуд надорад» (охири иқтибос). Аз ин ҷо фаҳмо мешавад, ки ҷумлаи «ва ё тавоноии таъом додани шаст мискинро надорад» бо сабаби хатогӣ гузошта шудааст, илова бар ин, агар посухро бодиққат мутолиа карда шавад, пай мебаред, ки он хилофи матни боқимондаи ҷавоб аст. Аз ин рӯ, ин ҷумларо хориҷ кардан лозим аст ва ҷавоб бояд чунин садо диҳад: «Рӯзаи каффорат  барои куштори ногаҳонӣ — рӯзаи муттасили давомнокиаш ду моҳ барои касест, ки  барои озод кардан ғулом надорад, чуноне ки  оиди ин дар Қуръон гуфта мешавад:

وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ أَن يَقْتُلَ مُؤْمِنًا إِلَّا خَطَأً ۚ وَمَن قَتَلَ مُؤْمِنًا خَطَأً فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ وَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ إِلَّا أَن يَصَّدَّقُوا ۚ فَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ عَدُوٍّ لَّكُمْ وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ وَإِن كَانَ مِن قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُم مِّيثَاقٌ فَدِيَةٌ مُّسَلَّمَةٌ إِلَىٰ أَهْلِهِ وَتَحْرِيرُ رَقَبَةٍ مُّؤْمِنَةٍ ۖ فَمَن لَّمْ يَجِدْ فَصِيَامُ شَهْرَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ تَوْبَةً مِّنَ اللَّهِ ۗ وَكَانَ اللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمًا

«Барои мӯъмин ҷоиз нест, ки мӯъминеро бикушад, магар ба иштибоҳ. Ҳар кӣ мӯъминеро ба иштибоҳ бикушад, бояд бандаи мӯъминро озод кунад ва ба хонаводаи кушташудагон фидя диҳад, магар ин ки онҳо онро қурбон накунанд. Агар мӯъмин аз қабилае бошад, ки бо шумо душманӣ кунад, пас бояд бандаи мӯъминро озод кунад. Агар кушташуда аз они мардуме бошад, ки бо онҳо паймон доред, фидяе ба хонаводаи ӯ супурдан ва бандаи мӯъминро озод кардан лозим аст. Ҳар кӣ ин корро карда натавонад, бояд ду моҳ пайваста чун тавба дар назди Аллоҳ рӯза бигирад. Аллоҳ — Донову Ҳаким аст» (4:92).

Аз оят маълум мешавад, ки  ба сифати каффорат ду моҳ муттасил рӯза гирифтан  лозим аст, дар ҳоле ки ин рӯза рӯзаҳои дигарро дарбар намегирад, ки дар навбати худ барои расидан ба ҳадафҳои дигар заруранд, аз қабили рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон. Матни шаръӣ дар бораи рӯза дар моҳи Рамазон чунин аст:

 

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ

«Дар моҳи Рамазон Қуръон нозил шуд — ҳидоят барои одамон, далели равшан аз ҳидоят ва ақл аст. Ҳар касе аз шумо ин моҳро ёбад, рӯза бигирад» (2:185).

Тавре дида мешавад, ин матн аз матни каффорат барои куштори ногаҳонӣ фарқ мекунад, аз ин рӯ онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ якдигарро убур намекунанд» (охири иқтибос).

Умедворам ин ҷавоб равшан ва фаҳмо мешавад, аммо Аллоҳ беҳтар медонад!

 

28 Зулқаъдаи соли 1443 ҳиҷрӣ

27.06.2022 сол

Силсилапосухҳои олим Ато ибни Халил Абӯ Рашта, амири Ҳизб ут-таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбуки он кас додашуда дар мавзӯи «Фиқҳ».

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Матбуоти ҷаҳонӣ Осиё

Боздиди зуд-зуди намояндагони Амрикову Русия нишонаи тезутундшавии низоъ аст

Боздиди зуд-зуди намояндагони Амрикову Русия нишонаи тезутундшавии низоъ аст 23 август вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон ташриф овард. 24...
post-image Гуногун

Бидуни Хилофат бузургтарин артишҳо умматро аз ранҷ наҷот дода наметавонанд

Бидуни Хилофат бузургтарин артишҳо умматро аз ранҷ наҷот дода наметавонанд Хабар: Боришоти мавсимӣ дар Покистон кишварро ба харобиовар табдил дод, ки дар 24 соати...
post-image Гуногун

Амрико мусулмононро несту нобуд мекунад, маконҳои муқаддасро поймол мекунад ва кишварашонро таҳқир мекунад, бо сабаби он ки мусалмонҳо ҳимоятгар надоранд!

Амрико мусулмононро несту нобуд мекунад, маконҳои муқаддасро поймол мекунад ва кишварашонро таҳқир мекунад, бо сабаби он ки мусалмонҳо ҳимоятгар надоранд! Баёноти матбуотӣ Ҷо Байден,...
post-image Ар-Рая Гуногун

Қатли ом дар Ал-Ҷадид. Сирри гуфтушуниди «кафилҳо» фош гардид

Қатли ом дар Ал-Ҷадид. Сирри гуфтушуниди «кафилҳо» фош гардид Нерӯҳои режими Асад дар роҳи «Фарқия-Дайр Санбул» дар наздикии кӯҳи Зовияи ҷануби Идлиб ба сӯи...
post-image Ар-Рая Гуногун

Оли Сауд барои ба эътидол овардани равобит бо саҳюнистҳо шитоб мекунад

Оли Сауд барои ба эътидол овардани равобит бо саҳюнистҳо шитоб мекунад Пас аз он ки ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ (аз ҷумла “Исроил”) барои убур...
Бештар
ads