Тасмими Ислом оиди онҳое, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои мусалмонӣ дохил шудаанд
Посух ба суол аз Ahmad Sadid
Суол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Суоли ман оиди онҳоест, ки имрӯз дар пулис ё артиши давлатҳои мусулмон хизмат мекунанд. Ҳукми шариат дар бораи онҳо чист?
Ман аъзои Ҳизб ут-таҳрир ҳастам ва ба ин масъала таваҷҷӯҳ дорам, зеро бародарам ва падарам афсарони артиши Афғонистон мебошанд.
Аллоҳ ба Шумо мукофоти нек ато намояд!
Посух:
Ваалейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Бародарам, дар мавриди хавотирии шумо дар бораи хизмати падар ва бародаратон дар артиши Афғонистон, мо қаблан ба суоли он ки оё дар артиш хизмат кардан ҷоиз аст, посух дода будем. Мо гуфтем, ки дар баъзе мавридҳо хизмат дар артиш ҷоиз аст, дар баъзе мавридҳо бошад — қобили қабул нест.
Посухи худро аз нав иқтибос меорем:
Аз Абӯ Саид ва Абӯҳурайра ривоят мешавад, ки Пайғамбар ﷺ фармуданд:
لَيَأْتِيَنَّ عَلَى النَّاسِ زَمَانٌ يَكُونُ عَلَيْهِمْ أُمَرَاءُ سُفَهَاءُ، يُقَدِّمُونَ شِرَارَ النَّاسِ وَيُظْهِرُونَ بِخِيَارِهِمْ، وَيُؤَخِّرُونَ الصَّلَاةَ عَنْ مَوَاقِيتِهَا، فَمَنْ أَدْرَكَ ذَلِكَ مِنْكُمْ فَلَا يَكُونَنَّ عَرِيفاً وَلَا شُرَطِيّاً وَلَا جَابِياً وَلَا خَازِناً
«Барои одамон чунин замонҳо меоянд, ки ҳокимони нодон бар шумоён ҳукмронӣ мекунанд, ки онҳо бадтарини одамонро пеш мебароранд ва беҳтарини онҳоро дур месозанд ва намозро то баромадани вақташ ба таъхир мегузоранд. Ва ҳар касе аз шумо инро дарёб намояд, на машваратчӣ, на сарбоз (шурта), на андозчин ва на хазинадор шавад!».
Ҳадисро Абӯяйло баровардааст. Ҳамаи ровиёни ҳадис ба гурӯҳи «саҳеҳ» дохиланд, ба ғайр аз Абдураҳмон ибни Масъуд, ки ба гурӯҳи «шахси сазовори боварӣ» дохил мешавад.
Дар ривояте, ки дар китоби «Канз ул-Уммол» аз Хатиб ва пасон – аз Абӯҳурайра оварда шудааст, гуфта мешавад:
فَمَنْ أَدْرَكَهُمْ فَلَا يَكُونَنَّ لَهُمْ عَرِيفاً، وَلَا جَابِياً، وَلَا خَازِناً، وَلَا شُرَطِيّاً
«Ва касе аз шумо онҳоро дарёбад, бигзор барои онҳо на машваратчӣ, на андозчин, на хазинадор ва на сарбоз нашавад!».
Ҳангоми масъаларо бодиққат баррасӣ намудан чизи зерин равшан мешавад:
1) Дар ҳадиси Абӯяйло Расули Аллоҳ ﷺ ишғол кардани чаҳор мансабро дар замони ҳукмронии нодонҳо ва золимон мутлақо манъ кардаанд. Дар ҳадис аз китоби «Канз ул-Уммол» Паёмбар ﷺ аз ишғоли чаҳор мансаб хоссатан дар ҳукумати золимон манъ кардаанд, зеро гуфта мешавад, ки «бигзор барои онҳо набошад». Яъне посбони шахсии чунин ҳокимон будан, барои онҳо пул ҷамъоварӣ намуда, нигаҳбони ин пулҳо будан манъ аст. Аз ин рӯ, мамнӯъияти мутлақ дар ҳадиси якум дар ҳадиси дуввум аниқ карда шудааст. Барои ҳамин, мамнӯъият на ба ҳамаи он мушовир, андозгир, хазинадор ва сарбоз дар кишварҳое, ки Ислом ҳукмронӣ намекунад дахл дорад, балки хоссатан — ба он мушовир, андозгир, хазинадор ва сарбозе, ки мустақиман бо ин ҳокимон кор мекунад дахл дорад.
2) Ҳар касе ки аз ҳукмронии нодонҳову ситамгарон розӣ бошад, новобаста аз он ки дар артиш хизмат мекунад ё не, ӯ гунаҳкор мешавад. Саркашӣ намудан аз кор кардан барои иваз кардани ҳокиме, ки аз рӯи Ислом ҳукм намеронад, саркашӣ намудан аз наҳӣ кардани чунин ҳоким ва ё изҳори розигӣ намудан аз чунин ҳоким — ҳамаи ин гуноҳи бузург маҳсуб мешавад, чунки Расули Аллоҳ ﷺ фармудаанд:
سَتَكُونُ أُمَرَاءُ فَتَعْرِفُونَ وَتُنْكِرُونَ، فَمَنْ كَرِهَ فَقَدْ بَرِئَ، وَمَنْ أَنْكَرَ فَقَدْ سَلِمَ، وَلَكِنْ مَنْ رَضِيَ وَتَابَعَ
«Дар ояндаи наздик чунин ҳокимоне мешаванд, ки шумо онҳоро ба амалҳои писандида даъват мекунед ва аз мункар бозмедоред. Касе аз шумо онҳоро ба амалҳои писандида даъват кунад, пок мегардад. Касе аз шумо онҳоро муҳосаба кунад, худро наҷот медиҳад. Аммо касе бо онҳо розӣ бошад ва аз онҳо пайравӣ кунад…» (Муслим).
3) Бо талаби нусра муроҷиат кардан ба шахсон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хоҳ он аз муҳофизони шахсии ҳоким бошад ва хоҳ дигарон, барои аз ҳукумат барканор кардани нодону золим, ки аз рӯи қонунҳои Аллоҳ ҳукм намеронад – амали ҷоиз аст. Аммо ин корро фақат баъди ба онҳо фаҳмонда додани ҳақиқати низоми мавҷуда, ки онҳо барои он кор мекунанд, инчунин фаҳмондани зарурати тағйир додани он иҷозат дода мешавад. Агар онҳо ба даъвати Аллоҳ ва Расули Ӯ ﷺ ҷавоб дода, розӣ шаванд ва инро қабул намоянд ва сипас мавқеъ ва нуфузи худро барои наздик сохтани барпо намудани Қонуни Аллоҳ истифода баранд, онгоҳ ин комёбии бузург мешавад.
Расули Аллоҳ ﷺ ба назди қабилаҳое, ки дар он замон кофир буданд рафта, онҳоро ба Ислом даъват мекарданд. Агар онҳо Исломро мепазируфтанд, он гоҳ Эшон ﷺ бо талаби нусра барои барпо намудани Қонуни Аллоҳ ба сӯи онҳо рӯй меоварданд. Барои ҳамин, агар хидматчиёни артишҳои ҳокимони ситамгар ба даъвати ҳақ посух диҳанд ва бо қарори шариат, ки зарурати муқовимат бо ситамгарон ва аз сари қудрат дур кардани онҳоро баён менамояд шинос шаванд ва барои дар роҳи Аллоҳ кор кардан тайёр шаванд, ҳамон вақт бо талаби нусра ба онҳо муроҷиат кардан ҷоиз аст.
4) Ҷанг дар тарафи ҳокимони золим ҷоиз аст, агар ҷанг бар зидди кофирон рафта истода бошад, на мусулмонҳо. Ҷиҳод барои мусалмонҳо дар ҳама ҳолат воҷиб мебошад, агар онҳо зери идораи мусалмон бошанд, новобаста аз чихел набудани ҳоким, хоҳ парҳезгор бошад хоҳ фосиқ. Ва ҷанг кардан дар ҷониби ӯ то замоне ҷоиз аст, ки бо кофирон ҷанг меравад. Оятҳо дар ин бора мутлақанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҷиҳодро маҳдуд намесозанд:
وَمَا لَكُمۡ لَا تُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ
«Барои чӣ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод намекунед» (4:75),
ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۖ
«Онҳое, ки имон овардаанд дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод мекунанд» (4:76),
۞فَلۡيُقَٰتِلۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ٱلَّذِينَ يَشۡرُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا
«Онҳое, ки ҳаёти дунёро мехаранд, бигзор дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кунанд» (4:74).
Дар оятҳо сухан дар бораи ҳокимони золим намеравад, балки фақат дар бораи фарз будани ҷанг бо кофирон гуфта шудааст.
Ҳадисҳое ҳастанд, ки мустақим ва равшан далолат мекунанд, ки зулми ҳоким касеро аз ворид шудан ба ҷанг аз тарафи ӯ алайҳи кофирон монеъ намешавад. Дар онҳо гуфта мешавад, ки гарчанде дар тарафи фосиқ бошад ҳам, ҷиҳод бояд бурда шавад. Анас (р) ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:
وَالْجِهَادُ مَاضٍ مُنْذُ بَعَثَنِي اللَّهُ إِلَى أَنْ يُقَاتِلَ آخِرُ أُمَّتِي الدَّجَّالَ، لَا يُبْطِلُهُ جَوْرُ جَائِرٍ وَلَا عَدْلُ عَادِلٍ
«Ҷиҳод аз он замоне, ки Аллоҳ маро (бо рисолати паёмбарӣ) фиристод, то он даме, ки охирин насли Уммати ман бо Даҷҷол ҷанг накунад, идома хоҳад ёфт. Ва бо беадолатии беадл ва адли одил ҷиҳод бекор карда намешавад» (Абӯ Довуд).
(Ин посух дар 20 Ҷумодиюл-улои соли 1424 ҳиҷрӣ, ки ба 20.07.2003 сол мувофиқ аст бароварда шуд )
Умедворам, дар ин шарҳ Шумо ба суоли худ посух меёбед.
10 Муҳаррами соли 1444 ҳиҷрӣ
Силсилапосухҳои олим Ато ибни Халил Абу Рашта, амири Ҳизб ут-таҳрир, ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбукиашон дар мавзӯи “Фиқҳ”