Табобат бо воситаи биоэнергия.
Савол ва ҷавоб.
Силсилаи ҷавобҳо аз Амири Ҳизби Таҳрир, шайх, олим Ато ибни Халил Абу ар-Рашта, ба саволҳое, ки дар саҳифаи Фейсбук ба ӯ дода мешаванд. (Фиқҳ)
Аз Iman Thawabteh.
Савол:
Ассалому алайкум!
Ман донишҷӯи факултаи тиббии Донишгоҳи Ҳеврон ҳастам. Омӯзгоре, ки ба мо дарс медиҳад, дар курсҳои соҳаи табобати энергия иштирок мекунад ва ӯ мехоҳад дар ин мавзӯъ унвони магистрии худро ҳимоя кунад.
Аммо донишҷӯи дигаре бо таҳқиқи мавзӯъ иддао дорад, ки ин дар Ислом мамнӯъ аст. Профессор аз ӯ дар ин мавзӯъ далелҳои шаръӣ талаб кард, зеро ӯ ният дорад, ки курсҳои ин мавзӯъро хатм кунад, аммо донишҷӯ натавонист далелҳои равшан аз Қуръон ва Суннат дар ин масъала пешниҳод намояд. Оё шумо метавонед вобаста ба ин мавзӯъ далелҳои возеҳ нишон диҳед ва бо андешаҳои худ кӯмак кунед? Пешакӣ ташаккур.
Ҷавоб:
Инҷо мақсад аз табобати энергӣ ба пуррагӣ равшан нест? Беҳтар мешуд, ки шумо муфассалтар шарҳ медодед, то мо муфассалтар посух диҳем …
Ихтилофот дар бораи манъи ин табобат, тавре ки ман мефаҳмам, дар атрофи энергияи моддӣ ва ҳисшаванда, аз қабили лазер ва терапияи радиатсионӣ, намебошад. Табобати радиатсионӣ барои муолиҷаи бемориҳои саратон бо нурҳои энергетикии баланд (луч) истифода мешавад, ё масалан, MRТ (аксбардории магнитӣ) ҳамагӣ дар табобат ҷоизанд. Ман гумон дорам, ки савол бо истилоҳи «биоэнергия» алоқаманд аст. Агар табобат тавассути чунин энергия пешбинӣ шуда бошад, пас посух ба ёрии Аллоҳ чунин хоҳад буд:
Мувофиқи маълумоти мавзӯи табобати биоэнергетикӣ, маълум аст, ки ин намуди табобат дар фалсафаи буддизм асос ёфтааст. Намояндагони ин фалсафа чунин мешуморанд: «Табобат барои ба даст овардани саломатии ҷисмонӣ равона карда шудааст. Табобати энергетикӣ ба ҳолати эҳсосот ва руҳии инсон таъсири махсус дорад. Принсипи табобат ба таъсири метафизика ба шуури инсон асос ёфтааст, ки онро файласуфони қадимии Шарқ кашф кардаанд. Принсипҳои асосии ин фалсафа мавҷудияти як қувваи фаъол дар коинот бо номи «ki» ё «qi» ё «prana» мебошад, ки тавассути он инсон метавонад ба энергияи ноаён ноил гардад ва бемориҳои гуногуни узвии инсон, инчунин ихтилоли рӯҳӣ ва депрессияро табобат кунад. Гузашта аз ин, тавассути чунин нерӯ метавон қобилиятеро инкишоф дод, ки имкони ба шуури одамони дигар таъсир расониданро медиҳад ва ба онҳо имкон медиҳад, ба ки вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии онҳо шифо бахшанд … ».
Шубҳае нест, ки чунин навъи табобат ҳаром аст, зеро он аз фалсафаи дини буддоӣ сарчашма мегирад, ки ба Ислом куллан мухолиф аст ва чунин тарзи «табобат» бар пояи қаллобӣ ва фиреб асос ёфтааст …
Дар мавриди ҳаром будани чунин табобат ҳоҷат ба овардани матнҳо аз Қуръон ва Суннат нест. Кофист, ки табобат аз фалсафаи буддизм ва бутпарастӣ сарчашма гирифта бар он асос ёфтааст.
Агар дар савол маҳз чунин табобат дар назар дошта шуда бошад, пас ҷавоби суоли шумо чунин аст. Агар чизи дигаре бошад, саволро муфассалтар нависед ва мо бо кӯмаки Аллоҳ ба он ҷавоб хоҳем дод.
Бародари шумо Ато ибни Халил Абу ар-Рашта.
06.03.2016.