Шиддатнокӣ байни ИМА ва Хитой аз барои Тайван

Шиддатнокӣ байни ИМА ва Хитой аз барои Тайван

Суол:

Дар паси шиддатёбии муносибатҳо байни ИМА ва Хитой аз барои Тайван чӣ меистад?  Сабаби ин шиддатёбӣ дар чист?

Барои чӣ ИМА бо фиристодани раиси Палатаи намояндагони ИМА ва дигар аъзоёни Конгресс ба Тайван Хитойро ба иғво меандозанд?  Ҷазира барои Хитой ва Амрико чӣ арзиш дорад?  Оё муаммо сӯи ҷанг ҳаракат дорад, ё ин ки вазъият ором шуда истодааст?

Посух:

Барои муайян сохтани сабабҳои аслии афзудани шиддат дар атрофи Тайван ва омилҳои иғвогарӣ, бояд баъзе тафсилоти ин муамморо ба ёд овард:

  1. Амрико Хитойро барои худ рақиби рақами як дар сатҳи байналхалқӣ мешуморад. Иқтисодиёти Хитой–хеле калон ва назар ба иқтисодиёти амрикоӣ тезтар ривоҷ ёфта истодааст. Ин бо он таҳдид мекунад, ки Хитой баъд аз чанд вақт дар ҷаҳон ҷои аввалро дар иқтисодиёт мегирад. Қудрати иқтисодии Хитой батадриҷ ба қудрати ҳарбӣ мубаддал мегардад, зеро сол ба сол хароҷоти ҳарбии он боло меравад ва баробари ин имкониятҳои анъанавӣ ва ядровии артиши хитоӣ бисёр мешаванд. Болоравӣ дар ин ҷанбаҳо ба болоравии амбитсияҳои сиёсии Хитой низ меорад. Яке аз намунаҳо лоиҳаи «Роҳи абрешим» мебошад, ки ба Хитой дар баъзе кишварҳо, алалхусус дар Осиё, нуфузи сиёсӣ ва иқтисодӣ овард. Ин гуна вазъияти кор ба Амрико маъқул нест. Бинобар ин ИМА ба Хитой  ҷанги тиҷоратӣ эълон намуд, то ба Хитой зиддият намуда, ба болоравии он роҳ надиҳад.
  2. Тайван — ҷазираи калон бо масоҳати 36 ҳазор км², аҳолии 24 миллион нафара ва иқтисоди 26-уми ҷаҳон мебошад, ки бо саноати чипӣ-электронӣ машҳур аст. Аз рӯи меъёрҳои имрӯза ин давлати мукаммал аст. Аммо, якчанд омилҳо ба чунин давлат шудани ҷазира халал мерасонанд — таърих, сокинон – чиниҳо ва ҷойгиршавиаш (140 км аз Хитои қитъавӣ).  Бо ин сабабҳо Хитой ба ҷазира чун ба вилояти исёнгар нигоҳ мекунад. Таърихи сиёсии Тайван боиси ташаннуҷи равобит бо Хитой шудааст. Дар соли 1949 Партияи Коммунистӣ дар Хитои қитъавӣ ба сари ҳокимият омад. Ҳокимони сарнагуншудаи Хитой («Партияи миллии Хитой» («Гоминдон»)) ба Тайван кӯчиданд, ки он вақт дар тарафи онҳо буд. Ду миллион нафар хитоиҳо, ки душманони Партияи Коммунистй буданд, ҳамроҳи онҳо кӯч баста, пойтахти худро дар шаҳри Тайбэй барпо намуданд. Ҳамин тавр, собиқ ҳокимони Хитой (пеш аз ба сари хокимият омадани коммунистон) чазираи Тайванро дар зери ҳукмронии худ нигоҳ медоштанд ва ба онҳо чатри ​​ҳарбии Амрико, ки то ин ҷойҳо паҳн шуда буд, ёрӣ мерасонд. Дар соли 1955 Амрико бо Тайван ҳамчун бо «Ҷумҳурии Хитой»  созишномаи дифоъи тарафайн ба имзо расонд, зеро он замон Амрико Ҷумҳурии Мардумии Хитойро, ки дар он Ҳизби коммунистии Хитой ҳукмронӣ менамуд,  расман намешинохт. Амрико борҳо барои ҳимояи Тайван (Ҷумҳурии Хитой) дахолат карда буд ва ҳатто ба он узвияти доимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ-ро таъмин намуд.
  3. Амрико пас аз чанд созишнома бо Пекин розӣ шуд, ки ба ҷои Тайван ҶХХ-ро ба Шӯрои Амнияти СММ шомил намояд, яъне он қисми Хитойро, ки дар зери идораи Ҳизби коммунистии Хитой мебошад. Аз он вақт инҷониб Иёлоти Муттаҳида сиёсати «Хитои ягона»-ро дастгирӣ менамоянд, яъне истиқлолияти Тайванро эътироф намекунанд, аммо дар айни замон бо он созишномаи мудофиавиро нигоҳ медоранд, то аннексия аз ҷониби Хитои қитъавиро пешгирӣ  намояд. Ҳамин тавр, Амрико зиёда аз ҳафтод сол аст, ки иштирокчии фаъоли масъалаи Тайван мебошад. Имрӯз Амрико ба Тайван чун ба давлати соҳибистиқлол муносибат менамояд, вале истиқлолияти онро расман эътироф намекунад ва бо он муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ барқарор менамояд, дар бораи муҳофизат дар симои  флоти Амрико бошад ҷои сухан ҳам нест. Амрико муассисаи махсусе дорад, ки дар Тайбэй вазифаҳои сафоратро иҷро мекунад, гарчанде ки  расман сафорат номида намешавад.

 

  1. Чунин аст таваллуди Тайван ҳамчун сохтори сиёсии алоҳида аз Хитои асосӣ. Имрӯз иқтидори Хитой хеле афзудааст ва он дар арсаи байналхалқӣ ба қувваи таъсирбахш табдил ёфтааст. Вай дар Осиё ба нуфузи зиёд соҳиб шудааст, хусусан дар соҳаи иқтисодӣ, аммо нотавонӣ дар  ҳалли муаммои Тайван ҳамчун минтақаи исьёнгарон ҷои заифи РХХ мебошад. Ва агар Хитой чи дар  гузашта  ва чи ҳозир аз қудрати низомии Тайван наметарсид ва наметарсад ва аниқ ба тавоноии худ, ки метавонад  бо зӯрӣ  ҷазираро баргардонад боварӣ дорад, аммо аз ҷанг бо Амрико  барои Тайван ӯ метарсид ва то ҳол метарсад. Ин чиз  дар бӯҳрони кунунӣ равшан мушоҳида мешавад, ки дар он Амрико нисбати Хитой устуворӣ нишон медиҳад. Дар сатҳи байналхалқӣ барои Хитой кифоя буд, ки ҷаҳон истиқлолияти Тайванро эътироф нанамуд. Ин як сиёсати маъруф ва ҳамоҳангшуда бо Амрико аст, ки «Як Хитой» ном дорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, бисьёр мамлакатҳо бо сардории Амрико ба Тайван ҳамчун ба давлати мустақил муносибат мекунанд. Дар умум, Хитой дар атрофи Тайван ягон бӯҳрони ҷиддие эҷод накардааст, то дар пеши равобити тиҷории худ бо ҷаҳон монеа нагузорад
  2. Амрико Тайванро барои иғво андохтан ва паст задани Хитой ва нишон додани заифии он истифода мебарад, дар сурати ба иғвогариҳои Амрико ягон хел ҷавоб надодани Хитой. Аммо агар Хитой ба ин иғвогарии Амрико ҷавоб дода, ба мудофиа шурӯъ намояд, Тайван ба ботлоқе табдил меёбад, ки Хитой дар он дармемонад. Яъне, Амрико Хитойро дар пеши муаммое мегузорад, ки дар он ҳар яке аз интихоб маънои нокомиро дорад. Айнан ҳамин чиз имрӯз дар тамоми манёврҳо оид ба масъалаи Тайван мушоҳида карда мешавад. Бе ягон сабаби воқеӣ Амрико оиди нияти раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнси Пелосӣ дар бораи боздид намудан аз Тайван эълон намуд. Санаи интизории сафар 3 августи соли 2022 буд. Хитой ба хашм омад ва Амрикоро ҳушдор дод, ки агар Пелосӣ ба Тайван сафар намояд, Амрико барои ин кораш ҷавоб хоҳад дод. «Пекин ҳушдор дод, ки ҳавопаймоҳое, ки минтақаи мамнӯъ дар фазои ҳавоии Тайванро вайрон мекунанд, метавонанд сарнагун шаванд» («Al Shorouk», 02.08.2022). Аммо Амрико дар ин иғвогарӣ нархро боло бурд. Пелосӣ, таҳдидҳои Хитойро сарфи назар намуда,  сафарро дар як ҳавопаймои низомии Амрико анҷом дод, ки онро боз 13 ҳавопаймои дигари низомӣ, ки аз пойгоҳи низомии Амрико дар Ҷопон париданд, ҳамроҳӣ карданд, .
  3. Хитой аз оғози машқҳои густурдаи низомӣ дар гулӯгоҳи Тайван, аз ҷумла партоби мушакҳо хабар дод ва аз Иёлоти Муттаҳида талаб намуд, ки сиёсати «Як Хитой»-ро, ки миёни ду ҷониб аз соли 1971 ба тавофуқ расида буд, риоя намояд. Масъалаи сафари Пелосӣ қариб баста шуда буд, аммо ниятҳои қатъии Амрико барои зиёд кардани иғвогарӣ ба ин монеъ шуд. Баъди чанд вақт ҳайати дигари конгрессменҳои Амрико ба Тайван омад. Ҳамин тавр, Вашингтон дар масъалаи муқовимат бо Хитой қатъият зоҳир намуд. «Бино бар хабари муассисае, ки ба ҳайси сафорати Вашингтон дар Тайбэй фаъолият мекунад, рӯзи якшанбе, 14 август, пас аз чанд рӯзи баргузории машқҳои низомӣ дар наздикии ҷазира, ки Хитой дар посух ба сафари раиси Маҷлиси Намояндагон Нэнси Пелосӣ анҷом дод, боз як ҳайати дигари конгрессменҳои ИМА вориди Тайван шуданд. («Independent Arabia», 14.08.2022). Дар посух Хитой дар гулӯгоҳ манёврҳои нави низомӣ оғоз намуд, ИМА бошад эълом дошт, ки флот ва авиатсияи онҳо дар гулӯгоҳи Тайван амалиёти транзитӣ анҷом доданд, то таъкид намоянд, ки киштиронӣ дар он озод аст. Тайван низ бо гузаронидани манёврҳои низомӣ, ки гӯё ҳуҷуми хитоиро ба ҷазира бармегардонад, дандонҳои худро нишон дод. Ҳамин тавр, байни Амрико ва Хитой бӯҳрони Тайван сар зад, ки онро метавон дар чанд нукта тавсиф кард:

а) Хитой ба хашм омада, ба ҷанги эҳтимолй тайёрӣ дида истодааст. «Вазорати дифои Хитой изҳор дошт, ки сафари қонунгузорони ИМА нақзи истиқлолият ва якпорчагии арзии Хитой буда, ИМА-ро ҳамчун поймолкунандаи сулҳу субот дар гулӯгоҳи Тайван фош мекунад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Артиши Халқӣ — озодкунандаи Хитой таълиму тамринро давом дода, ба ҷанг тайёрӣ мебинад, соҳибихтиёрии миллӣ ва якпорчагии ҳудудҳояшро қатъиян муҳофизат мекунад ва ҳар  гуна шаклҳои сепаратизм, «истиқлолияти Тайван» ва дахолати хориҷиро қатъиян пахш мекунад» («Independent Arabia », 14.08.2022).

б) Амрико иғво андохтан, иттифоқҳо барпо кардан ва ташвиқи Хитойро давом дода истодааст. «Ноиб-адмирал Карл Томас, фармондеҳи Флоти ҳафтуми ИМА, рӯзи сешанбе, 16 август, ҳангоми мулоқот дар Сингапур изҳор дошт, ки тасмими Хитой дар бораи партоби мушакҳо дар болои Тайван бояд чун бемасъулиятӣ маҳкум карда шавад»(«Independent Arabia», 14.08.2022). Пас аз он ноиб- адмирал кишварҳои осиёиро бар зидди Хитой иғво андохта, изҳор намуд: «Агар шумо ба Хитой муқобилият накунед, он ногаҳон метавонад ба чизе монанди ҷазираҳои баҳри Ҷанубӣ-Хитоӣ табдил ёбад, ки ҳоло заставаҳои низомӣ мебошанд» . Қабл аз ин раисҷумҳури Амрико равшан изҳор дошт, ки агар Хитой ба Тайван ҳамла намояд, Амрико дар канори Тайван меҷангад. «Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ҳушдор дод, ки Хитой дар масъалаи  Тайван «бо оташ бозӣ мекунад» ва ваъда дод, ки дар сурати ҳамла ба ҷазира бо роҳи  низомӣ дахолат менамояд, то ҷазираро муҳофизат кунад. Дар посух ба саволи мустақим, ки агар Хитой ҳуҷум намояд, оё Иёлоти Муттаҳида аз Тайван дифоъи низомӣ хоҳад кард, дар ҳоле ки он барои дифоъ аз Украина дахолат накард, Байден ҷавоб дод: «Бале. Ин ӯҳдадориест, ки мо ба зимаи худ гирифтаем»(«BBC», 23/05/2022). Вақтҳои охир дар Тайван ба муқобили Хитой иғвогариҳои шадид  мушоҳида карда мешавад. Инчунин намоиши қудрати низомии Хитой дар атрофи Тайван мушоҳида мешавад, ки бо таҳдидҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Ғайр аз  ин, мо ворид шудани киштиҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба ҳамон гулӯгоҳ, инчунин даъватҳои иғвогаронаи доимӣ ба Хитой дар остонаи ҳудудҳояшро мебинем. Бо дарназардошти ҳамаи ин, мо метавонем бигӯем, ки бӯҳрон хеле ҷиддӣ аст, зеро маҳз Амрико Хитойро ба  тезутундшавии минбаъда тела медиҳад. Чандин солҳост, ки вай аз сабаби бархӯрди эҳтимолии низомӣ бо Хитой артишҳои худро дар Осиё мутамарказ мегардонад. Аз ин рӯ, Амрико қадамҳоро барои эҷоди иттифоқҳои нави низомӣ бар зидди Хитой, ба монанди иттифоқи AUKUS бо Австралия ва Британияи Кабир ва таҳким додани иттифоқҳои мавҷуда, ба монанди иттифоқи QUAD бо Ҷопон, Ҳиндустон ва Австралия суръат бахшид. Яъне, Амрико ба таҳдидҳои низомӣ дар баробари таҳдидҳои иқтисодӣ рӯ меорад, бо ин далел, ки таҳдиди аввалӣ нисбат ба дуввумӣ босамартар аст.

в) Аз афти кор, Хитой дарк намуд, ки ин нақшаҳо бо сиёсати калони Амрико дар бобати боздоштани Хитой алоқаманд мебошанд ва муаммо бо Тайван алоқае надорад. Барои ҳамин вай қобилияти ҷангии худро нишон медиҳад. Дар изҳороти паҳнкардаи Фармондеҳии шарқии артиши Хитой гуфта мешавад, ки 15 август Артиши халқӣ-озодкунандаи Хитой дар баҳр ва фазои ҳавоии атрофи Тайван посбонҳои мусаллаҳи бисёрмақсаднок ва машқҳои ҷангӣ ташкил намуд («Independent Arabia», 14/08/2022). «Ғайр аз ин, низомиёни Хитой изҳор доштанд, ки онҳо имрӯз дар наздикии Тайван манёврҳо анҷом доданд, то  чизеро эҷод кунанд, ки онро барои Вашингтон ва Тайбэй, ки ба сохтани найрангҳои сиёсӣ ва вайрон кардани сулҳу субот дар гулӯгоҳи Тайван давом медиҳанд,  як монеаи ҷиддии боздоранда номиданд. Дар ҳамин замина вазорати дифоъи Хитой изҳор дошт, ки нерӯҳои ин кишвар тамрин ва омодагиро ба ҷанг, дифоъи қатъии истиқлолияти миллӣ, пахш кардани ҳама гуна шаклҳои истиқлолияти Тайван ва кӯшишҳои дахолати хориҷиро идома медиҳанд. Вазорат ба Амрико ва «Ҳизби демократии прогрессивӣ», ки дар Тайбэй ҳукм меронад, ҳушдор додааст, ки истифода аз Тайван барои боздоштани Хитой ба нокомӣ маҳкум  шудааст» («Al Jazeera», 15.08.2022). Ғайр аз ин, 17 августи соли 2022  Хитой як қисми нерӯҳояшро барои тамринҳои муштарак бо артиши русия ба Русия фиристод, гӯё ба Амрико таҳдид намуда, ба он фаҳмонад, ки Русия дар бӯҳрони Тайван Хитойро дастгирӣ мекунад.

  1. Инҳоанд ҷанбаҳои бӯҳрони Тайван, ки бо эҷод кардани онҳо Амрико мехоҳад Хитойро ба худ тобеъ гардонад. Инчунин чаҳор масъалаи бо ҳам алоқамандро бояд қайд намуд:

а) Амрико аз сабаби қудрати иқтисодии Чин аз ҷангҳои иқтисодӣ бо Чин тарсида монд. Аммо аз сабаби фарқияти бузурги қудрати низомӣ, Амрико аз бархӯрди низомӣ бо Хитой наметарсад. Бинобар ин тезу тунд шудани масъалаи Тайванро чун сиёсати равшану сахтгиронаи Амрико баррасӣ кардан лозим аст, ки мақсад аз он аз сатҳи  иқтисодӣ ба сатҳи ҳарбӣ гузаронидани низоъ мебошад, ки дар он Амрико аз Хитой хеле пеш меистад. Шояд банд будани Русия бо ҷанг дар Украина ҳама гуна имкони дастгирии низомии Русия аз Хитойро, дар сурати ҷанг барои Тайван, аз байн мебарад. Ва аз афти кор, дар ин ҷанг барои истифода аз яроқи ядровӣ ҷой нест.

б) Агар ба Амрико муяссар шавад, ки Хитойро  ба ҷанги Тайван кашида, сипас якҷоя бо иттифоқчиёнаш бар зидди он таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намояд, ба мисли таҳримҳои зидди Русия ҷорикарда, он гоҳ иқтидори иқтисодии Хитой зери хатари  бузург хоҳад монд. Дар ин сурат Амрико ба аҳдофи худ дар мавриди боздошти қудрати Хитой мерасад. Ин таҳримҳои интизорраванда алайҳи Хитой, дар сурати ҳуҷум ба Тайван, барои Амрико як дастоварди бузург мешаванд ва ҳамзамон барои сарватмандтарин табақаи мардуми Хитой, ки дар ҳизби ҳокими коммунист мавқеъҳои баланд доранд, хеле дардовар хоҳад буд. Ва агар  манфиатҳои ин табақаи бонуфуз то ба ин дараҷа  поймол карда шаванд, пас онҳо дар дохили Партияи коммунистии Хитой ҳамчун сутуни панҷум кор мекунанд, то бо Америка розигии тарафайн ба даст оранд.

в) Аз чизҳои дар боло гуфташуда маълум мешавад, ки шиддат дар атрофи Тайван аз Амрико бармеояд ва дар самти болораванда ҳаракат менамояд. Инчунин равшан аст, ки банд будани Амрико бо ҷанг дар Украина дар авҷ гирондани шиддат бо Хитой монеа эҷод намекунад. Қаблан Амрико пешниҳоди Лаҳистонро дар бораи таҳвили МиГҳои сохти Шӯравӣ ба Украина дар ивази таъмин кардани Лаҳистон аз ҷониби Амрико бо ҳавопаймоҳои F-16-ро  рад карда буд. Ҷониби  Амрико гуфт, ки корхонаҳои ҳавопаймоии он ба таъмин кардани Тайван бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ  кор мекунанд ва ба ин васила нишон дод, ки ҷанг дар Украина онро аз Хитой ғофил  накардааст. Чунин аст вазъият дар атрофи бӯҳрони Тайван ва  чунинанд омилҳои он.

г) Дар мавриди суоли он ки ин бӯҳрон ба сӯи ҷанг меравад ё ором мешавад, ба эҳтимоли зиёд авҷ гирифтани бӯҳрон ба он нигаронида шудааст, ки Хитойро бо муаммоҳои назди марз банд карда монда, онро аз имконияти ёрӣ додан ба Русия  дар ҷанги зидди Украина маҳрум созад. Ҳамин тавр, Амрико барои Русия дар Украина ва барои Хитой бошад – дар Тайван бӯҳрон эҷод намуд, то ҳардуро заъиф созад. Агар Русия ва Хитой  равшан идрок нанамоянд, ки ботлоқе, ки Амрико дар Украина ва Тайван барои онҳо омада кардааст, то чи андоза хатарнок аст, Амрико ба ҳадафи хеш ноил мешавад. Мо мегӯем, ки ин эҳтимоли бештар дорад, зеро эҳтимолияти ҷанг ё, ҳадди ақал, задухӯрдҳои низомӣ ҳамеша боқӣ мемонад. Дар чунин ҳолати ба ҳам наздик шудани артишҳо ва афзудани иғвогариҳо ҳар як хатогии ҳисобукитобнашуда ба ҷанг оварда метавонад.

  1. Имрӯзҳо дар ин ҷаҳон давлатҳои бузурге ҳукмрон ҳастанд ва бартарӣ доранд, ки аз паи адолату некӣ нестанд, балки сар то по дар беадолативу бадӣ ғӯта  задаанд. Агар манфиати онҳо нобуд сохтани замин ва одамонро талаб намояд, пас онҳо ин корро бе ягон дудилагӣ анҷом медиҳанд. Агар хоҳишҳои нафси онҳо рехтани хун ва паҳншавии бадиро талаб кунанд, пас онҳо, фикр ҳам накарда ба ин кор даст мезананд. Моён такрор шудани таърихро мушоҳида менамоем, зеро қаблан ду империяи бузург – Рум ва Форс айнан ҳамин хел  бархӯрд карда буданд. Ҳамон тавре ки он империяҳо аз тарафи мӯъминон нобуд карда шуда буданд, имрӯз низ абарқудратҳои бузург бо дасти мӯъминон нобуд карда мешаванд. Дар ҷаҳон азнав Хилофати Рошида  бо тариқати  нубувват  зуҳур менамояд, ки ба инсоният сулҳу осудагиро меорад.  меорад: Аллоҳ Таоло мегӯяд:

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَۖ قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَرِيبٗا

«Ва мегӯянд: «Ин кор кай мешуда бошад?». Бигӯ: «Шояд ин ба зудӣ рӯй диҳад». (17:51).

 

25 Муҳаррами соли 1444 ҳиҷрӣ.

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads