بسم الله الرحمن الرحيم
ҶАВОБИ САВОЛ
САФИРҲО ДАР ИСЛОМ
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, шайхи азизи мо. Аз Аллоҳ мепурсам, ки шуморо қувват бахшад ва саломатии бардавом ва умри дароз ато кунад ва аз шоҳидони бозгашти Хилофат гардонад, то зери қиёдати шумо ба пеш биравем. Омин.
Ман аз лоиҳаи дустур, ки ҳизб табаннӣ кардааст, як савол дорам. Дар моддаи 7-уми он, дар банди “е” чунин гуфта мешавад: “Давлат ҳукмҳои шаръии боқимонда ва тамоми масъалаҳои дигари шариати исломиро, аз ҷумла муомилот, уқубот, байинот, низомҳои ҳокимият, иқтисод ва ғайраро ба ҳама, мусалмонон ва ғайримусалмонон, яксон татбиқ мекунад. Инчунин, давлат онҳоро ба муоҳидон, мустаъминон ва ҳар касе, ки зери салтанати Ислом қарор дорад, татбиқ мекунад. Аз ин танҳо сафирон, фиристодагон ва амсоли онҳо истисно карда мешаванд, чун онҳо масунияти дипломатӣ доранд”.
Саволи ман дар бораи сафирон аст. Воқеъ нишон медиҳад, ки сафирон ду навъ ҳастанд. Баъзеи онҳо сафирони муваққата мебошанд, ки як муддати муайяни вақт боқӣ монда, сипас ба кишварҳои худ бармегарданд. Баъзеи дигар сафироне ҳастанд, ки дар давлати Хилофат ба таври доимӣ қарор доранд. Пас оё ин модда ба ҳарду намуди сафирон татбиқ карда мешавад?
Агар яке аз ин ду намуди сафирон ҷинояте содир кунад ё ба амале, ки аз салоҳияти сафирӣ берун аст, даст занад, оё ӯ тибқи қонунҳои давлати Хилофат муҳокима ва муҷозот мешавад? Ё муносибат ба сафири муваққата ва сафири доимӣ дар ин масъала ҳархела хоҳад буд?
Аллоҳ ба шумо подоши нек ато фармояд!
Саволдиҳанда: Сайфиддини Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ваалайкум ассалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Аллоҳ ба ту барои дуои некат дар ҳаққи мо барака ато фармояд ва мо дар ҳаққи ту аз Аллоҳ хайрро талаб мекунем.
Якум: Дар мавриди саволи ту дар бораи сафирони доимӣ ва сафирони муваққата бояд бигӯям, ки миёни онҳо аз ҷиҳати шаръӣ ягон фарқ вуҷуд надорад. Модоме ки ба шахс маънои калимаи “сафир” рост меояд, ӯ дар муддати мавҷудияти худ дар давлати Хилофат аз масунияти дипломатӣ бе ягон фарқ бархӯрдор хоҳад буд… Пештар, дар замони Паёмбар ﷺ, саҳобагон ва дар асрҳои минбаъда сафирони доимӣ вуҷуд надоштанд, балки сафирони фиристодашуда баъд аз расонидани паём ба кишвари худ бармегаштанд. Яъне пештар сафирон, чи хеле ки ту мегӯӣ, сафирони муваққата буданд… Сипас ба далели печида шудани равобит ва зарурати иртиботи доимӣ дар миёни давлатҳо, инчунин ба далели ҳузур доштани шаҳрвандони давлатҳои дигар дар як давлат масъалаи сафирони доимӣ ва сафоратхонаҳо ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, давлатҳо ба кушодани сафоратхонаҳои доимии давлатҳои дигар ва қабули аккредитатсияи сафирони ин давлатҳо, ки дар ин давлат муқим мегаштанд, шурӯъ карданд… Маҳз ҳамин маъно оид ба сафирон аз ҳадиси шариф, ки онро Аҳмад аз Ибни Масъуд ривоят кардааст, баромада меояд. Ибни Масъуд мегӯяд:
جَاءَ ابْنُ النَّوَّاحَةِ وَابْنُ أُثَالٍ، رَسُولاَ مُسَيْلِمَةَ إِلَى النَّبِيِّ ﷺ، فَقَالَ لَهُمَا: أَتَشْهَدَانِ أَنِّي رَسُولُ اللَّهِ؟ قَالاَ: نَشْهَدُ أَنَّ مُسَيْلِمَةَ رَسُولُ اللَّهِ، فَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: آمَنْتُ بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ، لَوْ كُنْتُ قَاتِلاً رَسُولاً لَقَتَلْتُكُمَا، قَالَ عَبْدُ اللَّهِ: قَالَ: فَمَضَتِ السُّنَّةُ أَنَّ الرُّسُلَ لاَ تُقْتَلُ
“Ибни Наввоҳа ва Ибни Асол, ки сафирони Мусайлима ба сӯи Паёмбар ﷺ буданд, назди ӯ омаданд. Паёмбар ﷺ ба онҳо гуфт: Оё гувоҳӣ медиҳед, ки ман Паёмбари Аллоҳ ҳастам? Гуфтанд: Шаҳодат медиҳем, ки Мусайлима Расули Аллоҳ аст. Пас Паёмбар ﷺ фармуд: Ман ба Аллоҳ ва паёмбарони Ӯ имон дорам. Агар ман қотили сафир мебудам, ҳатман ҳардуи шуморо мекуштам. Абдуллоҳ гуфт: Пас қоида ин шуд, ки сафирон қатл карда намешаванд”.
Ин ҳадисро Аҳмад бароварда, Ҳайсамӣ онро ҳадиси ҳасан арзёбӣ кардааст. Кушоду равшан аст, ки дар он сухан дар бораи ду сафире меравад, ки Мусайлимаи каззоб барои як маротиба фиристода буд.
Дуюм: Аммо ҷавоб ба саволи ту дар мавриди муҷозоти сафирон ва фиристодагон дар китоби “Муқаддимаи дустур” омадааст. Дар шарҳи банди “е”-и моддаи 7-уми ин китоб чунин гуфта шудааст: “Банди “е” ба татбиқи тамоми аҳкоми Ислом дахл дорад. Далели он қаблан гузашта буд, ки кофир ба усул ва фуруъ мукаллаф буда, аз ӯ иҷроиши тамоми аҳкоми Ислом талаб карда мешавад. Ин ҳукм ом буда, ҳам зиммӣ ва ҳам ғайризиммиеро, ки зери ҳукмронии Ислом зиндагӣ мекунад, дарбар мегирад. Пас аҳкоми Ислом ба тамоми кофироне, ки ба Дор-ул-Ислом дохил мешаванд, хоҳ зиммӣ бошанд, хоҳ муоҳид ва хоҳ мустаъмин, татбиқ карда мешаванд. Танҳо ақоид ва корҳое, ки аз ақоид маҳсуб меёбанд, инчунин корҳое, ки Расул ﷺ кофиронро аз иҷроиши он бознадоштанд, аз ин истисно ҳастанд. Аммо нисбати сафирон ва афроди ба онҳо монанд, аҳкоми уқубот татбиқ карда намешавад, балки ба онҳо масунияти дипломатӣ бахшида мешавад. Зеро Аҳмад аз Ибни Масъуд ривоят кардааст, ки ӯ фармуд:
جَاءَ ابْنُ النَّوَّاحَةِ وَابْنُ أُثَالٍ، رَسُولاَ مُسَيْلِمَةَ إِلَى النَّبِيِّ ﷺ، فَقَالَ لَهُمَا: أَتَشْهَدَانِ أَنِّي رَسُولُ اللَّهِ؟ قَالاَ: نَشْهَدُ أَنَّ مُسَيْلِمَةَ رَسُولُ اللَّهِ، فَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: آمَنْتُ بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ، لَوْ كُنْتُ قَاتِلاً رَسُولاً لَقَتَلْتُكُمَا، قَالَ عَبْدُ اللَّهِ: قَالَ: فَمَضَتِ السُّنَّةُ أَنَّ الرُّسُلَ لاَ تُقْتَلُ
“Ибни Наввоҳа ва Ибни Асол, ки сафирони Мусайлима ба сӯи Паёмбар ﷺ буданд, назди ӯ омаданд. Паёмбар ﷺ ба онҳо гуфт: Оё гувоҳӣ медиҳед, ки ман Паёмбари Аллоҳ ҳастам? Гуфтанд: Шаҳодат медиҳем, ки Мусайлима Расули Аллоҳ аст. Пас Паёмбар ﷺ фармуд: Ман ба Аллоҳ ва паёмбарони Ӯ имон дорам. Агар ман қотили сафир мебудам, ҳатман ҳардуи шуморо мекуштам. Абдуллоҳ гуфт: Пас қоида ин шуд, ки сафирон қатл карда намешаванд”.
Ин ҳадисро Аҳмад бароварда, Ҳайсамӣ онро ҳадиси ҳасан арзёбӣ кардааст. Ин ҳадис ба ҳаром будани куштани сафирони кофирон далолат мекунад. Ба уқуботи дигар гирифтор кардани сафирон низ, мисли куштани онҳо, ҳаром мебошад. Лекин ин истисно фақат ба касе тааллуқ дорад, ки васфи “сафир” ба ӯ мувофиқ аст, ба мисли сафир ва вакили дипломатӣ. Аммо касоне, ки ба онҳо васфи “сафир” мувофиқ нест, ба монанди консул, намояндаи тиҷорӣ ва ғайра, ба масунияти дипломатӣ соҳиб намешаванд.
Дар ин масъала ба урфи байналмилалӣ рӯй оварда мешавад, зеро калимаи “сафир” лафзи истилоҳист, ки воқеи он аз урф гирифта мешавад, ки инро таҳқиқи манот меноманд, яъне таҳқиқи он, ки оё фалонӣ сафир эътибор карда мешавад ё на”. Иқтибоси шарҳ аз китоби “Муқаддимаи дустур” дар инҷо ба поён расид.
Аз ин хулоса мекунем, ки ҷоиз набудани қатл ва уқуботи дигари сафир ҳам ба сафири доимӣ ва ҳам ба сафири муваққата, модоме ки дар онҳо васфи “сафир” побарҷост, тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, дар масъалаи ҷазо надодани сафир дар байни ин ҳарду ҳеҷ фарқе вуҷуд надорад, чунки онҳо сафир буда, аҳкоми сафир дар масъалаи уқубот ба онҳо мувофиқ меояд.
Аммо дар хусуси қисми охирини савол, ки агар яке аз ин ду намуди сафирон ҷинояте содир кунад ё ба амале, ки аз салоҳияти сафирӣ берун аст, даст занад, оё ӯ тибқи қонунҳои давлати Хилофат муҳокима ва муҷозот мешавад ё не, бояд гӯям, ки мо воқеи ҷиноятҳоеро, ки зери ҳимояи дипломатӣ қарор мегиранд, ва ҷиноятҳои дигаре, ки қарор намегиранд, ҳоло батафсил баён накардаем. ИншоАллоҳ, тафсилоти инро дар лоиҳаи танфизии моддаҳои дустур, ки аллакай ба омода кардани он оғоз намудаем, хоҳем овард. Аз Аллоҳ мепурсем, ки ба мо барои дар вақти муносиб ба охир расонидани он кӯмак кунад.
Умед мекунам, ки ин ҷавоби кофист ва Аллоҳ донотар аст.
Бародари шумо Ато ибни Халил Абӯ Рушта
06 сафари соли 1445 ҳиҷрӣ