Қонуни Шариат дар бораи «фотиҳакунӣ» пеш аз никоҳ.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Қонуни Шариат дар бораи «фотиҳакунӣ» пеш аз никоҳ.

аз ҷониби Manar Aljunaidi

Савол: Ассалому алайкум.

Саволи ман ба падидае дахл дорад, ки дар байни мо васеъ паҳн шудааст. Ин дар бораи маросими арӯсӣ аст, ки дар он сураи «Фотиҳа» ё дуо хонда мешавад, дар ҳоле ки хостгор костюм мепӯшад, арӯс худро оро медиҳад, ҳалқаҳоро ба бар карда, рақс мекунад … ва ҳамаи ин пеш аз издивоҷ (ақди никоҳ) рух медиҳад. Аз ин рӯ савол ба миён меояд: оё ин мувофиқи Шариат бо назардошти он, ки ин кор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат мегирад, ҷоиз аст? Ҳамзамон, пеш чунин чизҳо ба монанди дар назди домод кашидани ҳиҷоб ва табарруҷ то анҷоми ақди никоҳ вуҷуд надошт.

Аллоҳ некиҳояшро ба шумо арзонӣ дорад!

Ҷавоб:

Ва алайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Ба зан ҷоиз нест, ки аврати худро ба марде, ки мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад, ошкор кунад, зеро вай (то никоҳ) барои ӯ бегона боқӣ мемонад. Чунин ҳолат то дами бастани ақди никоҳи шаръӣ идома меёбад, зеро Аллоҳ Таъоло гуфтааст:

وَلَا يُبۡدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ

“…ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ғайри ба шавҳари худ….”   (24:31)

Пеш аз ақди никоҳ мард шавҳар ҳисобида намешавад, яъне зан авраташро дар пеши ӯ нишон дода наметавонад. Агар издивоҷ тибқи шариат баста шавад, пас мард шавҳари зан мешавад ва он гоҳ вай метавонад аврати худро ба ӯ нишон диҳад, зеро дар асоси шартномаи никоҳ вай зани ӯ гардид. Такрор мекунам, пеш аз издивоҷ мардро шавҳар намешуморанд, яъне зан авраташро дар пеши ӯ нишон дода наметавонад. Кушодани аврат аз қонунҳои издивоҷ бармеояд. Аз ин рӯ, хондани Фотиҳа ва эълони ақди никоҳ тартиби бастани шартномаи ақди никоҳро иваз намекунад, яъне қонунҳои аз издивоҷ ба миён омада ба ин маросим татбиқ намешаванд. Дар савол зикр мешавад, ки «фотеҳашуда» аврати худро дар назди домод мекушояд, худро оро медиҳад, пас аз хондани Фотиҳа ё дуо (бо ӯ ё дар пеши ӯ) рақс мекунад  ва ин ҳама пеш аз издивоҷ рӯй медиҳад. Кушодани аврат, ороиш, рақс — ҳамаи ин мамнӯъ аст.

Дар китоби «Низоми иҷтимоӣ» гуфта мешавад: «Вақте ки созишномаи издивоҷ байни зану мард ба итмом расидааст, барои онҳо бастани ақди никоҳ боқӣ мемонад, ки он танҳо пас аз бастани шартномаи никоҳи шаръӣ метавонад мукаммал шавад. Издивоҷ байни онҳо танҳо тавассути шартномаи ақди никоҳ тибқи қонунҳои шариат сурат гирад, то ба онҳо иҷозат дода шавад, ки аз якдигар лаззат баранд ва қонунҳои дахлдор пас аз издивоҷ эътибор пайдо кунанд. То он даме, ки чунин созиш вуҷуд надошта бошад, издивоҷ вуҷуд дошта наметавонад Издивоҷ бо пешниҳоди шаръӣ ва қабул (розигӣ) баста мешавад. Барои издивоҷ чаҳор шарт вуҷуд дорад:

1) Якдил будан ҳангоми пешниҳод ва қабул

2) Шарти дуввуми ақди никоҳ ин аст, ки ҳар  ду тарафи аҳдкунанда нутқи дигареро мешунаванд ва мефаҳманд.

3) Барои қабули пешниҳоди издивоҷ набояд ҳеҷ гуна эътироз вуҷуд дошта бошад ва дар ин ҷо муҳим нест, ки  пешниҳод пурра ё қисман қабул намешавад.

4) Шариат издивоҷи як аҳдро бо тарафи дигар иҷозат додааст, агар танҳо зан мусалмон бошад ё аз аҳли китоб. Дар мавриди мард бошад, вай бояд мутлақо мусалмон бошад.

Агар шартнома ба ин чор шарт ҷавобгӯ бошад, пас издивоҷ басташуда ҳисобида мешавад. Аммо агар шартнома ҳадди ақал ба яке аз ин шартҳо ҷавобгӯ набошад, он гоҳ издивоҷ басташуда ҳисобида намешавад, яъне он аз асл беэътибор (ботил) мебошад. Инчунин ҳангоми бастани ақди никоҳ, барои дуруст будани издивоҷ шартҳои зерин низ лозим аст. Се шарт вуҷуд дорад:

Зан бояд барои издивоҷ мувофиқ бошад.

Издивоҷ танҳо бо парастор (валӣ) дуруст мешавад, аз ин рӯ зан наметавонад танҳо худ издивоҷ кунад ё  зани дигарро ба шавҳар барорад. Ба ӯ  ба ғайр аз парастораш дигар шахс наметавонад дастур диҳад, ки ӯро ба шавҳар диҳад. Агар вай ин корро кунад, пас издивоҷи ӯ нодуруст ҳисобида мешавад.

Ҳузури ду шоҳиди мусалмон, ки бояд болиғ ва солимақл бошанд. Онҳо бояд суханронии ду тарафи аҳдномаро  шунавида бифаҳманд, ки ҳадафи пешниҳод ва пазириш аҳди издивоҷ аст.

Агар шартнома ба ин се шарт ҷавобгӯ бошад, он дуруст ҳисобида мешавад. Агар ақаллан яке аз ин шартҳо иҷро нагардида бошад, пас он вайроншуда (фосид) ҳисобида мешавад. Дар шартномаи никоҳ шарте вуҷуд надорад, ки он дар ҳуҷҷат навишта ё сабт карда шавад. Танҳо пешниҳод ва қабули мард ё зан ба таври даҳонӣ ё хаттӣ, дар баробари мавҷуд будани ҳама шартҳои дигар, аҳдномаи никоҳро дуруст мекунад, муҳим нест, ки он навишта шудааст ё на.» (охири иқтибос).

Издивоҷ, тавре ки дар «Низоми иҷтимоӣ» шарҳ дода шудааст, метавонад танҳо пас аз бастани шартномаи никоҳи шаръӣ — тавре ки дар боло шарҳ додем, сурат гирад. Аз ин рӯ, огоҳӣ ва ё эълон дар бораи издивоҷ ҷои ақди никоҳро намегирад, яъне  қонунҳои аз издивоҷ баромада,  алалхусус,  қонуни намоиши аврати худ дар назди шавҳар, татбиқ намешаванд.

Умедворам, ки ман тавзеҳ дода тавонистам, аммо Аллоҳ беҳтар медонад!

14-уми Сафари 1443 ҳиҷрӣ

21.09.2021

 Силсила ҷавобҳои олим Ато ибни Халил Абӯ ар-Рашта, Амири Ҳизби Таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбук дар мавзӯи «Фиқҳ» додашуда.

  1. 1. Масалан, дар як вақт издивоҷ кардани ду хоҳар манъ аст.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads