Посух ба суол оиди ҷинҳо ва табиати алоқамандии онҳо бо одамон

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Посух ба суол оиди ҷинҳо ва табиати алоқамандии онҳо бо одамон

Муроҷиат ба Salem Jaradat

Суол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва

баракотуҳу шайхи гиромиқадри мо!

Дар бораи мавҷудияти ҷинҳо далелҳои қатъии нақлӣ вуҷуд доранд, аммо ягон далели ҳисшавандаи воқеӣ вуҷуд надорад, ки ба боварие ба онҳо оварад, ки бар  ақл асос ёфта бошад.

 

Аз ин ҷо саволи дигаре ба миён меояд: ин гуфтаҳои болоӣ чӣ гуна бо изҳороти олимон дар бораи он, ки мавҷуд будани ламс кардан (расидан) ва табдилот (ба дигар шакл ё ҷисм даромадан) ё чизе ба монанди он аз навъи дахолати моддии ҷинҳо ба ҳаёти одамон мебошад, омехта шудааст?

Чӣ тавр онҳо дар бораи алоқаи ҷинҳо бо ҳасад ва ё қобилияти онҳо оиди ба бемориҳо, душвориҳои зиндагӣ (ҳодисаҳои қатъ шудани қобилияти корӣ) ва ғайра мубтало кардани одам сухан ронда метавонанд?

Ва охирон: оёту ҳадисҳое, ки бо лафзҳои «расидан» ва ғайра оварда шудаанд, чӣ гуна шарҳ дода мешаванд, агар онҳоро ҳамчуноне, ки он уламо фаҳмидаанд, фаҳмидан мумкин набошад?

ПОСУХ:

Ваалейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

1 — Ҷинҳо бар мо пинҳон мебошанд ва мо онҳоро намебинем. Аллоҳи Таъоло фармуд:

يَرَاكُمْ هُوَ وَقَبِيلُهُ مِنْ حَيْثُ لا تَرَوْنَهُمْ

«ӯ ва хешовандонаш шуморо аз ҷое мебинанд, ки он ҷо шумо онҳоро намебинед» (7:27).

Яъне Иблис ва хешу таборонаш дар назар дошта шудааст ё бо лафзҳои дигар ҷинҳо, чунки Иблис — аз шумори ҷинҳост:

إِلا إِبْلِيسَ كَانَ مِنَ الْجِنِّ

«ба ҷуз Иблис, ӯ яке аз ҷинҳо буд» (18:50).

2 — Асоси муносибати мову онҳо ин аст, ки онҳо тавоноии васвос карданро доранд. Аллоҳи Таъоло гуфт:

فَوَسْوَسَ لَهُمَا الشَّيْطَانُ

«Вале шайтон ба ӯ васваса кард» [20:120]

Ва шайтон ин ҷо — Иблис аст ва ӯ аз ҷинҳост.

3 — Шайтон ва хешутаборонаш бар инсон ягон хел қудрате надоранд, магар ғайри ҳолате, ки шахс ба ихтиёри худ пайравӣ накунад. Аллоҳи Мутаъол фармуд:

وَقَالَ الشَّيْطَانُ لَمَّا قُضِيَ الأمْرُ إِنَّ اللَّهَ وَعَدَكُمْ وَعْدَ الْحَقِّ وَوَعَدْتُكُمْ فَأَخْلَفْتُكُمْ وَمَا كَانَ لِي عَلَيْكُمْ مِنْ سُلْطَانٍ إِلا أَنْ دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لِي

«Чун коре анҷом ёбад, шайтон мегӯяд: «Дарҳақиқат ваъдаи Аллоҳ ҳақ буд ва ман ба шумо ваъда додам, вале ба ваъдаи худ вафо накардам. Ман аз болои шумо қудрате надоштам. Ман фақат шуморо даъват намудам, шумо бошед ба ман итоат кардед» (14:22).

Ва Аллоҳи Таъоло гуфт:

إِنَّ عِبَادِي لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَانٌ إِلا مَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْغَاوِينَ

«Дарҳақиқат, туро бар бандагони Ман қудрате нест, магар гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд» (15:42).

Ва Аллоҳи Мутаъол фармуд:

فَإِذَا قَرَأْتَ الْقُرْآنَ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ (٩٨) إِنَّهُ لَيْسَ لَهُ سُلْطَانٌ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ (٩٩) إِنَّمَا سُلْطَانُهُ عَلَى الَّذِينَ يَتَوَلَّوْنَهُ وَالَّذِينَ هُمْ بِهِ مُشْرِكُونَ

«Чун Қуръон бихонӣ, аз шайтони рондашуда ва сангсоршуда аз Аллоҳ паноҳ бихоҳ. Дарҳақиқат, ӯ бар касоне, ки имон овардаанд ва танҳо ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, қудрате надорад. Танҳо касоне, ки (шайтонро) ёвар ва сарпарасти худ медонанд ва ба Ӯ Таъоло ширк меварзанд, зери итоати вай қарор доранд» (16:98-100).

4 – Ҳар як робитаи дигаре, ба ҷуз он робитае, ки Аллоҳи Таъоло овардааст, ниёз ба матни хусусие дорад, ки онро баён мекунад. Агар матне  оиди ин ҳолат мавҷуд бошад, он гоҳ мо ба ин ҳолат мувофиқи ин матн бовар мекунем.

Масалан, дар бораи ҳокимияти Сулаймон (а) бар ҷинҳо, ки аз фармону боздоштҳо барои онҳо иборат буд, матнҳо ривоят шудаанд ва аз ин рӯ мо ба он имон дорем. Аллоҳи  Таъоло дар сураи «Мӯрчаҳо» дар бораи Сулаймон (а) чунин меорад:

قَالَ يَا أَيُّهَا الْمَلأ أَيُّكُمْ يَأْتِينِي بِعَرْشِهَا قَبْلَ أَنْ يَأْتُونِي مُسْلِمِينَ (٣٨) قَالَ عِفْريتٌ مِنَ الْجِنِّ أَنَا آتِيكَ بِهِ قَبْلَ أَنْ تَقُومَ مِنْ مَقَامِكَ وَإِنِّي عَلَيْهِ لَقَوِيٌّ أَمِينٌ

«Ӯ гуфт: «Эй, амалдорон! Кадоме аз шумо тахти ӯро пеш аз он ки дар назди ман итоаткорона ҳозир шаванд, ба ман меорад? Паҳлавоне аз зумраи ҷинҳо гуфт: Пеш аз он ки аз ҷои худ бархезӣ (то анҷоми маҷлис) онро назди ту меоварам. Ман  ба қадри кофӣ боқувват ва барои ин кор эътимоднокам» (27:38-39).

Ва Аллоҳи Таъоло гуфт:

وَلِسُلَيْمَانَ الرِّيحَ غُدُوُّهَا شَهْرٌ وَرَوَاحُهَا شَهْرٌ وَأَسَلْنَا لَهُ عَيْنَ الْقِطْرِ وَمِنَ الْجِنِّ مَنْ يَعْمَلُ بَيْنَ يَدَيْهِ بِإِذْنِ رَبِّهِ وَمَنْ يَزِغْ مِنْهُمْ عَنْ أَمْرِنَا نُذِقْهُ مِنْ عَذَابِ السَّعِيرِ (١٢) يَعْمَلُونَ لَهُ مَا يَشَاءُ مِنْ مَحَارِيبَ وَتَمَاثِيلَ وَجِفَانٍ كَالْجَوَابِ وَقُدُورٍ رَاسِيَاتٍ اعْمَلُوا آلَ دَاوُدَ شُكْرًا وَقَلِيلٌ مِنْ عِبَادِيَ الشَّكُورُ

«Мо ба Сулаймон шамолро тобеъ сохтем, ки бомдодон якмоҳа ва баъд аз нисфирӯзӣ якмоҳа роҳро парвоз мекард. Барояш манбаи  мисро ҷорӣ сохтем. Миёни ҷинҳо онҳое буданд, ки назди ӯ бо иҷозати Парвардигори ӯ кор мекарданд. Ва ба касе аз онҳо, ки аз фармони Мо рӯй гардонд, Моён дар оташ азобро бичашонем. Онҳо биноҳои зебо, ҳайкалҳо, косаҳои монанди ҳавзҳо, дегҳои наҷунбанда месохтанд. Эй авлоди Довуд! Чун нишонаи шукргузорӣ меҳнат кунед. Аммо дар байни бандагони Ман шукргузорон каманд» (34:12-13).

5 — Паёмбари Аллоҳ ﷺ  ҳар як муаммои одамиро чун ашё (модда) дида мебаромаданд, то он даме, ки «ба воситаи ваҳй» матни хусусӣ нозил намешуд, ки ин ҳолати муносибат бо ҷинҳо буданашро баён мекард. Масалан, агар ба одами кушташуда вохӯранд, фикр ҳам намекарданд, ки ҷинҳо ӯро куштаанд, магар ин ки агар ваҳй дар ин бора нозил намешуд ва ғайра. Ҳамин хел, дар воқеаи марди кушташуда ҳангоми Хайбар кофтукови қотил дар миёни одамон оғоз шуд ва кофтуков дар миёни ҷинҳо бурда нашуд. Муслим дар «Саҳеҳ»-и худ чунин баровардааст, ки Абдуллоҳ ибни Саҳл ва Муҳайса (ҳамон вақтҳо) дар ҳолати ба фақирӣ  ва  ҳолати вазнин фаромадан ба Хайбар баромаданд. Баъдтар Муҳайиса гуфт, ки Абдуллоҳ ибни Саҳл кушта ва ба чоҳ (ё ба чашма) партофта шуда буд. Сипас ӯ ба назди яҳудиён ҳозир шуд ва гуфт: «Қасам ба Аллоҳ, ки шумо ӯро куштаед!» — онҳо бошанд гуфтанд: «Қасам ба Аллоҳ, ки мо ӯро накуштаем!» …. Ин кор ба Расули Аллоҳ ﷺ расид ва он  кас ﷺ гуфтанд:   «Бар ивази  кушташудаи шумоён ё хунбаҳо (дийа) медиҳанд, ё ба онҳо ҷанг эълон карда мешавад!». Паёмбари Аллоҳ  ﷺ дар ин бора ба онҳо навиштанд, онҳо бошанд чунин ҷавоб доданд: «Ба Аллоҳ қасам мехӯрем, мо ӯро накуштаем!». Ин таърих  маълум аст. Ва дар ҳалли ин масъала мавзӯи ҷинҳо  ба ҳеҷ ваҷҳ ба миён гузошта нашуда буд.

6 – Бинобарин, то он даме, ки матне ривоят нашуда бошад, ки  оиди ягон хел алоқаи моддӣ  бо ҷинҳо дар ягон хел ҳолатро ёдовар шавад, пас ҳамаи ин алоқа байни ҷинҳову инсонҳо дар ҳудуди васвос монда, аз он намегузарад.

Азбаски рисолате, ки Паёмбар ﷺ бо он омадаанд ҷамъбасткунанда мебошад ва Ваҳй баъд аз он кас ﷺ қатъ шудааст, дигар ягон хел матни  нав буда наметавонад. Бинобар ин,  байни мо ва ҷинҳо ягон хел алоқаи моддӣ вуҷуд надорад, баръакс, инҳо танҳо васвос мебошанд, чунон ки дар ин бора гуфтем. Ҷинҳо бар инсон қудрат надоранд, магар ин ки  шахс ба ихтиёри худ ба ин васвосҳо ҷавоб диҳад.

Дар замони халифаҳои рошид муаммоҳои моддӣ  ҳамин зайл ҳал мешуданд ва дар ягон мушкили моддӣ, хоҳ куштор бошад ё дуздӣ, қаллобӣ ё фиреб, ҳаргиз ба фикр ҳам намеомад, ки ҷинҳо ин корро карда метавонанд. Баръакс, танҳо инсон тафтиш мешуд, чунки алоқаи ҷин бо одамон —   алоқаи васвосӣ аст ва пас аз Расули Аллоҳ ﷺ ягон хел матни хусусие вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ҳама рӯйдодҳои моддӣ танҳо аз инсонҳо ба амал меоянд, на аз ҷинҳо, олами онҳо аз олами мо фарқ мекунад ва алоқаи онҳо бо мо танҳо бо васвос маҳдуд аст, на бештар.

Бар асоси ин, агар касе бемор шавад, инҷо ягон алоқае бо ҷин нест, баръакс, бемории ӯ мувофиқи он чи дар Ислом омадааст, муолиҷа карда мешавад, яъне бо табобат:

Муҳим нест, ки табобат моддӣ мебошад, чи хеле ки ин дар ҳадиси аз Усома ибни Шурайк ривоят шудааст, ки ӯ гуфтааст: «Назди Паёмбар ﷺ омадам, асҳобашон чунон нишаста буданд, ки гӯё дар сарашон паррандаҳо буданд. Ман салом додам ва нишастам. Пас  аз ҳар тараф бодиянишинҳо омаданд ва гуфтанд: «Эй Расули Аллоҳ,  мо табобат кунем?». Он кас ﷺ  гуфтанд: «Табобат кунед, ба ҳар беморие, ки Аллоҳ нозил кардааст, шифои онро низ нозил кардааст. Ба ғайри як чиз — пирӣ», яъне ғайр аз марг. Абӯ Довуд баровардааст.

Ё ин ки муолиҷа дуъо ё руқия буд, ки дар ҳадисе, ки Муслим аз модари мӯъминон — Оиша (р.а.) ривоят кардааст, ки “Паёмбари Аллоҳ ﷺ  руқияро чунин хондаанд:

اذْهِبْ الْبَاسَ رَبَّ النَّاسِ بِيَدِكَ الشِّفَاءُ لاَ كَاشِفَ لَهُ إِلاَّ أَنْتَ

«Эй Парвардигори одамон! (Бемориро) аз мардум дур кун, зеро танҳо дар дасти Ту шифо аст. Ва ҷуз Ту касе қодир нест (бемориро ошкор кунад)»

— ё монанди ин аз дуоҳои  Қуръон ё Суннат ё дигар дуъоҳои ба монанди инҳо.

Дар мавриди  ба хотири шифо муроҷиат намудан ба онҳое, ки даъвои алоқаи моддӣ бо ҷинҳоро дорад, пас ин ҳама — қаллобӣ ва фиреб аз тарафи дурӯғгӯён (даҷҷолон) аст, ки одамони соддаро  фиреб дода, моли онҳоро бо дурӯғ дуздида  мехӯранд.

7- Дар мавриди тафсири ояте, ки дар он вожаи« المس  расидан» омадааст, агар шумо ояти 275 аз сураи Бақараро дар назар доред:

الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لا يَقُومُونَ إِلا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا

«Касоне, ки рибо мехӯранд, бармехезанд, ҳамчун  касе, ки шайтон бо расидани худ сарнагун сохтааст, бархезад. Ин ба он сабаб аст, ки онҳо мегуфтанд: «Ҳароина, тиҷорат монанди рибо аст». Аммо Аллоҳ  тиҷоратро ҳалол ва риборо ҳаром  кард» (2: 275).

Тафсири ин оят чунин мешавад:

  1. Аллоҳи Мутаъол хӯрандаи риборо бо касе, ки гирифтори бемории эпилепсия шудааст, муқоиса кардааст: ӯ мехезад ва меафтад, дар қадамаш пешпо мехӯрад, на истода метавонад, на нишаста метавонад. Девонагӣ ӯро комилан печонида мегирад — ин барои он аст, ки риборо тиҷорат ҳисобид, аммо Аллоҳ риборо ҳаром ва савдоро ҳалол кардааст.

 

   الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا «  «Онҳое, ки рибо мехӯранд»,

яъне фоиз мегиранд, ин танқид ҳама намудҳои истифодаи он (ё ба даст овардани фоида)-ро фаро мегирад, зеро يَأْكُلُونَ «хӯрдан» дар Қуръон барои сарзаниш истифода мешавад:

إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَى ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا

«Дарҳақиқат, онҳое, ки моли ятимонро ба ситам мехӯранд, шиками худро аз Оташ пур мекунанд ва дар Аланга  месӯзанд» (4:10).

يَتَمَتَّعُونَ وَيَأْكُلُونَ كَمَا تَأْكُلُ الأنْعَامُ وَالنَّارُ مَثْوًى لَهُمْ

«аз неъматхо баҳра мебаранд ва мисли чорво мехӯранд. Ҷойгоҳашон Оташ аст» (47:12).

Дар ин оятҳо ин лафз бо ҳамин маъно омадааст.

يَقُومُونَ «бармехезанд» — яъне албатта бармехезанд.

إِلا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ « мисли оне, ки шайтон ӯро сарнагун сохтааст, бармехезад» — яъне онҳо аз қабрҳояшон азнав зинда мешаванд ва мисли оне бармехезанд,  ки дар ин дунё аз эпилепсия зарар дидааст, яъне девона шудааст — ва ин барояшон дар он рӯз хорӣ аст. Ин қарина (ишора) аст ба манъи қатъии рибо, такрор дар оят барои тасдиқи ноҷоизӣ.

مِنَ الْمَسِّ « бо ламси худ» — яъне бо девонагӣ, мегӯянд: مُسّ الرجل فهو ممسوس إذا جن — (шахси расидашуда, ламсшуда, яъне девонашуда). Сарнагун сохтан — маънои  тасодуфан заданро дорад.

Инчунин бисёр ривоятҳо дар тафсири оят оварда шудааст:  إِلا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ «  чи хел оне бармехезад, ки шайтон бо расидани худ ӯро сарнагун сохтааст». Аммо аз ҳама афзалтарин (роҷиҳ)-и онҳо ин аст, ки вақте инсон ба девонагӣ гирифтор мешавад, шайтон ба василаи васвос ба ӯ таъсири боз ҳам бештаре дорад ва чизҳои зиёдеро ба хаёлаш меоварад ва девонаро сарнагун месозад.

Дар мавриди изҳороти он ки шайтон — онест, ки ба эпилепсия гирифтор мекунад ё ба девонагӣ меорад, пас оят дар ин бора нагуфтааст. Аллоҳи Таъоло нагуфтааст: يتخبطه الشيطان بالمس яъне «бо расидан одамро сарнагун месозад», яъне касеро, ки шайтон бо расидан ба девона табдил додааст. Баръакс, оят мегӯяд, ки يتخبطه الشيطان بالمس   яъне шайтон бо сабаби девонагиаш сарнагун месозад, яъне девонагӣ пеш аз амали шайтон буд.

Ҳамин аст афзалият(роҷиҳ)-и ман дар тафсири ин оят. Ва касе, ки рибо мехӯрад, монанди касест, ки шайтон бо сабаби девонагиаш ӯро бо расиданаш сарнагун сохт, яъне девонагӣ пеш аз сарнагун кардани инсон аз ҷониби шайтон буд. Аз ин рӯ, инсон бо сабабе девона мешавад ва баъд шайтон ӯро бо васвос ва тасвирҳои худ ба тасаввуроти ӯ сарнагун месозад.

Аз ин рӯ шайтон одамро то эпилепсия намебарад ва ӯро девона намесозад, вагарна ояти шариф чунин садо медод: يتخبطه الشيطان بالمس ва الباء дар ин ибора маънои замимаро дорад, яъне бо ёрии девонагӣ, яъне то ба девонагӣ оварда мерасонад. Ин мисол дар оят таҷассуми намоён ва даҳшатноки дараҷаи ҷинояти касе мебошад, ки рибо мехӯрад ..

 

Силсилапосухҳои амири Ҳизб ут-таҳрир, шайх Ато ибни Халил Абӯ Рашта, ба саволҳо дар саҳифаи Фейсбукиаш

Бародари Шумо Ато ибни Халил Абӯ Рашта

15 Сафари с1435 ҳиҷрӣ

18.12.2013

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads