Оё рад кардани ҳадис бо сабаби ихтилофи маънояш (дироятан) ба ровиёни ин ҳадис таъсир мерасонад?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Оё рад кардани ҳадис бо сабаби ихтилофи маънояш (дироятан) ба ровиёни ин ҳадис таъсир мерасонад?

ҶАВОБҲОИ АМИР

Аз Nizar Steitiey

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Оё рад кардани ҳадис бо сабаби ихтилофи маънояш (дироятан) ба ровиёни ин ҳадис таъсир мерасонад? Дигар хел гӯем, агар собит шавад, ки ягон ҳадис бо сабаби ихтилофи маъновиаш (дироятан) рад шудааст, оё ин боиси мазаммат ва бадном шудани (таҷриҳ) ягон ровӣ – хоҳ  вай охирон ровӣ бошад, яъне оне ки худи хабарро мерасонад, ё ин ки ровии аввал, яъне оне ки он чизеро бо чашмони худ дидааст ё бо гӯшҳои худ  шунидааст ривоят кардааст, мегардад?

Аллоҳ ба шумо аҷри нек ато фармояд!

Ҷавоб:

Воалейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Қабул кардани ҳадисҳои қисми оҳод танҳо пас аз иҷро кардани  шартҳои саҳеҳ будани он аз тарафи ровӣ (ривоятан) ва мазмуни маъновӣ (дироятан) иҷозат дода мешавад:

  1. Дар мавриди иҷрои шартҳои ривоят (ривоятан) бошад, сухан дар бораи он меравад, ки занҷири ровиёни  ҳадис  мӯътабар (саҳеҳ) бошад. Ин маънои онро дорад, ки шартҳои саҳеҳӣ нисбат ба ҳадис аз аввал то охири иснод татбиқ шудааст: ровӣ бояд мусалмон, болиғ, солимфикр, одил, ростгӯ, дар ривояти он чизе, ки шунидааст аниқ бошад ва ҳама чизро аз лаҳзаи шуниданаш  то лаҳзаи ба дигарон расондан дар ёд дошта бошад ва ғайра. Ин ҳамон аст, ки «ҳадис бо ривояти саҳеҳ» номида мешавад.
  2. Дар мавриди иҷрои шартҳои саҳеҳият аз нуқтаи назари мазмуни маъновӣ (дироятан) бошад, сухан дар бораи он меравад, ки ин ҳадис ба матнҳои ҳадисҳои аз он боқувваттар хилоф накунад. Масалан, ҳадис набояд ба оят, ё ба ҳадиси қисми мутавотир, ё ин ки ба ҳадиси намуди машҳур ва ғайра ихтилоф кунад. Ин чунин маъно дорад, ки агар яке аз ровиён дар занҷири ровиён заъиф ё номаълум дониста шавад, ҳадис аз нуқтаи назари ривоят (ривоятан) рад карда мешавад.

3.Аммо агар нисбати ровиёни иснод шикояте  набошад, чун фақат матни ҳадис бо он чи аз он қавитар аст хилоф мекунад, ин ҳадис аз нигоҳи мазмуни маъновӣ (дироятан) рад мешавад.

Аз ин рӯ, рад шудани ҳадис бо сабаби ихтилофи маъновӣ (дироятан) ишора ба он нест, ки яке аз ровиён заъиф ва ё маҳкум карда мешавад ва ғ. Агар дар занҷир ин гуна ровиён бошанд, ҳадис аз нуқтаи назари ривоят (ривоятан) рад мешавад. Аз ин рӯ, ибораи «аз сабаби ихтилофи маъновӣ (дироятан) рад мешавад» ба мухолифати матни чунин ҳадис бо матнҳои пурқувваттар аз он далолат мекунад.

Дар китоби «Шахсияи исломӣ», ҷилди 1, дар мавзӯи «Суннат  ба монанди Қуръон далели шаръӣ мебошад», омадааст: «Бояд фаҳмид, ки ҳадис дар он ҳолат рад карда мешавад, ки агар он ба маънои қатъии Қуръон зид бошад. Дар ин ҳолат чунин ҳадис аз рӯи мазмуни маъновиаш (дироятан) рад карда мешавад, зеро маънояш хилофи Қуръон аст. Мисоли ин хабаре шуда метавонад, ки аз Фотима, духтари Қайс, ривоят шудааст:

طَلَّقَنِي زَوْجِي ثَلَاثاً عَلَى عَهْدِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَأَتَيْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَلَمْ يَجْعَلْ لِي سَكَنًا وَلَا نَفَقَةً

«Шавҳарам дар замони Расули Аллоҳ ﷺ се бор ба ман талоқ дод. Ман назди Паёмбар ﷺ  омадам ва он ҳазрат ﷺ ба ман на манзил ва на нафақа муайян  накарданд.”  

Ин ҳадис аз сабаби  ба суханони зерини Қуръон зид буданаш рад мешавад:

أَسۡكِنُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ سَكَنتُم مِّن وُجۡدِكُمۡ

«Ба қадри имкони худ дар ҷое, ки сокин шудаед, онҳоро ҷой диҳед» (65:6).

Дар ин маврид ҳадис барои зид омаданаш бо ояти дар боло зикршуда, ки дар субут ва далолати худ қатъист (қатъият ус-субут ва қатъият уд-далел) рад карда мешавад. Аммо агар ҳадис ба  Қуръон зид набошад, масалан, он чизеро дарбар  гирад, ки дар Қуръон хабар дода нашудааст ё ба он чизе, ки дар Қуръон омадааст, маълумоти иловагӣ дошта бошад, дар ин ҳолат ҳам ҳадис ва ҳам Қуръон пазируфта мешавад. Ва гуфта намешавад, ки: «Қуръон ва он чӣ дар он аст, барои мо басанда аст», —  зеро Аллоҳ амр кардааст, ки ҳардуро якҷоя пайравӣ карда шавад ва ба онҳо якҷоя имон овардан воҷиб аст» (охири иқтибос).

Дар китоби «Шахсияи исломӣ», ҷилди 3, дар мавзӯи «Шартҳои қабули ҳадиси қисми оҳод» омадааст: «Ҳадиси қисми оҳод дар сурате пазируфта мешавад, ки ба шартҳои қабули ривоят (ривоятан) ва мазмуни маъновӣ (дироятан) мувофиқ бошад. Вобаста ба шартҳои қабули ривоят бошад,  ривояткунандаи ҳадис бояд мусалмон, болиғ, солимфикр, одил, ростгӯй бошад, чизҳои  шунидаашро аниқ расонад, аз лаҳзаи шунидан то лаҳзаи ба дигарон нақл кардан ҳама чизро дар ёд дошта бошад ва ғайра.

Донишмандони илми усулул-фиқҳ ва уламои илми мусталоҳул ҳадис шартҳои ривоятро ба таври муфассал баён намуданд. Онҳо инчунин воқеияти ҳар як ровӣ ва сифатҳоеро, ки онҳо соҳибанд  муфассал шарҳ доданд.

Дар мавриди шартҳои қабули ҳадиси қисми оҳод аз ҷиҳати мазмуни маъновӣ (дироятан) бошад, онҳо чунинанд: ҳадис набояд  ба  чизе, ки аз он қавитар аст хилоф варзад. Масалан, ҳадис набояд хилофи оят ё ҳадиси қисми мутавотир ва ё ҳадиси намуди машҳур ва ғайра бошад. Ба ин хабаре, ки аз Фотима, духтари Қайс, ривоят шудааст мисол шуда метавонад. Ӯ гуфтааст:

طَلَّقَنِي زَوْجِي ثَلَاثاً عَلَى عَهْدِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَأَتَيْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَلَمْ يَجْعَلْ لِي سَكَنًا وَلَا نَفَقَةً

«Шавҳарам дар замони Расули Аллоҳ ﷺ се маротиба ба ман талоқ дод. Ман назди Паёмбар ﷺ омадам ва он ҳазрат ﷺ маро на манзил ва на нафақа муайян накарданд».

Ин ҳадис аз сабаби ба суханони зерини Қуръон хилоф буданаш рад шудааст:

أَسۡكِنُوهُنَّ مِنۡ حَيۡثُ سَكَنتُم مِّن وُجۡدِكُمۡ

«Ба қадри имкони худ дар ҷое, ки сокин шудаед, онҳоро ҷой диҳед» (65:6).

Дар ин маврид ҳадиси Фотима, духтари Қайс, рад мешавад ва бар асоси он амал кардан ҷоиз нест” (охири иқтибос).

Умедворам, ки ин ҷавоб мукаммал мешавад, аммо Аллоҳ беҳтар медонад!

 

30 Шавволи с1443 ҳиҷрӣ

30.05.2022 с

Силсилапосухҳои олим аз саҳифаи Фейсбуки Амири Ҳизби Таҳрир — Ато ибни Халил Абӯ ар-Рашта,ба саволҳои мавзӯи «Фиқҳ»

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads